Перейти к содержимому

Эҳуд Борок: “Дар се дақиқа, 300 фаластиниро куштем”

Эҳуд Борок, нахуствазир ва вазири пешини дифоъи режими саҳюнистӣ, рӯзи ҷумъа эътироф кард, ки дар се дақиқаву 30 сония, 300 фаластиниро қатли ом кардааст.

Рӯзномаи саҳюнистии “Маорив” (מעריב) рӯз ҷумъа гузориш дод, ки ин иттифоқ дар замоне, ки Эҳуд Борок вазири дифоъ буд ва дар як ҳамлаи ҳавоӣ рух дод.

Эҳуд Борок замони дақиқи ин ҳамларо эълом накардааст, аммо манобеъи фаластинӣ эълом карданд, ки 27 сентябри 2008, 225 фаластинӣ шомили чандин зану кӯдак ва аъзои пулиси Фаластин, дар ҳамлаи “Исроил” ба Ғазза кушта шуданд.

Борок, ки дар миёни солҳои 2007 то 2013 мақоми вазорати дифоъи саҳюнистҳоро дар парванда дорад, дар амалиёти дигаре, ки дар ҷараёни он, як мақоми аршади фаластинӣ ба шаҳодат расидааст, ширкат доштааст.

Ҳарчанд нахуствазири пешини саҳюнистҳо, моҳияти ин амалиётро мушаххас накард, аммо 14 ноябри 2012 Аҳмад Алҷаъбарӣ, муовини фармондеҳи кулли гурдонҳои Қассом — шохаи низомии Ҳамос, дар ҳамлаи саҳюнистҳо ба худрави шахсиаш дар Ғазза ба шаҳодат расида буд.

Борок аз амалкарди кунунии давлати саҳюнистӣ дар бархӯрд бо Ғазза интиқод кард ва муддаӣ шуд: “Натонёҳу ба тамоми хостаҳои Ҳамос тан медиҳад, ки аслан пазируфтанӣ нест.”

Нахуствазири пешини саҳюнистҳо, аз давлати Натонёҳу хост, ки бояд ба Ҳамос ҳамла кунад ва барои ин кор як истротежӣ дошта бошад.

Вай дар поён ҳамчунин аз ихтилофоти мавҷуд дар кобинаи кучаки амниятии саҳюнистҳо, ба “мушоҷираи баччагона” таъбир кард.

Борок ба муддати тақрибан ду сол, аз 17 майи 1999 то 7-ум марти 2001, мақоми нахуствазирии режими саҳюнистиро бар ӯҳда доштааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: