Перейти к содержимому

Парвандаи Ҳоҷӣ Умаралӣ ва Ҷамол: нуқоти ифтироқу иштирок

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Парвандаи Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди саудӣ, ва парвандаи шаҳид Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов, муассис ва раҳбари “Гурӯҳи 24”, ҳамон тавр, ки дар мавориде аз ҳам ҷудо мешаванд (нуқоти ифтироқ), дар мавориде аммо, бо ҳам дорои нуқоти муштараке ҳастанд.

1) Нуқоти ифтироқи (ҷудоии) ин ду парванда, яке ин аст, ки Ҳоҷӣ Умаралӣ шаҳрванди Тоҷикистон – кишваре нисбатан фақир ва нонамоён дар нақшаи ҷаҳон – буд, ва Ҷамол шаҳрванди Арабистони Саудӣ – кишваре бисёр намоён, бо бархӯрдориаш аз нафти саршору сарвати ҳангуфт. Ба ҳамин ҷиҳат, қатли марҳум Ҳоҷӣ Умаралӣ, дар муқоиса бо моҷарои Ҷамол, мавриди таваҷҷӯҳи ҷаҳониён ва афкори умумӣ ва кишварҳои калидии дунё қарор нагирифт ва барои ҳеч як аз сарони кишварҳо ва сиёсатмадорони ҷаҳон ва ҳатто созмонҳои матраҳи ҳуқуқи башарӣ, аҳаммияте надошт, ки Ҳоҷӣ кӣ буд, чаро терур шуд, чӣ касе пушти терури ӯ қарор дошт ва ғайра… Бар хилофи моҷарои Ҷамол Хошуқҷӣ, ки имрӯзҳо ахбори марбут ба ӯ ва кушта шуданаш, илова бар ин ки сархатти тамоми расонаҳои навишторӣ ва дидории ҷаҳон гардида, ба доғтарин мавзӯъи созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва баҳсу гуфтугӯҳои сиёсатмадорону сарони кишварҳо бадал шудааст.

2) Ва аммо вуҷуҳи иштирок: ин ду парванда, бо ҳам дорои нуқоти муштараки фаровоне ҳастанд, аз ҷумла ин ки: ҳар дуи ин ҷиноят ва терур, дар як рӯзи равшан, дар кишваре ба номи Туркия иттифоқ афтода.

Ва нуқтаи муштараки муҳимми дигар байни ин ду парванда – ки баҳси ман дар ин навиштор, бештар рӯи он аст – ин ки: ҷасади ҳар ду, барои давлати Туркия мутаассифона як “колои тиҷорӣ” ҷиҳати доду ситадҳои сиёсӣ бо давлате, ки гумон меравад пушти терур қарор дорад, будааст.

Ва ҳарчанд, дар ҳоли ҳозир наметавон бо қотеият гуфт, ки Туркия бо парвандаи Хошуқҷӣ чӣ гуна бархӯрд хоҳад кард (ва қатъан то яке ду рӯзи дигар равшан хоҳад шуд), аммо бо ин ҳама, он чи то ин соат аз гузоришу таҳлилҳои расонаҳои матраҳи дунё ба машом мерасад ин аст, ки Туркия дар садади баҳрабардорӣ аз он будааст.

Дар ҳамин росто, Қадир Хосс, устоди донишгоҳи равобити байналмилал дар Туркия, ба шабакаи “Алҷазира” гуфтааст: “Туркия дар моҷарои нопадид шудани Ҷамол Хошуқҷӣ, созу корҳои сиёсӣ ва диплумотикро, бар пайгирии қазоӣ ва қонунӣ тарҷеҳ додааст ва талош дорад аз ин тариқ парвандаро пеш бибарад.”

Ӯ афзудааст: “Агар мақомоти Туркия бо ин рухдод ба унвони як мавриди қазоӣ рафтор мекарданд, онҳо бояд шавоҳидро дар маърази умум қарор медоданд.”

Вай дар идома изҳор доштааст: “Туркия дар ҳоли талош барои шаклдиҳӣ ба афкори умумӣ ва эъмоли нуфуз бар бархе давлатҳо ва аз ҷумла Омрико ва Арабистон барои роҳандозии музокироти сиёсӣ бо онҳост.”

Ҳамчунин, Аҳмад Ёвуз, женероли бознишастаи турк низ ба ин шабака гуфтааст: “Мақомоти Туркия бо як рӯйкарди сиёсӣ ва на қазоӣ, фақат бахше аз иттилооти моҷарои Хошуқҷиро ба берун дарз доданд, то аз ин тариқ битавонанд аҳруми фишоре бар саудиҳо барои музокира бо онҳо дар мавзӯъҳои мухталифро дар ихтиёр дошта бошанд.”

Аз назари ин женероли бознишаста, яке аз мавориде, ки Туркия метавонад аз Арабистон имтиёзгирӣ кунад, ба шимоли Сурия марбут мешавад; ҷое, ки Арабистон аз воҳидҳои мудофеъи халқи Курд (YPG) ҳимоят мекунад ва Туркия эҳтимолан аз парвандаи Хошуқҷӣ барои қатъи кӯмакҳои Риёз ба ин гурӯҳ, истифода хоҳад кард.

Аз назари ин женерол, далели дигари Туркия дар ин рӯйкард он аст, ки Арабистонро дар як вазъияти сахт ва махмасаи бузурге гирифтор кунад, то аз ин тариқ аз як тараф масъалаи ислоҳоти Муҳаммад бен Салмон дар Арабистонро дар назди ғарбиҳо зери суол бибарад, ва аз тарафи дигар, бо эҷоди масоили ҳуқуқи башарӣ барои Арабистон, миёни Вошингтун ва Риёз шикоф эҷод кунад; шикофе, ки метавонад ба интихоби Туркия ба унвони муттаҳиди аслии Омрико дар Ховари Миёна ва дурӣ аз Арабистон мунҷар шавад.

Гузориши ахири шабакаи хабарии CNN низ ҳамин таваҷҷӯҳро таъйид мекунад. Ин шабака ба нақл аз манобеи худ гуфтааст, Арабистони Саудӣ, бо ин ки дар ҳоли эҷоди заминаҳои лозим барои қабули масъулияти қатли Ҷамол Хошуқҷӣ аст, аммо мехоҳад марги ин рӯзноманигори мунтақиди саудиро натиҷаи “иштибоҳоти суратгирифта дар ҳини бозҷӯӣ” эълом кунад, ба гунае ки Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ, ингор иттилоъе аз он надошта ва ҳеч тақсире ҳам мутаваҷҷеҳи ӯ нест.

Аз ин гузоришҳо чунин ба даст меояд, ки миёни Арабистони Саудӣ ва Омрико аз як тараф ва миёни Туркия аз тарафи дигар, музокироте сурат гирифта, ки бар асоси он, натоиҷи таҳқиқот тавре эълон шавад, ки ба истилоҳ, “на сих сӯзад ва на кабоб”; ба ин маъно, ки Арабистон ба қатли Хошуқҷӣ эътироф мекунад, вале тақсир ва кӯтоҳӣ мутаваҷҷеҳи чанд “авомили худсар” (ба қавли Тромп) мешавад ва чанд нафар дар ин васат қурбон мешаванд. Ва аз қазо, Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, дар мусоҳибаи ахири худ гуфт, ки қатли Хошуқҷӣ шояд кори “авомили худсар” бошад.

Агар ин сенорию, ки CNN мегӯяд дуруст бошад, қатъан омрикоиҳо ва саудиҳо зимни як доду ситади сиёсӣ ва додани имтиёзҳои лозим ба давлати Туркия, ӯро мутақоъид кардаанд, ки натоиҷи таҳқиқоташ дар консулгарии саудӣ бо он чи қарор аст эълон шавад, мутатобиқ бошад.

(Ҳангоми навиштани ин ёддошт, дар расонаҳо хондам, ки як манбаъ дар додситонии Туркия аз кашфи шавоҳиде аз қатли Ҷамол Хошуқҷӣ ва ҳамчунин шавоҳиде аз дасткории амдии шавоҳид ва мадорики марбут ба қатли вай дар сохтмони консулгарии саудӣ хабар додааст.)

* * *

Моҷарои терури Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов, аз ин назар, ба моҷарои терури Ҷамол Хошуқҷӣ бисёр шабоҳат дорад, яъне аз назари мавриди баҳрабардорӣ ва доду ситадҳои сиёсӣ қарор гирифтан.

Дар моҳи марти соли 2015 Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов дар Туркия ба дасти чанд одамкуш терур шуд, сипас яке ду нафар аз ҷумла Сулаймон Қаюмов боздошт ва бақия фирор карданд; барои Сулаймон Қаюмов додгоҳе баргузор гардид ва ба ҳабси абад маҳкум шуд. Ва бо ҳамин, парвандаи шаҳид Ҳоҷӣ Умаралӣ баста шуда ва дигар ҳарфе аз пушти пардаҳо ва ин ки чӣ афрод ва ҷиҳоте ба Сулаймон ва ҳамдастонаш суфориши терури Ҳоҷиро кардаанд ва ин ки оё мақомоти амниятии Тоҷикистон дар ин миён дасте доштанд ё надоштанд, додгоҳи Туркия ҳеч ишорае ба ин маворид накард. Чаро?

Оё воқеан чизе дар ин замина дастгираш нашуд – ки баъид аст ва бо мантиқ ҷур дарнамеояд — ва ё ин ки бидеҳ бистоне дар ин миён байни давлати Туркия ва ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифт? Бидеҳ бистоне, ки бар асоси он, Туркия як саре имтиёзҳое аз ҳукумати Тоҷикистон дар қиболи бастани парванда ва дам назадан дар бораи он, гирифта?

Туркияе, ки (то ин соат албатта) бо парвандаи Ҷамол Хошуқҷӣ ин гуна бархӯрд карда, баъид нест бо парвандаи шаҳид Ҳоҷӣ Умаралӣ – касе, ки сукут дар бораи ин парванда ҳазинаи чандоне ҳам барояш надошт – бархӯрди мушобеҳе карда бошад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: