Перейти к содержимому

Арабистони Саудӣ саранҷом ба қатли Хошуқҷӣ эътироф кард

Хабаргузории расмии Арабистон дақоиқе пеш таъйид кард, ки: Хошуқҷӣ дар натиҷаи мушоҷира дар “консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истонбул” кушта шудааст.

Хабаргузории расмии Арабистон дақоиқе пеш (бомдоди шанбе 20.10.2018) эълом кард: “Додситонӣ 18 нафарро, ки ҳамаашон шаҳрвандони саудӣ ҳастанд, дар хусуси парвандаи нопадид шудани Ҷамол Хошуқҷӣ дар консулгарии саудӣ дар Истонбули Туркия, боздошт кардааст.”

Хабаргузории расмии Арабистон бидуни ном бурдан аз моҳияти афроди боздоштшуда, муддаӣ шуд, ки таҳқиқот дар хусуси кушта шудани ин рӯзноманигор идома дорад.

Арабистон дар ҳоле кушта шудани Хошуқҷӣ дар консулгарии худ дар Туркияро таъйид мекунад, ки пештар мақомҳои саудӣ мункири кушта шудани ин рӯзноманигор дар маркази диплумотики худ дар Истонбул шуда буданд.

Аҳмад Аласирӣ, муовини созмони амният ва иттилооти Арабистони Саудӣ ва сухангӯи собиқи Эътилофи мутаҷовиз ба Яман

Сауд Алқаҳтонӣ, мушовири аршади кохи салтанатии Арабистони Саудӣ

Ҳамчунин манобеъи расмии Арабистони гузориш доданд, ки дар натиҷаи таъйиди кушта шудани Хошуқҷӣ дар консулгарии Арабистон дар Истонбули Туркия, Аҳмад Аласирӣ, муовини созмони амният ва иттилооти Арабистон ва Сауд Алқаҳтонӣ, мушовири аршади кохи салтанатӣ, аз мансабҳои худ барканор шуданд.

Ин дар ҳоле аст, ки “Муҷтаҳид” фаъоли маъруфи саудӣ, пеш аз барканории Алқаҳтонӣ, фош карда буд, ки вай аз 9 октябр дар дафтараш ҳозир нашудааст ва дар Твиттер ҳам ҳузур надорад ва фарди дигаре ба ҷойи вай дар ин шабакаи иҷтимоӣ матлаб мегузорад. Гуфтанист, Алқаҳтонӣ дар Твиттер хеле фаъол буд.

Пеш аз хабари барканории Аласирӣ, ки пештар сухангӯи Эътилофи саудӣ дар ҷанг алайҳи Яман буд, рӯзномаи омрикоии Ню-йорк Тоймз фош карда буд, ки Арабистон қасд дорад барои наҷоти Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ аз бӯҳрони қатли Хошуқчӣ, Аҳмад Аласириро ба унвони муқассири қатли Хошуқҷӣ муаррифӣ кунад.

Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори саудӣ дар 2 октябр пас аз вуруд ба сохтмони консулгарии Арабистон дар Истонбул нопадид шуд ва то кунун аз сарнавишти вай хабаре дар даст набуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: