Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (331)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (74)

* * *

Қабул кардани халифа ҳадяро ва ато фармудан бо камоли бениёзӣ аз он ҳадя ва аз он сабӯ (10)

* * *

Пас ҳамегӯянд ҳар нақшу нигор

Мужда-мужда, нак ҳамеояд баҳор.

Пас ҳамаи мавҷудоти зебову нақшу нигорҳои табиат, ба забони ҳолу мақол гӯянд: мужда-мужда, инак баҳор даррасид!

То бувад тобон шукуфа чун зиреҳ,

Кай кунанд он меваҳо пайдо гиреҳ?

То вақте, ки шукуфаҳо, ҳамонанди зиреҳ, бар андоми дарахтон медурахшанд, меваҳо гиреҳҳои худро кай зоҳир мекунанд? Яъне зоҳир намекунанд.

Чун шукуфа рехт, мева сар кунад,

Чунки тан бишкаст, ҷон сар барзанад.

Аммо вақте, ки шукуфаҳо аз пайкари дарахтон бирезанд, меваҳо сар мекашанд ва худро намоён мекунанд. Ҳамин тавр, вақте, ки колбади хокӣ ва тани моддии одамӣ шикаст, ҷон сар баланд мекунад ва худро зоҳир месозад.

Нукта: Бинобар ин, такомули руҳии одамӣ тадриҷан сурат мегирад; дуруст монанди такомул ва рӯйиши дарахтон ва гиёҳон. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.856)

Мева маъниву шукуфа сураташ,

Он шукуфа мужда, мева неъматаш.

Масалан, мева маъност, ва шукуфа сурат. Шукуфа навиддиҳанда аст, ва мева неъмати он шукуфа аст.

Чун шукуфа рехт, мева шуд падид,

Чунки он гум шуд, шуд ин андар мазид.

Вақте шукуфаҳо рехтанд, меваҳо падидор мешаванд. Тадриҷан, ки шукуфаҳо костӣ мегиранд, меваҳо рӯ ба фузунӣ мениҳанд.

Нукта: Пас, ҳар чи аз хоҳишҳои тан кам кунӣ, ҷону равон қавитар ва тановартар мегардад. (Ҳамон манбаъ, ҷ.1, с.857)

Мазид: фузунӣ, афзункардашуда.

То ки нон нашкаст, қувват кай диҳад,

Ношикаста хӯшаҳо кай май диҳад?

Ба унвони мисол, то вақте, ки нон хурд нашавад, кай метавонад нерӯбахш бошад, ва то хӯшаҳои ангур афшурда нашаванд, кай шароби ноб ҳосил мегардад? Яъне, намегардад.

То ҳалила нашканад бо адвия,

Кай шавад худ сиҳҳатафзо адвия?

Мисоли дигар, то вақте, ки ҳалила бо адвияи дигар омехта нашавад, кай мӯҷиби сиҳҳату саломатии бадан мегардад?

Нукта: Ин байтҳо низ мутараттиб бар баҳси пешин дар бораи қиёмат ва зуҳури маротиби некварзону табаҳварзон аст; бад-ин маънӣ, ки қиёмат монанди баҳор аст, ки хоссияти ҳар дарахтеро зоҳир месозад. Лоҷарам аҷзоъи ҷаҳон ҳама аз рӯи истеъдод ҳашри хешро хоҳонанд ва мунтазири он рӯзанд, ки хавоссу осори вуҷудии онҳо ошкор шавад. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.1311)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: