Перейти к содержимому

Чӣ касоне мехоҳанд парвандаи қатли Хошуқҷӣ боз бимонад, ва чаро?

Ёддошти Абдулборӣ Атвон дар рӯзномаи Раъюл-явм

Се тарафи аслӣ ҳастанд, ки акнун дар баробари талошҳои Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико барои табриаи шоҳзода Муҳаммад бен Салмон аз ҳар гуна сарзанише дар робита бо қазияи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, истодаанд ва мӯътақидам, ки ин се тараф ҳарфи охирро мезананд.

1) Аввалӣ: таҳарруки аносури барҷаста дар Кунгра (Конгресс)-и Омрико ба шакли густурда барои сарнагунии шоҳзода Муҳаммад бен Салмон ва андохтани масъулияти ин ҷиноят ба гардани вай аст, ва боризтарини ин аносур ду сенотури ҷумҳурихоҳ яъне Морку Рубиу (Marco Rubio), номзади собиқи риёсати ҷумҳурӣ, ва Линдси Гроҳом (Lindsey Graham) илова бар 22 қонунгузори дигар ҳастанд, ки хостори амалӣ кардани моддаи “эъмоли таҳримҳо” дар қонуни асосии Омрико алайҳи кишварҳои хориҷӣ аст, ки ҳуқуқи башарро нақз мекунанд.

2) Дуввум: давлати Туркия аст, ки мехоҳад мавҷи расонаии кунунӣ дар бораи масъалаи Хошуқҷиро бо идомаи иттилооте, ки ба берун дарз медиҳад ва бар қатл ва тикка-тикка кардани ҷасад таъкид мекунад ва дақиқтарин ҷузъиётро ба шакли сериёлҳои туркӣ зикр мекунад, ба қуввати худ боқӣ бигузорад.

3) Севвум: расонаҳои омрикоӣ, ки як ҷабҳаи муттаҳид барои мухолифат бо рӯйкарди давлати Тромп шакл додаанд ва бар пайдо кардани афроде, ки дар ҷиноят даст доранд ва муҳокимаи онҳо ва дар раъсашон шоҳзода Муҳаммад бен Салмон исрор доранд.

* * *

Ҳамлаи сахт ва бемуҳобои сенотур Гроҳом ба шоҳзода Муҳаммад бен Салмон қобили таваҷҷӯҳ ва таъаммул буд. Вай дар гуфтугӯе бо Fox News – расонаи ҳаводори Тромп ва мавриди алоқаи раисиҷумҳури Омрико, Муҳаммад бен Салмонро “марди вайронгар” тавсиф кард ва руку пӯстканда вайро муттаҳам кард, ки дастури қатли Хошуқҷиро худаш содир кардааст. Сенотур Гроҳом таъкид кард, ки ҳукумати Арабистони Саудӣ бо “арзишҳои” омрикоӣ бо таҳқир таъомул мекунад ва ин мард яъне Муҳаммад бен Салмон бояд аз қудрат канор биравад, зеро шахсияти озордиҳанда аст ва наметавонад раҳбаре ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилал шавад.

Аммо ҳамлаи сенотур Морку Рубиу, ҳамкори Гроҳом, ки наздик буд Тромп раисиҷумҳури Омрикоро дар интихоботи ҳизби ҷумҳурихоҳ шикаст диҳад, сарсахттар буд. Вай бо шиддати бештаре ба ҳар ду яъне Муҳаммад бен Салмон ва дӯсташ Тромп ҳамла кард замоне, ки арҷаҳият ва тақаддуми қарордодҳои силоҳро бар усули ҳуқуқи башар рад кард ва гуфт: “Ҳеч маблағе дар ҷаҳон вуҷуд надорад, ки битавонад ҷойгоҳ ва ҳимояти мо аз ҳуқуқи башарро ва низ шеваи таъомули кишварҳо бо моро бихарад.”

Ин ду сенотур намояндаи давлати Омрико ё шохаи мухолиф бо мудирияти бӯҳрон тавассути Дунолд Тромп аз тариқи гаравкашӣ аз ҳукумати Арабистон ва суистифода аз ҳолати заъфи он барои дастёбӣ ба пули бештар — чӣ ба шакли сармоягузорӣ ва чӣ ба шакли қарордодҳои силоҳ – ҳастанд.

Гузоришҳои шанеъ дар бораи чигунагии эъдоми Хошуқҷӣ, ки бахши амниятии Туркия ба шакли марҳила ба марҳила ба берун дарз медиҳад — монанди гуфтани ин ки тайи бозҷӯӣ аз вай дохили консулгарӣ ангуштонаш қатъ шуд сипас сараш аз танаш ҷудо шуд — ба манзури басиҷи афкори умумии ҷаҳон алайҳи ҳукумати Арабистони Саудӣ ва ба таври мушаххас шоҳзода Муҳаммад бен Салмон ва таҳрик барои сарнагуниаш аз қудрат ва низ ба ин манзур сурат мегирад, ки нишон диҳад, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, ба дунбол заду банди молӣ дар муқобили “ҷамъ кардан”-и парванда нест.

Чӣ басо бад нест ёдоварӣ кард, ки рӯзномаи “Вошингтун пост” — ки Хошуқҷиро ба саффи нависандагон ва сармақоланависонаш мулҳақ кард ва мизбони хонаводааш аст — рӯзномае буд, ки “расвоии Вотергейт” (Watergate)-ро фош кард ва Ричорд Никсун, раисиҷумҳури асбақи Омрикоро сарнагун кард. Мо бар ин бовар нестем, ки ин рӯзномаи омрикоӣ корро ниматамом бигузорад, ба вежа он ки бо давлати Туркия ҳамоҳангӣ мекунад ва ҷилавтар аз ҳама иттилооте хосс дар бораи ҷиноят мунташир мекунад ва баъид нест, ки дар ниҳоят сарнагунии шоҳзода Муҳаммад бен Салмонро ҳадаф гирад.

Талошҳо барои сарпӯш гузоштан рӯи парванда — чӣ бо ташкили кумитаи арабистонӣ барои таҳқиқ дар бораи ҷиноят ва мушаххас кардани касоне, ки дар он даст доранд ва муҳокимаашон ба баҳонаи он ки ин ҷиноятро бидуни огоҳии раҳбарони Арабистон анҷом доданд ва чӣ аз тариқи харидани Тромп ва сер кардани ҳирсу тамаъи вай аз тариқи пул ва қарордод — ба назар фурсати бисёр каме барои муваффақият дошта бошад, он ҳам дар сояи густариши ҳамалоти тарафҳои пурнуфузи мухолифи Арабистон; ҳоло чӣ гуна муттаҳами аслии ҷинояти терур метавонад дар бораи он таҳқиқ кунад? Аз он хатарноктар ин ки чӣ гуна таҳқиқоташ ҷиддӣ гирифта шавад.

* * *

Ин ҷиноят ба дур аз таваҷҷӯҳи байналмилалӣ ва Маҷмаъи умумии Созмони Милал нест, ки бар асоси мисоқи Созмони Милал, дар ташкили тими таҳқиқотӣ ва додгоҳи вежа барои расидагӣ ба ин ҷиноят аз машрӯият бархӯрдор аст. Мегӯем, Маҷмаъи умумии Созмони Милал, зеро метавонад аз эҳтимоли истифодаи вето дар Шӯрои амният тавассути давлати Тромп ё давлатҳои дигар, убур кунад.

Амалиёти ҷустуҷӯ барои ёфтани валиаҳди ҷадид дар миёни хонадони Оли Сауд, дар амал оғоз шудааст, ва бархе аз давлатҳои ғарбӣ — аз ҷумла Ангилис, Олмон ва Фаронса — барои эҷоди бурунрафтҳое аз бӯҳронҳои печидаи минтақа, ки боризтарини онҳо ҷанги Яман аст, амалиёти ҷойгузин кардани валиаҳдро ташвиқ мекунанд ва чӣ басо агар ин амалиёти тағйир рух диҳад, ҷанги Яман ба поён бирасад; ҳамон тавр, ки терури Анвар Содот, раисиҷумҳури асбақи Миср, дарвозае шуд, ки Миср аз тариқи он ба узвияти Иттиҳодияи Араб баргашт ва таҳрими ин кишвар тавассути арабҳо ба поён расид.

Рӯзномаи ангилисии Times шурӯъ ба дарзи номҳое барои ҷонишинии Муҳаммад бен Салмон кард ва дам аз шоҳзода Холид бен Салмон, сафири Арабистон дар Омрико ба унвони ҷойгузини бародараш зад ва бархе аз масъулони омрикоӣ ҳам пешниҳоди бозгашти шоҳзода Муҳаммад бен Ноифро матраҳ кардаанд. Бархе тарафҳо низ ҳамчунон шоҳзода Аҳмад бен Абдулазиз, дуввумини писари кучаки подшоҳи муассис ва муқим дар Ланданро барои ин мақом зикр мекунанд.

Рӯзҳои оянда пур аз иттифоқоти ғайримунтазира ва иттилооте аст, ки ба берун дарз мекунад ва аз хотир фаромӯш шудани терури Хошуқҷӣ бисёр душвор аст ва ҳамаи “арраҳо” барои ба ҳошия рондан ва “ҷамъ карданаш” ба ҳар андоза тез бошанд, ноком мемонанд.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: