Перейти к содержимому

Исломи сиёсӣ баъд аз баҳори арабӣ: кашокаши ҷиҳод ва демукросӣ

Ба қалами Оливе Рой (Olivier Roy) дар нашрияи Foreign Affairs

Оливе Рой (Olivier Roy)

Расонаҳои ҷаҳон пур аст аз титрҳое дар бораи ДОЪИШ, Букуҳаром ё дигар гурӯҳҳои исломгарои мусаллаҳ ва хушунатталаб. Аммо дар воқеияти рӯзмарраи кишварҳои исломӣ, ҷунбишҳои исломии миёнараве, ки талош мекунанд дар чорчӯби қонунҳо ва бо омӯзишу корҳои хайрия мардумро ба ислом даъват кунанд, аҳаммияти бисёр бештаре доранд.

Вожаи “исломгароӣ” ва муродифи талтифшудаи он, яъне “исломи сиёсӣ”, пас аз инқилоби 1979-и Эрон бисёр мусталаҳ шуд (сари забонҳо афтод) ва хеле зуд ба гуфтумони сиёсии муосир табдил гашт.

Ин ду истилоҳро барои тавсифи падидаи зоҳиран ҷадид ибдоъ карданд: ҷунбишҳои сиёсӣ ба раҳбарии мусалмонони ғайрируҳонӣ ва таҳсилкардае, ки хоҳони “исломисозии муҷаддад”-и кишварҳои мусалмон (ва низ иҷтимоъҳои мусалмон дар дигар кишварҳо) буданд.

Ин ҷунбишҳо аз тариқи анвоъи мудерни басиҷҳои мардумӣ — масалан, эҷоди шохаҳое барои ҷавонон, занон ва коргарон — шариатро тарвиҷ медоданд.

Онҳо сохтори созмонии таркибие ба худ мегирифтанд; чизе миёни як анҷумани ухуввати суннатӣ — ки дар он, аъзо мароҳили мухталифи ташарруфро пушти сар мегузоранд — ва як ҳизби сиёсии мудерн, ки дар он, як маҷлиси шӯро раҳбареро мансуб мекунад, то бар кумитаҳои фаннии махсуси ҳавзаҳои хосси сиёсатгузорӣ назорат намояд.

Исломгароён ду ҳадафи куллӣ доштанд: парвариши ҷунбиши иҷтимоӣ, ки бо созмонҳои иҷтимоӣ ва ниҳодҳои хайрия ҳамкорӣ кунад. Ва барпоии ҷунбиши сиёсӣ, ки дар интихобот рақобат кунад, ва дар айни ҳол аъзои он вориди девонсолории давлатӣ шаванд.

Бо оғози даҳаи 1970 ин гуна созмонҳо дигар чизи чандон ҷадиде набуданд. Аввалин ва машҳуртарин гурӯҳи исломгаро Ихвонулмуслимин буд, ки дар соли 1928 дар Миср таъсис шуд ва ба тадриҷ шохаҳоеро дар сар то сари дунёи араб барпо намуд.

Ба мурури замон, созмонҳои мушобеҳе дар дигар манотиқи аҳли суннат шакл гирифт. Аммо руҳоният ва муборизони шиъаи эронӣ, ки дар соли 1979 шоҳи Эронро барканор карданд, тасвири исломи сиёсиро дар зеҳни умуми мардум рақам заданд; шояд ба ин далел, ки онҳо аввалин исломгароёне буданд, ки як давлати мудернро контрол мекарданд. Ба қудрат расидани онҳо вожаи “исломгаро”-ро дар расона, донишгоҳҳо ва давлат мусталаҳ намуд.

Мутаассифона имрӯз хабарнигорон, донишпажӯҳон ва сиёсатмадорон ин истилоҳро ба шакле бисёр озодона ба кор мегиранд ва онро ба тайфи васеъе аз ашхос ва гурӯҳҳо пайванд мезананд — аз Рошид Алғаннушӣ, раҳбари Ҳизбуннаҳзаи (демукротҳои мусалмон) дар Тунис то Абӯбакри Бағдодӣ, халифаи худхондаи ДОЪИШ.

Чунин коре мисли ин аст, ки таъбири “сусиёлист (сотсиалист)”-ро ҳам барои Берни Сандерс, сенотури омрикоӣ, ва ҳам барои Ким Ҷунг-ун (Kim Jong-un), раҳбари Куреи шимолӣ ба кор бибарем.

Китоби “Бознигарӣ дар исломи сиёсӣ” маҷмӯае аз мақолоти таъаммулбарангез ва пурмуҳтаво бо ҷамъоварии Шодӣ Ҳамид ва Вилём МакКантс (William McCants), ду тан аз мутахассисони барҷастаи омрикоӣ дар ин ҳавза аст.

Яке аз вежагиҳои фаровони ин китоб ин аст, ки бо шиносоии он чи муаллифон онро “Исломгароёни ҷараёни аслӣ” (Mainstream Islamists) меноманд, баҳси марбут ба исломи сиёсиро ғино мебахшад.

Манзури Ҳамид ва МакКантс аз ин истилоҳ, ҳизбҳои исломгарое аст, ки “дар чорчӯби қонун амал карда ва бо камоли майл дар дохили сохторҳои мавҷуди давлатӣ, ҳатто сохторҳои зоҳиран секулор ба фаъолият мепардозанд.”

Аз гурӯҳҳое, ки дар ин таъриф мегунҷанд, метавон ба Ихвонулмуслимин дар Миср ва Ӯрдун, Ҳизби ислоҳ дар Яман, Ҳизби адолат ва рифоҳ дар Андунезӣ ва бисёре мавориди дигар ишора намуд.

Таърифи Ҳамид ва МакКантс ҷунбишҳое назири “Ҷамоати таблиғ” дар ҷануби Осиёро аз қалам меандозад; ҷунбише, ки на бо сиёсат, балки бо таблиғ ба дунболи исломисозии ҷомеа аст.

Таърифи онҳо ҳамчунин шомили гурӯҳҳои тундрав низ намешавад, яъне гурӯҳҳое назири Алқоъида, ки ҷиҳоди хушунатомезро таблиғу иҷро мекунанд.

Аммо бо ин ҳол, тамаркузи китоб бар исломгароёни ҷараёни аслӣ комилан баҷост, чун бо вуҷуди ин ки гурӯҳҳои теруристӣ дар садри ахбор ҳастанд, гурӯҳҳои миёнарав дорои ҳимояти бисёр бештар ва амиқтаре дар миёни мусалмононанд, ва ба ҳамин хотир метавон онҳоро дар баландмуддат чолиши ҷиддитар барои анвоъи давлатҳои секулор ба шумор овард.

Ин гурӯҳҳо ҷунбишҳои иҷтимоии ҳақиқие ҳастанд, ки аҳдофи малмус ва кӯтоҳмуддат доранд: онҳо ҳатто агар ҳам ҳомии идеяи хилофати ҷаҳонӣ бошанд, онро руъёе дуру дароз медонанд.

Онҳо дар ин замон хоҳони идғом дар ниҳодҳои мавҷуд ва эҷоди ҳимоят ва эътимод бо барпоии бунёдҳои хайрияе ҳастанд, ки камкории давлатро дар ҷаҳони ислом бартараф мекунанд.

Онҳо мехоҳанд, то бо ҳусни нияте, ки ин кор эҷод мекунад, мардумро муҷоб ба “бозгашт” ба ислом аз тариқи тақво намоянд. Яъне корҳое назири ҳузур дар масҷид, ибодат дар фазоҳои умумӣ ва риоят кардани ҳиҷоб дар миёни занон. Онҳо мухолифати ошкор бо машрӯияти давлатҳои секулор намекунанд, балки саъй мекунанд бар онҳо таъсир бигузоранд; онҳо ҳар гоҳ иҷоза ёбанд, вориди арсаи интихобот мешаванд ва пазирои пайвастан ба эътилофоти сиёсӣ ҳастанд.

Онҳо ҳамчунин такфир (муртадд донистани дигар мусалмонон)-ро рад мекунанд ва қиёми мусаллаҳонаро ба ҷуз алайҳи Исроил тавсия намекунанд. Онҳо ба нудрат ва фақат ҳангоме, ки ба онҳо ҳамла шавад, силоҳ ба даст мегиранд.

Гарчӣ қудратҳои ғарбиро муттаҳам ба истеъмори нав ва “таҳоҷуми фарҳангӣ” мекунанд, аммо ҳамеша роҳро барои иртибот ва музокира боз мегузоранд. Лозим ба зикр аст, ки мунтақидон ва мухолифони ин гурӯҳҳо муддатҳост, ки онҳоро, маъмулан бидуни шавоҳид, муттаҳам ба доштани аҳдофи пинҳон ва мубҳамгӯӣ барои сарпӯш гузоштан бар мақсадҳову боварҳои бисёр родиколтар мекунанд.

Ин тасвире нисбатан ошност. Аммо дар солҳои ахир, он чи Ҳамид ва МакКантс онро “шокҳои дугона” мехонанд, ин тасвири ошноро дар қобе ноошно қарор додааст. Манзур аз шокҳои дугона кудетои низомии 2013 дар Миср ва зуҳури ДОЪИШ дар 2014 аст.

Кудетои Миср як давлати исломии мунтахаби мардумро сарнагун кард ва шибҳидавлати ДОЪИШ ҳам пас аз таваҳҳуши маргбори ин гурӯҳак дар Ироқ ва Сурия ба вуҷуд омад. Албатта шоке қадимитар низ вуҷуд дошт: баҳори арабии 2010-2011, ки боис шуд исломгароёни ҷараёни аслӣ ба нуфуз ва қудрати бештаре нисбат ба қабл бирасанд.

Аммо ин шокҳо ба ҳеч ваҷҳ моҳият ва хатти машйи исломгароиро равшан нанамуд, балки баръакс боиси ибҳоми бештари моҷаро шуд. Ҳамид ва МакКантс менависанд: “Пас аз даҳаҳо гумоназанӣ дар бораи ин ки вақте исломгароён ба қудрат бирасанд чӣ кор хоҳанд кард, таҳлилгарон, донишгоҳиҳо — ва худи исломгароён — саранҷом ба посухе расиданд. Ва ин посух сардаргумкунанда аст.”

* * *

Заминагароён ва зотбоварон

Барои равшан шудани мавзӯъ, нависандагони китоби “Бознигарӣ дар исломи сиёсӣ” комилан хирадмандона баҳсҳои назарӣ дар бораи идеулужии исломгароиро канор гузошта ва ба ҷойи он, ба баррасии фаъолиятҳо ва сиёсатҳои аҳзоби исломгаро дар солҳои ахир мепардозанд.

Ин китоб фаслҳоеро ба таҳаввулоти 9 кишвар дар Ховари Миёна, шимоли Офриқо ва Осиё ихтисос медиҳад. Таҷрибиёти ин кишварҳо дарбаргирандаи тайфи комил аст. Пас аз инқилобҳои 2010-2011 (баҳори арабӣ), исломгароён дар Миср, Мағриб (Марокаш) ва Тунис тавонистанд дар интихобот пирӯз шаванд, аммо дар Либӣ, Сурия ва Яман фавран даргири ҷангҳои шадиди дохилӣ шуданд.

Дар Ӯрдун ва Кувайт шӯрише сурат нагирифт, аммо аҳзоби исломгаро дар ин ду кишвар — ки тайи солиёни дароз дар интихобот ширкат намуда ва дар чорчӯби қонуни мавҷуд фаъолият кардаанд — низ аз хезишҳои дигар кишварҳо ҷоне тоза гирифтанд. Ҳамин қазия дар бораи аҳзоби исломгаро дар Покистон ва ҷануби шарқи Осиё низ содиқ буд.

Бо вуҷуди ин гуногунӣ, таҳлилҳои суратгирифта дар бораи исломи сиёсӣ дар ин кишварҳо маъмулан дар яке аз ин ду даста қарор мегирад: дастаи аввалро метавон “дидгоҳи заминагаро” номид. Бино ба ин дидгоҳ, сиёсатҳо ва фаъолиятҳои ҷунбишҳои исломгаро камтар таҳти таъсири идеулужӣ ва бештар мутаъассир аз рӯйдодҳост.

Ин дидгоҳ гурӯҳҳои исломгароро инфиъолӣ ва созишкор медонад. Бад-ин тартиб масалан саркӯби шадиди Ихвонулмуслимини Миср дар даҳаи 1960-ро далели иттихози рӯйкарде эҳиёткоронатар дар раҳбарии ин ҷунбиш ва ҳошияӣ шудани ифротигарӣ медонад. Ҳамон тавр, ки Стивен Брук, донишманди улуми сиёсӣ, дар фасли аввали китоби “Бознигарӣ дар исломи сиёсӣ” хотирнишон мекунад, фурсатҳои сиёсие, ки бо ҷунбишҳои 2010-2011 ба даст омад, боис шуд, то ин гурӯҳ вориди саҳнаи интихобот шавад.

Заминагароён мӯътақиданд, ки гурӯҳҳои исломгаро мехоҳанд бо шароит ва ҳинҷорҳои хосси ҳар кишвар татобуқ ёбанд. Инро масалан метавон дар ба расмият шинохтани подшоҳиҳои Ӯрдун ва Мағриб (Марокаш) мушоҳида намуд. Ҳадафи аслии ин гурӯҳҳо давоми нақши худ ба унвони бозигарони сиёсӣ ва созмонҳои мунсаҷим аст.

Тарзи тафаккури дуввумро метавон “дидгоҳи зотбоварона” номид. Бино ба ин дидгоҳ, исломгароён дорои бунёди идеулужик ҳастанд ва ҳар гуна созгорӣ, ки бо усул ё ниҳодҳои секулор нишон диҳанд сирфан навъе токтик аст: ҳатто мушорикати онҳо дар сиёсатҳои интихоботӣ низ онҳоро аз даъват ба ҷиҳоди хушунатбор манъ намекунад.

Тибқи ин дидгоҳ, бардошти воқеии исломгароён аз демукросӣ ин аст, ки “як нафар, як раъй, як бор”. Ба баёни дигар, исломгароён сандуқи ороро сирфан масире барои расидан ба қудрат медонанд; вақте ба қудрат бирасанд, динсолориро ҷойгузини демукросӣ мекунанд. Яке аз натоиҷи ин истидлол тафаккуре аст, ки бар мабнои он, илоҳиёти исломӣ ҳеч тафкике миёни дин ва сиёсат қоил намешавад. Мунтақидон ва низ бархе аз пайравони исломгароӣ ин тафаккурро ба забон меоваранд. Ба ҳамин хотир як исломгарои ҳақиқӣ наметавонад “бояд”-ҳои идеулужикии худро ба хотири нигариши амалгароёнатар ё демукротиктар канор бигузорад.

Албатта дар солҳои ахир исломгароёни ҷараёни аслӣ сирфан он масири аввалро рафтаанд. Онҳо, ҳам пас аз пирӯзӣ, масалан дар Тунис, ва низ пас аз шикаст, масалан дар Миср, чунин карданд. Дар ҳар ду маврид, маҳдудиятҳои сиёсӣ бар таъаҳҳудоти идеулужӣк чарбид.

Исломгароёни мисрӣ ва тунисӣ дарёфтанд, ки аъзояшон, бештар ба доштани шуғл, ғизо ва манзил аҳаммият медиҳанд, то масалан нақши ислом дар қонуни асосӣ. Онҳо дар Миср ин дарсро ба сахтӣ омӯхтанд. Ибтидо давлати Мурсӣ нишон дод, ки тамоюл дорад дар чорчӯби ниҳодҳои мавҷуд фаъолият кунад; дар воқеъ ҳамин тамоюл чизе буд, ки боис шуд исломгароён дар интихобот пирӯз шаванд.

Аммо вақте Мурсӣ иқтидори худро афзоиш дод ва натавонист амният ва шукуфоии иқтисодиро ба армуғон биёварад, ҳимояти мардумӣ аз давлати ӯ ба суръат кам шуд ва бештари мисриҳо пас аз кудетои Абдулфаттоҳ Ассисӣ, вазири дифоъ дар 2013, бозгашти ҳукумати низомиро бо оғӯши боз пазируфтанд.

Мунико Моркс дар фасли дуввуми китоб тавзеҳ медиҳад, ки дар Тунис исломгароёни ҷараёни аслии Ҳизбуннаҳза хеле моҳиронатар худро созгор карданд ва дар соли 2013 дар пайи хашми умумӣ ба хотири коҳиши амният ва бесуботии иқтисодӣ, эътилофи ҳокими худро мунҳал карданд. Ин кор аз рӯёрӯӣ ва тақобули онҳо бо секулорҳо ҷилавгирӣ кард, дар ҳоле ки чунин тақобуле мумкин буд давоми баландмуддати ҳизбро ба хатар биандозад.

Дар бисёре аз кишварҳо, аҳзоби исломгаро ҳамчунин дарёфтанд, ки сиёсатҳои динӣ мунҳасир ба онҳо нест: дар Миср дар соли 2012, салафиҳо, ки то он замон ором буданд, ҳизби худро ташкил дода ва бахше аз орои пайравонашонро ба худ ихтисос доданд.

Дар айни ҳол, исломгароён мавриди таъйиди ниҳодҳои мазҳабӣ ҳамчун Донишгоҳи Алзҳари Қоҳира набуданд. Ва ҳатто аҳзоби секулор ҳамчун Ҳизби нидои Тунис ҳам ғолибан бархе ҳинҷорҳои исломиро таблиғ мекарданд, то эътибори фарҳангии худро тақвият намоянд.

Ҷузеф Чинюнг Лиу, донишманди улуми сиёсӣ, дар фасли 11-уми китоб нишон медиҳад, ки дар ҷануби шарқи Осиё ҳам тақрибан тамоми аҳзоб ва чеҳраҳои сиёсии исломӣ сози муҷаддадро дар дастури кори худ қарор додаанд ва ин кор боиси канор рафтани намодҳои исломгароӣ шудааст.

Иттифоқоти пас аз баҳори арабии 2010-2011 дар мавриди баҳсҳои миёни қоилин ба заминагароӣ ва зотбоварӣ ҳукме равшан ба даст надодааст.

Аммо ҳамон тавр ки китоби “Бознигарӣ дар исломи сиёсӣ” нишон медиҳад, шавоҳиди зиёде бар дидгоҳи заминагаро сиҳҳа мегузорад. Ҳамид ва МакКантс менависанд: “Демукросӣ тамоми аҳзоби исломгаро ва ғайриисломгароро тақвият ва тарғиб мекунад, то ба дунболи як марказ бошанд, ҳол ин марказ ҳар ҷо, ки бошад.” Аннаҳзаи Тунис муҷобкунандатарин шоҳиди ин истидлол аст.

Ин ҳизб, пас аз пирӯзӣ дар интихоботи умумии маҷлис дар соли 2011, то солҳо, ҳам дар даруни худ ва ҳам бо мухолифон, дар ҳоли кашмакаш бар сари матни қонуни асосии ҷадид буд. Натиҷаи ин кашмакашҳо, шояд секулортарин санади қонуни асосӣ дар ҳар давлати арабӣ бошад; қонуне, ки ҳатто ҳомии “озодии ақоид” аст, яъне ҳаққи доштан ё надоштани ҳар гуна эътиқодоти динӣ ва озодӣ барои тағйири мазҳаб.

Ин ҳақ густурдатар нисбат ба “озодии динӣ” аст. Озодии динӣ ба ғайримусалмонон иҷоза медиҳад одоби динии худро иҷро кунанд, аммо ҳаққи тарғиби мусалмонон ба гаравидан ба дини худро ба онҳо намедиҳад. Дар зимн, озодии динӣ атеистҳо ва дигар афроди дорои зеҳнияти секулорро ба расмият намешиносад.

Питер Мендуил, пажӯҳишгари равобити байналмилал, дар фасли 12 ин китоб хотирнишон мекунад, канор гузоштани довталабонаи қудрати ҳоким аз сӯи Аннаҳза нишон медиҳад, ки тарси шойеъ аз “як нафар, як раъй, як бор” маъмулан беасос аст.

Дар зимн, дар Миср ҳам исломгароён набуданд, ки дар соли 2013 ҳукумати демукротикро сарнагун карданд, балки иттиҳоди номаънус миёни раҳбарони низомӣ, секулорҳо ва салафиҳо буд. Ба ҳар ҳол, Мурсӣ ҳам тавони муқобила бо кудетои Ассисиро надошт, чунончи метавон дар вокуниши бисёр сулҳомез ва албатта комилан бесамари ҳомиёни ӯ мушоҳида намуд. Аммо артиш ҳудуди ҳазор нафар аз ин афроди сулҳҷӯро пас аз тасхири як майдони умумӣ дар Қоҳира кушт.

* * *

Масҷид ва давлат

Ҳадафи нависандагони китоби “Бознигарӣ дар исломи сиёсӣ” ин аст, ки аз баҳсҳои тӯлонии марбут ба садоқати исломгароён фаротар раванд. Ин пажӯҳишгарон дар пайи онанд, ки бифаҳманд табдили аҳзоби сиёсӣ, аз бозигарони ҳошияӣ ва маҳдуд ба опозисиюн, ба бозигарони сиёсии воқеӣ, барои онҳо чӣ маъное дорад? Суол акнун дигар ин нест, ки “ислом дар бораи сиёсат чӣ мегӯяд?”, балки ин аст, ки “исломгароён чӣ гуна сиёсатро иҷро мекунанд?”

Посухи Аннаҳза ба ин суол, як тағйири решаӣ ва асосӣ дар сохтор ва ҳувияти ин ҳизб буд: аз соли 2016, ин гурӯҳ дигар худро як ҳизби исломгаро наномид.

Алғаннушӣ дар маҷаллае менависад, ки: “Аннаҳза дигар барчасби “исломгароӣ”-ро дар тавсифи рӯйкарди худ намепазирад, чаро ки мафҳуми исломгароиро тундравҳои родикол дар солҳои ахир баднамо кардаанд.” Ӯ идома медиҳад: “Тунис ниҳоятан кишваре демукротик аст, на диктотурӣ. Ин яъне Аннаҳза билохира метавонад ҳизби сиёсие бошад, ки бар дастури кори иҷроӣ ва чашмандози иқтисодии худ мутамаркиз аст, на ҷунбише иҷтимоӣ, ки алайҳи саркӯб ва диктотурӣ мубориза мекунад.”

Аммо суол ин ҷост, ки агар ҳизбе назири Аннаҳза дигар саъй накунад қонуни маданиро бар асоси шариат шакл диҳад, пас аслан куҷояш исломӣ аст? Посух (ки ҳанӯз ҳам барои бисёре аз аъзо баҳсбарангез аст) ин аст, ки гарчӣ ҷунбиш ва ҳизб инак расман аз ҳам ҷудо ҳастанд, аммо ҳадаф аз мушорикати ҳизб дар сиёсат, ҳамоно ҳифзи ҷунбиш аз сиёсат аст.

Вақте ҳизби Аннаҳза ба як бозигари сиёсии оддӣ дар як низоми сиёсии оддӣ табдил шавад, ин амр кӯмак мекунад, то ҷунбиши Аннаҳза маъмурияти худро иҷро кунад, яъне парвариши ҷомеае, ки дар он, дин гарчӣ дар ниҳодҳои давлатӣ ниҳодина нест, аммо дар дили зиндагии рӯзмарра ҷой дорад.

Ин рӯйкард мушобеҳ бо мафҳуми ғарбии «ҷудоии калисо ва давлат» аст, албатта бештар ба мафҳуми омрикоии ҳифзи дин аз дахолати давлат шабеҳ аст, то тафаккури фаронсавии ҳифзи давлат аз дин. Дар бистари исломӣ низ ин ҷудоиро, ҳам ниҳодҳои давлатӣ ва қонуни асосӣ ва ҳам ба шакли решаитар, худи аҳзоби исломгаро бояд эъмол кунанд.

Ин тағйире асосӣ аст ва метавон онро ба масобаи таърифи муҷаддад ва ҷузъитари дин ба унвони маҷмӯае аз ақоид ва одоб донист, ки дар чорчӯби як ҷомеъаи секулор вуҷуд доранд.

Аннаҳза инро пазируфтааст, ки бо вуҷуди фарҳанги исломии Тунис, сарнавишти ин кишвар ин нест, ки идеулужии исломӣ низ дошта бошад. Алғаннушӣ дар нишон додани ин ҳаракат эълом мекунад, ки Аннаҳза акнун “Ҳизби демукротҳои мусалмон” шудааст. Ӯ бо ин таъриф амдан муқоисотеро бо аҳзоби демукротик-масеҳии Урупо бармеангезад.

Аммо муқоисот ба ҳамин ҳадд хулоса мешавад. Аз миёнаҳои даҳаи 1940 то миёнаҳои даҳаи 1970, аҳзоби демукротик-масеҳӣ роҳҳое ёфтанд, то арзишҳои умдатан диниро секулореза кунанд, то битавонанд ба ҳомиёни бештаре дар миёни раъйдиҳандагони секулор барасанд.

Дар кишварҳои умдатан прутестон ва котулик, ин даст аҳзоб арзишҳоеро таблиғ мекарданд, ки аз дуктрини иҷтимоии калисо дар бораи масоили муртабит бо хонавода, ҳамкорӣ миёни коргарон ва амнияти иҷтимоӣ баромада буд.

Аммо бо вуҷуде ки ин аҳзоб ҳанӯз вуҷуд доранд (ва ҳатто дар Олмон бисёр муваффақ ҳам ҳастанд), ҷунбиши иҷтимоии демукрот-масеҳӣ шабеҳи он чи Аннаҳза ва дигар гурӯҳҳои исломгаро барои маъмурияташон лозим мебинанд, нест. Дар кишварҳое назири Олмон, демукротҳои масеҳӣ ҳизб доранд, аммо ҷунбиш надоранд.

Ҷунбишҳои иҷтимоии котулике ҳам, ки дар кишварҳои урупоӣ назири Итолиё фаъолият доранд, ҳеч гуна иртиботе бо аҳзоби сиёсӣ надоранд. Дар Урупо, секулоризм ҳам дар арсаи сиёсӣ ва ҳам дар паҳнаи иҷтимоӣ пирӯз шуда: пас аз ҷанги ҷаҳонии дуввум, кишварҳои ғарбӣ, ба хусус дар масоили марбут ба ҷинсият ва хонавода, бештар ва бештар аз дидгоҳҳои масеҳӣ ҷудо шуданд.

Аз ин ҷиҳат, ҷолиб аст, ки Алғаннушӣ ва дигар исломгароёни ҷараёни аслӣ ба дунболи муқоисаи худ бо демукротҳои масеҳӣ бошанд, чаро ки бо меъёрҳои исломгароёна ба сахтӣ метавон онҳоро улгуи муваффақият донист.

Баъид аст, ки дар кишварҳои мусалмон, секулореза шудани сиёсатҳои исломгаро, ҳаддиақал дар ояндаи наздик, дурӣ аз арзишҳои суннатиро низ бо худ биёварад.

Аммо ҷудоии масҷид ва давлат, хатари ҳодду кӯтоҳмуддаттаре барои аҳзоби исломгарое назири Аннаҳза ба ҳамроҳ дорад: ин кор мумкин аст боиси ҳамвор кардани роҳ барои тундравҳои ҷиҳодгарое шавад, ки маъмулан худашонро “бегонагоне дар ин дунё” мехонанд.

Ин иборат баргирифта аз як нашид ё тарона аст, ки дар муҳокимаи аъзои Ихвонулмуслимини Миср дар даҳаи 1960 тарафдорони зиёде ёфт. Манзур аз ин иборат ин аст, ки ҷиҳодгароён як идеулужии ноб ҳастанд ва намепазиранд дар ҳинҷорҳо ва ниҳодҳои секулор ҷой бигиранд, ба ҳамин хотир онҳо танҳо исломгароёни ҳақиқӣ ва шояд танҳо мусалмонони ростин дониста шаванд.

Хатар ин ҷост, ки агар исломгароёни ҷараёни аслӣ ҳозир шаванд ба баҳои ҷудоии аҳдофи сиёсӣ аз аҳдофи динӣ ва иҷтимоишон, дар давлати секулор ҷой гиранд (ҳамчун Тунис) ва ё ба хотири вокуниши саркӯбгаронаи давлат алайҳи онҳо аз давлат тард шаванд (ҳамчун Миср), он гоҳ мусалмонони ҷавоне, ки дар пайи ҳувияти динӣ ва сиёсии “асил” ҳастанд, мумкин аст дар ҷое дигар ба дунболи он бираванд. Ва ҷиҳодгароён дар интизори онҳо хоҳанд буд.

Foreign Affairs

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: