Перейти к содержимому

8 нукта дар бораи моҷарои Хошуқҷӣ; аз дурахшиши Алҷазира то сукути суолбарангези Эрон, Чин ва Русия

Билохира таъйид шуд, ки Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди саудӣ, дар маҳалли консулгарии ин кишвар дар Истонбул ба дасти аъзои дастгоҳи иттилоотии Арабистони Саудӣ ба қатл расидааст.

Хошуқҷӣ ҷузъи рӯзноманигороне буд, ки ҳирфаи рӯзноманигориро фидои пулу мақому ҷойгоҳ накард. Вай метавонист дар Арабистони Саудӣ бимонад ва лаббайкгӯи мақомоти ин кишвар бошад, аммо тасмим гирифт воқеият ва ҳақиқатро бигӯяд; ба ҳамин далел маҷбур шуд кишварашро тарк кунад ва худро дар табъиди худхоста дар Омрико қарор диҳад.

Вай дар Омрико, рӯзноманигориро бо нигориши ёддошт барои “Вошингтун пост” идома дод ва зимни истиқбол аз ислоҳоти иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар кишвараш, аз эҷоди фазои руъбу саркӯб интиқод мекард.

Дар бораи моҷарои қатли Ҷамол Хошуқҷӣ метавон ба мавориди зер ишора дошт:

1) Алҷазира:

Яке аз барандагони моҷарои Хошуқҷӣ, шабакаи Алҷазираи Қатар аст.

Шояд битавон гуфт, ки агар Алҷазира ин гуна ҳамаҷониба вориди моҷаро намешуд, ин қазия ба ин ҷо хатм намешуд, ки саудиҳо кушта шудани Хошуқҷӣ дар консулгарии худро бипазиранд ва қавли пайгирӣ ва муҷозоти сабабгорони қатлро бидиҳанд.

Дар натиҷаи пӯшиши ҳирфаӣ ва пурранги Алҷазира дар моҷарои Хошуқҷӣ, фазое барои фишорҳои камсобиқаи мақомоти Кунгра (Конгресс) ва давлати Омрико, давлатмардони урупоӣ, Созмони Милал ва афкори умумӣ алайҳи саудиҳо эҷод шуд.

Ҳадафи аслии Алҷазира аз пайгирии мавзӯъи Хошуқҷӣ на сирфан ин мавзӯъ, балки осеб задан ба саудиҳост.

Таниши бесобиқа дар равобити Дуҳа-Риёз, ин имкон ва озодии бузургро дар ихтиёри шабакаи Алҷазира ва рӯзноманигорони он қарор дод, то битавонанд ба сурати тамомаёр вориди ин моҷаро шаванд ва пайгирӣ кунанд.

Дар ин моҷаро, расонаҳои урдугоҳи саудӣ (дар раъси онҳо шабакаҳои Аларабия) ба баҳонаи ҳимоят аз мавозеъи Риёз, аз пӯшиши ҷузъиёти ин ҳодиса худдорӣ карданд ва арсаро ба сурати комил дар ихтиёри урдугоҳи муқобил қарор доданд, ки раҳбарии он бар ӯҳдаи Алҷазира қарор дошт.

Дар ин урдугоҳ рӯзномаҳои “Яни Шафақ” ва “Сабоҳ”- Туркия (рӯзномаи наздик ба давлат ва ҳизби ҳокими ин кишвар) ва рӯзномаҳои “Ню-йорк Тоймз” ва “Вошингтун пост” дар Омрико пешрав буданд ва тавонистанд бо интишори хабарҳои ихтисосӣ ба нақл аз манобеъи огоҳ (ки сиҳҳати ин хабарҳо низ мушаххас шуд), гомҳои муҳиммеро дар ҷазби мухотаб, эҷоди эътимод дар миёни афкори умумӣ ва эътибор дар арсаи расона барои худ касб кунанд.

Ин ки чаро мавзӯъи Хошуқҷӣ аз як ҳодиса ба бӯҳрони ҷаҳонӣ барои саудиҳо табдил шуд, омилҳои мутаъаддиде дорад, аммо қатъан шабакаи Алҷазира яке аз ин омилҳои пурранг аст.

2) Мавзеъи кишварҳои Ховари Миёна:

Дар Ховари Миёна, ба сурати куллӣ, кишварҳои ҳомӣ аз як сӯ ва кишварҳои мухолифи саудӣ аз сӯи дигар, дар баробари моҷарои Хошуқҷӣ дар ду бахш дастабандӣ шуданд; кишварҳои сокит ва кишварҳое, ки аз Риёз эъломи ҳимоят карданд.

Ба сурати худкор, кишварҳои сокит низ бо сукути худ, дар саффи ҳомиёни саудиҳо қарор гирифтанд. Нуктаи ҷолиб ин ҷост, ки муҳимтарин кишварҳои ҳозир дар урдугоҳи мухолифони саудӣ аз ҷумла Қатар ва Сурия низ дар ин бора ё сукут карданд ё ба мавзеъгирии бисёр нарму камранг пардохтанд.

Албатта дар мавозеъи кишварҳои Ховари Миёна, Туркия як истисно аст ва тавонист бо як мувозикории дақиқ ва санҷида, манофеъи ҳаддиаксарии худро таъмин кунад. Туркия аз як сӯ равобит бо Риёзро хуб нигаҳ дошт ва даст ба иқдоме алайҳи онҳо назад. Ва аз сӯи дигар таҳқиқоти ҷиддии ҷиноӣ алайҳи саудиро пай гирифт ва тимҳои бозрасиро ба сохтмонҳои консулгарии саудӣ ва иқоматгоҳи консул дар Истонбул равона кард, то саҳнаҳои бозрасии онҳо дар ин ду макони диплумотик, тасвирҳои таҳқиромезеро дар маърази диди хабарнигорон ва афкори умумии ҷаҳон қарор даҳад.

Ва ҳамчунин, мақомоти Туркия дар олитарин сатҳ яъне раисиҷумҳур Ардуғон, қавли пайгирии шахсӣ доданд, ва албатта дар канори ҳамаи инҳо, дасти масъулони худро барои ифшои ҷузъиёти моҷарои Хошуқҷӣ ба расонаҳои дохилӣ ва Қатар (Алҷазира) боз гузоштанд.

3) Мавзеъи қудратҳои ҷаҳонӣ:

Мавзеъи қудратҳои ҷаҳонӣ дар моҷарои Хошуқҷӣ қобили баррасӣ аст. Афкори умумӣ, ҷомеаи маданӣ, давлат ва мудирони ширкатҳои бузург дар Урупо ба шиддат мавзеъгирии манфӣ дар баробари мақомоти саудӣ доштанд. Ҳамин иттифоқ дар бораи Омрико ҳам афтод, аммо мавзеъгирии давлатмардони ин кишвар аз шиддати камтаре бархӯдор буд, вале ин мавзӯъ дар болотарин сатҳ яъне раисиҷумҳур ва вазири хориҷа пайгирӣ шуд. Ҳамзамон дар Кунгра (Конгресс) ҳам пайгирӣ ва мавозеъи тунде алайҳи саудиҳо матраҳ ва таҳдидоте алайҳи сарони саудӣ ва дар раъси онҳо Муҳаммад бен Салмон валиаҳд шунида шуд.

Дар муқобил, бо вуҷуди ин ки Арабистони Саудӣ дар урдугоҳи Омрико қарор дорад, аммо Чин ва Русия ба унвони ду қудрати ҷаҳонии дорои ҳаққи вето, камтарин интиқодеро мутаваҷҷеҳи саудиҳо накарданд ва мавзеъгирии шабеҳи сукут доштанд. Усулан барои ин ду кишвар масоиле монанди ҳуқуқи башар ва дифоъ аз рӯзноманигорон, аз авлавияти поинтаре бархӯрдор аст, балки метавон гуфт, аз назари онҳо, ҳар давлате ҳақ дорад он гуна ки салоҳ бидонад, бо шаҳрвандонаш рафтор кунад ва ин мавзӯъ рабте ба дигар кишварҳо надорад, албатта ба истиснои мавқеиятҳое, ки манофеъи миллии онҳо ба хатар биафтад.

Аз назари ин ду абарқудрат, бар пояи асли “адами дахолат дар умури дохилии кишварҳо”, масоили ҳошияӣ набояд бар равобити сиёсӣ-иқтисодӣ миёни кишварҳо таъсире бигузорад. Чин ва Русия дар муомилоти иқтисодӣ–сиёсии худ бо дигар кишварҳо, мавзӯъоти дигарро дахолат намедиҳанд. Ва ин дар ҳоле аст, ки ҳамакнун қарордодҳои иқтисодии саудиҳо бо Омрико ба вежа муомилоти калони хариди силоҳ ба хотири қатли як шаҳрванд дар консулгарии кишвараш, дар маърази хатар қарор гирифтаанд. Ин вазъият хушоянди мақомоти саудӣ ва кишварҳое шабеҳ ба он нест.

4) Рӯзноманигорӣ:

Рӯзноманигорон дар ҷаҳон маъмулан дар ҳоли рӯёрӯӣ бо тарафҳои пурқудрат ҳастанд ва пурқудраттарин тараф, ҳукуматҳо ҳастанд, ки мизони қудрати онҳо наздик ба бениҳоят аст ва албатта дар бархе кишварҳо ба бениҳоят ҳам мерасад.

Чӣ гуна бояд аз рӯзноманигорон ҳимоят кард? Ин суоли муҳимме аст, ки ҳанӯз посухи комил ва тазминшудае барои он матраҳ нашудааст. Охирин ҳодиса яъне қатли Ҷамол Хошуқҷӣ дар консулгарии кишвараш нишон дод, ки дар ин замина ҳамчунон тазмине барои ҳимоят аз онҳо нест.

Имрӯз дифоъ аз рӯзноманигорон ва фаъолияти ҳирфаии расонаҳо як арзиши мудерн аст, ки метавон бо истифода аз ин шохис, кишварҳоро бо якдигар муқоиса кард.

Ба ростӣ вақте Арабистони Саудӣ бо як рӯзноманигори машҳури мунтақид ва на мухолиф, ин гуна рафторе дорад, бо дигар мухолифон чӣ мекунад? Наметавон ба Омрико ва Урупо сафар кард ва бо мақомоти онҳо ва мудирони ширкатҳои ғарбӣ акси ёдгорӣ гирифт ва вориди ҳамкории иқтисодӣ шуд, аммо ба арзишҳои дунёи мудерн мисли ҳуқуқи инсонҳо ва дифоъ аз озодии фаъолияти рӯзноманигорон эҳтиром нагузошт.

5) Мавзеъи саудиҳо:

Қатли Хошуқҷӣ, Арабистони Саудиро бо шоки бузурге рӯ ба рӯ кард. Ҳудуди 3 ҳафта тӯл кашид, то ин кишвар битавонад дар баёнияе ин ҳодисаро бипазирад ва бо интишори ривояте, посухе ба суоли “Хошуқҷӣ куҷост?” ироа кунад. Ривояте кӯдакона, ки қатъан наметавонад мавриди қабули афкори умумӣ қарор бигирад ва ба ибҳомот дар бораи ин моҷаро ва сохтори ҳокимиятӣ ва тасмимгирӣ дар Арабистони Саудӣ ба вежа дар дастгоҳи амниятии ин кишвар афзуд.

Шавоҳид нишон медиҳад, ки дастгоҳи амниятии Арабистони Саудӣ тасмим гирифт як рӯзноманигори мунтақид ба номи Ҷамол Хошуқҷиро ҳазф кунад, аммо ин иқдомро ношиёна анҷом дод.

6) Тавсиъаи иқтисодӣ бидуни тавсиъаи сиёсӣ:

Тавсиъаи иқтисодӣ бидуни тавсиъаи сиёсӣ тақрибан ғайримумкин аст, албатта дар бархе нуқоти ҷаҳон бо улгуи ҳукумати коромад (мисли Чин ё Аморот ё Ветном) иҷроӣ шудааст, аммо муваффақияте барои ин систем ба сурати тӯлонимуддат қобили тасаввур нест ё эҳтимоли он андак аст ва ҳатто дар сурати муваффақияти комил, мунҷар ба тавсиъаи пойдор нахоҳад шуд.

Ин иттифоқот, дарси хубе барои мақомоти саудӣ ва кишварҳои мушобеҳ аст, ки бидонанд наметавон бидуни пойбандӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва арзишҳои мудерн аз ҷумла эҳтиром ба ҳуқуқи инсонҳо ва дифоъ аз озодии расонаҳо, аз имтиёзҳои иқтисодӣ ва сармоягузории кишварҳои тавсиъаёфта баҳраманд шуд.

Албатта давлатҳо дар кишварҳои тавсиъаёфта талош мекунанд ин арзишҳоро нодида бигиранд, аммо маъмулан фишори ҷомеаи маданӣ ва қудрати афкори умумӣ аст, ки онҳоро ба таваҷҷӯҳ ба чунин арзишҳое маҷбур мекунад.

Дар моҷарои Хошуқҷӣ, ба далели ин ки гузоришҳои ғайрирасмӣ аммо мӯътабар нишон медод, ки давлати саудӣ дар қатли як рӯзноманигор дахолат доштааст, вазирон ва мақомоти аршади кишварҳои тавсиъаёфта ва мудирони ширкатҳои мутаъаллиқ ба ин бахш аз ҷаҳон, сафар ба Арабистони Саудӣ барои ҳузур дар нишасти сармоягузории Риёзро лағв карданд.

7) Мавзеъи Эрон:

Яке аз суолбарангезтарин мавзеъҳо дар баробари мавзӯъи Хошуқҷиро мақомоти эронӣ иттихоз карданд. Дар ҳоле, ки расонаҳои эронӣ ба шиддат ба ин мавзӯъ мепардохтанд, аммо мақомоти расмӣ тасмим гирифтанд дар ин бора сукут ихтиёр карда ва аз вуруди салбӣ ё эҷобӣ ба суди ҳеч кадом аз тарафҳои ин моҷаро худдорӣ кунанд.

Эрон на аз тарафҳои урупоӣ ва омрикоӣ ҳимоят кард ва на ба онҳо тохт ва на аз мавзеъи саудиҳо эъломи ҳимоят кард ва тасмим гирифт, сукут кунад ва ҳатто сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон дар посух ба суоли хабарнигорон, дар суханони камсобиқае, аз мавзеъгирӣ худдорӣ кард ва танҳо ба ин гуфта иктифо кард, ки Теҳрон мунтазири мушаххас шудани воқеиятҳо ва ҷузъиёт аст.

Дар моҷарои Хошуқҷӣ, зоҳиран Эрон қасд дорад нисбат ба тарафҳои дахил дар ин мавзӯъ, на ҳимоят на мухолифат дошта бошад. На дар канори давлати Омрико ва Урупо биистад, ки борҳо давлатмардони эронӣ аз иқдомоти онҳо дар дахолат дар умури дохилии кишварҳо ба “баҳонаи ҳуқуқи башар” интиқод кардаанд, на дар канори Арабистони Саудӣ бошад, ки ҳамакнун ихтилофоти Риёз–Теҳрон ба ҳавзаҳои мухталиф кашида шуда ва иттиҳомоти бунёнафкане алайҳи якдигар матраҳ мекунанд.

Аз сӯи дигар, Эрон дӯст ҳам надорад аз фарде ҳимоят кунад, ки бо вуҷуди он ки худро ба унвони мунтақид дар табъиди худхоста дар Омрико қарор дода буд, аммо иттиҳомоти саудиҳо алайҳи сиёсатҳои Ҷумҳурии Исломиро такрор мекард.

8) Оянда чӣ мешавад?

Пешбинӣ мешавад:

Масири равобити Саудӣ бо Омрико, шоҳиди тағйироти ҷиддӣ хоҳад шуд.

Эҳтимолан равобити Саудӣ бо Эрон беҳтар хоҳад шуд.

Хариди силоҳи Арабистони Саудӣ аз Русия афзоиш хоҳад ёфт.

Равобити иқтисодии саудиҳо бо Чин ва Русия афзоиши чашмгире хоҳад ёфт.

Кишварҳои Ховари Миёна ва тавсиъанаёфта дар бораи қатли рӯзноманигорон, эҳтиёти бештаре хоҳанд дошт.

Asriran

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: