Перейти к содержимому

Тромп: “Барои муқобила бо Эрон, ба Арабистони Саудӣ ниёз дорем”

Раисиҷумҳури Омрико бомдоди шанбе (20.10.2018) гузориши Арабистони Саудӣ дар бораи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди арабистониро пазируфт ва бори дигар бар иттиҳоди кишвараш бо Арабистон таъкид кард ва гуфт: “Барои маҳори Эрон, ба Арабистони Саудӣ ниёз дорем.”

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, бомдоди шанбе, соате баъд аз он ки Арабистони Саудӣ ба кушта шудани Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди Оли Сауд эътироф кард, ин режимро “муттаҳиди фавқулъода” барои кишвараш тавсиф кард.

Раисиҷумҳури Омрико ҳамчунин гуфт: “Барои маҳори Эрон, ба Арабистони Саудӣ ниёз дорем.”

Гуфтанист, Арабистони Саудӣ бомдоди шанбе кушта шудани Ҷамол Хошуқчӣ, рӯзноманигори мунтақиди Оли Саудро таъйид ва эълом кард, ки Хошуқҷӣ баъд аз даргирӣ дар консулгарии ин кишвар дар Истонбул кушта шудааст.

Тромп дар ҷамъи хабарнигорон дар бораи гузориши расмии Арабистони Саудӣ дар хусуси ин парванда гуфт: “Фикр мекунам ба унвони гомҳои аввал, хуб аст. Гоми бузурге аст.

Тромп гуфт: “Фикр мекунам, тавзеҳоти Арабистони Саудӣ мӯътабар аст ва бо Кунгра (Конгресс) дар ин хусус ҳамкорӣ хоҳам кард.” Вай гуфт, бо Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ, гуфтугӯ хоҳад кард. Ӯ гуфт: “Суолоте дар ин маврид дорем.”

Тромп гуфт: “Арабистони Саудӣ муттаҳиди фавқулъода аст, аммо он чи иттифоқ афтод, ғайриқобили қабул аст.”

Раисиҷумҳури Омрико бори дигар таъкид кард, ки тарҷеҳ медиҳад танбеҳи эҳтимолии Арабистони Саудӣ дар иртибот бо парвандаи қатли Хошуқҷӣ, шомили лағви қарордоди фурӯши силоҳ ба ин кишвар нашавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: