Перейти к содержимому

Euronews: Риояти ҳуқуқи занон дар дастгоҳи қонунгузории Афғонистон беҳтар аз Ғарб аст

Дар қонуни асосии ҷадиди Афғонистон, ки пас аз берун рондани Толибон аз дастгоҳи қудрати ин кишвар навишта шуд, омадааст, ки дастикам 68 курсӣ аз 250 курсии порлумони Афғонистон бояд ба занон ихтисос ёбад.

Имсол 417 зан номзади интихоботи Афғонистон шудаанд; рафтори шуҷоъона дар ҷомеае муҳофизакор, ки мухолифату хушунат бахше ҷудоинопазир аз он шудааст. Ҳузури занон дар интихоботи имсол, беш аз ҳар замони дигаре дар таърихи Афғонистон аст.

Euronews дар гузорише дар ҳамин мавзӯъ навишт: Зарғуна Балучи 35-сола ва модари ду фарзанд, номзади интихоботи порлумонии Афғонистон аст; интихоботе, ки қарор аст шанбе (20 октябр) баргузор шавад.

Зарғуна Балуч аз минтақае дар ҷануби вилояти Қандаҳор номзад шудааст. Ӯ дар риштаи иқтисод дарс хонда ва собиқаи ҳамкорӣ бо дафтари барномаи инсонии Созмони Милалро дорад. Ҳамин мавзӯъҳо боис шуда, ки ӯ аз ҳимояти бисёре аз мардон дар ин минтақа низ бархӯрдор шавад.

Абдулҳамид, яке аз раъйдиҳандагон мегӯяд: “Ӯ таҳсил кардааст ва собиқаи фасод ва ришва низ надорад.”

Зарғуна Балуч

Хонум Балуч мегӯяд: “Ҷомеаи Қандаҳор як ҷомеаи муҳофизакор аст ва занон дар ин ҷомеа ба таври суннатӣ нақши каме дар сиёсат ифо мекунанд. Аммо акнун мебинам, ки мардум дар ҳоли тағйир ҳастанд ва дар муқоиса бо гузашта ба гунае мутафовит меандешанд. Ман ниҳояти талошамро хоҳам кард, то ин афродро ба хубӣ намояндагӣ кунам, зеро ин мардҳо, ки имрӯз дар канори ман истодаанд, аз ман мехоҳанд, то садояшон бошам.”

Фаъолият ба унвони номзади интихоботи порлумонӣ, коре пурхатар аст. Бино бар гузоришҳои расмӣ, то кунун 9 номзад аз ҷумла як зан дар ҳамалоте ҷудогона кушта, ду номзад рабуда ва 4 нафар низ аз сӯи аъзои гурӯҳҳои ифротӣ ба шиддат захмӣ шудаанд.

Илова бар ин хатароти умумӣ, ки ҳамаи номзадҳоро таҳдид мекунад, занон бо чолиши дигаре низ мувоҷеҳ ҳастанд; чолиши озору азияти ҷинсӣ, ки як мушкили қадимӣ ва ҳамешагӣ аст ва ба далели тобуҳои иҷтимоии Афғонистон ба нудрат аз он сухан гуфта мешавад.

Ҳамчунин бисёре аз занони узви порлумони Афғонистон аз ин мавзӯъ шикоят доранд, ки суханон ва фаъолияташон аз сӯи ҳамкорони мард, ҷиддӣ гирифта намешавад; бо ин ҳол даст аз мубориза барнадоштаанд.

Марям Само яке дигар аз занони номзади интихоботи порлумонии Афғонистон аст. Ӯ, ки 26 сол синн дорад, ба тозагӣ шуғлашро дар яке аз шабакаҳои телевизиюнии ин кишвар ба унвони муҷрӣ тарк карда то вориди фаъолиятҳои сиёсӣ шавад ва бо вуҷуди хатарот, корзори интихоботии худро ба роҳ андохтааст.

Марям Само

Ӯ мегӯяд, ки мехоҳад садои занони Афғонистон шавад; заноне, ки аз ҳуқуқашон ҳимоят намешавад ва ба вежа дар системи қазоии кишвар, ба андозаи кофӣ намоянда надоранд.

Само мегӯяд: “Мо мехоҳем барои занон як кумитаи ихтисосии ҳуқуқӣ эҷод кунем, ки дақиқан битавонад масъалаи занон ва масоили ҳуқуқиашонро ба сурати мушаххас дунбол кунад. Ба вазъияти занон дар Афғонистон бояд ба сурати хосстар пардохта шавад.”

Дар қонуни асосии ҷадиди Афғонистон, ки пас аз берун рондани Толибон аз дастгоҳи қудрати ин кишвар навишта шуд, омадааст, ки дастикам 68 курсӣ аз 250 курсии порлумони Афғонистон бояд ба занон ихтисос ёбад; чизе, ки нишон медиҳад, вазъияти Афғонистон дар ҳифзи риояти ҳуқуқи занон дар дастгоҳи қонунгузорӣ, дастикам рӯи коғаз беҳтар аз шуморе аз кишварҳои ғарбӣ аст.

Дар ҳоли ҳозир 28 дар сад аз курсиҳои порлумони Афғонистон дар ихтиёри занон аст, ки 8 дар сад бештар аз шумори занон дар Маҷлиси намояндагони Омрикост.

Аммо бо вуҷуди талоши ҷомеаи байналмилалӣ дар тарвиҷи баробарии ҳуқуқи зану мард дар ин кишвар, мушкилоти баҷомонда аз гузашта монанди издивоҷи кӯдакон ва қатли занон тавассути аъзои хонавода таҳти унвони “қатлҳои номусӣ” ҳамчунон дар ин кишвар дида мешаванд ва духтарони афғон ҳанӯз ҳам фурсати камтаре барои таҳсил ва бархӯрдорӣ аз омӯзиши расмӣ дар муқоиса бо писарон доранд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: