Перейти к содержимому

Мавҷуда Соҳибназарова: “Чаро имрӯз расонае пайдо намешавад, ки дар Бадахшон таҳқиқоти журналистии мустақил барад?”

Мавҷуда Соҳибназарова, фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик ва узви Шӯрои олии ПМТ, дар мусоҳиба бо пойгоҳи Кимиёи саодат, бо баёни ин ки мушкилоте, ки дар бораи Бадахшон гуфта мешавад, воқеият надоранд изҳор дошт: “Чаро имрӯз расонае пайдо намешавад, ки дар Бадахшон таҳқиқоти журналистии мустақил барад?”

Машрӯҳи мусоҳиба бо Мавҷуда Соҳибназарова ба ин шарҳ аст:

— Аз охирин таҳаввулоти ҷорӣ дар Бадахшон бигӯед, он ҷо чӣ хабар аст? Хабархо зидду нақиз ҳастанд, ба хусус бо таваҷҷӯх ба ин ки расонаҳои мустақил ба он ҷо дастрасӣ надоранд.

— Шурӯъ мекунем аз ин ки чаро расонаҳои мустақил ба Бадахшон дастрасӣ надоранд? Сабаби дастрасӣ надоштанашон чист? Оё мақомот намехоҳанд? Оё вазъи иқтисодияшон имкон намедиҳад, ки хабарнигорашонро фиристанд? Оё барои ҷони хабарнигор метарсанд? Бетараф будан мехоҳанд, ё чӣ? Умуман, суолҳо хеле ва хеле зиёданд ва касро нороҳат месозанд.

Агар вазъияти Бадахшон то ин андоза “хароб” будааст ва мушкил дар ин минтақа дар як ё ду рӯз пайдо нашуда ва балки солҳои дароз чунин будааст, пас чаро рӯзномаҳои давлативу мустақил, радиову телевизион то замони омадани президент ба вилоят, хомӯш буданд?

Агар вазъияти Бадахшон “хароб” будааст, пас чаро то ин муддат, ягон расона, ки аз мурдани як нафар дар кадом кунҷи ҷаҳон хабар медиҳад, дар бораи вазъи Бадахшон ва пешгирии ҷинояткорӣ намегуфтанд?

Агар вазъияти Бадахшон то ин андоза “хароб” будааст, пас чаро Вазорати дохила ва Кумитаи амният, ки ҳатто медонанд дар кадом хона кадом муллое бо кӣ хуфту хез мекунад ва дар барномаҳои “криминалӣ” ва ҳатто дар барномаҳои телевизионии кӯдакон онро намоиш медиҳанд, аз “харобии” Бадахшон намегуфтанд? Оё бехабар буданд?

Оё президент омаду камбудиҳо пайдо шуданд?! Агар аз қабл буданд, пас чаро касе намегуфт, ҳатто мақомоти қудратӣ, ки вазифаашон ҳифзи волоияти қонун ва бехатарии тамоми шаҳрвандон аст, чизе намегуфтанд.

— Ахиран дар расонаҳо омада буд, ки мақомоти корҳои дохилӣ як сокини шаҳри Хоруғро боздошт карданд, ки бе иҷоза шишаи мошинашро сиёҳ карда, ба амри нозирони роҳ итоат накардааст.

— Достони “мошинҳои сиёҳшиша” низ аҷиб аст! Оё ин фақат махсуси Бадахшон аст? Ба дастури нозирони роҳ итоат накардан, оё фақат махсуси бадахшониҳо аст?

Дар маъракаву дигар чорабиниҳо ҷангу хархаша барпо намудан аз ҷониби фарзандони соҳибмансабон, таҷовузу куштор, ғорат ва кушта шудани писар бо дасти падар, келин бо дасти хусуру хушдоман, зан аз ҷониби шавҳар, куштори оилавии соҳибкорон барои пул, таҷовузи ноболиғон ва ғайра, ки расонаҳо ҳамарӯза аз онҳо пур аст, дар дигар минтақаҳои кишвар бисёр бештар аз Бадахшон аст. Оё ба хотири ин ҳодисаҳо бояд лашкаркашӣ намуд? Магар бетартибию беинтизомӣ дар Душанбе бештар нест, ки ахиран занҳо ба мири шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муроҷиат карданд.

Барои фурӯ нишондани ин беназмиҳо ва пешгирӣ намудани куштору ғорату таҷовуз, ман надидаам, ки ба минтақае як артиши бузургро ворид созанд. Хосса минтақае, ки нуфуси шаҳраш шояд баробари нуфуси аҳолии як деҳи Ҳисор, ва нуфуси аҳолияш баробари нуфузи шаҳри Ваҳдат набошад.

Дар ин ҷо чӣ сирре ҳаст Худо медонад ва таърих баъди солҳо бозгӯ хоҳад кард, ки чӣ шуду чӣ гузашт!

— Мақомоти маҳаллӣ он ҷо чӣ кораанд?

— Чанд сол пештар гурӯҳи ҷавонони “Авангард” ба Бадахшон сафар намуда буданд, зиёда аз 200 нафар. Аксари ин ҷавонон бо умеди шинос шудан бо вазъи зиндагии ҳамсолони худ бори аввал ба ин минтақа сафар мекарданд. Бисёриашон дар бораи Бадахшон мисли имрӯз шояд афсонаҳои зиёде шунида буданд, ки Хоруғ шаҳри “криминалӣ” аст ва ҷавонони Бадахшон ҳама яроқбадастанд, ки агар мабодо писандашон наомадӣ, бепурсиш хоҳанд мепаронанд.

Мавҷуда Соҳибназарова, мутаваллиди 17 ноябри соли 1967 дар ноҳияи Ванҷи Бадахшони Тоҷикистон, фориғуттаҳсили риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1987. Ӯ пас аз хатми донишгоҳ, дар Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон ба унвони рӯзноманигор ва коршиноси иқтисодӣ фаъолият кардааст. Мавҷуда дар нашрияҳои “Бонувони Тоҷикистон”, “Омӯзгор” ва маҷаллаи “Истиқбол” низ ба унвони рӯзноманигор кор кардааст. Ӯ яке аз муассисони гурӯҳи “Тоҷикистони навин” ба раҳбарии Зайд Саидов ба шумор меравад. Мавҷуда чанд сол аст, ки дар берун аз Тоҷикистон дар яке аз кишварҳои урупоӣ ба унвони паноҳандаи сиёсӣ ба сар мебарад. Ӯ узви Шӯрои олии Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ва масъули бахши умури иҷтимоӣ ва фарҳангии ин созмони тозатаъсис мебошад.

Хулоса, дар ҳар минтақаи Бадахшон ин ҷавононро бо нону намак ва рақсу суруд пешвоз мегирифтанд, то ки ба Хоруғ расиданд. Дар назди дарвозаи Хоруғ, хурду калон онҳоро бо як ҷаҳон меҳру самимият пешвоз гирифтанд. Аксарияташонро мардум ба хонаҳояшон бурданду як қисми дигарро дар меҳмонхонаҳо ҷой намуданд. Он рӯзро бо тантанаву шодӣ сипарӣ намуданд. Фардояш дар чойхонаи боғи ботаникии шаҳр, конфронс дар мавзӯъи терроризм ва экстремизм баргузор гардид. Ҳамин ки зимоми сӯҳбатро муовини вазири корҳои дохилӣ Аламшозода ба даст гирифт, бо “факту рақамҳои” аз кадом асре монда, борони таънаву маломатро ба сари бадахшониён рехт, ки инҳо нашъакашу нашъафурӯш, майзадаву ҷинояткор ҳастанд! Як халифа, ки дар он ҷаласа иштирок дошт, эътироз кард, ки ин оморҳое, ки дар баромадат овардӣ, аз куҷо гирифӣ? Муовини вазир посух дода натавонист.

Ман то ҳанӯз ба суолам ҷавоб намеёбам, ки чаро муовини вазир дар назди ҷавононе, ки аз дигар минтақаҳои кишвар омадаанд, нагуфт, ки ягон ҷавони бадахшонӣ дар ягон гурӯҳи экстремистӣ қайд нашудааст ва ба Сурия барои куштору ғорат нарафтааст, баръакс мехост, ки чеҳраи ҷавонони бадахшониро сиёҳ кунад. Ва агар Аламшозода аз соли 2015 ва аз он пештар ҳам “факту рақам” дар бораи ҷинояткору нашаъҷаллоб будани баччаҳои Бадахшон дошт, чаро ин ҷавононро тӯли ин солҳо ба ҷавобгарӣ накашиданду имкон доданд, ки онҳо озодона фаъолият баранд? Ин аз чӣ дарак медиҳад? Аз иҷрои вазифаи хидматӣ набаромадани масъулоне, ки ба Бадахшон фиристонда мешаванд.

Чаро имрӯз ниҳодҳои кудратӣ — аз прокуратура сар карда, амнияту милиса ва ҳатто кумитаи сарҳадот — гуноҳи аз иҷрои вазифаи хидматӣ набаромадани худро ба сари мардуми бечора мезананд? Хоруғ шаҳри кучак аст. Идораи амният, милиса, прокуратура ва ғайра дар маркази шаҳр ҷой гирифтаанд. Аз панҷараи ин биноҳо чизе, ки рӯзона дар хиёбон мегузарад, маълум аст, ҳатто метавонанд камерае насб кунанду ҳамаи инро пурра сабт кунанд. Аз утоқҳояшон гашту гузори мошинҳои сиёҳшиша, рафту омади одамон, хуллас ҳама чиро мебинанд. Мебинанду медонанд, ки дар шаҳр чӣ мегузарад, кадом сокини шаҳри Хоруғ имрӯз чӣ мехӯрад. Гурӯҳҳои ҷинояткор ва роҳбаронашро ҳам медонистанд.

Агар мақомот боиси афзудани ҷинояткорӣ набошад, чаро то омадани президент ҳамарӯза аз афзудани ҷинояткорӣ бонги изтироб намезаданд.

Ҳар як фарди солимфикрро умуман, ин суол ором намегузоранд, тӯли ин солҳо, ки Бадахшон минтақаи “криминалӣ” буд, нафарони аз дигар минтақаҳо ба ин ҷо ба кор омада, чӣ гуна пас соҳиби унвонҳои ҳарбӣ шуданд, охир тӯли ин солҳо ҷиноятеро ошкор накардаанд, ку! Ҷуз он ки чанд бор бо тӯҳматҳои сохтаву бофта ба сари ин мардум теғ кашиданд. Муфт маош гирифтанту ба сари ин мардум тохтанд. Чаро имрӯз расонае пайдо намешавад, ки дар Бадахшон таҳқиқоти журналистии мустақил барад: яроқе, ки дар борааш имрӯз зиёд мегӯянд, бо кадом роҳ ба Бадахшон ворид шуд? Магар сарҳади Бадахшон кушода аст? Пас, куҷоянд соҳибрасонаҳое, ки худро патриот мехонанд, аммо дар қазияи Бадахшон боз на тарафи мардум, балки минтақаи худро мегиранд. Агар патриот бошанд, магар Бадахшон ҷузъи Тоҷикистон нест?

Мардуми оддии Бадахшон аз ин моҷаро хаста шудаанд. Ва мегӯянд, агар воқеан ҳам, яроқ дар дасти мардум бошад, пас нобоварии мо ба Кумитаи сарҳадот ва Кумитаи амнияти миллӣ дорад бештар мешавад. Яъне, баъди ба дасти Кумитаи сарҳадоти Тоҷикистон гузаштани марз, қонуншиканӣ дар марз бештар шудаасту кам не. Оё бо баҳонаи ин ки сарҳад тӯлонӣ аст ва имкони пурра назорат кардани он нест, бемасъулиятӣ ва ноӯҳдабарории масъулони ин ниҳодро нишон намедиҳад? Бо гунаҳкор кардани он ки мардуми Бадахшон ба хариду фурӯши яроқ ва нашъа машғуланд, ҳукумат рӯирост иқрор мекунанд, ки аз ӯҳдаи назорати сарҳад намебарояд, Худо накунад, ки аз ин эътирофи ҳукумат, дигарон истифода баранд.

— Пас, ба назари шумо, бо сарҳад чӣ кор бояд кард? Билохира ҳифзи сарҳад кори давлат аст.

— Дар Бадахшон ҳама ҳамдигарро хуб мешиносанд. Дар лаҳзаи душвор ҳамдигарро дастгирӣ мекунанд. Ба нафароне, ки хештаншиносанду ҳисси миллии баланд ва ғурури кӯҳистонӣ доранд, арҷ мегузоранд. Чанд сол пеш фақат ҷавонони бадахшонӣ буданд, ки бо хоҳиши худашон ба хизмати Ватан мерафтанд. ”Облава” гуфтани гап дар Бадахшон вуҷуд надошт, яъне ин мардум метавонанд барои ҳифзи сарҳад ҷонашонро дареғ надоранд, агар бо ҳар баҳона аз инҳо душман натарошанд.

— Бале, дуруст мефамоед, чанд сол пеш дар як мақола дар яке аз пойгоҳҳои русӣ, ки дар бораи Бадахшон гузорише оварда буд, хонда будам, навишта буд, мардуми ин минтақа хеле муназзаму мураттаб ҳастанд.

— Бале, “криминал” хондани ин мардум воқеан як зулм аст. Дар мактабҳои Бадахшон омӯзгор бо маоши камтарин қаноат мекунад. Барои бӯр, латтаи полшӯиву фаррош, аз хонанда маблағ намеситонад. Ҳаққи заҳмати иловагӣ аз волидайн талаб намекунад. Аз хурдӣ ба кӯдакон пора гирифтану пора доданро намеомӯзанд. Ва оне, ки таъна мекунанд, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ чанд сол боз зодагони Бадахшон ҷой намегиранд, худ далели он аст, ки бадахшонӣ саводро бо пул намехарад. Оё мардум намедонанд, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм дар олимпиадаҳо фурӯхта мешаванд? Дар Тоҷикистоне, ки ҳама чиз харидаву фурӯхта мешавад. Дар дигар минтақаҳои кишвар агар барои сардухтур шудан маблағҳои калон диҳанд, бадахшонӣ базӯр ба ин вазифа розӣ мешавад. Агар дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ вазифаи раиси ноҳия фурӯхта шавад, ба сари бадахшонӣ ин вазифаро бор мекунанд. Барои он ки ин мардум раисро дар баробари худ медонанд. Раиси ноҳия дар Бадахшон даромаде надорад. Агар раиси ноҳия чун дигар манотиқи кишвар даромад медошт, шояд ба ин вазифа ҳам бадахшониро не, балки аз дигар минтақаи кишвар оварда таъин мекарданд.

Аммо чаро барои дар мақомоти қудратӣ кор кардан дар ин минтақа ҷанг аст? Албатта, барои он ҳар як нафар мехоҳад, ки ин минтақаро дар тасарруфи худ нигоҳ дорад ва чун баъзе нафарон дар хукумат дасту дили пок надоранд, намехоҳанд, ки дар сохторҳои амнияти Бадахшон зодагони ин минтақа кор кунанд. Яъне агар сари мансаб зодагони ин минтақаро монанд ҳадафҳои худро пиёда карда наметавонанд ва ҳамчунин наметавонанд иродаи бадахшониёнро шикананд.

— Моҷарои интиқоли яроқу аслиҳа аз сарҳади Афғонистон чист?

— Фақат Бадахшон хамсарҳад бо Афғонистон нест, балки вилояти Хатлон низ бо Афғонистон ҳамсарҳад аст. Ёдам аст, ки чанд моҳ пештар чанд масъули баландпояи Афгонистон ҳукумати Тоҷикистонро айбдор намуданд, ки ба Толибон яроқ мефурӯшад. Агар ин ҳақиқат бошад, пас ин яроқ тавассути кадом марз ба Афғонистон рафт?

Ҳеч бадахшонӣ роҳ намедиҳад, ки яроқ тавассути Бадахшон ба Афғонистон интиқол ёбад ва ҳамзабонону хешу табораш дар он сӯи сарҳад аз ҷониби Толибон кушта шаванд. Бовар дорам мардуми он тарафи сарҳад ҳам инро намехоҳанд. Ва мардуми Бадахшонро бо яроқ таъмин намекунанд. Ва инкори мардуми Бадахшон ҷон дорад, ки мегӯянд дар дасти ҷавонони мо яроқ нест ва ин яроқро мақомоти қудратӣ аз куҷое мехарад ва боз таслим мекунад, то бефаъолиятии худро рӯйпӯш кунанд.

— Баъди сафари раисиҷумҳур, чаро якдафъа Бадахшон “ноамн” эълон шуд?

— Вазъи Бадахшон баъди сафари президент ба ин минтақа ва изҳори норозигӣ карданаш аз масъулини ниҳодҳои амниятӣ ва роҳбарияти вилоят муташаниҷ гашт гӯем, хато намекунем.

Аслан фаъолияти номуваффақи сохторҳои қудратӣ ва дигар масъулин дар Бадахшонро сабаб он аст, ки мушкилоти иҷтимоии мардум нодида гирифта мешавад. Бадахшон бо доштани захираҳои зиёди табиӣ, манбаъи об, нерӯи барқ, табиати нотакрор, чун пештара макони ашёи хом боқӣ мемонад. Ана ин норозигӣ аз куҷо маншаъ мегирад?

Ҳанӯз дар охирҳои садаи асри 20 Раҳмон дар ҳар баромадаш мегуфт, ки асри 21 асри рушди Бадахшон ва асрии тилоии ин сарзамин хоҳад шуд. Бо ба истифода додани роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Мурғоб-Қарақурум ва аз бунбасти коммуникатсионӣ каме раҳоӣ ёфтани Тоҷикистон, Бадахшон дарвозаи тиллоии Тоҷикистон хонда шуд. Яъне, кореро, ки Шӯравии собиқ бо тамоми шаҳоматаш анҷом дода натавонист, Раҳмон анҷом дод. Бадахшон соҳиби роҳ шуд. Ҳарчанд ҳукумат бо эълони асри тиллоии Бадахшон бояд ба ин митақа таваҷҷӯҳи бештар зоҳир менамуду роҳи Бадахшонро то сарҳади Чин ба пуррагӣ таъмир ва ба сатҳи чаҳонӣ мутобиқ мегардонд, то аз ин ҳисоб рафту омад ба ин минтақа осонтар мегашт. Мутассифона, Бадахшон бо дарвозаи тиллоӣ ва роҳи нимкола боқӣ монд ва рафту омади мошинҳои аз меъёр зиёд бор дошта, роҳҳои ин минтақаро харобтар ва вазъи зиндагии мардумро мушкилтар сохт.

Ба замми ин, иҷозат надоданд, ки молу колои аз Чин ворид мешуда, дар сарҳади ин вилоят “разтаможка” шаванд, то аз ин ҳисоб ақкалан роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявии ин сарзамин таъмир шаванд. Такрор мекунам, роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ. Оид ба дигар роҳҳои ин минтақа, ки дар давраи Шӯравӣ чанд сол пас таъмир мешуданд, умуман сухан намегӯем. Дар дигар ҷойҳо агар пайраҳҳои куҳӣ ба роҳ табдил ёбанд, дар Бадахшон баръакс тӯли ин солҳо роҳҳо ба пайраҳҳо табдил ёфтанд. Аммо ин пайраҳо ҳам, сайёҳонро аз сафар ба ин минтақаи афсонавӣ нигоҳ дошта наметавонад.

Акнун тасаввур кунед агар роҳҳои ин минтақа хуб мебуданд ҳамасола чӣ қадар сайёҳон ба дидани “Нозанини хуфта”-и Бадахшон кӯли Сарез меомаданд ва маблағи муайяне ба буҷаи кишвар ворид мешуд. Он вақт шояд Раҳмон аз таҳдиди “Шумо ба давлат чӣ додед?” шарм мекард.

Тӯли ин солҳо дар Бадахшон чи тағйироте шуд? Чанд корхонаи саноатӣ ба фаъолият шурӯъ кард, ки мардум соҳиби ҷойи кор шаванд? Ятимзода ҳам дар баромадаш ишора ба он кард, мардуми Бадахшон шукрона аз он кунанд, ки дар Бадахшон иншоотҳои зиёди саноатӣ сохта шудаанд. Кадом иншоот? Ба истифода додан ё аз таъмир баровардани бинои амнияту полис, якчанд бонкҳо, ки маҷбурӣ дар ҳар минтақаи Тоҷикистон бинои маъмурии худашонро сохтану имрӯз пули пасандозҳои мардуми кишварро баргардонда наметавонанд. Сабаби муфлис шудани “Содиротбонк”, “Агроинвестбонк” ва чандин бонкҳои дигар ин маҷбуркуниҳо буд. Акнун ин биноҳо ҳам ба ҳоли мардум хун мегирянд. Бадахшоне, ки аз замони Шӯравӣ макони ашёи хоми захиравӣ буд, то имрӯз чунин монд. Ногуфта намонад, ки вазъ ба эътидол меояд, кувваҳои солими Бадахшон ба ҷангу ҷидол роҳ намедиҳанд, аммо, кӣ кафолат дода метавонанд, ки баъди чанд соли дигар ин ҳодисаро дар Бадахшон такрор намекунанд?

Мақсад ҳамин аст, ки бо ноором кардани вазъи Бадахшон баъзеҳо ҳадафҳое, ки дар пай доранд, пиёда созанд. Ва агар чунин набошад президент аз ин пас ба Бадахшон чун фарзанди угай нигоҳ намекунад ва барои сарбаландии ин мардум ба сохтани корхонаҳо шурӯъ мекунанд.

Ятимзода дар баромадаш қайд намуд, ки то ҷашни 28-солагии кишвар дар Бадахшон кариб 400 иншоот сохтаву ба истифода дода мешаванд. Бигузор чорсад иншоот сохта нашавад, лентаи чорсад иншоот бурида нашавад, ду ё се корхонае бо теъдоди 5-6 ҳазор ҷойи корӣ мушкилоти ин мардумро метавонад ҳал созад ва аз таркиши иҷтимоӣ пешгирӣ кунад. Дар бораи истифодаи захираҳои оби ин сарзамин, сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузург, роҳҳо ва ё шаҳри саноатӣ дар Мурғоб чизе намегӯем ва дар ин ҷо иктифо мекунем.

— Ташаккур, саломат бошед!

— Саломат бошед.

1 комментарий »

  1. Ман маколаи дар бораи Бадахшон чоп кардаатро зондам. Ягон мантик надорад. Факат як чиз ба назар мерасад. Бадбинии як гурух нобакорон, бо кавли дигар чосусони худфуруш, ки кайхо худро фурухтаанд аммо дарак надоранд, ки бо дайдуги обруи Точикистониёнро дар чахон паст мекунанд.
    Дар борае, он ки макомоти амният гуфтаи ин макомот ба мисли ту баринхо чанг андоз нест. Вазъро хуб медонанд, хамин макомот хаст, ки дар Ватани азиз душманони беруна бо истифода аз шумо барин шармандахо сар дароварда наметавонанд. Доир ба вазъи ин минтакаи кухистони Точикистон сари вакт ба даст омада дар назди Рохбари Хукумат коркард мегардад, валле пеш аз пода чанг андохтан хуб нест, ба мисли Шумо аз дури ва дайдуги булбулатон мехонанд ва дар зиндагии ду руза факат Ватану миллатро паст зада гаштаед. Он вактхое, ки дар Ватан хам будед, ба манфиати чомеъа ягон амал накарда, факат бо навистани росту дуруг ба сулху субот таъсир гузор буди. Рохбари Давлат омада махз хамин маълумотхоро аз наздик санчид ва бовари хосил намуд, ки факат хамин чанд нафар чинояткор дар назди конун чавоб дихад, ки ин обруи мардуми шарифи бадахшонро паст мекунанд дар хамачо.
    Ту як шахси бесантик хасти, ки як тарафи шур андозии мардумии одии бадахшонро мехохи, ки онхо муранд хам ба мукобили Хукумат баромад кунанд ва ту барин аблахои чосусхои шикастхурда аз дур тамошоьинона нигох куни ва боз ба назди хочагону Ташкилотхои Баналмилал милал Худро нишондихи, ки мо лаънатихо хастем ба мо кумаки пули дихед ба мисли гадо, чун ки дар давлати мо чанг аст. Агар ту ланати як руз меомади дар амнияти Хоруг кор мекарди баъд мефахмиди ки мухофизати ин мардуми азият кашида аз дасти ин гурухи чинои чанд кадар мухим аст.
    Он мардуми бадахшоне, ки дар амнияти инчо кор мекард, бечорагон аз дасти ин гр чинои безор шуданд, нисбати чинояти онхо ягон сухан кунанд, шаб ба хонаашон меомаданд. Ту ланати онкадар мефахми, ки амният киро дар кучо ба кор таъин кунад. Маълум аст, ки на акл, на тафаккур ва на тахлил дори багайр аз душманиат ба точику Точикистон.
    Нафрати худо бар ту ланати бод!Шумо хамин хел дар гариби мемуред, бо ин ахволатон!Ин ахмакихои шумо барои гадоии худатон инро хама медонанд, ки ин шур андозира накунед аз гуруснаги мемуред, мардуми бадахшон ва кулли Точикистон аз шумо барин ахмакхо безор!

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: