Перейти к содержимому

Женерол Абдурраззоқ дар Қандаҳор кушта шуд

Дар ҳамлаи мусаллаҳонаи Толибон ба нишасте дар Қандаҳор, мақомоти аршади амниятии ҷануби Афғонистон аз ҷумла женерол Абдурраззоқ терур шуданд.

Ба гузориши расонаҳои Афғонистон, дар ҳамлаи мусаллаҳонаи Толибон ба як нишасти амниятӣ дар дафтари волии Қандаҳор, женерол Абдурраззоқ, фармондеҳи пулиси ин вилоят ва соири мақомоти амниятии ҷануби Афғонистон кушта шуданд.

Дар ин ҳамла, волӣ, раиси амнияти миллии Қандаҳор ва фармондеҳи сипоҳи 205 низ ҷони худро аз даст доданд.

Ин ҳамла тавассути яке аз муҳофизони волии Қандаҳор ва ҳангоми хуруҷ аз маҳалли баргузории нишаст сурат гирифтааст.

Ин дар ҳоле аст, ки женерол Милер, фармондеҳи нерӯҳои НАТО ва омрикоӣ дар Афғонистон низ дар ин нишаст ҳузур дошта аммо ба вай осебе нарасидааст.

Толибон масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст, Толибон ҳамчунин эълом кардааст, ки ҳадаф аз ин ҳамла, женерол Милер будааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: