Перейти к содержимому

Чолишҳои пеши рӯи Раҳмон дар интиқоли қудрат

Интиқоли қудрат яке аз муҳимтарин масоили сиёсии солҳои ахири Тоҷикистон ба шумор меравад. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ, аз соли 1992 раисиҷумҳури Тоҷикистон аст. Бо гузашти беш аз ду даҳа, ба назар мерасад, ки Раҳмон шароит ва заминаҳоро барои интиқоли қудрат ва бознишастагии худ фароҳам мекунад.

* * *

Интиқоли қудрат дар Созишномаи сулҳи тоҷикон

Яке аз бандҳои бисёр муҳим ва асосӣ дар Созишномаи сулҳи тоҷикон, масъалаи интиқоли қудрат буд. Тарафайн дар ҷараёни музокирот дар Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Русия, перомуни ин мавзӯъ баҳсҳои бисёреро аз сар гузаронда буданд.

Дар ниҳоят, бар асоси матни сареҳи ин созишнома, тавофуқ бар ин шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон танҳо як давраи дигар бар маснади риёсати ҷумҳурӣ боқӣ бимонад ва пас аз он, интихоботи озод дар кишвар баргузор шуда ва интиқоли қудрат дар як раванди демукротик сурат пазирад.

Бо ин ҳол, равандҳои сиёсии Тоҷикистон дар оғози даҳаи 2000 гӯёи иттифоқи дигаре буд. Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), бо поёни давраи риёсати ҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон ройзаниҳоеро бо тарафҳои Созишномаи сулҳ ва ба вежа Ҳизби наҳзати исломӣ сурат дода ва тайи он, ба баҳонаи идомаи раванди тавсиъаи кишвар, онҳоро ба идомаи риёсати ҷумҳурии худ то як давраи дигар розӣ кард.

Ин поёни моҷарои риёсати ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон набуд, балки бо мустаҳкамтар шудани қудрати вай дар кишвар ва тазъифи беш аз пеши мухолифон, зимни ислоҳи Қонуни асосӣ, шароит барои такрори паёпайи даврони ҳузури худ бар маснади қудрат дар кишварро муҳайё кард.

* * *

Рустами Эмомалӣ; аслитарин гузина

То пеш аз соли 2015 шояд гузинаҳои бештаре барои Тоҷикистон пас аз Раҳмон пешбинӣ мешуд, ки дар миёни онҳо чеҳраҳое аз наздикони раисиҷумҳури кунунӣ ва ҳатто аз мухолифон вуҷуд дошт.

Бо ин ҳол аммо таҳаввулоти пас аз соли 2015, ки ҳазфи Ҳизби наҳзати исломиро дар пай дошт, ин муодиларо соддатар кард. То он замон ҳанӯз интизори он вуҷуд надошт, ки Раҳмон то соли 2020 аз қудрат канорагирӣ кунад. Аммо баргузории ҳамапурсӣ дар кишвар ва ислоҳи Қонуни асосӣ, пешбинии ояндаи интиқоли қудратро барои Тоҷикистон бисёр содда кард.

Яке аз пурҳошиятарин ислоҳоте, ки дар ин навбат аз ҳамапурсиҳои Раҳмон вуҷуд дошт, коҳиши синни номзадҳои риёсати ҷумҳурӣ аз 35 ба 30 сол буд. Бар ин мабно, Рустам, писари аршади Раҳмон, ки дар он замон 28 сол синн дошт, то соли 2020 марзи қонунии ҳаддиақали синни мавриди ниёз барои риёсати ҷумҳуриро гузаронда ва дорои шароити он хоҳад шуд.

Дар канори ин амр, таблиғоти ҳадафманди расонаҳои давлатии Тоҷикистон барои Рустам, ки шаҳрдори шаҳри Душанбе аст, дар канори ҳузури номарбути вай дар маҳофили диплумотик ва дидорҳои хосс, гумоназаниҳои интиқоли қудрат аз падар ба писарро дар 2020, ба яқин табдил кард.

Бо ин ҳол, тамоми барномаҳо он тавр, ки Раҳмон интизори онро дошт пеш нарафт.

* * *

Нахустин талошҳои Раҳмон барои аз миён бардоштани чолишҳо

Ду даста аз чолишҳои умдаи дохилӣ ва хориҷӣ дар ибтидои соли 2015 пеши рӯи ин интиқоли қудрат қарор дошт. Дар буъди хориҷӣ, ҷалби назари шарикони наздик ҳамчун Русия ва Чин ва пешгирӣ аз мухолифатҳои эҳтимолии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва бархе кишварҳои урупоӣ қарор дошт.

Дар буъди дохилӣ ҳам, монеъаҳои ҳуқуқӣ дар Қонуни асосӣ ва низ аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф пеши рӯи Раҳмон буданд. Чолишҳои дохилӣ бо мамнӯъияти фаъолияти гурӯҳҳои мухолиф дар дохил ва дастгиру зиндонӣ кардани чеҳраҳои барҷастаи мухолифон ва дар ниҳоят ислоҳи Қонуни асосӣ бартараф шуд.

Дар буъди хориҷӣ низ ҷалби назари Маскав ва Пекин ҳамчун гузашта кори сахте барои Раҳмон набуд ва табиатан бо хушхидматиҳое, ки дар қиболи равобити деринаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон рух дод, назари ғарбиҳоро низ ҷалб кард. Бо ин ҳол аммо моҷаро он тавр, ки Раҳмон пешбинӣ карда буд пеш нарафт.

* * *

Тағйири моҳияти чолишҳо ва зуҳури монеъаҳои ҷадид

Масъалае, ки тайи солҳои 2015 то 2018 дар ин фароянд шоҳиди он будаем, тағйири моҳияти чолишҳои дохилӣ ва хориҷӣ барои Раҳмон дар заминаи интиқоли қудрат буд. Шаклгирии опозисиюни мунсаҷим дар хориҷ аз кишвар, он ҳам дар Иттиҳодияи Урупо, муҳимтарин чолиши пеши рӯи Раҳмон буд.

Дар ҳоле, ки талошҳои Раҳмон барои аз миён бардоштани комили опозисиюн ҷавоб надод, шоҳиди мустаҳкам шудани ин гурӯҳҳо дар Урупо ва бозёбии тадриҷии қувваҳои онҳо будем. Опозисиюни ҷадид бо баҳрамандӣ аз озодиҳои расонаӣ ва истифода аз абзорҳои диплумотик ба вежа дар Созмони амният ва ҳамкории Урупо, чолиши қобили таваҷҷӯҳеро дар буъди хориҷӣ барои давлати Эмомалӣ Раҳмон ба вуҷуд овард. Илова бар ин, талошҳои опозисиюн барои эътилоф дар қолаби Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), тавонист бориқаҳое аз умедвориро дар дохили Тоҷикистон низ муҳаё кунад.

Ин таҳаввулот дар канори шикасти рӯйкардҳои ҳуқуқӣ ва диплумотики давлати Тоҷикистон барои теруристӣ эълом кардани гурӯҳҳои мухолифон (ҳатто дар созмонҳои ҳамсӯ ҳамчун Созмони ҳамкории Шонгҳой ва Созмони амнияти дастаҷамъӣ) ва таҳти таъқиб қарор додани онҳо тавассути Интерпол (ба хусус дар мавриди чеҳраҳои барҷаста ҳамчун Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ПМТ ва Сӯҳроб Зафар, раҳбари Гурӯҳи 24) аз сӯи дигар, боиси ворид омадани зарбаи қобили таваҷҷӯҳ ба эътибори Раҳмон шуд.

Аз сӯи дигар, фишорҳои созмонҳои ҳуқуқи башарӣ низ дар хусуси фазои пас аз 2015-и ин кишвар, рӯз ба рӯз густариш меёфт, ки ҳамин амр мӯҷиби тардиди ҳатто шарикони Раҳмон (Чин ва Русия) дар хусуси сармоягузорӣ бар рӯи вай ва хонаводааш барои ояндаи Тоҷикистон шудааст.

Аз тарафи дигар низ, ин заъфҳо ва шикастҳои паёпайи сиёсӣ дар муқобили мухолифин дар канори бӯҳронҳои дохилӣ дар Бадахшон, қазияи ДОЪИШ ва масоили иқтисодӣ, боис шуд то машрӯияти сиёсии Раҳмон дар дохили кишвар низ ба мизони қобили таваҷҷӯҳе коҳиш ёбад.

Ҳамин фурсатҳо кофӣ буд, то чеҳраҳои бонуфуз ва қудратманди муҳофизакоре, ки то кунун дар варои досу чаккуши оҳанини Раҳмон дар фазои сиёсии Тоҷикистон маҷоле барои арзи андом надоштанд, нимнигоҳе ба ҳузур дар ҷойгоҳи риёсати ҷумҳурӣ дар 2020-ро дошта бошанд.

* * *

Сенориюҳои ояндаи интиқоли қудрат

Нахустин сенорию, риски Раҳмон барои интиқоли қудрат ба Рустам таҳти ҳар шароите, ҳатто ба қимати баҳрагирӣ аз тамоми абзорҳои сахти қудраташ аст.

Ин мавзӯъ агарчӣ метавонад ӯро ба хостааш бирасонад, аммо ояндаи Тоҷикистонро бо чолишҳое рӯ ба рӯ месозад, ки метавонад хатароти зиёде барои Рустам дошта бошад.

Сенориюи дуввум, ба таъвиқ андохтани интиқоли қудрат ба 2024.

Сенориюи севвум, муомилаи Раҳмон бо тарафҳои хориҷӣ ва дохилиаш барои ҷойгузинии як нафар аз чеҳраҳои даруни ҳукуматаш ба ҷойи Рустам, бо ҳадафи ҳазфи мухолифини сиёсӣ аст.

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: