Перейти к содержимому

Кадом масъули саудӣ “гӯшти қурбонӣ” мешавад?

Ёддошти Абдулборӣ Атвон дар рӯзномаи Раъюл-явм

Замоне, ки Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико эълом мекунад, ки “авомили худсар” пушти қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори арабистонӣ дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истонбул ҳастанд ва Малик Салмон бен Абдулазиз ба вай ба шакли қотеъ таъкид мекунад, ки вай ҳеч чизе дар бораи ҳодиса намедонист, ин яъне дунболи “гӯшти қурбонӣ” гаштан барои часпондани ҷиноят ба ӯ оғоз шуда ва бар сари қарордоди сеҷонибаи омрикоӣ-туркӣ-арабистони барои бастани ин парванда ва чӣ басо то абад, тавофуқ шудааст.

Эъломи Малик Салмон, подшоҳи Арабистони Саудӣ, мабнӣ бар ин ки дастур додааст, ки таҳқиқоти дохилӣ дар бораи ин ҷиноят анҷом шавад, “эътироф” ба даст доштани Арабистони Саудӣ дар ҷиноят ва ақибнишинӣ аз ҳамаи мавзеъгириҳои собиқ аст, ки дар тӯли 13 рӯзи гузашта иттихоз кард; мавзеъгириҳое, ки ҳар гуна нақши Арабистонро инкор ва таъкид мекард, ки Хошуқҷӣ пас аз 20 дақиқа аз вурудаш ба консулгарӣ онро тарк кард ва дар онҳо иддао шуд, ки Арабистон “нигарони” вазъияташ ба далели нопадид шудан аст.

Нуқтаи таҳаввули аслӣ, ки мунҷар ба ин ақибнишинии расмии Арабистони Саудӣ шуд, ба назари мо ин буд, ки хабаргузории Reuters ба нақл аз як масъули амниятии туркияӣ гузориш дод, ки нерӯҳои амниятии Туркия фойли савтие дар ихтиёр доранд, ки таъкид мекунад, ки Хошуқҷӣ, рӯзноманигори арабистонӣ дохили консулгарии Арабистон ба қатл расидааст ва эҳтимолан Туркия нусхае аз ин фойлро барои Арабистон ва нусхае дигарро барои Иёлоти Муттаҳидаи Омрико фиристодааст.

* * *

Малик Салмон бен Абдулазиз замоне, ки ба раисиҷумҳури Омрико ба шакли қотеъ таъкид кард, ки аз ҳеч чиз хабар надошт, воқеиятро гуфтааст; зеро ҳокими кунунии Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди ӯст ва ҳамаи ангуштҳои иттиҳом ба самти ӯ ва маҷмӯаи перомунаш нишона рафтааст. Чӣ касе дар дохили дастгоҳи амниятии Арабистон ҷуръат дорад ин ҷиноятро дар консулгарии Арабистон муртакиб шавад ва як рӯзноманигори машҳурро терур кунад ва ҳавопаймоҳои хусусӣ ва тими муташаккил аз 15 нерӯи амниятӣ бифиристад, ба ҷуз як масъули амниятии баландпоя ва касе, ки акнун ҳарфи аввалу охирро дар Арабистон мезанад? Касе, ки тасмим ба ҷанг алайҳи Яман мегирад, дар терури як рӯзноманигор, ки аз аъзои хона буд ва сипас ҷудо шуд, тардиде намекунад.

Дахолати Малик Салмон, ё ба иборате дигар, дахолат ба номи вай, ба вежа замоне, ки Арабистон вориди бӯҳрони душворе мешавад, табдил ба коре оддӣ шудааст. Замоне, ки Арабистони Саудӣ ва валиаҳдаш ба таъйиди “Қарордоди қарн” ва яҳудисозии Қудси ишғолӣ ба унвони рукни асосии ин қарордод муттаҳам шуданд, подшоҳи Арабистони Саудӣ баёнияе содир ва дар он таъкид кард, ки кишвараш ба тарҳи арабӣ ва эҷоди кишвари мустақил барои фаластиниҳо ба пойтахтии Қудс, пойбанд аст ва чизеро, ки фаластиниҳо намепазиранд, намепазирад. Ҳоло ҳамин сенорию акнун калима ба калима такрор мешавад.

Пурсишҳое, ки акнун матраҳ ҳастанд инҳо ҳастанд, ки чӣ касе ба унвони “гӯшти қурбонӣ” барои аз байн бурдани ҳар гуна сарзаниши подшоҳи Арабистони Саудӣ ва валиаҳдаш ва низ масъулони баландпояи Арабистон муаррифӣ мешавад? Баҳое, ки ба Туркия ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар муқобили кӯмакашон ба “ҷамъ кардан”-и ин ҷиноят ва бастани сафҳаи он пардохт мешавад, чист?

Барои ёфтани посух ба ин пурсишҳо ё бархе аз онҳо, бояд ба масъалаи Локерби (1) ва қарордоде, ки барои наҷоти сарҳанг Муаммар Қаззофӣ ва муттаҳам надонистани вай дар ин ҳодиса ва поёни муҳосираи хафакунандаи Либӣ, бар сари он тавофуқ шуд, муроҷеа кард ва ҷолиб ин ҷост, ки шоҳзода Бандар бен Султон, сафири вақти Арабистон дар Вошингтун яке аз муҳандисони он буд.

Шахсан бо муттаҳами аслӣ, ё ба иборате дигар, бо гӯшти қурбонии ин қарордод – манзурам, Абдулбосит Алмиқраҳӣ — дидор кардам; марди амниятӣ, ки ба иттиҳоми гузоштани бомб дар яке аз ҷомадонҳое, ки ҳавопаймои Pan Am бар фарози Искотландро мунфаҷир кард ва боис шуд наздик ба 300 мусофир кушта шаванд, ба зиндони абад маҳкум шуд. Алмиқраҳӣ, ки маро барои дидор дар зиндони Глоску даъват кард, ба ман таъкид кард, ки вай дар ин ҷиноят ҳеч нақше надошт; ин дар ҳоле буд, ки вай аз бемории саратон, ки дар баданаш мунташир шуд ранҷ мебурд ва фақат чанд моҳ ба марги қатъиаш монда буд. Вай гиряе кард, ки ба монанди онро дар зиндагиам на дидаам ва на шунидаам.

Алмиқраҳӣ ба ман гуфт, ки вай аз шуҷоати кофӣ барои он ки бигӯяд ҷиноятро муртакиб шуда бархӯрдор аст, зеро вай чизе барои аз даст додан надорад; ин дар ҳоле буд, ки дар остонаи марг қарор дошт. Вай таъкид кард, ки аз ӯ ба унвони “қурбонӣ” барои наҷоти дигарон истифода шуд. Ҳамчунин Абдурраҳмон Шалқам, вазири хориҷаи асбақи Либӣ, ки ҳамкилосӣ буд, чанд ҳафта баъд ба ман таъкид кард, ки наздики се милёрд дулор ба унвони ғаромат ба Омрико ба хотири Либӣ ва поёни муҳосирааш пардохт кардем. Оқои Шалқам ҳамакнун зинда аст.

* * *

Бор дигари инро мегӯем, ки барои раисиҷумҳуре монанди Тромп, ки фақат ба пул имон дорад ва коре ба ҷуз гаравкашӣ аз Арабистон ва кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс ва ғорати милёрдҳо дулор аз дороиҳояшон балад нест, қарододҳо ва заду бандҳо, бар усули ҳуқуқи башар тарҷеҳ дорад. Дар таърихи Омрико ҳеч раҳбаре вуҷуд надорад, ки ба андозаи вай ин гуна вақеҳона гаравкашӣ карда бошад, ё ин ки чаҳор бор фақат тайи чанд рӯз инро ба “рухи онҳо бикашад”, ки ҳукуматҳояшон бидуни ҳимояти Омрико ду ҳафта ҳам дар қудрат намемонанд, ва поро фаротар гузошт ва ба минтақаи хатарноктаре рафт замоне, ки ишора кард, ки Арабистони Саудӣ бидуни ҳимояти Омрико дар арзи 12 дақиқа ба тасарруфи Эрон дармеояд.

Намедонем маблағе, ки Тромп дар муқобили нақшаш дар берун овардани ҳукумати Арабистони Саудӣ аз ин бӯҳрон бо камтарин зарар чӣ қадр аст, аммо гумоназанӣ мекунем, ки ин маблағ болои садҳо милёрд дулор аст, ва бе тардид Мойк Помпео, вазири хориҷааш, ки рӯзи гузашта ба Риёз парвоз кард, “қабзе” (фактурае)-ро бо худ дорад, ки ҷузъиёти ин маблағро дорад.

Худо раҳмат кунад Ҷамол Хошуқҷиро чӣ зинда бошад чӣ мурда, ва бар ин боварем, ки чизе, ки титрҳои аслии рӯзномаҳоро дар рӯзҳои наздик аз они худ мекунад, пайдо шудани ҷасад ва макони он ва чигунагии қатлаш дар консулгарии Арабистони Саудӣ аст.

Raialyoum

* * *

(1) Локерби (lockerbie) як шаҳри кучак дар ҷануби ғарби Искотланд аст. Ин шаҳр дар адабиёти сиёсии муосир ҷойгоҳи вежае дорад. Далели он суқути ҳавопаймои мусофирбарии M103, парвози шумораи 103-и Pan Am буд, ки пас аз инфиҷор дар осмони рӯи манотиқи маскунии шаҳри Локерби суқут кард ва лошаи он сабаби кушта шудани 11 нафар аз сокинони шаҳр шуд. Тамоми мусофирони парвоз, ки аз шаҳри Фронкфурт роҳии Детройт буданд, бар асари як инфиҷори маҳиб кушта шуданд. Аз ҳамон соатҳои аввалия буд, ки шаҳри Локерби дар адабиёти мардуми Бритониё ва расонаҳои ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро пайдо кард. Соатҳое пас аз ин ҳодиса дабиристони шаҳр таътил шуд ва ба маҳалле барои расад ва кӯмакрасонии кумитаҳои бӯҳрон аз кишварҳои мухталиф табдил шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: