Перейти к содержимому

Паёмадҳои зиёнбори ҳасад

Ҳасад осори бисёр зиёнборе аз назари фардӣ ва иҷтимоӣ ба бор меоварад ва камтар сифате аз сифатҳои разила аст, ки дорои ин ҳама паёмадҳои бад мебошад.

Муҳимтарини онҳо, паёмадҳои зер аст:

1) Аввал ин ки ҳасад тамоми некиҳои одамиро, ки дар ҳаёташ анҷом додааст аз байн мебарад. Дар ҳадис аст, ки Паёмбари Акрам (с) фармуд:

إياكم والحسد فإن الحسد يأكل الحسنات كما تأكل النار الحطب

Аз ҳасад варзидан бипарҳезед, ки ҳасад аъмоли неки одамиро мехӯрад ончунон, ки оташ ҳезумро мебалъад ва хокистар мекунад.” (Ривояти Абӯдовуд)

2) Дигар ин ки: ҳасуд доиман нороҳат аст, ва ҳамин амр сабаби бемории ҷисмӣ ва равонии ӯ мешавад. Ҳар андоза дигарон соҳиби муваффақияти бештар ва неъматҳои фузунтар гарданд, ҳасуд ба ҳамон андоза нороҳат мешавад, то он ҷо, ки гоҳ хобу оромишу истироҳатро ба куллӣ аз даст медиҳад ва бемору ранҷуру наҳифу заъиф мешавад. Ҳазрати Алӣ (а) фармояд:

أسوء الناس عیشا الحسود

Бадтарини мардум аз назари оромиш дар зиндагӣ, ҳасуд аст.” (Ғурарул-ҳикам)

Ҳамин маънӣ дар хабари дигаре аз он ҳазрат (а) ривоят шуда, ки:

لا راحة لحسود

Ҳасуд оромиш ва роҳате надорад.” (Биҳор, 70/256)

Ва ё:

الحسد شرّ الأمراض

Ҳасад, бадтарини бемориҳост.” (Ғурарул-ҳикам)

Ва ё:

العجب لغفلة الحساد عن سلامة الاجساد

Таъаҷҷуб мекунам чӣ гуна ҳасудон барои саломатии ҷисми худ арзиш қоил нестанд ва аз он ғофиланд!” (Биҳор, 70/ 256)

Ва ё:

الحسد لا یجلب الاّ مضرّة وغیظا یوهن قلبک ویمرض جسمک

Ҳасад ҷуз зиёну хашм чизе дар вуҷуди инсон эҷод намекунад, ҳасад сабаб мешавад, ки қалби инсон нотавон ва ҷисми ӯ бемор гардад.” (Биҳор, 70/256)

3) Севвум ин ки: дар ривоёти исломӣ, ҳасад нишонаи нифоқ ва аломати мунофиқ дониста шуда. Ҳазрати Паёмбари Акрам (с) мефармоянд:

الْمُؤْمِنُ يَغْبِطُ وَالْمُنَافِقُ يَحْسُدُ

Мӯъмин ғибта мехӯрад ва мунофиқ ҳасад меварзад.” (Эҳёи улуми дин) Ғибта яъне таманно кардани неъмате, ки дигарон доранд аст. Пас, мӯъмин таманнои неъматҳое, ки ба дигарон ато шудааст мекунад, вале ҳасад намеварзад, дар ҳоле, ки мунофиқ ҳасад меварзад ва ғибта намехӯрад. Аз ин ҳадис ба хубӣ истифода мешавад, ки ҳасад бо руҳи имон созгор нест ва ҳамоҳанг бо нифоқ аст.

4) Аз осори зиёнбори дигари ҳасад ин аст, ки ҳиҷоби захиме дар баробари маърифат ва шинохти ҳақоиқ меафканад, чаро ки ҳасуд наметавонад нуқтаҳои қуввати маҳсуд (шахсе, ки ба ӯ ҳасад меварзад)-ро бибинад, балки доиман чашми ӯ дар пайи ҷустуҷӯ барои нуқоти заъф аст ва эй басо ба хотири ҳасад, хубиро бадӣ ва нуқоти қувватро заъф бипиндорад ва аз онҳо дурӣ кунад. Ҳазрати Алӣ (а) мефармояд:

الحسد حبس الروح

Ҳасад руҳи инсонро зиндонӣ мекунад.” (Ғурарул-ҳикам) ва он гоҳ ҳасудро аз дарки ҳақоиқ бозмедорад.

5) Панҷумин асари зиёнбори ҳасад ин аст, ки инсон дӯстони худро аз даст медиҳад, зеро ҳар кас дорои неъмате аст, ки аҳёнан дигаре надорад ва агар инсон дорои сифати разилаи ҳасад бошад, табъан нисбат ба ҳамаи мардум ҳасад меварзад, ва ҳамин амр сабаб мешавад, ки афрод аз ӯ дурӣ кунанд ва пайвандҳои муҳаббат миёни ӯ ва дигарон гусаста шавад. Шоҳиди ин сухан каломи пурборе аст, ки аз ҳазрати Алӣ (а) нақл шуда, ки фармуд:

الحسود لا خلة له

Ҳасуд дӯсте надорад.” (Ғурарул-ҳикам)

6) Шашумин асари бади ҳасад он аст, ки инсонро аз расидан ба мақомоти воло бозмедорад ба гунае, ки шахси ҳасуд ҳаргиз наметавонад мудир ва раҳбар шавад, чаро ки ҳасад дигаронро аз гирди ӯ пароканда мекунад ва касе, ки дорои нерӯи дофеъа аст, ҳаргиз ба бузургӣ намерасад. Шоҳиди ин сухан гуфтори машҳури дигаре аз ҳазрати Алӣ (ъ) аст, ки зарбулмасал гардида, ки фармуд:

الحسود لا یسود

Ҳасуд ҳаргиз ба сиёдат ва бузургӣ намерасад.” (Ғурарул-ҳикам)

7) Ҳафтумин асари бисёр манфии ҳасад, олуда шудан ба анвоъи гуноҳони дигар аст, зеро ҳасуд барои расидан ба мақсади худ яъне зоил кардани неъмат аз дигарон, ба анвоъи гуноҳон монанди зулму ғайбату тӯҳмату дурӯғу хабарчиниву ғайри он мутавассил мешавад ва тамоми нерӯи худро ба кор мегирад, то маҳсудро ба замин занад, аз ин рӯ аз ҳар василаи номашрӯъе барои расидан ба ин мақсади номашрӯъ кӯмак мегирад. Шоҳиди ин сухан, каломе дигар аз ҳазрати Алӣ (а) аст, ки фармуд:

الحسود کثیر الحسرات، ومتضاعف السیئات

Ҳасуд бисёр ҳасрату андӯҳ дорад ва гуноҳонаш пайваста афзуда мешавад.” (Ғурарул-ҳикам)

8) Ҳаштумин бадбахтии ҳасуд ин аст, ки пеш аз он ки ба маҳсуд зиён бирасонад, ба худаш зарар мезанад, чаро ки қабл аз ҳар чиз худашро гирифтори нороҳатии руҳиву ҷисмӣ ва азоби дунёву уқбо месозад. Имом Содиқ (а) фармояд:

الحاسد مضرّ بنفسه قبل أن یضرّ بالمحسود، کإبلیس أورث بحسده بنفسه اللّعنة، ولآدم علیه السلام الاجتباء والهدى

Ҳасуд пеш аз он чи метавонад ба маҳсуд зарар бирасонад, ба хештан зиён мерасонад, монанди Иблис, ки бо ҳасадаш лаънат барои худ офарид ва барои Одам баргузидагӣ ва ҳидоят.” (Биҳор, 70/255)

Худоё! Паноҳ мебарем ба ту аз олуда шудан ба сифати разилаи ҳасад!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: