Перейти к содержимому

CNN: Арабистон барои қабули масъулияти қатли “иштибоҳӣ”-и Хошуқҷӣ омода мешавад

CNN мегӯяд, Арабистон барои қабули масъулияти қатли Ҷамол Хошуқҷӣ омода шуда, вале мехоҳад, тақсир ва кӯтоҳиро ба гардани бозпурсҳо биандозад.

Шабакаи хабарии CNN ба нақл аз манобеъи худ гуфт, ки Арабистони Саудӣ дар ҳоли эҷоди заминаҳои лозим барои қабули масъулияти қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди саудӣ аст. Бар асоси ин гузориш, саудиҳо мехоҳанд марги вайро натиҷаи “иштибоҳоти суратгирифта дар ҳини бозҷӯӣ” эълом кунанд.

Ҷамол Хошуқҷӣ, ки чанде буд ба мунтақиди сиёсатҳои Оли Сауд бадал шуда буд, сешанбеи ду ҳафта пеш барои анҷоми умури идории марбут ба сабти издивоҷи ҷадиди худ вориди консулгарии Арабистон дар Истонбул шуд, вале ҳеч гоҳ ба номзади чашм ба роҳи худ, ки дар беруни консулгарӣ мунтазираш буд, мулҳақ нашуд.

Арабистон ибтидо ҳузури вай дар консулгариро такзиб кард ва муддаӣ шуд, ки Хошуқҷӣ сареъан аз ин маҳал хориҷ шуда. Филмҳои дурбинҳои мадорбастаи хиёбонҳои атроф аммо ин иддаоро ба роҳатӣ такзиб кард.

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, ки аз сӯи саудиҳо ба хотири “парҳез аз пешдоварӣ” дар хусуси ин масъала, ситоиш шуда буд, имрӯз гуфт, ки қатли Хошуқҷӣ шояд кори “авомили худсар” бошад.

Мойк Помпеу, вазири хориҷаи Омрико ҳам имрӯз баногоҳ эълом кард, ки роҳии Арабистон мешавад.

Ҳоло пас аз тарҳи идеяи “авомили худсар” тавассути Тромп ва дар соатҳое, ки вазири хориҷаи Омрико роҳии Арабистони Саудӣ ва сипас Туркия шуда, CNN аз эҷоди омодагӣ дар миёни ҳуккоми Оли Сауд барои қабули қатли “иштибоҳӣ”-и Хошуқҷӣ хабар додааст.

Рӯзномаи Вошингтун пост пеш аз ин навишта буд, ки созмони иттилоотии Туркия бо истифода аз микруфунҳои ҷосусии ҷогузошташуда дар консулгарии Арабистон, садои Хошуқҷиро дар ҳини бозҷӯӣ, ки мунтаҳӣ ба марги ӯ шуд забт карда, аммо аз бими расвоии ҷосусӣ аз як ҳайъати диплумотики расмии як кишвари хориҷӣ дар хоки Туркия, наметавонад ин фойли савтиро мунташир кунад.

Тромп ҳам чанд рӯз пеш гуфта буд, ки дар бораи ин фойл чизҳое шунида аммо онро нашунидааст.

Охирин таҳаввули чашмгир пеш аз хабари CNN, вуруди ҳайъати бозрасони туркияӣ ба маҳалли консулгарии Арабистон дар Истонбул буд, ки ҳанӯз хабаре аз натоиҷи ин таҳқиқ мунташир нашудааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: