Перейти к содержимому

Фарҷоми ҳасодат

Чанд достони ибратомез дар бораи ҳасад

Зани ҳасуд

Зане буд бисёр ҳасуд, ҳамсояе дошт ба номи Хоҷа Салмон, ки марде сарватманд ва бисёр шарифу мӯҳтарам буд. Зан бар Хоҷа ҳасодат меварзид ва мекӯшид, ки андаке аз неъматҳои он марди шарифро кам кунад ва некномии ӯро аз миён бибарад, вале коре аз пеш намебурд ва Хоҷа ба ҳоли худ боқӣ буд.

Саранҷом, рӯзе тасмим гирифт, ки Хоҷаро масмум кунад: ҳалвое пухт ва дар он, заҳри бисёр рехт ва субҳгоҳон бар сари роҳи Хоҷа истод. Ҳангоме, ки Хоҷа аз хона хориҷ шуд, ҳалворо дар ноне ниҳода, назди Хоҷа овард ва гуфт: хайротӣ аст!

Хоҷа ҳалворо бардошт ва чун аҷала дошт, аз он нахӯрд ва ба роҳ афтод ва ба сӯи мақсаде аз шаҳр хориҷ шуд.

Дар роҳ ба ду ҷавон бархӯрд, ки хаставу мондаву гурусна буданд. Хоҷаро бар он ду, шафқат омад. Нону ҳалворо ба эшон дод. Он ду онро бо хушнудии фаровон, аз Хоҷа гирифтанд ва хӯрданд ва дар ҷо мурданд.

Хабар ба ҳокими шаҳр расид, ва Хоҷаро дастгир кард. Ҳангоме, ки аз вай бозҷӯӣ шуд, Хоҷа достонро гуфт.

Ҳоким касеро ба суроғи зан фиристод. Занро ҳозир карданд. Чун чашми зан ба он ду ҷаноза афтод, фарёду фиғон бардошт; маълум шуд, ки он ду тан, яке фарзанди ӯ, ва дигаре бародари ӯ будааст. Худи он зан ҳам аз шиддат таъассуру ҷазаъ пас аз яке ду рӯз мурд.

(Ҳасад, таълифи Сайидбоқири Хусравшоҳӣ)

* * *

Донои яҳуд

Ҳай ибни Ахтаб, аз сарони яҳуд буд ва дежҳои Хайбар (дар Мадина) таҳти фармонаш буданд. Пас аз он ки аз сипоҳи ислом шикаст хӯрд ва қалъаҳои Хайбар яке пас аз дигар ба дасти мусалмонон фатҳ шуд, ҳазрати Расули Акрам (с) барои он ки нисбат ба онон изҳори меҳр бикунад ва таъассуби яҳудигариро аз миён бибарад ва ба онҳо бифаҳмонад, ки ҳамаи афроди башар дар назари ислом яксонанд ва бақияи яҳудонро ба ислом ҷалб кунад, Сафия, духтари Ҳай ибни Ахтабро ба ҳамсарии худ даровард.

Сафия, ки имон оварда буд, рӯзе хидмати он ҳазрат арз кард:

— Ҳангоме, ки дар оғоз падарам ва амуям барои фаҳмидан хидмати шумо шарафёб шуданд ва бозгаштанд, падарам аз амуям — ки аз доноёни бузурги яҳуд буд — пурсид:

— Дар бораи ин шахс (Муҳаммад (с)) чӣ мегӯӣ? Оё ӯро пайғамбар ёфтӣ?

Амуям ҷавоб дод:

— Ӯ ҳамон пайғамбаре аст, ки ҳазрати Мӯсо (с) муждаи омадани ӯро додааст.

Падарам пурсид:

— Таклиф чист?

Амуям ҷавоб дод:

— Вазифаи мо, мухолифат бо вай ва душманӣ бо ӯст ва ҷуз ин роҳ, роҳе нест!

(Сираи Ибни Ҳишом, 1/517)

Ҳасади ин донишманди яҳудӣ ва кӯрии ботиниаш ӯро бар он дошт, ки бар хилофи тасдиқи виҷдонии худ амал кунад ва бо он ҳазрат аз дари ҷангу ситез дарояд, то дар ҳасрати ҳамешагӣ биафтад ва ҷони худу касонашро дар ин роҳ бигузорад ва дудмони худро бар бод диҳад ва бадбахтӣ дар ҷаҳон насибаш гардад.

* * *

Достоне аз Гулистон

Маликзодаеро шунидам, ки кӯтоҳ буду ҳақир ва дигар бародаронаш баланду хубрӯй. Боре падар ба кароҳату истеҳқор дар ӯ назар мекард. Писар ба фаросат истибсор ба ҷой оварду гуфт:

— Эй падар, кӯтоҳи хирадманд беҳ, ки нодони ба­ланд. На ҳар чи ба қомат меҳтар, ба қимат беҳтар…

Он шунидӣ, ки лоғаре доно

Гуфт боре ба аблаҳе фарбеҳ:

Аспи тозӣ в-aгap заъиф бувад,

Ҳамчунон аз тавилае хар беҳ.

Падар бихандид ва аркони давлат биписандиданд ва бародарон ба ҷон биранҷиданд.

То мард сухан нагуфта бошад,

Айбу ҳунараш ниҳуфта бошад.

Ҳар беша гумон мабар ниҳоле,

Бошад, ки паланг хуфта бошад.

Шунидам, ки маликро дар он қурб душмане саъб (сахт) рӯй ниҳод. Чун лашкар аз ҳар ду тараф рӯй дар ҳам оварданд, аввал касе, ки ба майдон даромад, ин писар буд ва гуфт:

Он на ман бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман,

Он манам, гар дар миёни хоку хун бинӣ cape.

К-он кӣ ҷанг орад, ба хуни хеш бозӣ мекунад,

Рӯзи майдон в-он ки бигрезад ба хуни лашкаре.

Ин бигуфт ва бар сипоҳи душман зад. Тане чанд аз мардони корӣ бияндохт. Чун пеши падар омад, замини хидмат бибӯсиду гуфт:

Эй, ки шахси манат ҳақир намуд,

То дуруштӣ, ҳунар напиндорӣ.

Аспи лоғармиён ба кор ояд

Рӯзи майдон, на гови парворӣ.

Овардаанд, ки сипоҳи душман бисёр буд ва инон андак. Ҷамоате оҳанги гурез карданд. Писар наъра заду гуфт:

— Эй мардон, бикӯшед, то ҷомаи занон напӯшед!

Саворонро ба гуфтани ӯ таҳаввур зиёд гашт ва ба якбор ҳамла бурданд. Шунидам, ки ҳам дар он рӯз бар душман зафар ёфтанд.

Малик сару чашмаш бибӯсиду дар канор гирифт ва ҳар рӯз назараш беш кард, то валиаҳди хеш кард. Бародарон ҳасад бурданд ва заҳр дар таъомаш карданд. Хоҳараш аз ғурфа бидид, дарича бар ҳам зад. Писар дарёфт ва даст аз таъом бозкашиду гуфт: маҳол аст, агар ҳунарманд бимирад, ки беҳунар ҷои ӯ бигирад!

Кас наёяд ба зери сояи бум

В-ар ҳумой аз ҷаҳон шавад маъдум.

Падарро аз ин ҳол огаҳӣ доданд, бародаронашро бихонду гӯшмоле ба воҷиб бидод, пас ҳар якро аз атрофи билод ҳиссаи марзе муайян кард, то фитна бинишаст ва низоъ бархост, ки даҳ дарвеш дар гилеме бихусбанд ва ду подшоҳ дар иқлиме нагунҷанд.

Ними ноне гар хурад марди Худой,

Базли дарвешон кунад ниме дигар.

Мулки иқлиме бигирад подшоҳ

Ҳамчунон дар банди иқлиме дигар.

* * *

Ибни Абилҳадид нақл мекунад:

Аз Арасту пурсиданд, ки чаро ғами ҳасуд аз бемору дардманд афзунтар аст? Ҳаким ҷавоб дод: Зеро ӯ монанди соири мардум ғамҳое дорад ва аз хушбахтии мардум низ ғамаш афзуда мегардад. Хубси тинат ва палидии сиришт дар ҳасуд, камназиру бемонанд аст.” (Шарҳи Наҳҷул-балоға, Ибни Абилҳадид)

Касе, ки сӯхтану гудохтани бандагони Худо, суруру нишоташ бошад ва зиллату бечорагии дигарон мӯҷиби фараҳу хушҳолиаш бишавад, болотарин шақоватҳоро дорост.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: