Перейти к содержимому

Дурӯғи “тавҳиномез”-и Арабистони Саудӣ

Ба қалами Никулос Кристуф (Nicholas Kristof) дар рӯзномаи New York Times

Никулос Кристуф, бо тавҳиномез хондани баёнияи Арабистони Саудӣ дар бораи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, навишт, мумкин аст Муҳаммад бен Салмон барои инҳирофи афкори умумӣ, даст ба рискҳои зиёде аз ҷумла ҷанг бо Эрон бизанад.

* * *

Пас аз ду ҳафта дурӯғгӯӣ дар бораи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, Арабистони Саудӣ акнун ба як саре дурӯғҳое пардохта; дурӯғҳое, ки ҳам тавҳин ба ёду хотираи ин рӯзноманигори фавтшуда аст ва ҳам ҳуши моро зери суол мебарад.

Давлати Саудӣ рӯзи ҷумъа баёнияе мунташир кард, ки дар он, марги Хошуқҷиро ношӣ аз хушунат ҳангоми бозҷӯӣ донист, ки гӯӣ аз контрол хориҷ шуда. Ин ҳамон бозҷӯие аст, ки маъмурони саудӣ барои анҷоми он арра ба ҳамроҳ доштанд ва ба навъе аз ин арра ҳангоме, ки вай ҳанӯз зинда буд, барои қитъа-қитъа кардани баданаш истифода карданд.

Ҷолиб аст, ки саудиҳо мегӯянд, даргирӣ ва муштзании Хошуқҷӣ ҳангоми бозҷӯӣ мӯҷиби ин иттифоқ шуда; дар ҳоле, ки тибқи гузоришҳо, маъмурон дар ибтидои вурудаш, ангуштҳои вайро қатъ карда буданд. Пас, чӣ гуна ӯ аз муштҳояш истифода кардааст?

Ман Ҷамолро беш аз 15 сол мешинохтам ва акнун аз шунидани ҳар қисмат аз ахбори маргаш шок мешавам: аз хабари марги вай таҳти шиканҷаҳои ваҳшиёна, аз пинҳон кардани хабари қатлаш, аз бархӯрди Тромп бо қатли вай ва андохтани қатли ӯ ба гардани “авомили худсар” тавассути сауди‏ҳо.

Саудиҳо ҳатто эълом карданд, ки Муҳаммад бен Салмон — валиаҳде, ки ҳама медонанд муҷаввизи ин қатлро содир кардааст — шахсан масъалаи марги Хошуқҷиро пайгирӣ мекунад.

Ин дурӯғҳо ба қадре шохдор ва боварнакарданӣ ҳастанд, ки нишон медиҳад саудиҳо рӯи ҳамкории Омрико барои сарпӯш гузоштан бар ин ҷиноят ҳисоб кардаанд. Албатта, ин ҳисоб кардани саудиҳо рӯи Тромп беҷиҳат нест, чаро ки ба тозагӣ Тромп аз тавҳин ба як рӯзноманигор тавассути намояндаи Монтана дар Кунгра ҳимоят карда ва қатли Хошуқҷиро кори “авомили худсар” донистааст.

То ҳамин ҳоло ҳам валиаҳд аз пазириши масъулияти рабудани нахуствазири Лубнон ва куштори мардуми Яман шона холӣ кардааст. Агар аз қатли Хошуқҷӣ, ки муқими Омрико ва сутуннависи “Вошингтун пост” буд низ ҷони солим ба дар бибарад, ин чароғи сабзе барои соири мустабиддоне хоҳад буд, ки мехоҳанд як рӯзноманигори дардисарсозро ҳазф кунанд.

Бинобар ин, акнун бо озмуне барои Тромп ва Омрико мувоҷеҳем. Оё Тромп бар сарпӯшии қазия таъкид мекунад, ё ба бозгардондани шаъну мақоми Омрико мепардозад? Он чи ӯ бояд бикунад ин аст:

1) Аз он ҷо, ки ин ҷиноят дар як кишвари узви НАТО рух додааст, аъзои НАТО бояд як таҳқиқи васеъ бо пуштвонаи Созмони Милали Муттаҳид тартиб бидиҳанд. Фармони ин таҳқиқ метавонад аз ноҳияи Маҷмаъи умумии Созмони Милал, Шӯрои амният ё Шӯрои ҳуқуқи башар бошад.

2) Аъзои НАТО бояд бо ҳамоҳангӣ, ҳамагӣ сафирони саудиро ихроҷ кунанд.

3) Аъзои НАТО бояд фурӯши аслиҳа бахусус қитъаҳои ҳавопайморо ба ҳоли таълиқ дарбиёваранд.

4) Омрико бояд бар Арабистон фишор биёварад, ки тамоми зиндониёни сиёсиро озод кунад.

5) Омрико бояд ба ҳокимони саудӣ бифаҳмонад, ки валиаҳд аз хутути қирмиз убур карда ва бояд канор гузошта шавад.

Ҳамчунин умедворам бархе кишварҳо ин амалро таҳти таъқиби қазоии байналмилалӣ қарор диҳанд, то тамоми афроди дахил дар ин ҷиноят муҳокима шаванд. Туркия низ бояд тибқи муоҳидаи 1963 Вен, маъмурони консулиеро, ки муртакиби ҷиноятҳои сангин мешаванд таҳти таъқиб қарор диҳад.

Мо низ бояд навъе таҳқиқоти қазоӣ дар Омрико оғоз кунем. Чунонки пештар низ гуфтаам, саудиҳо пас аз муборизоти интихоботӣ кӯмакҳои молии зиёде равонаи ҳутелҳои Тромп карданд. Оё ин талоше барои асаргузорӣ бар сиёсатҳои Омрико буд? Оё созмонҳои иттилоотии Омрико набояд дар бораи иқдомоти давлати саудӣ ҳушдор медоданд?

Дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои пеши рӯ низ бо хатарҳои вежае рӯ ба рӯ хоҳем шуд. Бояд ҳушёр бошем, чаро ки мумкин аст Муҳаммад бен Салмон ба манзури инҳирофи афкори умумӣ бихоҳад ҷанге бо Эрон дар халиҷи Форс ба роҳ биандозад ва аз артиши Омрико барои наҷоти саудиҳо кӯмак биталабад. Кохи сафед бояд барои Арабистон равшан кунад, ки ба хотири онҳо вориди ҷанг бо Эрон намешавад.

New York Times

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: