Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (11)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Шуъуни Паёмбар (с): рисолат, қазоват, ҳукумат

وَمَا آتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانتَهُوا

Он чиро Паёмбар ба шумо дод, онро бигиред, ва аз он чи шуморо боздошт, бозистед…” (Сураи Ҳашр, ояти 7)

Се шаън ва се мақоми мухталиф аст, ки ҳар се, аз мухтассоти Расули Акрам аст; ба ин маънӣ, ки аз Расули Акрам аст ва аз ноҳияи ӯ ба дигарон мерасад ва расидааст. Яъне Пайғамбари Акрам дар они воҳид аз тарафи парвардигор дорои се мақом буд. Як мақом, ҳамон мақоми пайғамбарӣ ё рисолат аст, мақоми иблоғи аҳкоми илоҳӣ, яъне аз тарафи Худованд аҳком ва маорифи илоҳӣ ба ӯ ваҳй мешуд ва ӯ маъмур буд, ки он чиро, ки ба ӯ иблоғ мешуд, он чиро, ки ба ӯ ваҳй мешуд, ба дигарон эълон бикунад. Аз ин назар, ӯ расул ва пайғамбар буд, ки дар ояте мефармояд:

مَّا عَلَى الرَّسُولِ إِلاَّ الْبَلاَغُ

(Сураи Моида, ояти 99) “Бар як нафар фиристода, нест ҷуз расондан ба мардум.” Яъне ба ӯ ваҳй мешуд аҳком ва дастурҳо, ки ин тавр намоз бихонед, ин тавр рӯза бигиред, ин тавр закот бидиҳед, ин тавр ҳаҷ биравед, ин тавр муомилот анҷом бидиҳед ва ӯ ҳам онҳоро ба мардум иблоғ мекард. Мардум ҳам дар қиболи ӯ аз ин назар вазифа доранд он чиро, ки ӯ иблоғ мекунад бигиранд.

Мақоми муқаддаси дигаре ҳаст, ки Пайғамбар илова бар паёмбарӣ ва рисолат, дорои он мақом ҳам ҳаст. Ин ки арз мекунам муқаддас аст, маънояш ин аст, ки ин мақом бояд аз ноҳияи Худо ба ӯ расида бошад, ки битавонад дар миёни мардум паёмбар бошад. Он мақом, мақоми қазоват ва доварӣ миёни мардум аст. Қазоват ҳам мақоме аст, ки бояд аз ноҳияи Худо ба касе дода шавад, ки битавонад дар миёни мардум доварӣ кунад. Доварӣ яъне мардум аз лиҳози ҳуқуқи иҷтимоӣ ихтилоф пайдо мекунанд, мақоме бояд дар иҷтимоъ бошад, ки эҳқоқи ҳақ бикунад, яъне ба он мавзӯъ расидагӣ кунад ва тибқи қонуни хоссе раъйу ҳукм бидиҳад. Пайғамбар аз ноҳияи Худо, танҳо пайғамбар набуд, балки қозӣ ҳам буд. Ҳам пайғамбар буд ва ҳам қозӣ. Инҳо дар ҳадди зоти худ қобили тафкик (ҷудоӣ) аст. Қазоват ҳам худ як мақоми муқаддаси дигаре аст. Қозиро ҳам бояд Худо таъйин карда бошад. Ин ояте, ки дар Қуръон аст:

فَلاَ وَرَبِّكَ لاَ يُؤْمِنُونَ حَتَّىَ يُحَكِّمُوكَ فِيمَا شَجَرَ بَيْنَهُمْ ثُمَّ لاَ يَجِدُواْ فِي أَنفُسِهِمْ حَرَجًا مِّمَّا قَضَيْتَ وَيُسَلِّمُواْ تَسْلِيمًا

Ба парвардигорат қасам, ки имон намеоваранд, магар он ки туро дар мавриди он чи миёни онон мояи ихтилоф аст довар гардонанд, сипас, аз ҳукме, ки кардаӣ, дилҳояшон эҳсоси нороҳатӣ (ва тардид) накунад ва комилан сари таслим фуруд оваранд.” (Сураи Нисо, ояти 65) — марбут ба мақоми қазовати Расули Акрам аст, на мақоми паёмбарии ӯ. Маънои оят ин аст, ки мардум бояд дар муқобили қазовати ту таслим бишаванд, яъне ин ҷур набошанд, ки вақте назди ту меоянд, таваққӯъ дошта бошанд, ки ту ҷониби ононро бигирӣ. Масалан, ду нафар ҳар ду мусалмон, аммо як нафар мусалмони бособиқа, мусалмони муҳоҷир, мусалмоне, ки молу зану баччаи худашро гузошта ва омада, ва як нафар, ки тоза ислом оварда, дар як мавзӯъе ихтилоф доранд, назди ту меоянд. Эҳтимолан он мусалмоне, ки собиқаи зиёде дорад, таваққӯъ дорад, ки Пайғамбар ҷониби ӯро бигирад. Ё як нафар мусалмон ва як нафари ғайримусалмон, ки дар паноҳи мусалмонон аст ва бо мусалмонон паймон дорад, дар як мавзӯъи молӣ ихтилоф пайдо мекунанд, хидмати Пайғамбар меоянд. Як вақт мумкин аст ин мусалмон таваққӯъ дошта бошад, ки Пайғамбар ҷониби ӯро бигирад. Ин имон нест. Имон он гоҳ имон аст, ки вақте Пайғамбарро ҳакам қарор доданд, довару қозӣ қарор доданд, дар муқобили ҳукми ӯ таслим бишаванд. Ин оят марбут ба қазовати Пайғамбар аст.

Мақоми муқаддаси севвуме Пайғамбар дорад, ки онро ҳам Худо барои ӯ муайян кардааст ва Худо ҳам бояд муайян кунад, ва он, мақоми ҳукумат аст. Пайғамбар ҳокими мардум буд, соиси мардум буд, яъне мудири иҷтимоъ буд, валийи амри иҷтимоъ буд. Пайғамбар ҳукумат ташкил дод. Худаш дар раъс буд, фармон медод. Масалан, дар фалон қазияе, ки пеш омада буд, басиҷи умумӣ эълом мекард ё (дастур медод) имсол чӣ кишт бикунед. Бидуни шак, Пайғамбари Акрам дар даҳ соле, ки дар Мадина буд, ҳукумат ташкил дод ва дар миёни мардум мисли як ҳоким ҳукумат мекард.

Мақоми ҳокимият ва мақоми мудирияти иҷтимоъ, ғайр аз мақоми паёмбарӣ ва ғайр аз мақоми қазоват аст. Аз он ҷиҳат, ки пайғамбар буд, фақат мубайини аҳком буд, яъне мегуфт Худо ин ҷур амр кардааст, ман ҳам ба шумо иблоғ мекунам. Аз он ҷиҳат, ки қозӣ буд, ба мушоҷироти мардум мерасид. Ва аз он ҷиҳат, ки ҳоким ва соис буд, идораи сиёсии мардумро ба ӯҳда гирифта буд. Ояти шарифа мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ أَطِيعُواْ اللّهَ وَأَطِيعُواْ الرَّسُولَ وَأُوْلِي الأَمْرِ مِنكُمْ

Эй касоне, ки имон овардаед! Худоро итоат кунед ва Паёмбар ва улуламр (авлиёи амр)-и худро низ итоат кунед…” (Сураи Нисоя, ояти 59) Мегӯяд: Худоро итоат кунед, Пайғамбар ва улуламрро итоат кунед. Ва аз ин рӯ мебинед мо ба ин оят, ки мерасем, “амри” улуламрро марбут ба хилофат медонем, мегӯем, ин оят мақоми хилофатро муайян мекунад. Ин як мақоми дигаре аст. Ин мақом ҳам мақоми муқаддасе аст ва мисли он ду мақом, онро Худо бояд муайян карда бошад.

* * *

Вале ду матлаб дар ин ҷо ҳаст. Як матлаб ин аст, ки оё Худо ба Пайғамбар дастур додааст, ки баъд аз худаш ин маротибро ба дигарон тафвиз (вогузор) кунад ё на? Оре, вале ба ин маънӣ: пайғамбарии ӯ дигар ноиббардор нест, яъне аслан баъд аз Пайғамбари Хотам пайғамбари дигаре нест. Аммо Пайғамбар мубайини аҳком аст. Бояд муайян кунад, ки баъд аз ман аҳкомро чӣ касе баён мекунад; бо ин тафовут, ки Пайғамбар худаш ҳар чӣ аҳком мегирифт, аз ваҳйи илоҳӣ мегирифт, вале шахси баъд аз ӯ бояд аҳкомро аз Пайғамбар гирифта бошад ва ба мардум иблоғ кунад…

Мақоми қазоват ҳам ҳамин тавр аст. Пайғамбар, ки мемирад, мақоми қазоват, ки намемирад, чун мардум ба қазоват эҳтиёҷ доранд. Баъд аз Пайғамбар ҳам байни мардум мушоҷирот сурат мегирад ва бояд мақоме бошад, ки байни онҳо фасли хусумат ва қазоват кунад. Бинобар ин, Пайғамбар бояд таклифи қазоватро барои баъд аз худаш мушаххас кунад, ки баъд аз ман чӣ касе бояд қозӣ бошад. Дар ин ҷо ҳам ихтилоф аст. Аҳли тасаннун мегӯянд, ҳамон касе, ки халифа аст, қозӣ ҳам ӯст ё бояд қозиро муайян кунад. Шиъаён мегӯянд, ин мақом мақоми имомат аст, мақоми ҳукумат аст. Бо мурдани Пайғамбар, ки ҳукумат соқит намешавад, чун баъд аз Пайғамбар мардум ба он эҳтиёҷ доранд ва бояд касе ин мақомро дошта бошад.

Пас, як нукта, ки мехостам арз бикунам ин аст, ки ин се мақом ҳар кадом ба наҳве баъд аз Пайғамбар ба шахси дигаре мунтақил мешавад; бо ин тафовут, ки интиқоли аввалӣ — ки пайғамбарӣ аст — ба ин шакл аст, ки он шахс, дигар аз тариқи ваҳй аҳкомро намедонад, балки аз тариқи таъаллуми Пайғамбар аҳкомро медонад ва Пайғамбар аҳкомро ба ӯ ёд додааст ва ӯ бояд марҷаъ бошад.

Матлаби дуввум ин аст, ки аз ин се мақом, мақоми пайғамбарӣ як мақоми шахсӣ аст, яъне наметавонад куллӣ бошад. Вале мақоми қазоват ва мақоми ҳукумат метавонад куллӣ бошад. Яъне Паёмбар наметавонад мақоми пайғамбарӣ ва ҳамчунин мақоми имоматро ба тариқи куллӣ баён кунад, масалан бигӯяд, ҳар кас, ки дорои фалон сифот буд, пайғамбар ё имом аст, ки дар они воҳид шояд сад нафар шоистагии онро дошта бошанд. Вале мақоми қазоват ва мақоми ҳукуматро ба таври куллӣ мешавад таъйин кард. Яъне Пайғамбар ин тавр мегӯяд, ки баъд аз ман ҳар кас дорои фалон сифот бошад, метавонад қозӣ бошад. Масалан, ҳар кас, ки Қуръонро бишносад ва нисбат ба он маърифат дошта бошад, нисбат ба Пайғамбар маърифат дошта бошад, одил бошад, торики дунё бошад –

فقد جعلته عليكم حاكما

— ҳақ дорад, ки дар миёни мардум қазоват кунад. Он вақт агар касе дорои ин мақом буд, метавонад бигӯяд, маро Худо муайян кардааст, чун Пайғамбар асле зикр кардааст, ки мутобиқи он асл, ман метавонам қозӣ бошам. Яъне шарти аввали қозӣ ин аст, ки муҷтаҳид бошад, яъне тахассуси фаннӣ дошта бошад. Шарти дигар ин аст, ки таҳорати мавлид дошта бошад, нутфааш пок бошад. Дигар ин ки одил бошад, яъне дар ҳеч кадом аз аъмолаш фосиқ набошад, мунҳариф набошад; на танҳо дар қазоват хилофкор набошад, ришвагар набошад, балки дар ҳамаи умур хилофкор набошад. Яъне чунин нест, ки қозӣ бояд фақат дар кори қазовати худаш амин бошад, яъне ришвахор набошад ва таҳти таъсири дигарон қарор нагирад, аммо метавонад машруб бихӯрад, ин кор ба қазоват марбут нест. На, ислом мегӯяд, асосан ин мақом он қадр муқаддас аст, ки нопок — ҳарчанд дар ғайри амри қазоват нопок аст — ҳаққи нишастан дар ин маснади муқаддасро надорад. Вале агар шахсе ҳамаи ин шароитро, ки ислом муайян кардааст доро буд, бояд гуфт, ин одамро Худо муайян кардааст.

Мубайини аҳкоми илоҳӣ баъд аз Пайғамбар имом аст. Аммо давраи имомат, ки мунқазӣ шуд, имоми дигар зуҳур надорад, ки мардум дар ҳоҷатҳои иҷтимоӣ ба ӯ руҷӯъ кунанд. Чӣ мекунанд? Имом меояд ноиби омм муайян мекунад ва мегӯяд:

انظروا الى من روى حديثنا ونظر في حلالنا وحرامنا

Он касе, ки ҳадиси моро ривоят карда бошад ва дар ҳалолу ҳароми мо дақиқ бошад, одил бошад, дурусткор бошад –

فقد جعلته عليكم حاكما

(Кофӣ, 1/67) ман ӯро бар шумо ҳоким қарор додам. Масалан, агар касе иддао кунад, ки ман ҳақ дорам қайим бар сағир муайян кунам, мегӯем, ин мақом мақоми муқаддасе аст ва мақоми муқаддасро бояд Худо муайян карда бошад ва асосан мақоми муқаддасро ғайр аз Худо касе наметавонад муайян кунад. Ҳар се мақом (баёни аҳком, қазоват дар миёни мардум ва ҳукумат бар мардум) муқаддас аст ва Худо бояд муайян карда бошад; ё ба таври таъйини шахс ва ё ба таври куллӣ шароите барои он зикр карда бошад, ки дар ин сурат боз ҳам Худо муайян кардааст…

Агар касе иддао кунад, ки ман муфтӣ ҳастам, фатво медиҳам ва шумо бояд амал бикунед, бояд ҳисоб кард, ки ин мақом, муқаддас аст. Бояд дид, салоҳияти баёни аҳкоми илоҳӣ — ки аввал аз Худо будааст, ба Пайғамбар иблоғ шуда, аз Пайғамбар ба имом ва аз имом ба як афроде, ки воҷиди шароите будаанд расидааст — дар ин шахс ҳаст ё на. Шумо бояд бибинед, ӯ аз афроде ҳаст, ки мисдоқи ин мақоми муқаддас ҳастанд ё на. Агар дидед, ки одил аст, дунёталаб нест ва мисдоқи:

أما من كان من الفقهاء صائنا لنفسه حافظا لدينه تاركا لهواه مطيعا لأمر مولاه

(Эҳтиҷоҷ, 2/263) аст, яъне аз фуқаҳое аст, ки метавонад худашро нигаҳдорӣ кунад, молики нафси худаш аст, нигаҳдори дин аст, аз ҳавои нафс ҷудо ва мутеъи амри мавлояш аст, он вақт шумо бидонед, ки ӯ лиёқати мақоми муқаддаси марҷаъият ва фатво доданро дорад. Ин намешавад, ки мо ҳамин ҷурӣ Зайдро ба унвони марҷаъ бишносем. Масъалаи имомат ва марҷаъияти илмӣ, ки як мақоми хоссе аст, дар таърихи ислом ҳамеша вуҷуд доштааст…

* * *

Дар баҳсе, ки дишаб роҷеъ ба машрутият арз кардем, камбуде буд, ки мебоист онро такмил мекардам. Дар ин баҳс, ду мавзӯъ бояд ҳал бишавад: яке, масъалаи вазъи қонун, ки оё ғайр аз Худо каси дигаре ҳаққи вазъи қонун дорад ё на, ки арз шуд, агар бигӯед ҳаққи вазъи қонун дар муқобили қонунҳо илоҳӣ, хайр. Вале агар бигӯед, бо истифода аз ҳаққе, ки қонуни Худо додааст, дар умури ҷузъӣ қонун вазъ бишавад, ин монеъе надорад.

Матлаби дигар ин аст, ки магар мақоми ҳукумат як мақоми муқаддас нест ва магар набояд Худо онро таъйин карда бошад? Арз мекунам чаро. Пас чӣ тавр мешавад, ки ислом барои он шароите қарор додааст, ки ҳар ҷо он шароит муҳаққақ шуд, ислом иҷоза додааст? Яъне ҳаққи ҳукумат ва ҳокимият ба як маънӣ аслан моли Худо нест. Он тавр, ки Хавориҷ мегуфтанд, ки Худо бояд худаш миёни мардум ҳукумат кунад, ғалат аст, вале ба як маънои дигар ин ҳарф дуруст аст. Яъне билохира он ҳукумате, ки бояд миёни мардум бошад, бояд воҷиди шароите бошад, ки он шароитро ислом муайян кардааст. Агар он шароитеро, ки ислом муайян кардааст дошта бошад, ҳамон тавр, ки муфтӣ бидуни ин ки Худо шахсашро муайян карда бошад, бо он шароит метавонад фатво бидиҳад, ҳоким ҳам бидуни ин ки Худо шахсашро муайян карда бошад, метавонад дар миёни мардум ҳукумат кунад.

Дар вазъи қонун ҳам ҳамин тавр аст. Мо бояд бибинем, ки ислом ихтиёри вазъи қонунро додааст ё на. Мисол задем ба ин ки дар муҳити хонаводагӣ намешавад гуфт, ки ислом гуфтааст, чун ман дар ин ҷо қонуни ҷузъӣ вазъ накардаам, ҳар ки мехоҳад қонун вазъ кунад, вазъ кунад; бачча бигӯяд, ман мехоҳам қонун вазъ кунам, ки падар аз ман итоат кунад, зан бигӯяд, ман мехоҳам қонун вазъ кунам, ки шавҳар аз ман итоат кунад. На, дуруст аст, ки дар ин маврид қонуни ҷузъӣ вазъ нашуда, аммо муайян шудааст, ки раиси хонавода бояд чӣ касе бошад, ва ӯ бояд муқарраротро вазъ кунад. Дар мавриди муассасоти умумӣ ва иҷтимоӣ ҳам мегӯяд, афроде, ки муассисаеро таъсис кардаанд ва ихтиёри ин муассиса дар дасти онҳост ва молики он ҳастанд ва заҳмати таъсиси онро кашидаанд, ҳақ доранд як низоме барои он муайян кунанд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: