Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (330)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (73)

* * *

Қабул кардани халифа ҳадяро ва ато фармудан бо камоли бениёзӣ аз он ҳадя ва аз он сабӯ (9)

* * *

Барги як гул чун надорад хори ӯ,

Шуд баҳорон душмани асрори ӯ.

Ба унвони мисол, хор, ки барги зебову пуртаровати гулро надорад, дар баҳор асрору гавҳари зишти ӯ намоён мегардад. Аз ин рӯ, баҳор душмани асрори ӯст, зеро хор чизи хубе барои ҷилвагарӣ надорад.

Нукта: “Баҳорон” дар ин ҷо киноя аз рӯзи растохез аст, ки асрори ҳама бармало мешавад. Пас, ҳар ки монанди хор бараҳна аз ҷомаву барги маъониву ҳақоиқ аст, тавассути баҳори растохез расво мешавад. Вале хори бараҳна аз ҷомаи маъонӣ, ҳамвора хазони дунёро толиб аст, то бар ҳасби зоҳир бо бӯтаи гул яксон бошад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.854)

В-он ки сар то по гул асту савсан аст,

Пас баҳор ӯро ду чашми равшан аст.

Вале касе, ки аз сар то пояш гулу савсан аст, пас баҳор барояш ба масобаи ду чашми равшан аст.

Нукта: Касе, ки тайласони камолу ҷомеаи шукӯҳу ҷалол бар тан дорад, растохезро дӯст медорад, зеро дар ин рӯз маълум мешавад, ки ӯ соҳиби камол аст. (Ҳамон манбаъ, ҷ.1, с.854)

Хори бемаънӣ хазон хоҳад, хазон,

То занад паҳлӯй худ бо гулситон.

Аз ин рӯ, хори фоқиди маъно хоҳони фасли поиз аст, яъне инсони тиҳӣ аз асрору ҳақоиқи илоҳӣ ҳамеша толиби дунёст, то аз ин тариқ бо марғзори ҳақиқат баробарӣ кунад.

Нукта: Дар хазон, гулзорҳо низ пажмурдаву хамӯш ҳастанд, дар хазони дунё низ ғофилон худро бо орифон баробар мениҳанд ва эй басо низ худро болотар бидонанд, зеро дунё ҷойгоҳи ҳиҷоб аст ва пӯшидагии ҳаққу ботил. (Ҳамон манбаъ, ҷ.1, с.854)

То бипӯшад ҳусни ону нанги ин,

То набинӣ ранги ону ранги ин.

То фасли хазон зебоии он гулистони маъно ва расвоии ин хористонро бипӯшонад, ки рангу рӯйи ону инро набинӣ.

Пас, хазон ӯро баҳор асту ҳаёт,

Як намояд сангу ёқути закот.

Пас, дар назари он ғофили фоқиди маъно, ки ҳамчун хор аст, хазон бар гунаи баҳор аст ва зиндагибахш, зеро бар ҳасби зоҳир, санги маъмулӣ бо ёқути софу бехатт яксон дида мешавад.

Ёқути закот: ёқути покиза.

Нукта: Дар ин байтҳо, хазон киноя аз дунё, ва баҳор киноя аз охират, ва гулу савсан киноя аз орифони вораста, ва хор киноя аз ғофилони орӣ аз маърифат аст. (Ҳамон манбаъ, ҷ.1, с.855)

Боғбон ҳам донад онро дар хазон,

Лек диди як беҳ аз диди ҷаҳон.

Вале он боғбони арсаи вуҷуд ва дидабони равзаи шуҳуд (яъне инсони комил) метавонад хори орӣ аз маънову яқинро дар ҳамин дунё низ бозшиносад. Аммо диди он ягона, аз диди ҳамаи ҷаҳон беҳтар аст.

Худ ҷаҳон он як кас аст, ӯ аблаҳ аст,

Ахтарон ҳар як ҳама ҷузви маҳ аст.

Ӯ, яъне инсони комил, ки боғбони бӯстони ҳастӣ аст, ба манзилаи кулли ҷаҳон аст; чунонки масалан нури ситорагон дар фурӯғи моҳ нопадид мешаванд ва бад-ин эътибор ҷузъи моҳ ба шумор оянд.

Нукта: Ибни Арабӣ инсони комилро руҳи ҷаҳон донистааст. (Фусусул-ҳикам, фасси калимаи одамия) Аммо чаро Мавлоно ба чунин фарди гаронқадре “аблаҳ” мегӯяд? Барои дарки манзури Мавлоно аз албаҳ, бояд ба баёноти худи ӯ муроҷеа кард ва тафсири онро аз худи ӯ ҷуст, то ба регистони таъвилоту таъбироти ҳайратафзо дучор наойем:

Хеш аблаҳ кун, табаъ мерав сипас,

Растагӣ з-ин аблаҳӣ ёбиву бас.

Аксар “аҳлил-ҷаннатил-булҳ”, эй падар,

Баҳри ин гуфтаст султонул-башар.

Зиракӣ чун кибру бодангези туст,

Аблаҳе шав, то бимонад дил дуруст.

Аблаҳӣ на, к-ӯ ба масхаргӣ дутӯст,

Аблаҳӣ, к-ӯ волаҳу ҳайрони ҳуст.

Аблаҳонанд он занони дастбур,

Аз каф аблаҳ в-аз рухи Юсуф нузур.

Ақлро қурбон кун андар ишқи дӯст,

Ақлҳо борӣ аз он сӯй аст, к-ӯст.

Султон Валад ҳам, аблаҳ будани авлиёуллоҳро чунин тафсир мекунад:

Аблаҳишон зи ғояти хирад аст,

На чунон аблаҳе, ки хору рад аст.

Гашта нодон зи ғайри ёру ёр

Сахт донову огаҳу бедор.

Пас, “аблаҳ” дар ин ҷо иборат аст аз ошиқу шайдои ишқи илоҳӣ, ки ақли ҳисобгарро қурбонии ишқи Ҳақ мегардонад. Бинобар ин, шореҳе, ки “аблаҳ”-ро дар ин байт ба гумроҳону соликони ноогоҳ тафсир кардааст, аз забони Маснавӣ ғофил будааст. Пас, он инсони комил, ки ҷомеъи ҷамиъи ҳақоиқ аст, мақсуди аслӣ ва ниҳоии таквини олам аст, ва соирон дар ҳукми туфайлӣ ва мавҷудоти ҷузъӣ ҳастанд; чунонки партаву фурӯғи ситорагон дар баробари фурӯғи моҳ, намуде надорад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.856)

Мисроъи дуввуми ин байт, мумкин аст ба ҳадиси зайл ишора дошта бошад:

أصحابي كالنجوم بأيّهم اقتديتم اهتديتم

Ёрони ман ҳамонанди ситорагонанд; ҳар кадомро, ки пайравӣ кунед, ба роҳи рост мерасед.”

Бархе аз ҳадиспажӯҳон ин ҳадисро ҷаълӣ донистаанд, аз ҷумла Албонӣ дар “Силсилаи заъифа”-и худ. (1/144, Ашшомила)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: