Перейти к содержимому

Путин: “Дар як ҷанги ҳастаӣ, ҷойи русҳо биҳишт аст!”

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар суханронӣ дар нишасти “Волдой” (Международный дискуссионный клуб “Валдай”), дар бораи сиёсатгузориҳои таслиҳоти ҳастаии кишвараш, бо баёни ин ки “барномаи ҳастаии Русия дарбардорандаи як ҳамлаи пешдастона нест” гуфт: “Идияи мо посух ба як ҳамлаи пешдастона аст. Он даста аз касоне, ки медонанд, ниёзе ба ин ки ман инро тавзеҳ бидиҳам надоранд, аммо ман бори дигар мегӯям, маънии ин матлаб ин аст, ки мо омодаи истифода аз силоҳи ҳастаӣ танҳо замоне, ки мутмаин шавем як мутаҷовиз ба Русия ва хоки мо ҳамла мекунад, ҳастем.”

Ба гузориши Спутник, Путин изҳор дошт, мо ба унвони “шаҳид” ба биҳишт меравем ва мутаҷовизҳо ба соддагӣ кушта хоҳанд шуд.

Вай гуфт: “Мутаҷовиз бояд бидонад, ки талофӣ кардан, ғайриқобили иҷтиноб аст ва аз байн хоҳад рафт ва мо ба унвони қурбонии таҷовуз шаҳид маҳсуб шуда ва ба биҳишт меравем, дар ҳоле, ки онҳо хеле содда ҷони худро аз даст хоҳанд дод, чун замоне барои он ки тавба кунанд, нахоҳанд дошт.”

Раисиҷумҳури Русия таъкид кард, ки кишвараш ҳаргиз оғозкунандаи як ҷанги ҳастаӣ нахоҳад буд, чаро ки ин мунҷар ба як фоҷеаи ҷаҳонӣ хоҳад шуд.

Раисиҷумҳури Русия дар ин нишаст дар бораи масъалаи нопадид шудани Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори арабистонӣ низ изҳори назар кард. Ӯ гуфт: “То он ҷо, ки ман медонам, ин рӯзноманигори гумшуда дар Омрико зиндагӣ мекард ва дар Русия зиндагӣ намекарда балки дар Омрико будааст. Пас, аз ин лиҳоз албатта Омрико бахше аз масъулиятро аз бобати иттифоқе, ки барои ӯ афтод, ба дӯш мекашад. Феълан ин парванда бидуни ҳеч гуфтае ба ҷилав меравад.”

Ӯ таъкид кард: “Зарурӣ аст то замоне, ки таҳқиқот тамом шавад, мунтазир бошем ва Русия наметавонад тахриб кардани равобиташ бо Арабистонро бидуни донистани ин ки чӣ иттифоқе афтодааст, барои худаш тавҷеҳ кунад.”

Путин гуфт: “Аввал мо бояд мунтазири натоиҷи таҳқиқот бошем. Чӣ тавр мешавад, ки Русия бидуни он ки бидонад чӣ иттифоқе афтодааст, шурӯъ ба тиратар кардани равобиташ бо Арабистон кунад. Мо намедонем воқеан чӣ иттифоқе афтода?! Пас чаро бояд иқдомоте ба самти тахриби равобитамон анҷом диҳем, аммо агар касе ба ин эътиқод ва дарк расида, ки қатле иттифоқ афтода, ман умедворам, ки санаду мадракҳое ироа шавад. Бар ин асос, мо тасмимҳои мутаносиб хоҳем гирифт.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: