Перейти к содержимому

Тромп: “Ба Арабистон барои муқобила бо теруризм ниёз дорем”

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, рӯзи чаҳоршанбе изҳор дошт, ки Вошингтун барои муқобила бо теруризм, ба Арабистон ниёз дорад.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Тромп гуфт, ки қасд надорад аз Арабистон ба далели моҷарои нопадид шудан ва қатли иддаоии Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди саудӣ, даст бикашад. Вай дар тавҷеҳи суханони худ ин тавр истидлол кард, ки Омрико ба Арабистон барои муқобила бо теруризм муттакӣ аст.

Раисиҷумҳури Омрико дар мавриди вокуниши кишвараш ба Риёз дар сурати масъул шинохта шудани Арабистон дар қатли Хошуқҷӣ гуфт: “Умедворам дар тарафи беҳтари ин муъодила бошем.”

Тромп афзуд: “Мо ба Арабистон дар муборизаамон бо теруризм ва ҳар он чи дар Эрон ва кишварҳои дигар дар ҳоли рӯй додан аст, ниёз дорем.”

Раисиҷумҳури Омрико ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, ки Оли Сауд дахолате дар нопадид шудани рӯзноманигори саудӣ надошта бошанд.

Фишорҳо бар Арабистон барои посухгӯӣ ба масъалаи қатли Хошуқҷӣ афзоиш ёфтааст. Мойк Помпео, вазири умури хориҷаи Омрико, ки барои гуфтугӯ бо мақомҳои саудӣ ва Туркия дар мавриди парвандаи Хошуқҷӣ ба Риёз ва Онкоро рафта буд, ба сафари худ поён дод.

Лозим ба ёдоварӣ аст, Хошуқҷӣ рӯзноманигори саудӣ буд, ки 2 октябр пас аз вуруд ба сохтмони консулгарии Арабистон дар Истонбул нопадид шуд.

Мақомҳои Туркия гуфтаанд, ки вай дар дохили сохтмон ба дастури мақомҳои саудӣ ба қатл расида ва рӯзномаи “Вошингтун пост” низ навишта, ки тасовири видеоӣ ва садои забтшудае мавҷуд аст, ки исбот мекунад Хошуқҷӣ пас аз шиканҷа, кушта шудааст.

Хошуқҷӣ сутуннависи рӯзномаи “Вошингтун пост” буд, ки мақолаҳое дар нақди режими саудӣ аз ҷумла Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон ба риштаи нигориш даровардааст.

Хошуқҷӣ, ки пас аз интисоби Муҳаммад бен Салмон ба унвони валиаҳди Арабистон, ин кишварро тарк кард ва ба Омрико рафт, дар рӯзҳои ахир қасди издивоҷ бо як зан шаҳрванди Туркияро дошт ва барои тай кардани мароҳили сабти издивоҷи худ, маҷбур ба муроҷиа ба консулгарии Арабистон дар Истонбул шуда буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: