Перейти к содержимому

Сиёсати нопадидсозӣ дар асри ҷадид

Ба қалами Нина Хрушева (NIna L. Khrushcheva) дар нашрияи Project Syndicate

Нина Хрушева

Аз ҳокимияти артиш дар Оржонтин ва Шилӣ дар даҳаҳои 1970 ва 1980, то мушти оҳанини режими Истолин (Сталин) дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ (СССР), ҳукуматҳои диктотурӣ собиқаи тӯлонӣ дар “нопадид” кардани мунтақидонашон доранд. Акнун дубора ба назар мерасад ин иқдоми ғайриинсонӣ дар ҳоли такрор аст.

Дар замони режимҳои низомии Шилӣ ва Оржонтин, мумкин буд як нафарро аз болгард ба дохили дарё биандозанд ва ҳеч вақт ҳам пайдо нашавад. Мумкин буд кушта ва сӯзонда шаванд ва ё рӯяшон оҳак бирезанд, то зудтар баданашон аз ҳам бипошад ва дар як гӯри номаълум дафн шаванд.

Дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии даврони Истолин, мумкин буд ҳар лаҳза як нафарро дастгир кунанд ва ба Лубёнку (“Лубянка”, мақарри КГБ) ва ё макони махуфи дигаре бибаранд. Дар замони поксозиҳои даҳаи 1930 ва пас аз он, аъзои ҳизби кумунист бисёр мавриди ҳамла қарор мегирифтанд ва милюнҳо шаҳрванди Шӯравӣ дар зиндонҳо ва ё Гулог (ГУЛАГ) гирифтор мешуданд ва ҳеч асаре аз онҳо пайдо намешуд.

Имрӯза, диктотурҳои асри мудерн, дар ҳоли эҳёи чунин рафторҳое ҳастанд; ногаҳонӣ ва ба таври махфиёна, мардум, аз ҷумла шахсиятҳои шинохташуда ва радаи болоро мерубоянд ва зиндонӣ мекунанд ва ё балое бадтар бар сарашон меоваранд. Дар бисёре аз маворид, фарди нопадидшуда, пас аз гузашти муддате озод мешуд, аммо комилан мушаххас буд, ки дидгоҳаш нисбат ба корҳои гузаштааш ва ё давлате, ки боздошташ карда буд, иваз шудааст.

Аммо ин масъала дар мавриди Чин ва Арабистон фарқ мекунад, чун бешармона ҳар рӯз бештар аз дирӯз теъдоди бештаре аз мунтақидонашонро мерубоянд.

Менг Ҳонгвей

Чин, дар пушти пардаи мафқуд шудани раиси Интерпол, Менг Ҳонгвей, дар бозгашт аз сафараш ба Фаронса, ки мақарри аслии Интерпол аст, буд. Ӯ дар Пекин ҳамчунин муовини амнияти умумӣ ҳам буд. Рубуда шудани Менг аз ин ҷиҳат шукакунанда буд, ки бисёре аз чиниҳо мансуб шудани ӯ дар соли 2016 ба болотарин мақоми Интерполро дар буқу карнай карда буданд – ки ӯ аввалин чинӣ аст, ки як ниҳоди бузурги байналимилалиро ҳидоят мекунад – ва нишонае буд барои инҳо, ки билохира кишварашон ба болотарин ҷойгоҳ дар низоми байналмилалӣ расидааст.

Бо ин ҳол, Ши Ҷинпинг, раисиҷумҳури Чин, ин муваффақият боби табъаш набуд. Пас аз муддате, эълом шуд, ки Менг боздошт шуда ва ба хотири гирифтани ришва таҳти бозҷӯӣ қарор гирифтааст. Ин тасмим, ки ба унвони бахше аз кампини зидди фасоди Чин иттихоз шудааст, аз диди мунтақидон пӯшише аст барои ҳазфи шахсиятҳои сиёсие, ки ба Ши вафодор нестанд.

Фан Бингбинг

Иттифоқи мушобеҳе ҳам бар сари Фан Бингбинг, бузургтарин ситораи синамои Чин, омад. Ӯ дар июли гузашта нопадид шуд ва дар ҳисоби корбарии ӯ дар фазои маҷозӣ, ки бисёр фаъол буд, дигар ҳеч матлабе қарор нагирифт. Касе намедонист чӣ иттифоқе афтодааст, аммо гумон мерафт зери сари ҳукумат бошад ва ширкатҳое ҳам, ки бо ӯ равобити корӣ доштанд, қарордодҳояшонро фасх карданд.

Билохира аввалҳои ин моҳ, Фан пайдо шуд ва аз таъхир дар пардохти молиёт бисёр ибрози пушаймонӣ кард, ки ба хотираш акнун ҷаримаи сангине шудааст. Ӯ дар сӯҳбатҳояш бисёр аз ҳизби кумунисти Чин таърифу тамҷид кард ва муваффақияташро ба унвони як бозигар, мадюни онҳо донист.

Саъд Ҳарирӣ

Арабистони Саудӣ ҳам чунин одамрубоиҳои муҳимме, ки ангезаи сиёсӣ доштаро анҷом додааст. Соли гузашта шоҳзода Муҳаммад бен Салмон дастури боздошти нахуствазири Лубнон, Саъд Ҳаририро, ки барои дидори расмӣ дар Риёз ҳузур дошт, содир кард. Ҳарирӣ ҳатто аз бодигордҳояш (муҳофизонаш) ҳам ҷудо шуда буд ва маҷбур ба истеъфо шуд. Чанд ҳафта баъд, пас аз ҷалби ризояти шоҳзода, Ҳарирӣ тавонист ба кишвараш баргардад ва кор дар мақомашро идома диҳад.

Сипас, ҳафтаи гузашта, Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори табъидии саудӣ, пас аз вуруд ба консулгарии Арабистон дар Истонбул барои гирифтани гувоҳии талоқаш, нопадид шуд. Ӯ мехост рӯзи баъдаш бо як хонуми турк издивоҷ кунад. Номзади ӯ дар муқобили консулгарӣ мунтазири ӯ буд, аммо ӯ ҳаргиз бознагашт.

Нопадид шудани Хошуқҷӣ нишон медиҳад, ки диктотурҳои имрӯза вақте пойи сокит кардани мунтақидон ба васат меояд, ҳеч арзише барои марзҳои миллӣ қоил нестанд. Ҳанӯз ба таври дақиқ мушаххас нест, ки чӣ бар сари Хошуқҷӣ омада, аммо давлати Туркия таъкид дорад, ки ӯ дар консулгарӣ ба қатл расидааст.

Сергей Скрипал

Таърихчаи одамрубоиҳо дар Русия фақат марбут ба гузашта нест. Режими президент Владимир Путин низ ба дуздидани мунтақидон дар хоки кишварҳои дигар шинохта шудааст. Ҳамон тавр, ки ҷосуси асбақи Русия, Сергей Скрипал ва духтараш дар Ангилис масмум шуда ва ба қатл расиданд.

Акнун суол ин аст: вақте диктотурҳо мехоҳанд касеро сокит кунанд, арзише барои марзҳо ва ҳокимиятҳои соири кишварҳо қоил нестанд, ва ба ин фикр намекунанд, ки ба таҳаммули паёмадҳои он меарзад ё на. Дар бештари кишварҳои ғарбӣ, Путин фарде манфур аст, Ши Ҷинпинг низ эътибори чандоне надорад ва эътибори шоҳзода Муҳаммад ба унвони як ислоҳталаб, ба шиддат осеб дидааст, ки эҳтимолан дигар он виҷҳаро ба даст нахоҳад овард.

Ҳамаи онҳо эҳтимолан ба зудӣ бо ҳамон дарке рӯ ба рӯ хоҳанд шуд, ки раиси пулиси давраи Нопулеун, пас аз дастгирии Дук Энгиен (герцог Энгиенский) ва баргузории додгоҳе сохтагӣ, бо он рӯ ба рӯ шуд: “Ин иттифоқ бадтар аз як ҷурм буд; як иштибоҳ буд.”

Project Syndicate

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: