Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (12)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Муқтазаёти замон (1)

أَنزَلَ مِنَ السَّمَاء مَاء فَسَالَتْ أَوْدِيَةٌ بِقَدَرِهَا فَاحْتَمَلَ السَّيْلُ زَبَدًا رَّابِيًا

Аз осмон обе фурӯ фиристод, пас рӯдхонаҳое ба андозаи гунҷоиши худашон равон шуданд ва сел кафе баланд рӯи худ бардошт…” (Сураи Раъд, ояти 17)

Баҳсҳое, ки дар ин чанд шаб кардем, марбут ба таърихи фикрии мусалмонон буд. Арз кардем, як ҷараёнҳои фикрӣ дар дунёи ислом пеш омадааст, ки бояд номашонро ифрот ё ҷаҳолат гузошт; ҷараёнҳое, ки як навъ ифроткориҳо ва дахлу тасарруфҳои беҷо дар умури динӣ будааст. Мисолҳое барои ин мавзӯъ зикр кардем ва арз шуд, ки мутақобилан ҷараёнҳои фикрии дигаре дар дунёи ислом пеш омадааст, ки тафриту кундравӣ ва ҷумуд будааст. Барои ин ҳам мисолҳое зикр кардем. Вале ҳама марбут ба гузашта буд ва ин баҳсҳои роҷеъ ба гузашта, муқаддимае буд барои ин ки вазифаи худамонро дар замони ҳозир ба даст оварем.

Ва ёдамон наравад, ки асли ин баҳс масъалаи интибоқ бо муқтазаёти замон (талаботи замона) буд, ва чун дар ин масъала ду наҳв ва ду гуна метавон фикр кард: яке ифроту тундравӣ ва ҷаҳолат, ва дигар, ҷумуду қишргароӣ, мусалмон бояд ба таълими Қуръон мӯътақид бошад ва ҷараёни мӯътадилеро тай кунад. Мо имрӯз бояд вазифаи худамонро дар миёни ҷумудҳо ва ҷаҳолатҳо ба даст оварем. Яъне аз ҷиҳати ин ки мусалмон ҳастем, аз назари муқтазаёти замон, на бояд ҷоҳилу муфриту тундрав бошем ва на бояд ҷомиду қишргаро бошем.

Ҳоло вақти он аст, ки мо як миқёсе ба даст бидиҳем… Аслан миқёс чист? Мо бо чӣ миқёсе бояд бифаҳмем, ки оё аз табақаи мӯътадил ва уммати васат ҳастем, ки Қуръон гуфтааст, ё аз он табақаи инҳирофии ҷоҳил ё ҷомид?

* * *

Мафҳуми “муқтазаёти замон”

Маънои “муқтазаёти замон” чист? Аввал луғатро маънӣ мекунем. Маънои ин луғат ин аст, ки замон, ки доиман дар ҳоли гузаштану омадан аст, дар ҳар қитъае, як иқтизое дорад; дар ҳар лаҳзае, дар ҳар вақте ва дар ҳар қарне, дар ҳар чанд соле, як тақозое дорад. Ба иборати дигар, замон тақозоҳои мухталиф дорад. Яъне, алъон, ки мо дар нимаи дуввуми қарни 14-уми ҳиҷрӣ ва нимаи дуввуми қарни 20-уми мелодӣ ҳастем, ин нимаи дуввуми ин қарн тақозое дорад, ки дар нимаи аввал набуд, дар қарни пеш ҳам набуд.

Маънои ин ки тақозо дорад чист? Як вақт ҳаст мо тақозои қарнро ин ҷур тафсир мекунем, ки дар ин қарн як чизҳое ба вуҷуд омадааст, пас ин қарн ин ҷур тақозо дорад. Ҳар чи ки дар як замон ба вуҷуд омад, ҳамин ба вуҷуд омадан, маънояш тақозост. Пайравӣ кардан аз муқтазои замон ва аз тақозои замон, яъне дар ин замон як падидаҳое пайдо шудааст ва чун ин падидаҳо пайдо шудааст, пас ин қарн тақозо дорад, бинобар ин бояд худро бо ин тақозо — яъне бо падидаҳое, ки дар замон пайдо шуда — татбиқ дод, онҳоро пазируфт.

Ин як ҷур тафсир аст. Ҳоло арз мекунам, ки ин ҳарф яъне чӣ.

Як тафсири дигар барои тақозои замон ё иқтизои замон, тақозои мардуми замон аст, яъне писанди мардум, завқу салиқаи мардум; ба ин маънӣ, ки завқу салиқа ва писанди мардум дар замонҳои мухталиф, ихтилоф пайдо мекунад. Дар ин баҳсе нест. Ҳар замоне як завқу як писанд ҳукмфармост. Масалан, дар мӯдҳои кафшу либос, мебинед дар ҳар замоне як ҷур кафш миёни мардум мӯд аст, як навъ дӯхти либос мӯд аст, яъне мардум он тавр меписанданд, як навъ порча мӯд мешавад. Писандҳои мардум иваз мешавад.

Маънои ин ки инсон бояд бо муқтазои замон ҳамоҳангӣ бикунад ин аст, ки бибинад писанди аксарияти мардум чист, завқи умумӣ чист ва аз писанди умум пайравӣ кунад. Ин ҳамон ҷумлае аст, ки аз қадим гуфтаанд: “Хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоат шав!”, аксарият ҳар рангро пазируфтанд, ту ҳам аз ҷамоат пайравӣ кун, ҳамон рангро бипазир.

Агар маънои муқтазои замон, ҳар як аз ин ду тафсир бошад, ғалат аст, ки инсон тобеъи муқтазои замонаш бошад. Агар маънои аввал бошад — яъне дар ҳар замоне ҳар чӣ, ки пайдо шуд, чун падидаи қарн аст, бояд тобеъи он бошем — ин ҷо суоле пеш меояд: оё ҳар чӣ дар қарни ҷадид пеш меояд, хуб аст ва дар ҷиҳати салоҳу саодати башарият аст? Яъне оё башарият ин ҷур сохта шуда, ки ҳар чизи наве, ки пайдо мешавад, он чиз ҳатман дар ҷиҳати салоҳу пешрафти ӯст? Оё ҷомеа инҳироф пайдо намекунад ва имкон надорад як чизи тоза дар қарн падид биёяд, ки инҳироф ва дар ҷиҳати суқут бошад?

Бале, имкон дорад. Падидаҳои ҳар замоне мумкин аст дар ҷиҳати салоҳи башарият бошад ва мумкин аст дар ҷиҳати фасод бошад. Далелаш ин аст, ки мо муслеҳ (ислоҳгар) дорем, ба қавли инҳо, муртаҷеъ дорем.

Муслеҳ алайҳи замон қиём мекунад, муртаҷеъ ҳам алайҳи замон қиём мекунад; бо ин тафовут, ки муртаҷеъ ба касе мегӯянд, ки алайҳи пешрафти замон қиём мекунад, ва муслеҳ ба касе мегӯянд, ки алайҳи фасод ва инҳирофи замон қиём мекунад. Ҳар ду алайҳи замони худашон қиём мекунанд. Мо Сайидҷамолуддини Асадободиро муслеҳ мешуморем ва ҳамаи дунё ӯро муслеҳ мешуморанд. Ӯ алайҳи авзоъи замони худаш қиём карда буд, яъне бо он чи, ки дар замони худаш вуҷуд дошт, ҳамоҳангӣ намекард. Пас чаро ба ӯ муслеҳ мегӯем? Барои ин ки ин аслро қабул накардаем, ки ҳар чи, ки дар замон бошад хуб аст, ҳар чи, ки аксарият бар он бошанд хуб аст. Мегӯем, дар замони ӯ як силсила мафосиду инҳирофот вуҷуд дошт, ки ӯ алайҳи онҳо қиём кард. Дар муқобил, ҳар кас, ки имрӯз таърихи масалан фалон ахбориро, ки он шаб исм бурдам бихонад, мегӯяд ӯ як муртаҷеъ аст яъне алайҳи пешрафт ва тараққиёти замони худаш қиём кардааст.

* * *

Падидаҳои замон ду гунаанд

Пас, ба ҳамин далел, ки мо метавонем дар ҳар замон муслеҳ ва муртаҷеъ дошта бошем, падидаҳои замон ду ҳолат метавонанд дошта бошанд: як ҳолат, ҳолати пешрафтагӣ, ва ҳолати дигар, ҳолати инҳитот (пасрафтагӣ). Пас, ин матлаб дуруст нест, ки ҷумлаи “бояд бо замон ҳамоҳангӣ кард” яъне бояд бо падидаҳои замон ҳамоҳангӣ кард. Ва фалсафа ва сиррашро ҳам дар шабҳои аввал арз кардам, ки Худованд хилқати инсонро бо хилқати ҳайвонот аз ин назар мутафовит кардааст, ки инсонро як мавҷуди мухтору мубтакиру озод офаридааст. Ҳайвонот он чи, ки бояд дошта бошанд, хилқат ба шакли ғариза ба онҳо додааст; як зарра ибтикор надоранд, озодии амал надоранд, дар кори худашон мухтор нестанд, ва аз ин рӯ аз он чи, ки дасти хилқат ба онҳо додааст, на метавонанд ба ақиб бираванд ва на метавонанд ба ҷилав бираванд. Он чи, ки доранд, аз ҳамон рӯзи аввали хилқат доштаанд ва то охир ҳам доранд. Таърих мегӯяд, аз замоне, ки башар занбӯри асалро шинохтааст, ҳамин низомоту ташкилотеро, ки имрӯз дорад, доштааст. Замоне, ки башар аз лиҳози тамаддун хеле ақиб будааст, занбӯр ҳамин ҷур будааст ва имрӯз ҳам, ки башар ҳазорон давраро тай кардааст, ҳамон тавр аст. Ӯ ҷилав нарафтааст, ақиб ҳам намеравад; ба рост мунҳариф намешавад, ба чап ҳам инҳироф пайдо намекунад. Вале башар, мухтору озод ва дорои қувваи ибтикор офарида шудааст. Ояти Қуръон мегӯяд:

إِنِّي جَاعِلٌ فِي الأَرْضِ خَلِيفَةً

Ман дар замин халифае (ҷонишине) хоҳам гумошт…” (Сураи Бақара, ояти 30) Исми башарро халифатуллоҳ гузоштааст. Ба чӣ муносибат башар халифатуллоҳ аст, на занбӯри асал ва на ҳайвоноти дигар? Яке аз ҷиҳоташ ин аст, ки Худо ба башар қудрати халлоқият ва ибтикор додааст, яъне қудрат додааст, ки нақшеро, ки дар дунё вуҷуд надорад, биёфаринад, зиндагии ин мавҷудро аз сифр шурӯъ кардааст. Он вақт бибинед, башар чӣ чизҳоеро ба вуҷуд меоварад, халқ мекунад, ибдоъ мекунад! Башар ба ҳукми ин ки халифатуллоҳ аст, бояд тамаддуни худашро бо нақша ва тарҳу ибдоъи худаш бисозад. Шумо ҳамин муделҳо ва системҳои мошинҳоро бибинед; мебинед, ҳар сол нақши тозае меофаринанд. Ин ҳамон қудрати халлоқияти башар аст.

Ва башар ба ҳамин далел, ки метавонад ҷилав биравад, яъне ин озодии амал ба ӯ дода шуда ва мухтор офарида шудааст, метавонад ба ақиб баргардад. Ин ҷур нест, ки роҳи ақибро ба рӯи башар баста бошанд. Амирулмӯъминин Алӣ (а) фармуд:

اليمين والشمال مضلّة والطريق الوسطى هي الجادّة

(Наҳҷул-балоға, хутбаи 16) Ростравӣ ва чаправӣ гумроҳкунанда аст, роҳи рост роҳи мустақим аст.

* * *

Имкони инҳироф дар башар

Пас, башар ҳамон тавр, ки имкони пешравӣ дорад, имкони ақибравӣ ҳам дорад. Бинобар ин, имкони инҳироф дар башар ҳаст. Пас, намешавад қабул кард, ки рӯи ҳар чи, ки дар замон падид омада ва падидаи қарн аст ва ҷадид номида шуда, исми таҷаддуд гузошта шавад ва гуфт, хуб аст. Аз ин рӯ, ба ин маънӣ тақозои замонро пайравӣ кардан ғалат аст. Бояд ҳушёр буд ва рӯи он падида ҳисоб кард ва бо миқёсҳои дигаре — ки арз мекунам — онро санҷид ва дид, агар хуб аст, онро гирифт, ва агар бад аст, онро тард кард.

Ба ҳамин далел, муқтазои замон ба маънои писанди мардумро намешавад тасдиқ кард. Яъне мо набояд ҳамеша нигоҳ кунем бибинем завқи аксарияти мардуми замон чист, ҳамон тавр, ки роҷеъ ба мӯд дар рӯзномаҳо мехонед, ки падидаи қарн аст. “Падидаи қарн” яъне чӣ?! Ҳеруин ҳам падидаи ин қарн аст, дар собиқ набуд. Бар асари пешрафти илми шимӣ ҳеруин месозанд.

Агар шумо дидед, мехоҳанд чизеро ба унвони “падидаи қарн” бар шумо таҳмил кунанд, қабул накунед. Шумо бибинед, ин мӯди болои зону падидаи қарн аст… Дар мавриди писанд мегӯянд, мардуми дунё имрӯз инчунин мехоҳанд; дунёи имрӯз инро намеписандад, онро меписандад. “Меписандад” яъне чӣ?! Мутлақи писанд, ки далел намешавад.

То ин сӯҳбат ба миён меояд, ки дасти дуздро бояд бурид ё на, мегӯянд, оқо ин дигар чӣ ҳарфе аст, ки шумо мезанед?! Дунёи имрӯз ин ҳарфҳоро намеписандад! Дуздӣ ҷурме аст, ки дар иҷтимоъ воқеъ мешавад. Суол мекунем: оё ҷилави ин ҷурмро бояд гирифт ё набояд гирифт? Ҳама мегӯянд, бояд гирифт, мо ҳам қабул дорем. Мо мегӯем, ислом барои дузд якчунин муҷозоте вазъ кардааст ва дар амал ҳам нишон дода, ки он вақт, ки ин муҷозот амалӣ бишавад, дуздӣ ҳам решакан мешавад. Ҳоҷиҳои 50 сол пеш иттилоъ доранд, ки дар саҳрои Арабистон қофилаҳои 500-нафариро медуздиданд. (Аммо вақте) фақат чаҳорто даст буриданд, бибинед дар он саҳрои васеъ чӣ амнияте барқарор кардаанд! Ҳоло шумо мегӯед, дунёи имрӯз намеписандад. Мегӯем, оё дунёи имрӯз формули беҳтар аз ин овардааст, ки инро намеписандад? Агар овардааст ва беҳтар аз ин натиҷа додааст, мо ҳам қабул мекунем.

Дар ин ҷо сухане мегӯянд, ки мо низ онро қабул дорем. Мегӯянд, бояд дуздро аввал тарбият кард. Магар мо мегӯем набояд тарбият кард?! Сӯҳбат дар ин аст, ки бо он шахс, ки тарбият ҳам дар ӯ муфид воқеъ нашуда ва боз ҳам дуздӣ кардааст, чӣ бояд кард? Оё таълиму тарбият қодир шудааст, ки ба куллӣ ҷилави ҷурму ҷиноятро дар дунё бигирад? Агар гирифта буд, ки мебоист муҷозот дар дунё ба куллӣ лағв бишавад, пас чаро нашудааст? Ин, далели он аст, ки таълиму тарбият ба танҳоӣ қодир нест ҷилави ҷурму ҷиноятро бигирад… Дунёи имрӯз намеписандад дасти дуздро бибуранд, пас чӣ кардааст?!..

Ғараз ин ҷиҳат аст, ки яке аз чизҳое, ки як мусалмон набояд таҳти таъсири он қарор бигирад, мавзӯъи “писанд” аст. Алӣ (а) фармуд:

لا تستوحشوا في طريق الهدى لقلّة أهله

(Наҳҷул-балоға, хутбаи 199) “Агар роҳи ҳақро пайдо кардед, аз ин ки дар ақаллият ҳастед, ҳаргиз ваҳшат накунед.” Яъне шахсият дошта бошед. Аксар, ҳамин бешахсиятӣ, падари афроди башарро даровардааст. Ҳамин ки миллате худашонро дар ақаллият диданд ва диданд аксарият як писанде доранд, кореро анҷом медиҳанд. Ба худаш ҷуръат намедиҳад, ки мумкин аст аксарият иштибоҳ карда бошад ва ақаллият иштибоҳ накарда бошад…

* * *

Мафҳуми дурусти “муқтазаёти замон”

Як тафсири дигар низ барои муқтазаёти замон мешавад, ва он ин ки тақозои замон ба маънои ин аст, ки эҳтиёҷоти воқеӣ дар тӯли замон тағйир мекунад; он вақт эҳтиёҷе, ки башар дар ҳар замон дорад, як навъ тақозо мекунад.

Медонед, ки меҳвари фаъолияти башар эҳтиёҷ аст, яъне Худо инсонро дар ин дунё бо як силсила эҳтиёҷоти воқеӣ офаридааст. Башар ба хӯрок эҳтиёҷ дорад, ба пӯшок эҳтиёҷ дорад, ба маскан, кишоварзӣ, хайётӣ, таҷаммул, ҳамлу нақл, мусофират, илм омӯхтан, васоили фаннӣ ва ғайра эҳтиёҷ дорад. Эҳтиёҷ ҳам шӯхибардор нест. Яъне амалан инсон иҷбор дорад, ки ба дунболи эҳтиёҷот биравад ва аз эҳтиёҷот пайравӣ кунад. Агар накунад, замон ҳаддаш мезанад. Дар ин ҷур маворид аст, ки агар касе бихоҳад номи ҷабри замонро бибарад, бурдааст.

Як силсила аз эҳтиёҷоти башар аст, ки собит ва лоятағайяр аст. Башар бояд ба руҳи худаш низом бидиҳад, дастуруламали ахлоқӣ бидиҳад ва инҳо дар ҳамаи замонҳо як ҷур аст. Башар бояд ба иҷтимоъи худаш назме бидиҳад. Он низоми куллӣ дар тамоми замонҳо яке аст. Башар бояд ба робитае, ки бо Худои худаш дорад, назме бидиҳад ва ин дар тамоми замонҳо як ҷур аст. Ҳамчунин аст дар мавриди баъзе иртибототе, ки башар бо махлуқоти дигар назири замин, дарахт ва ҳайвонот дорад. Инсон бар гиёҳҳои дунё чӣ ҳаққе дорад? Гиёҳҳо бар инсон чӣ ҳаққе доранд? Инҳо эҳтиёҷоти собит ва лоятағайяр аст.

Вале инсон барои таъмини ҳамин эҳтиёҷот, ба як силсила абзору васоил ниёз дорад. Васоил дар ҳар асру замоне фарқ мекунад, чун васоил дар ибтикори худи башар аст. Дин ба васила (албатта машрӯъ) коре надорад. Дин ҳадафро муайян мекунад ва роҳи расидан ба ҳадафро, аммо таъйини василаи таъмини эҳтиёҷот дар қаламрави ақл аст. Ақл кори худашро ба тадриҷ такмил мекунад ва ҳар рӯз василаи беҳтаре интихоб мекунад, ва башар ба ҳукми қонуни атамму акмал (ба қавли Аллома Таботабоӣ), мехоҳад аз ҳар роҳ, ки соддатар ва камхарҷтар бошад, ба ҳадафи худаш бирасад. Дар ҷое, ки эҳтиёҷи инсон ба васила иваз мешавад, яъне василае, ки имрӯз мавриди эҳтиёҷ аст фардо, ки такмил шуд, дигар мавриди эҳтиёҷ воқеъ намешавад, бояд тақозои замон тағйир кунад. Ин ҷур чизҳо воқеан тақозои замон аст. Ин тақозост, ки сирфи падида ва писанди замон нест, эҳтиёҷи воқеӣ ҳукм мекунад.

Ҳеч эҳтиёҷи воқеӣ нест, ки ислом ҷилави онро гирифта бошад. Ислом ҷилави ҳавасро гирифтааст. Дар вақте, ки троктур пайдо шуда агар касе бигӯяд ман бо говоҳан шахм мезанам, ин маҳкум аст, вале агар мӯди болои зону биёяд, бояд аз он ҷилавгирӣ кард. Ин филмҳои хонумонбарандозро намешавад ба унвони падида қабул кард. Агар василае пайдо шавад, он василаро метавон барои ҳадафҳои машрӯъ ва номашрӯъ истихдом кард.

Васила, ки бечора забон надорад, монанди баландгӯ, ки кораш ин аст, ки савтро қавӣ мекунад. Он бечора мегӯяд агар зикри Худоро бигӯӣ, ман қавитар мекунам, агар куфр ҳам бигӯӣ, ман қавитар мекунам. Родию дар ҳадди зоти худ абзоре аст, ки ҳар чӣ дар пушти он дастгоҳ гуфта шавад, бо бурди зиёде таҳвил медиҳад, аммо забонбаста оё ҳеч мегӯяд, ки ин ҷо фалон таснифро бихонед ё ояти Қуръонро бихонед? Телевизиюн ҳам аз ҳамин қабил аст.

Агар касе дар мавриди васоиле, ки инсонро ба ҳадафҳои саҳеҳаш наздик мекунад, бигӯяд, ман намехоҳам аз ин васоил истифода кунам, ва он вақт касе, ки дунболи ҳадафҳои номашрӯъ меравад, аз ҳамин васоил истифода кунад ва ин ки дунболи ҳадафҳои машрӯъ меравад, аз ин васоил истифода накунад, чунин шахсе маҳкум ба шикаст аст. Мисли ин ки шумо бигӯед, ман мусалмонам ва мехоҳам ҳадафи исломиро таъқиб кунам, мехоҳам ҷиҳод кунам ва воқеан ҳам қасди шумо лиллоҳ аст. Дигаре дар роҳи шайтон мехоҳад биҷангад, дар роҳи моддигарӣ ва фасод меҷангад. Аммо ӯ аз васоиле, ки имрӯз пайдо шудааст, мисли тӯпу туфангу хумпора истифода мекунад, ва шумо мегӯед, ман ба васила кор надорам, мехоҳам бо корду шамшер биҷангам. Қатъан шумо маҳкум ҳастед, ҳадафи шумо маҳкум аст. Шумо ҳадафи худро бо дасти худатон маҳкум кардаед.

* * *

Ин аст маънои тақозо ва иқтизои замон. Тақозои замонро бо “писанди мардум” ва “падидаи қарн” иштибоҳ накунед. Ҳоҷатҳои аввалии башар собит аст. Ҳоҷатҳои сонавӣ — яъне ҳоҷатҳое, ки инсонро ба ҳоҷатҳои аввалӣ мерасонад — мутағайир аст. Ин ҳоҷати замон мегӯяд, ман тағйир кардаам, ва агар ҷаноби олӣ бихоҳед хушкӣ ба харҷ бидиҳед, маҳкум ба шикаст ҳастед ва натиҷааш ин мешавад, ки фалон оҳангро ӯ метавонад бо василаи қавӣ ба гӯши 23 милюн ҷамъият (ҷамъияти Эрон дар замони эроди ин суханронӣ) бирасонад ва шумо ҳам, ки ба умрат родию гӯш намекунӣ, як вақт дар хона мебинӣ, баччаи сесолаат таснифи родию мехонад, вале ҳарфи ҳисоби туро касе намешунавад. Он вақт ту дар ҳадафат шикаст мехӯрӣ.

Он олими бечора, ки барои аввалин бор санъати забти савтро ихтироъ кард, чизе, ки ба гумонаш хутур намекард ин буд, ки дар он тасниф бихонанд ва ахлоқи мардумро фосид кунанд. Ӯ ихтироъ кард, ки бад-ин васила хитобаҳо ва конфронсҳоро забт кунанд ва ба дунё бирасонанд. Вале ин, гуноҳи забти савт нест, гуноҳи мардуме аст, ки ҳадафи саҳеҳ доранд ва аз василаи нерӯманд ва қавӣ истифода намекунанд…

Ин айб ҳаст ва ин айб тақсири онҳое аст, ки қаблан ин фикрро накарданд, ки филм бояд вориди зиндагии машрӯъи мардум бишавад, бояд вориди зиндагии динӣ ва мазҳабии мардум бишавад. Қабл аз ин ки ин филмҳои мунҳаттро дар ин ҷур ҷоҳо намоиш бидиҳанд, шумо як ҷоҳое, доруттаблиғҳое барои намоиш додани филмҳои хуб таҳия кунед… Шумо метавонед филмҳои ҷолиб ва хуб таҳия кунед…

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: