Перейти к содержимому

Алҷазира ҷузъиёти қатли Хошуқҷиро мунташир кард

Шабакаи “Алҷазира”-и Қатар ба нақл аз манобеъи огоҳи туркияӣ навишт, рӯзноманигори мунтақиди саудӣ дар арзи ҳафт дақиқа дар консулгарии саудӣ ба қатл расида ва сарконсули саудӣ шоҳиди ин қатл будааст.

Манобеъи огоҳ дар Туркия иттилооти ҷадиде аз чигунагии қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигор ва мунтақиди давлати саудӣ, дар ихтиёри расонаҳо қарор доданд.

Шабакаи хабарии “Алҷазира”-и Қатар шомгоҳи сешанбе ба нақл аз ин манобеъи огоҳ гузориш дод, ки амалиёти қатли Хошуқҷӣ дар консулгарии саудӣ ҳафт дақиқа тӯл кашидааст.

Ин шабака навишт: “Салоҳ Аттубейқӣ, мудири пизишки қонунии нерӯҳои амнияти саудӣ, аз ҳамкорони худ хоста ба ҳангоми қитъа-қитъа кардани ҷасади Хошуқҷӣ ба мусиқӣ гӯш диҳанд.”

Ба гуфтаи ин манобеъ, “садоҳои забтшуда ҳикоят аз он дорад, ки Аттубайқӣ ҷасади рӯзноманигори саудиро тикка-тикка кардааст.

Ин манобеъ ба “Алҷазира” гуфтаанд, ки қатли Ҷамол Хошуқҷӣ дар утоқи Муҳаммад Алъутайбӣ, сарконсули саудӣ ва бо ҳузури худи ӯ сурат гирифтааст.

Бо ин ҳол, бар асоси гуфтаи ин манобеъ, Алъутайбӣ баъд аз куштани Хошуқҷӣ, аз утоқи худ хориҷ шуда ва тими Салоҳ Аттубейқӣ шурӯъ ба тикка-тикка кардани ҷасади ӯ кардаанд.

Бар асоси шавоҳиде, ки манобеъи Туркия дар даст доранд, рӯзноманигори мунтақиди Оли Сауд мавриди зарбу шатм қарор гирифта ва баъд аз тазриқи моддае ба ӯ, ҷасади ӯ тикка-тикка шудааст.

Ин манобеъи огоҳ ҳамчунин ба “Алҷазира” таъкид карданд, ки бар асоси шавоҳид ва осор, қатли Хошуқҷӣ билофосила баъд аз вуруди вай ба сохтмони консулгарии саудӣ дар Истонбул ва бидуни бозҷӯӣ сурат гирифтааст.

Ин ҳафта расонаҳои омрикоӣ эълом карда буданд, ки Туркия дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Истонбул дастгоҳҳои шунуд дошта ва тавониста аз ин тариқ пай ба қатли Хошуқҷӣ бибарад.

Ҷамол Хошуқҷӣ, сутуннависи рӯзномаи “Вошингтун пост” 2 октябр барои анҷоми бархе корҳои марбут ба издивоҷаш бо Хадиҷа Чингиз, шаҳрванди Туркия, ба консулгарии саудӣ муроҷиа кард ва нопадид шуд.

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: