Перейти к содержимому

Чаро ҷиҳодро интихоб мекунанд?

Муруре бар китоби “Ба ман гуфтанд, танҳо биё…” – китоби ҷадиде, ки ҳосили сафаре моҷароҷӯёна миёни ҷиҳодиҳост

Гузоришҳо дар бораи ғарбиҳое, ки ба ДОЪИШ дар Сурия мепайванданд, маъмулан ривоятгари қиссаи одамҳои ҷавон ва боҳушеанд, ки шояд решаҳои аҷдодиашон ба як кишвари мусалмон бирасад, аммо бахши умдаи зиндагиашонро дар шаҳрҳои ғарбие гузаронидаанд, ки маҳалли таваллуд, рушд ё иқоматашон пас аз нақли макон будааст. Онҳо афродеанд, ки ағлаб ба далоили номаълум ва бисёр ногаҳонӣ, ҷазби як дидгоҳи бунёдгаро аз ислом мешаванд. Дӯстону ақвомашон ба гузоришгарон мегӯянд, ки алорағми тамоюлоти ин мусалмонони ҷавон ба боварҳои родикол, одамҳои “нурмол”, созгор ва ором будаанд, ва вақте шунидаанд, ки онҳо дил ба ҷиҳод додаанд, ғофилгир шудаанд.

Рӯзноманигори арабӣ-олмонӣ Суод Мехнет, дар китоби ҷадидаш ба номи “Ба ман гуфтанд, танҳо биё: сафарам ба пушти хатти ҷиҳод”, ки гузорише сеҳрангез аз марокизи шабакаҳои ҷиҳодӣ дар Ховари Миёна ва шимоли Офриқост, ба кандуков дар бораи ин пешфарзҳо мепардозад.

Мехнет, ки хабарнигори “Вошингтун пост” дар Фронкфурт аст, бо зовияи диди мунҳасир ба фардаш дар бораи бӯҳрони ҷадиди хушунати теруристӣ, аз наздик машғули пурсишгарӣ дар бораи ин падида аст.

Мехнет мегӯяд, худаш аз онҳое аст, ки фосилаи андаке бо родикол шудан доштанд ва фирораш (аз ҷиҳодӣ шудан), ба лутфи волидайн ва дӯстони хонаводагии ӯ будааст. Ҳоло мехоҳад кашф кунад, ки ангезаҳои пуршӯртарин мӯътақидон ба ҷиҳод чист.

Мехнет, дар сар то сари китоби: “Ба ман гуфтанд танҳо биё…” ба мо ёдоварӣ мекунад, ки кори ӯ дар мақоми як рӯзноманигори мусалмон аз табори турк ва марокашӣ, ҳазинае дорад: ағлаб, ҳам ҷиҳодиҳо ва ҳам ҳамкоронаш, дар ибтидо ба ӯ беэътимоданд. Ӯ дар як ҷоддаи хилват дар наздикии марзи Туркия бо Сурия, ба як ситезаҷӯи ДОЪИШ мегӯяд: “Шояд ҳақ бо шумо бошад, ки бо табъиз мувоҷеҳем ва дунё мунсифона нест. Аммо ин ҷанге, ки шумо роҳ андохтаед, ҷиҳод нест. Ҷиҳод он буд, ки дар Урупо мемондед ва ҳирфаатонро пеш мебурдед. Он кор ба маротиб душвортар буд. Шумо соддатарин роҳи фирорро интихоб кардаед.”

Дар ҷараёни пешрафтҳояш ҳини гузоришгарӣ дар бораи ҳамлакунандагони 11 сентябр аз Ҳомбург, яке аз корфармоёнаш, дар бораи вай аз сервисҳои амниятии Олмон пурсуҷӯ кард, чун мехост бидонад, ки оё Мехнет ба хотири пешинаи хонаводагиаш, бо созмонҳои теруристӣ пайванд дорад ё на.

Дар сӯҳбат бо як сардабири дигар, вақте Мехнет идеяи мусоҳиба бо волидайни як навҷавони олмониро пешниҳод дод, ки мусалмон шуда ва ба Афғонистон кӯч карда буд, сардабир ба ӯ гуфт, ин корро накунад, чун шояд волидайни он бачча вақте ӯро бибинанд, гумон кунанд, ки ҷосуси Толибон аст. Вале ӯ корашро кард ва мусоҳибаро гирифт.

Дар гармогармии шӯхӣ бо ҷиҳодиҳо дар бораи ҳамсарони дуввумашон дар як урдугоҳи оворагон дар Лубнон, ё ҳангоми сарфи чой бо як ситезаҷӯи Толибон, ки дар ҷараёни мусоҳиба, ба шӯхӣ аз рабудани ӯ мегӯяд, Мехнет аз ҳаммусоҳибонаш дар бораи ҳодисаҳое мепурсад, ки ба ифротгароии онҳо мунҷар шудааст.

Мардони аҳли суннат дар Ироқ, аз шибҳинизомиёни шиъае мегӯянд, ки муртакиби шиканҷа ва қатл мешаванд вале муҷозот намешаванд.

Алҷазоириҳо, аз фақру беэътимодӣ ба ҳукумат мегӯянд, ки Алқоъидаро барояшон гузинаи ҷаззобе кардааст.

Чандин мард, аз ишғоли Ироқ ва Афғонистон ба дасти Иёлоти Муттаҳида ҳарф мезананд.

Як марди дигар, дар Покистон, мегӯяд, ба хотири он паҳподҳое (ҳавопаймоҳои бидуни сарнишине), ки дилбандонашро куштанд, ба родиколизм рӯй овардааст; касоне, ки бегуноҳ буданд.

Мехнет дар бораи як зани марокашӣ-олмонӣ ҳам таҳқиқ карда буд, ки дар даврони сахти зиндагиаш, як имоми ҷамоат ба ёриаш омад ва он гоҳ роҳаш ба маҳофили родикол боз шуд.

Як марди тунисӣ ба ӯ мегӯяд: “Ҳеч кас ба зиндагии мусалмонон аҳаммият намедиҳад.”

Ва бо дигаре рӯ ба рӯ мешавад, ки мӯътақид аст, ки бо набард, дар дифоъ аз мусалмонони ситамдида дар Афғонистон ва Ироқ ва баъдан Сурия, ба таклифи динии худ амал мекунад.

Онҳо, дар сарзаминҳои ҷангӣ, бар хилофи ватанашон, ки эҳсос мекунанд рӯз ба рӯз дар он нотавонтар мешаванд, метавонанд даст ба корҳое бизананд, ки ғурури диниашонро ҳифз кунад.

Мехнет, ҳеҷ посухи қотеъе барои ин пурсиш надорад, ки чӣ тавр метавон аз родикол шудани мусалмонҳо ҷилавгирӣ кард? Бино ба мушоҳидоти ӯ, “ҳар чӣ мусалмонон дар Урупо бештар эҳсоси бегонагӣ кунанд, бештар ҷудо мешаванд ва дар натиҷа, амиқтар вориди он имон ва иҷтимое мешаванд, ки ба фарҳанги аксарият эрод доранд.” Аммо ӯ истидлол мекунад, ки мо бояд ифротиҳои мусалмонро на фақат қотил, балки аввал инсон бибинем, ва дар айни ҳол, мунтақиди он истидлолашон бошем, ки табъиз ва душвориҳоро далели мӯътабаре барои рӯй овардан ба ситезе хушунатомез медонанд.

Ӯ, пас аз сӯҳбат бо як марди ҷавон, як муҷрими хӯрдапо мегӯяд: “Дар Урупо як зеҳнияти умумӣ вуҷуд дорад, ки ҷавонони мусалмон — вақте ба синни булуғ мерасанд — бо он мувоҷеҳ мешаванд. Фарид эътиқод дошт, ҷомеаи Белжик ӯро нахоҳад пазируфт, аз ин рӯ мушкиле дар дуздӣ аз белжикиҳо ва соири урупоиҳо ё ҳатто куштани онҳо намедид. Ингор онҳо барояш воқеӣ набуданд. Ҳар ду тарафи ҷабҳа, муваффақ шуда буданд аз дигарӣ инсонзудоӣ кунанд.”

Дар ҳошияи “Ба ман гуфтанд, танҳо биё…” як баёнияи матбуотӣ мунташир шудааст, ки ба хонандагон мегӯяд, муаллиф аз қадим маҷбур будааст “байни ду каффаи тарбияти худ тавозун барқарор кунад: мусалмон ва ғарбӣ”.

Аммо худи Мехнет санаде аст барои ин ки ин дуқутбӣ дигар вуҷуд надорад. Суннатҳо ва ойинҳои Ғарб, ба зиндагии муҳоҷирони мусалмоне мехазад, ки дар он ҷо манзил мекунанд, ва кирдорҳо ва боварҳои муҳоҷирон ҳам лоҷарам дар фарҳанги шаҳракҳо ва шаҳрҳои ҷадидашон лона мекунад.

Дар муҳити рушди фарзандони муҳоҷир, ҳамаи ин аносур дар ҳам омехтаанд. Барои бисёре аз ҷавонон, акнун мусалмон будан ва ғарбӣ будан асосан дар ҳам танидаанд, аммо аз ҳама сӯ бо ин тасаввур мувоҷеҳанд, ки ин ду ҷанбаи ҳувиятӣ бо ҳамдигар таъоруз доранд.

Мехнет бо либеролҳои олмонӣ дар ин бора баҳс карда буд, ки оё корикотурҳои танз аз Паёмбари ислом дар доираи озодии баён қарор мегиранд, ё на? Ӯ дар бораи он либеролҳо мегӯяд: “Гӯё дарк намекарданд, ки бо… икроҳе, ки аз вуруд ба баҳси содиқона ва солим дар бораи ахлоқиёт, озодии баён ва нафратпароканӣ доранд, Ғарб ҳамчунон урупоиҳои ҷавони бештареро ба родиколҳое меспорад, ки ба онҳо мегӯянд, Ғарб дорад бо ислом меҷангад.” Ин ҷанг ҷанги хаёлӣ аст, ки камокон ба таври нигаронкунандае муваффақ амал мекунад.

Ба қалами Алексис Океово (Alexis Okeowo) дар нашрияи NewYorker

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: