Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (13)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Муқтазаёти замон (2)

إِنَّ شَرَّ الدَّوَابِّ عِندَ اللّهِ الصُّمُّ الْبُكْمُ الَّذِينَ لاَ يَعْقِلُونَ

(Сураи Анфол, ояти 22)

Дишаб дар атрофи масъалаи муқтазаёти замон баҳс мекардем. Калимаи “муқтазаёт” ва калимаи “иқтизои замон”-ро тафсиру маънӣ кардем. Барои ин ки оқоёни мӯҳтарам комилан таваҷҷӯҳ дошта бошанд ва матлабро ба зеҳни худашон бисупоранд, ки агар бо яке аз ду табақаи ҷоҳилу ҷомид рӯ ба рӯ шуданд (бо он табақае, ки ҳар чизеро ба номи “муқтазаёти замон” мехоҳанд бипазиранд ва ба дигарон биқабулонанд, ва ё он табақае, ки асосан ин ҳарфҳоро мавҳум талаққӣ мекунанд) битавонанд дуруст матлабро барои онҳо бишикофанд, аз ин назар боз феҳристи матолибро такрор мекунем.

Арз шуд, ки иқтизои замонро яке ин тавр мешавад тафсир кард, ки муқтазаёти замон яъне пешомадҳо ва падидаҳо ва умури роиҷи замон. Агар чизе дар як замон падид омад, чун махсуси ин замон аст ва ин замон нисбат ба замони гузашта замони наве аст, бояд онро пазируфт. Пас, падидаҳои ҳар замони наверо бояд пазируфт ва ин таҷаддуд аст, тараққӣ ва пешрафт аст. Арз шуд, ин ҳарф, ҳарфи ғалате аст.

Падидаҳои ҳар замон ду қисм аст: мумкин аст ношӣ аз як тараққӣ ва пешрафт бошад, ва мумкин аст ношӣ аз як инҳироф бошад, дар ҳамаи замонҳо ин ду имкон барои башар вуҷуд дорад. Ва ба иборати дигар, ҳеч чизеро ба далели нав будан, намешавад пазируфт, камо ин ки ҳеч чизеро сирфан ба далели қидмат (қадим будан) на мешавад пазируфт ва на мешавад рад кард. На нав будан далели хубӣ ё бадӣ аст ва на қидмат далели хубӣ ё бадӣ аст. Миқёси хубӣ ва бадӣ, нав будан ва қадимӣ будан нест. Эй басо як чизи қадимӣ хуб бошад ва бояд онро гирифт, ва эй басо чизе, ки нав аст, бад бошад ва бояд онро рад кард.

Тафсири дигар аз муқтазаёти замон, салиқа ва завқу писанди мардуми замон аст. Мардуми ин замон фалон чизро меписанданд ва фалон чизи дигарро намеписанданд. Оё ин ки инсон бояд бо муқтазаёти замон ҳамоҳангӣ кунад яъне бояд бо писанду салиқаи мардуми замон ҳамоҳангӣ кунад? На. Ин ҳам дуруст нест. Бисёр имкон дорад, ки салиқаи мардум бад бошад. Чӣ қадр иттифоқ афтодааст, ки дар ҷомеае аксарияти мардум дорои салиқаи каҷ будаанд. Дар бораи ин ҳам баҳс шуд.

Вале як тафсири дигар аз муқтазаёти замон ҳаст, ки бояд рӯи он фикр кард ва ба он маънӣ, муқтазаёти замонро бояд пазируфт, ва он ба маънои ҳоҷатҳои замон аст. Инсон барои расидан ба ҳадафҳои воқеӣ, ки дар ҳар замон бояд дошта бошад, эҳтиёҷ дорад ба умуре, ки он умур эҳтиёҷоти дуввуми башар аст. Яъне як силсила эҳтиёҷоти собит дорад ва аз ин эҳтиёҷот, эҳтиёҷоти дигаре бармехезад. Инсон барои он эҳтиёҷоти собити худ, дунболи васила мегардад. Ин василаҳо ҳамеша дар тағйир ва ғолибан рӯ ба такомул аст. Тағйироте, ки иҷтимоъи башар аз ин назар пайдо мекунад, тақозои замон (ба маънии ҳоҷатҳои замон)-ро тағйир медиҳад. Фарз кунед, инсон эҳтиёҷ дорад, ки дар зимистон худашро гарм кунад. То вақте, ки ин фаслҳои чаҳоргона дар дунё ҳаст, ин эҳтиёҷ ҳаст. Вале умуре, ки инсон барои рафъи ин ҳоҷат истихдом мекунад, фарқ мекунад. Як вақт зуғол нақши аввалро дорад, яъне ягона василае, ки башар бо он худашро гарм мекунад, зуғол аст. Он вақт зуғол хеле қимат пайдо мекунад. Кор ба ҷое мерасад, ки шеърҳои маъруфи насими шимол мегӯяд: Оқозуғол, Мирзозуғол, Шоздазуғол. Вале оё зуғол барои башар асолате дорад ва ҷузъи ҳоҷатҳои аввалияи башар аст? На. Зуғол василае аст барои гарм кардани башар. Якмартиба дар асари тағйирот ва иктишофоте, ки мешавад, нафт пайдо мешавад, ба тавре, ки имрӯз мумкин аст барои башар, аз зуғол, ҳам арзонтар ва ҳам соддатар таҳия шавад. Ин (нафт ё зуғол) як ҳоҷати дуввумӣ аст барои башар, яъне амре аст, ки инсон ба он эҳтиёҷ дорад, аммо дар марҳилаи дуввум. Гарм шудан, эҳтиёҷи аввалӣ аст. Ин як мисоли кучак буд.

Ин аст, ки мегӯянд, ҳоҷати замон тағйир мекунад. Хеле мавориди дигар шумо метавонед пайдо кунед, ки дар онҳо эҳтиёҷоти башар тағйир мекунад, ба ин шакл, ки сабабе дар кор меояд, ки беҳтар ва камхарҷтар ва осонтар ва нерӯмандтар аст. Он муқтазаёти замоне, ки ҳар оқиле, ҳар олиме бояд онро бипазирад, ин ҷур муқтазаёт аст. Инҳо хулосае буд аз он чи ки дишаб арз кардам.

* * *

Вале баҳсе, ки алъон мекунам, рӯи ин мабно ва поя аст, ки инсон як силсила эҳтиёҷоти собит ва доимӣ дорад, ва як силсила эҳтиёҷоти мутағайир. Дар ин ҷо, ҳастанд афроде, ки мегӯянд, тамоми эҳтиёҷоти башар мутағайир аст, аслан башар эҳтиёҷи собит надорад, яъне ҳеч чизе дар дунё нест, ки башар ҳамеша ва дар тамоми давраҳо ба он эҳтиёҷ дошта бошад. Мегӯянд, ҳама чиз мисли зуғол аст; дар як замон башар ба он эҳтиёҷ дорад, дар замони дигар эҳтиёҷ надорад, ва чун эҳтиёҷ надорад, хоҳ нохоҳ ба ҳукми ҷабри замон аз миён меравад. Албатта ин матлаб, ки инҳо иддао мекунанд, шомили моддиёт ва маънавиёт ҳар ду мешавад. Онҳо роҷеъ ба дин агар баҳс мекунанд, ҳатто ин ҷур ҳозир нестанд баҳс кунанд, ки оё дин бояд бошад ё набояд бошад. Мегӯянд, мо асосан ба ин масъала кор надорем. Дин дар як замон, ки башар ба он эҳтиёҷ доштааст, ба ҳукми эҳтиёҷ пайдо шуда ва чун ҳеч эҳтиёҷе барои ҳамеша боқӣ намемонад, кам-кам эҳтиёҷи башар аз он салб мешавад, вақте салб шуд, хоҳ нохоҳ аз миён меравад, ҳамон тавре, ки зуғол хоҳ нохоҳ мансух мешавад. Ин мантиқ, як ҳарфе аст, ки ба он хеле обутоб додаанд. Ин ҳамон мантиқи тӯдаиҳо, мантиқи моддиҳост. Мегӯянд, ҳеч эҳтиёҷе ва ҳеч чизе дар дунё собит ва боқӣ нест. Ҳама чиз дар тағйиру табдил аст, ва умури эҳтиёҷии башар ҳам дар як замони махсусе пайдо шуда ва бо тағйири замон аз байн меравад. Ва эй басо, ки садҳо ва ҳазорҳо ҷавонро бо ҳамин ҳарфҳо мунҳариф кардаанд. Вале мо бояд ин матлабро бишкофем.

Асли ин қонуни куллӣ ба ду шакл баён мешавад: яке ранги фалсафӣ мегирад ва дигаре ранги иҷтимоӣ. Ранги фалсафӣ ба ин шакл, ки дар ин дунё ҳама чиз мутағайир аст, ҳеч чиз боқӣ нест. Ва ранги иҷтимоӣ ба ин сурат, ки ҳар чиз дар иҷтимоъ зоидаи як эҳтиёҷ аст ва эҳтиёҷоти иҷтимоии башар дар тағйир аст, пас ҳар чизе як муддати муваққат дар иҷтимоъ мемонад.

* * *

Нигоҳи фалсафӣ ба масъала

Аммо матлаби аввал, ки ранги фалсафӣ медиҳанд ва мегӯянд, ҳама чиз дар тағйир аст, оё рост аст? Ба ин таъбир, ки ҳама чиз дар тағйир аст, дуруст нест. Вале ба ин маънӣ, ки ҷаҳони моддиёт, таркиботи моддии ин дунё дар тағйир аст, саҳеҳ аст. Яъне шумо дар ин дунё моддае пайдо намекунед, ки аз азал ба ҳамин шакл буда ва то абад ҳам ба ҳамин шакл боқӣ хоҳад буд. Оё ин кӯҳҳое, ки мебинед, аз азал ба ҳамин шакл буда ва то абад ҳам ба ҳамин шакл боқӣ хоҳад буд? На. Оё дарё ба ҳамин шакл, ки алъон ҳаст будааст? На. Оё ба ҳамин шакл боқӣ мемонад? На. Ҳукамои исломӣ аз қадимулайём ин ояти Қуръонро, ки мефармояд:

وَتَرَى الْجِبَالَ تَحْسَبُهَا جَامِدَةً وَهِيَ تَمُرُّ مَرَّ السَّحَابِ صُنْعَ اللَّهِ الَّذِي أَتْقَنَ كُلَّ شَيْءٍ

Ва кӯҳҳоро мебинӣ ва мепиндорӣ, ки онҳо беҳаракатанд, ва ҳол он, ки онҳо абросо дар ҳаракатанд. Ин сунъи худоӣ аст, ки ҳар чизеро дар камоли устуворӣ падид овардааст…” (Сураи Намл, ояти 88), нозир ба тағйире, ки дар ҳамаи ашё ва ҷисмҳои олам рух медиҳад донистаанд, ба қаринаи:

صُنْعَ اللَّهِ الَّذِي أَتْقَنَ كُلَّ شَيْءٍ

Оят мегӯяд, ин кӯҳҳоро, ки мебинӣ, хаёл мекунӣ якнавохту собит аст, ва ҳол ин ки инҳо доиман дар тағйир аст, ҳамон тавре, ки абрҳоро мебинӣ, ки ба як ҳол боқӣ намемонанд. Албатта кӯҳ ба унвони мисол аст, яъне ҳамаи ашё ин ҷур аст. Ҳакиме аз қадим гуфтааст: “Ҳеч шахсе дар як рӯдхона дубор шустушӯ намекунад.” Мақсудаш ин будааст, ки дар як рӯдхона агар имрӯз шустушӯ кунӣ, фардо, ки меравӣ, на он об оби дирӯз аст ва на ту, ки шустушӯ мекунӣ, он одами дирӯз ҳастӣ. Пас, ҳеч кас дар як рӯдхона дубор шустушӯ намекунад.

Дар ин ки ҷисмҳо ва моддаҳои ин олам доиман дар тағйиранд, ҳеч баҳсе нест. Ҷуғрофиё ба мо нишон медиҳад, ки масалан ҳамин дарёи Хазар, алъон нисбат ба 40 сол пеш тағйир кардааст, яъне соҳилаш миқдоре ба он самт кашида шудааст. Қароини илмӣ собит кардааст, ки байни мо ва Омрико як роҳи хушкӣ вуҷуд доштааст. Тадриҷан тағйироте, ки дар замин пайдо шуда сабаб шудааст, ки ин уқёнусҳои бузурге, ки дар дунё вуҷуд дорад, байни мо ва Омрико фосила шаванд. На дарёҳо ба як ҳолат боқӣ мемонанд, на хушкиҳо ва на минтақаҳо. Воқеан Теҳрони кунунӣ бо Теҳрони 50 сол пеш аз лиҳози гармову сармо якнавохт нест. Сармое, ки собиқан дар Теҳрон буд, ҳоло дигар нест ва эй басо ин ҷо табдил ба як минтақаи гармсер бишавад, ва эй басо як минтақаи гармсер табдил ба як минтақаи сардсер гардад.

Ҳама чиз дар ин дунё пир мешавад. Ин зарроти кучаке, ки ба номи атом кашф кардаанд, ҳам таваллуд доранд, ҳам ҷавонӣ ва ҳам пирӣ. Яъне собит шудааст, ки инҳо аз худашон ташаъшуъоте доранд, то кам-кам нобуд бишаванд, баъд дубора атомҳое дар дунё ба вуҷуд меояд. Ҳеч ҷисме дар ин дунё собиту пойдор нест. Мумкин аст муддаташ бо ҳам фарқ кунад, вале абадият надорад:

وَمَا جَعَلْنَا لِبَشَرٍ مِّن قَبْلِكَ الْخُلْدَ أَفَإِن مِّتَّ فَهُمُ الْخَالِدُونَ

(Сураи Анбиё, ояти 34) Қуръон мегӯяд, мо барои ҳеч башаре қабл аз ту абадият қарор надодем, ҳеч башаре то абад зинда нест, билохира мемирад:

كُلُّ نَفْسٍ ذَائِقَةُ الْمَوْتِ

(Сураи Анбиё, ояти 35) Ҳоло мумкин аст як касе бештар умр кунад, як касе камтар, билохира мемирад. Дар ин оят агар нафсро ба маънои зот бигирем, яъне тамоми ашё ҳам бояд бимиранд.

* * *

Саботи руҳи инсон

Вале оё ин ҳарф дуруст аст, ки ҳама чиз доиман дар тағйир аст? На. Мумкин аст чизе дар дунё бошад, ки мутағайир ба он маъное, ки ҷисмҳо тағйир мекунанд набошад, собит бимонад. Яке аз онҳо руҳи башар аст. Башар ҷисмаш пир мешавад ва рӯ ба фано меравад ва тағйир мекунад, вале руҳаш ин тавр нест.

Аз назари илмӣ собит шудааст, ки бадани инсон маҷмӯае аст аз ҳайвоноти заррабинии кучак ба номи селлул (ҳуҷайра). Селлулҳо бар ду қисманд: селлулҳои асабӣ ва селлулҳои ғайриасабӣ. Ин ки селлулҳои ғайриасабӣ наву кӯҳна мешаванд, қадимиҳо қабул доштаанд ва имрӯз ҳам собит аст. Дар мавриди селлулҳои асабӣ мегӯянд, худи селлул намемирад, вале пайкари он иваз мешавад. Бинобар ин агар шумо як инсонро дар назар бигиред, мисли ин аст, ки сохтмону бинои ин масҷидро дар назар бигиред. Агар ҳама ҷойи ин сохтмонро иваз кунанд: сақфро иваз кунанд, кафашро иваз кунанд, деворҳоро иваз кунанд, як одаме, ки қаблан ин масҷидро дидааст, ҳоло, ки мебинад, мумкин аст хаёл кунад, ки ин ҳамон масҷид аст, дар сурате, ки аз он масҷид ҳатто як ҷузъ ҳам вуҷуд надорад ва воқеан ин масҷид он масҷид нест.

Аз назари бадани инсон агар фикр бикунем, бадани ҳар инсоне қатъан дар муддати умр чанд бор иваз мешавад, яъне мо аз назари бадани худамон мисли ҳамин масҷиде ҳастем, ки ду се бор онро аз байн бурда ва аз беху бун таъмир карда бошанд. Аммо дар айни ин ки пайкари мо дар тӯли умрамон чандин бор иваз шудааст, як ҳақиқат ҳаст, ва он ин ки мо иваз нашудаем. “Ман” яъне шахсияти худи инсонӣ, иваз нашудааст. Шахсият ҳамон шахсият аст. Ин барои он аст, ки дар ин пайкару андом як ҳақиқат собит буда ва ҳаст ва шахсияти моро он ҳақиқати собит ташкил медиҳад ва ин мутағайирот ҳукми либосро дорад.

Бӯалӣ Сино шогирде дорад ба номи Баҳманёр, ки аслан гӯё аҳли шимол буда ва дар аввалҳо зардуштӣ буда ва дар охирҳо ислом оварда ва аз бартаринҳои шогирдони Бӯалӣ Синост. Ӯ дар яке аз суханонаш баҳсе дошта роҷеъ ба замон. Мегуфт: замон, мушаххиси ҳар шайъ аст. Яъне замон ҷузъи зоти ҳар чизе аст ва чун замон тағйир мекунад, пас ҳар чизе тағйир мекунад. Бӯалӣ мегуфт: на, “ҳар чизе” дуруст нест. Ӯ мегуфт: на, ҳатман ин ҷур аст. Бӯалӣ қабул намекард. Баъд Баҳманёр суоле кард. Бӯалӣ ҷавоб надод. Пурсид: чаро ҷавоб намедиҳӣ? Гуфт: аз ҳамон касе, ки суол кардӣ, ҷавобатро бигир. Гуфт: ман аз ту суол кардам. Гуфт: ба ақидаи ту, ту дар як лаҳза аз касе суол кардӣ, ки дар лаҳзаи баъд ӯ дигар вуҷуд надорад, чун ӯ бо замон тағйир карда ва рафтааст, ва он касе, ки суол карда ҳам вуҷуд надорад. Пас, ту аз кӣ ҷавоб мехоҳӣ? Бинобар ин қабул кун, ки шахсияти инсон як аслу ҳақиқати собит аст. Шахсияти ту воҳид аст, ки шогирди ман аст.

Мо акнун дар бораи руҳ баҳс намекунем. Ин матлаб фақат аз ин ҷиҳат арз шуд, ки маълум шавад он асли фалсафӣ, ки мегӯянд ҳама чиз дар тағйир аст ва ҳеч чиз собит нест, як мавриди нақзаш руҳ аст.

* * *

Қонунҳои олам собит аст

Матлаби дигар ин ки “ҳама чиз дар тағйир аст”, як матлаб аст, “қонунҳо дар тағйир аст” матлаби дигар. Қонун яъне он аслу номусе, ки тағйири ашё бар асоси он аст. Мегӯем, ҳеч шакле дар дунё боқӣ намемонад, аммо оё қонуне, ки барои як шакл вуҷуд дорад ҳам тағйир мекунад? На. Худи қонун собит аст. Масалан, Дорвин мӯътақид буд, ки барои ҷондорҳо як силсила қонунҳо кашф кардааст. Мо мепурсем, Дорвин, ки мегӯяд ин ҷондорҳо дар тағйиру такомуланд, оё қонунҳои худи Дорвин ҳам дар такомуланд? Яъне, оё ҳамон тавр, ки як бачча кучак аст, бузург мешавад, ё ба қавли худи Дорвин, анвоъ тағйири навъият медиҳанд, тадриҷан навъе навъи дигар мешавад, қонунҳои илмии Дорвин ҳам тағйир мекунад? На. Он қонунҳо як қонунҳои собити ҷаҳонӣ аст, ки аз аввале, ки дунё будааст, то охир, ин қонунҳо бар дунё ҳукумат мекунад. Ҳамчунин қонуни ҷозибаи умумӣ, худаш як қонуни собит аст. Агар мо бигӯем, Пайғамбари ислом яъне шахси Пайғамбар бо ҳамон бадан абадият дорад, мумкин аст касе бигӯяд, тибқи қонуни фалсафӣ ҳеч шайъе собит намемонад, пас шахси Пайғамбар хулуд надорад. Баҳс, ки рӯи шахс нест, баҳс рӯи қонун аст. Қуръон қонун аст. Агар касе бигӯяд, коғазҳое, ки хутуту оятҳои Қуръон рӯи он навишта шудааст кӯҳна намешавад, мо мегӯем, на, коғаз ҷисм аст ва кӯҳна мешавад, вале Қуръон ҳақоиқро баён мекунад, қонунҳоро баён мекунад ва ин дигар кӯҳнагипазир нест. Қонун, ки ҷисм нест. Ҷисм кӯҳна ва фонӣ мешавад, вале қонун агар ҳақиқат бошад, яъне мутобиқ бо воқеъ бошад, ҳамеша боқӣ аст, ва агар мутобиқ бо воқеъ набошад, аз аввал ҳам дуруст набудааст. Ба ҳар ҳол монеъе надорад, ки башар як силсила қонунҳое дошта бошад, ки инҳо барои ҳамеша собит ва боқӣ бимонад.

Пас, кӯҳна шудани ҷисмҳоро мо ҳам қабул дорем. Қуръон мегӯяд:

كُلُّ مَنْ عَلَيْهَا فَانٍ

Ҳар чӣ бар замин аст, фонишаванда аст.” (Сураи Раҳмон, ояти 26) ва ё:

إِذَا الشَّمْسُ كُوِّرَتْ. وَإِذَا النُّجُومُ انكَدَرَتْ

(Сураи Таквир, оятҳои 1-2) Рӯзе, ки хуршед пир мешавад, рӯзе, ки ситорагон пир мешаванд, дарё дигар ба шакли дарё нест. Оре, Қуръон ҳам мегӯяд, ҳеч ҷисме аз ҷисмҳои ин олам абадият надорад. Вале баҳси мо дар бораи ҷисмҳо нест, дар бораи қонун аст. Ҳарфи мо ин аст, ки башар як силсила қонунҳои осмонӣ дорад, ки ин қонунҳо барои ҳамеша боқӣ аст. Чӣ иштибоҳи бузурге аст, ки хаёл мекунанд, бадии бархе чизҳо ба воситаи кӯҳнагӣ аст. Масалан, мегӯянд, феодализм дигар кӯҳна шудааст. Ин ки феодализм ва феодал (яъне одаме, ки ба зӯр сарзамини зиёдеро тасоҳуб карда ва иддаеро ба зӯр ба кор гумоштааст, ки онҳо кор кунанд ва ӯ бихӯрад) бад аст, чун дигар кӯҳна шудааст. Мисли ин ки рӯзи аввал хуб буда чун нав буда, айбаш фақат кӯҳнагии он аст. Хаёл мекунанд мисли худрав аст, ки системи наваш хуб аст ва баъд, ки кӯҳна шуд, дигар бад мешавад. Аслан ман аз ин таъбир ҳайрат мекунам, ки оқо дигар феодализм кӯҳна шудааст. Магар рӯзе, ки нав буд, хуб буд? Инҳо, ки наву кӯҳна надорад. Рӯзи аввалаш ҳам мисли имрӯз бад буда, имрӯз ҳам мисли дирӯзаш бад аст. “Кӯҳна шуда” яъне чӣ?! Ба ҳамин далел ҳар суннати қадимиро бад медонанд. Мегӯянд: магар инсон як либосро чӣ қадр мепӯшад?! Мегӯем, магар ҳама чиз ҳукми кафшу либосро дорад?!

Пас ин панба (пахта)-ро аз гӯши инҳо берун биоваред. Ин асли фалсафӣ дар мавриди қонунҳо ва усул содиқ нест, роҷеъ ба ашё ва ҷисмҳо аст.

* * *

Нигоҳи иҷтимоӣ

Аз ин, ки бигузарем, матлаб ба як шакли дигар баён мешавад — ки аввал арз кардам ва имшаб намерасам перомуни он баҳс кунам — ва он масъалаи эҳтиёҷот аст. Ишорае мекунам ва рад мешавам. Арз кардем, ки башар як силсила эҳтиёҷоти собит дорад ва як силсила эҳтиёҷоти мутағайир. Онҳо барои ин ки бифаҳмонанд тамоми эҳтиёҷот мутағайир аст, инро бар як поя ва асли мавҳуме гузоштаанд, ки ҳатто имрӯз худи кумунистҳои дунё дигар зери бори ин ҳарф намераванд, ва он ин ки: омадаанд ҳар чизе, ки дар иҷтимоъ ҳаст — масалан илм, ҳунар, санъат, қазоват, дину мазҳаб, ахлоқ, маълумот, сиёсат, ҳуқуқи хонаводагӣ — тамоми инҳоро ба манзилаи шохаи дарахт гирифтаанд ва барои ҳамаи онҳо як реша фарз кардаанд, ки иттифоқан он реша тағйир мекунад ва чун реша тағйир мекунад, натиҷа гирифтаанд, ки пас ҳама чиз тағйир мекунад. Инҳо решаи ҳама чизро умури иқтисодӣ донистаанд. Яъне башар ҳар чизеро, ки хостааст, барои манофеъи иқтисодии худаш хостааст, ва дар умури иқтисодӣ абзори тавлид тағйир мекунад. Иваз шудани абзори тавлид, ахлоқ ва виҷдони олиро иваз мекунад, чун ҳамаи инҳо маҳсули абзори тавлид аст.

Вале имрӯз собит шуда, ки ин асл бузургтарин иштибоҳ ва бисёр ғалат аст, чун хулосаи ҳарфашон ин аст, ки тамоми фаъолиятҳое, ки башар мекунад, барои шикамаш мебошад.

Ман дар зеҳнам ҳамеша ин фикр пайдо мешавад, ки фарангиҳо, ки ин ҳама дам аз инсоният мезананд, эъломияи ҳуқуқи башар барои мо тадвин мекунанд, аз ҳайсияти инсонии зану мард дам мезананд, аввал ба мо бигӯянд, инҳо башарро чӣ гуна таъбир мекунанд? Агар мо ин ҳарфҳоро бизанем, дуруст аст, чун мо ба

إِنِّي جَاعِلٌ فِي الأَرْضِ خَلِيفَةً

— мӯътақидем, мо инсонро халифатуллоҳ таъбир ва тафсир мекунем, мо

وَلَقَدْ كَرَّمْنَا بَنِي آدَمَ

(“Ва ба ростӣ, мо фарзандони Одамро гиромӣ доштем…” (Сураи Исро, ояти 70)) дорем. Ту, ки ақидаат дар бораи инсон ин аст, ки инсон ҳама чизро ба хотири шикамаш мехоҳад, ту, ки решаи фаъолияти инсонро ҳоҷатҳои шикамии ӯ медонӣ, пас инсоният чист? Ту, ки мегӯӣ ҳунар мавлуди ҳоҷатҳои шикам аст; илм, ахлоқ, маънавият, мазҳаб ва ибодат мавлуди ҳоҷатҳои шикам аст, пас он мақоми инсоният куҷост? Пас инсон чӣ фарқе бо ҳайвон дорад? На, инсон агар шикам дорад, мағз ҳам дорад, дил ҳам дорад. Хеле аз корҳоро инсон мекунад на ба хотири шикам, балки ба хотири ин ки ақлу мағзаш ин ҷур ҳукм мекунад. Хеле аз корҳоро башар алорағми манофеъи иқтисодии худаш анҷом медиҳад, чун дин дорад. Албатта мо намегӯем, иқтисод омил нест. Иқтисод яке аз омилҳост, аммо инсон омилҳои зиёде дорад, ки ба ҳукми он омилҳо фаъолият мекунад. Мо мегӯем, ибодату парастиши Худо худаш як чароғе аст дар дили инсон. Ҳисси гузашт аз манофеъи иқтисодӣ, як ҳисси олӣ аст. Уламое будаанд, ки по рӯи манофеъи иқтисодӣ гузоштаанд, ки ба илм бирасанд.

Муддатҳо баъд аз он ки Бӯалӣ Сино зиндонӣ ва сипас озод шуд, подшоҳ фаҳмид, ки барои ӯ сиоят (хабаркашӣ) кардаанд. Ӯро эҳзор кард. Аслан аз махфигоҳ берун наомад ва ба шогирдонаш супурд, ки буруз надиҳед; алъон дар ҳамин махфигоҳ коре, ки мекунем, ба маротиб беҳтар аз вазорату риёсату пулу мақом аст. Ғуломоне дошт, мураттаб исрор мекарданд, биё берун, ва ӯ ҳозир намешуд. Билохира ҳамонҳо маҳрамона хабар доданд ва омаданд ӯро бурданд.

Башар метавонад аз манофеъи иқтисодии худаш сарфи назар кунад. Ин ки мегӯянд, ҳамаи эҳтиёҷоти башар дар тағйир аст, чун тамоми эҳтиёҷот бастагӣ ба як эҳтиёҷ дорад, тамоми ин ҳарф дурӯғ ва хатост.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: