Перейти к содержимому

10 одати афроди бисёр коризмотик

Мақолае аз равоншинос, Ҷеф Ҳоден (Jeff Haden)

Ҷеф Ҳоден (Jeff Haden)

Афроди коризмотик (харизматический) одатҳои махсус ба худашонро доранд, ки бо ёдгирии онҳо, метавон як виҷҳаи коризмотик пайдо кард. Дар ин мақола, 10 одати онон оварда шудааст.

1) Онҳо беш аз он ки сухан бигӯянд, гӯш медиҳанд.

Суол бипурсед, тамоси худ ба василаи чашмонатонро ҳифз кунед, лабханд бизанед, сари худро ба аломати тавофуқ ё ҷуз он, такон диҳед, хеле бо сӯҳбату калима посух надиҳед, посухҳоятон бештар бидуни ибрози калима бошад.

Ин, тамоми чизе аст, ки ба василаи он метавонед ба мардум илқо кунед, ки онҳо муҳим ҳастанд.

Сипас, ҳангоми сӯҳбат кардан, то ҳангоме, ки аз шумо хоста нашудааст, аз панд додан бипарҳезед. Гӯш додан бештар аз панду андарз додан, нишондиҳандаи ин аст, ки шумо ба тарафатон аҳаммият медиҳед. Далели ин амр он аст, ки ҳангоми насиҳат кардан, шумо бештар нишон медиҳед дар бораи худатон сухан мегӯед ва на онон.

Бовар намекунед? Ҷумлаи “агар ман ҷойи шумо будам, чунин мекардам…” дар бораи кист? Шумо ё дигарон?

Танҳо ҳангоме, ки матлаби муҳимме барои гуфтан доред, сухан бигӯед, ҳамеша аҳаммиятро ба унвони чизе таъриф кунед, ки барои дигарон аҳаммият дорад, на шумо.

2) Онҳо шунидани интихобгаронаро тамрин намекунанд.

Баъзе аз афрод — тазмин мекунам афроде аз ин дастро мешиносед – дӯст доранд фақат бо афроде сӯҳбат кунанд, ки ба навъе ҳисс мекунанд поинтар аз сатҳи худашон ҳастанд.

Дар ҳоле, ки одамҳои бисёр коризмотик ва фараҳманд, тақрибан ба сухани ҳама гӯш медиҳанд, ва сарфи назар аз мақом ё мавқеияти иҷтимоии мо, ба ҳамаи мо ин ҳиссро медиҳанд, ки бо онҳо чизе муштарак дорем. Зеро воқеан дорем: мо ҳама инсонем.

3) Ашёи худро ба канор мегузоранд.

(Ҳангоми сӯҳбат ва ё дидор бо афрод ё фарде) телефони худро чек накунед, ба монитури худ нигоҳ наандозед, ҳатто барои як лаҳза ба чизи дигаре тамаркуз накунед. Агар шумо бо васоил ва кори худ машғул бошед, наметавонед бо афрод иртибот барқарор кунед.

Тамоми таваҷҷӯҳи худро ба тарафи муқобил ҳадя кунед. Ин ҳадяе аст, ки одамҳои каме тақдим мекунанд. Ин ҳадяи танҳо, худаш омиле аст, ки боис мешавад дигарон бихоҳанд давру бари шумо бошанд ва шуморо ба ёд хоҳанд дошт.

4) Онҳо пеш аз гирифтан, мебахшанд ва дар ағлаби авқот ҳам чизе ба даст намеоваранд.

Ҳаргиз фикр накунед ба ин ки чӣ чизе метавонед бигиред. Бар чизе тамаркуз кунед, ки метавонед фароҳам кунед. Бахшиш ё диҳиш, танҳо роҳ барои эҷоди як пайванд ва робитаи воқеӣ аст.

5) Онҳо тавре рафтор намекунанд, ки гӯӣ муҳим ҳастанд.

Агар тавре рафтор кунед, ки шумо одами муҳимме ҳастед, бовар кунед мо азоб мекашем ва асабҳоямон ба ҳам мерезад ва ҳангоме, ки вориди утоқ мешавед, аз шумо мутанаффир мешавем.

6) Чун онҳо медонанд, ки дигарон муҳимтаранд.

Шумо аз қабл медонед, ки чӣ чизеро медонед; ақоиди худатонро медонед, дидгоҳҳо ва нуқта назароти худатонро медонед, чаро ки аз қабл моли шумо будааст ва шумо хуб мешиноседашон.

Аммо дар бораи дониши дигарон иттилое надоред, ва ҳар кас — фориғ аз ин ки чӣ касе аст ва дар чӣ ҷойгоҳе аст — чизҳое медонад, ки шумо намедонед. Ва ин, онҳоро бисёр муҳимтар аз шумо мекунад; зеро онҳо касоне ҳастанд, ки шумо метавонед аз эшон биёмӯзед.

7) Онҳо монанди нурафкан бар дигарон метобанд.

Ҳеч одаме ба андозаи кофӣ таърифу тамҷид дарёфт намекунад. Ҳеч одаме. Ба дигарон аз корҳое, ки анҷом додаанд, бигӯед.

Сабр кунед. Оё намедонед чӣ кори хуб анҷом додаанд?

Вазифаи шумост, ки бидонед. Ин вазифаи шумост, ки ҳатто аз пеш ин масъаларо бидонед.

Мардум на танҳо аз огоҳии шумо нисбат ба корҳои хубашон қадрдонӣ хоҳанд кард, балки аз ин ки аҳаммият медиҳед, ки ба коре, ки анҷом медиҳанд таваҷҷӯҳ кунед низ қадрдонӣ мекунанд.

8) Онҳо гузида сухан мегӯянд.

Калимоте, ки истифода мекунед, бар рафтору ҳолати дигарон таъсир мегузорад.

Барои мисол, маҷбур нестед ба як ҷаласа биравед, (то суханронӣ кунед), балки бояд бо дигарон дидор кунед. Маҷбур нестед барои як муштарии ҷадид як суханронӣ дуруст кунед, балки метавонед шӯхиҳо ва масоили ҷолибро барои дигарон таъриф кунед. Маҷбур нестед ҳатман ба бошгоҳ биравед, балки берун аз бошгоҳ метавонед варзиш кунед ва саломатӣ ва таносуби андоми худро ҳифз кунед.

Ҳамаи мо мехоҳем бо ашхоси шод, пурҳаяҷон ва муваффақ дар иртибот бошем. Калимоте, ки шумо интихоб мекунед, метавонанд боис шаванд одамҳои дигар дар мавриди худашон назари беҳтаре дошта бошанд ва ҳамчунин боис шавад шумо низ дар бораи худатон эҳсоси беҳтаре дошта бошед.

9) Онҳо аз шикастҳои дигарон сӯҳбат намекунанд.

Медонам! Ҳама дӯст дорем каме дар бораи шойеъот ҳарф бизанем. Ҳамаи мо дӯст дорем каме дар бораи чизҳои нописанд бишнавем. Мушкил ин ҷост, мо аз одамҳое, ки боиси ин шойеъот мешаванд хушамон намеояд ва мутмаиннан ба онҳо эҳтиром ҳам намегузорем.

Ба дигарон нахандед. Ҳангоме, ки чунин мекунед, ашхоси давру баратон гумон мекунанд гоҳе авқот ба онҳо ҳам механдед.

10) Ва онҳо ба соддагӣ шикастҳояшонро мепазиранд.

Ғолибан тасаввур мешавад, ки одамҳои бисёр муваффақ, коризмо доранд, зеро муваффақанд…

Дар ҳоле, ки шумо барои коризмотик будан, ниёз надоред бисёр муваффақ бошед… Балки барои бисёр коризмо будан, бояд бисёр асилу ҳақиқӣ бошед. Яъне, фурӯтан бошед, иштибоҳоти худро бипазиред. Як достони пандомӯз бошед. Ва ба худатон бихандед.

Дар ҳоле, ки ҳеч гоҳ набояд ба дигарон бихандед, ҳамеша бояд ба худатон бихандед. Дигарон ба шумо нахоҳанд хандид. Дигарон бо шумо хоҳанд хандид.

Inc

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: