Перейти к содержимому

Чанд сухан бо душманони тасаввуф (1)

Бахши аввал

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар фазои маҷозӣ гоҳе бо навиштаҳое дар бораи тасаввуф ва сӯфия рӯ ба рӯ мешавем, ки нишон медиҳад, нависандагонаш ё аз тасаввуф бӯе набурдаанд – ки дар ин сурат, намебоист дар бораи чизе, ки намедонанд изҳори назар кунанд – ва ё ин ки қасду ғаразе надоранд, балки кирдору рафтори шуморе аз муддаиёни тасаввуф боис гардида фикр кунанд омӯзаҳои тасаввуф ҷуз ин нест.

Ҳамин масъала боис гардид нукоти муҳиммеро дар бораи мактаби тасаввуф ва сӯфия барои хонандаи азиз ёдовар бишавам, то ҳақиқат дар бораи ин мактаб барояш равшан гардад.

Лозим ба ёдоварист, мақолаи пеши рӯ, дар воқеъ маҷмӯаи ёддоштҳое аст, ки чанд сол пеш дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук навишта будам. Ҳамонҳоро бо андаке изофа ва тағйир дар ду қисмат пешкаши хонандаи азиз мекунам.

* * *

Чаро ниёз ба пиру муршид?

Дар оғоз лозим аст, ба ин нукта ишора бикунам, ки бо коста шудан аз ҷойгоҳи тасаввуф дар ҷомеаи исломӣ, зарару зиёне, ки домангири мусалмонон шуд ба ҳадде аст, ки шумо дар ҳеч мавриди дигаре мисли онро пайдо намекунед. Ҳоло инро каме тавзеҳ медиҳам.

Баъзеҳо мегӯянд, тасаввуф магар чист? Оё ҷуз тазкия ва тарбияи нафс? Он вақт мегӯянд, тазкия ва тарбияи нафс бе тасаввуф ва бе пириву муршидиву муридӣ ҳам ҳосил мешавад, худамон метавонем ин корро анҷом бидиҳем, чаро дӯконе барои ин кор боз бишавад? Ниёзе нест!

Аммо масъала ба ҳамин соддагӣ ҳам нест. Ин як сатҳинигарӣ аст. Шумо бибинед, имрӯза магар Қуръон ва суннат пеши мо нест? Ҳаст! Магар мусалмонон оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбар (р)-ро намехонанд? Мехонанд! Магар дар ин оятҳо ва ин ҳадисҳо наомадааст, ки мусалмон дар дараҷаи аввал бояд мисли паёмбараш ороста ба ахлоқи некӯву писандида ва дур аз ахлоқи зишту нописанд – мисли ҳасодат, кинаварзӣ, ғайбат, суханчинӣ ва ғайра — бошад? Омадааст! Пас, чаро бисёре аз мусалмононро мисли ҳазрати Паёмбар (с) инсоне хушахлоқ, хушбархӯрд, худсохта ва ба дур аз ахлоқи зишту нописанд намебинем? Имрӯз дурӯғ дар миёни мусалмонон, мисли об хӯрдан осон шудааст, бӯҳтону тӯҳмат задан ҳам инчунин. Шумо ҳазор бор барояшон такрор кунед, ки оқо! Худо ғайбатро ҳаром кардааст; ин ҳам ояти қуръонӣ дар мазаммати он, ғайбат накун! Вале мебинед, боз ҳам ғайбат мекунад.

Шояд ҳазорон бор дар Қуръони Карим хондааст, ки дар бораи одамҳо, бар асоси гумон ҳукм накунед, вале мебинед, бо як занну гумон, дигареро муттаҳам ба ҷосусӣ, душманӣ ва чизҳои дигар мекунад. Чаро?

Далелаш ин аст: тарбият, тазкияи нафс ва худсозӣ, фақат бо хондани сирф ҳосил намешавад, барои он ниёз ба як нафар мураббӣ ва тарбияткунанда, ки худаш инсоне худсохта аст, вуҷуд дорад; касе, ки дасти шуморо бигирад ва марҳила ба марҳила ва зина ба зина тарбиятатон кунад, то ҷое, ки ахлоқи некӯ ва писандида, дар нафсатон росиху устувор гардад, ва ҳамчунин дурӣ ҷустан аз ахлоқи зишту нописанд ҳам бароятон малака шавад. Зеро мураббӣ медонад, роҳи тарбия чӣ гуна аст. Ин кор бо хондан ва донистани хушку холӣ ҳосил намешавад.

Ин ки мусалмонони садри ислом (саҳоба) одамони худсохтае буданд, сабабаш ин аст, ки ҳазрати Паёмбар (с) худашон камар ба тарбияти онҳо баста буданд.

Тоза, тарбияти як нафар, то як нафари дигар, фарқ мекунад. Дар амри тарбият, мураббӣ пеш аз ҳар чизи дигар, бояд як равоншинос бошад. Бояд бидонад, ки оқои “А” бо чӣ роҳу равише бояд тарбият шавад, ва оқои “В” бо кадом роҳ. Коре, ки ҳазрати Паёмбар (с) бо саҳоба ва ёрони худ мекарданд. Масалан, чигунагии тарбияти ҳазрати Салмон (р), ки як одами ҷаҳондида ва таҳсилкардае буд, ҳаргиз бо чигунагии тарбияти ҳазрати Абӯзар (р), ки як бодиянишин буд, барои Паёмбар (с) яксон набуд. Инҳоро бо муроҷеа ба ривоятҳо метавон ёфт.

Ҳол, барои рӯшан шудани масъала як ривоят нақл кунам: дар садри ислом ва дар замони Паёмбар (с), рӯзе як аъробӣ (араби биёбонӣ) вориди Мадина шуд ва яксара ба масҷид омад, то аз Паёмбар (с) симу заре бигирад. Ҳангоме ворид шуд, ки Расули Акрам (с) дар миёни анбӯҳи асҳоб ва ёрони худ буд. Аъробӣ ҳоҷати хешро изҳор кард ва атою бахшише хост.

Расули Акрам (с) чизе ба ӯ дод, вале ӯ қонеъ нашуд ва бештар хост, ба илова, сухани дуруште ҳам бар забон овард ва нисбат ба Расули Акрам (с) беадабӣ кард.

Асҳоб ва ёрон сахт дар хашм шуданд ва чизе намонда буд, ки озоре ба ӯ бирасонанд, вале Расули Худо (с) монеъ шуд.

Расули Акрам (с) сипас аъробиро бо худ ба хона бурд ва миқдоре дигар ба ӯ кӯмак кард. Зимнан, аъробӣ аз наздик мушоҳида кард, ки вазъи Расули Акрам (с) ба вазъи руасо ва ҳуккоме, ки то кунун дида буд, шабоҳате надорад ва чандон зару зеваре ҳам надорад.

Аъробӣ калимаи ташаккуромез бар забон ронд. Дар ин вақт Расули Акрам (с) ба ӯ фармуд: ту дирӯз сухани дурушту ноҳамворе бар забон рондӣ, ки сабаби хашми асҳоб ва ёронам шуд. Ман метарсам, аз ноҳияи онҳо ба ту газанде бирасад. Ҳол, ки дар ҳузури ман ин ҷумлаи ташаккуромезро гуфтӣ, оё мумкин аст ҳамин ҷумларо дар ҳузури ҷамъият бигӯӣ, то хашму нороҳатие, ки онон нисбат ба ту доранд, аз байн биравад?

Аъробӣ гуфт: монеъе надорад.

Рӯзи дигар аъробӣ ба масҷид омад, дар ҳоле ки ҳама ҷамъ буданд. Расули Акрам (с) рӯ ба ҷамъият кард ва фармуд: ин мард изҳор медорад, ки аз мо розӣ шуда, оё чунин аст?

Аъробӣ гуфт: чунин аст, ва ҳамон ҷумлаи ташаккуромез, ки дар хилват гуфта буд-ро такрор кард. Асҳоб ва ёрони Расули Худо (с) хандиданд.

Ҳол, шоҳиди ман дар мавзӯъи мавриди назар, идомаи ин достон ва суханони ҳазрати Паёмбар (с) ба асҳоб аст. Расули Акрам (с) рӯ ба ҷамъият кард ва фармуд: масали ман ва ин гуна афрод, масали ҳамон марде аст, ки шутураш рамида буд ва фирор мекард ва мардум ба хиёли ин, ки ба соҳиби шутур кӯмак бикунанд, фарёд карданд ва ба дунболи шутур давиданд. Он шутур бештар рамид ва фироритар шуд. Соҳиби шутур мардумро бонг зад ва гуфт: хоҳиш мекунам, касе ба ман коре надошта бошад, ман худам беҳтар медонам, ки аз чӣ роҳ шутури хешро ром кунам.

Соҳиби шутур ҳамин, ки мардумро аз таъқиб боздошт, рафт ва як мушт алаф бардошт ва ором-ором ба шутур наздик шуд бидуни он ки наърае бизанад ва фарёде бикашад. Тадриҷан дар ҳоле, ки алафро нишон медод, шутур пеш омад. Баъд бо камоли суҳулат маҳори шутури хешро дар даст гирифт ва равон шуд.

Паёмбар (с) дар идома фармуд: агар дирӯз ман шуморо озод гузошта будам, ҳатман ин аъробии бадбахт ба дасти шумо кушта шуда буд ва дар чӣ ҳоли баде кушта шуда буд; дар ҳоли куфру бутпарастӣ, вале монеъи дахолати шумо шудам ва худам бо нармиву мулойимат ӯро ром кардам.

* * *

Хуб, ин ривоятро ба унвони шоҳид бар матлабе, ки дар боло гуфта будам, овардам. Яъне далел бар ин матлаб аст, ки тарбияту тазкия ва худсозӣ ниёз ба як мураббӣ, ки худаш одами худсохтае аст ниёзманд аст.

Тасаввуф, чунон ки гумон меравад, фақат ин нест, ки шуморе мардум ба унвони муридҳо пеши як пиру муршид гирд оянд ва ҳаракоте аз худ ба намоиш бигузоранд ва зикру авроде ба забон биёваранд ва аҳёнан рақс бикунанд ва ба гумони худашон фонӣ шаванд… ва аз ин қабил чизҳо, ки албатта ин ҳам худ як мусибат аст, ки мутаассифона сӯфинамоҳо тасаввуфро ба якчунин чизе табдил додаанд, ки дар баҳсҳои оянда дар ин хусус бештар баҳс хоҳам кард.

Тасаввуф фақат инҳо нест, балки тасаввуф ин як мактаби тарбиятӣ аст, як мактаби тазкия ва худсозӣ аст бо як барномаи комилан муназзам.

Пир ва ё ҳамон муршид, ки як одами худсохта ва комилан тарбиятдида ва инсоне комил аст, дар воқеъ идомадиҳандаи рисолати Паёмбар (с) дар амри тарбияту тазкияи нуфуси мардумон аст. Албатта, манзурам, муршид ва пири воқеии тариқат аст — на муддаиёни тариқат ва тасаввуф — ки имрӯза хеле андак ва шояд дар кулли дунё ангуштшумор бошанд.

Касоне, ки камобеш бо тасаввуф ошноӣ доранд, медонанд, ки пир, кораш тарбияти зина ба зина ва марҳила ба марҳилаи мурид аст. Ӯ як равоншинос ба тамоми маъност, агарчӣ ба ҳеч як аз ин истилоҳот ва вожаҳои имрӯзаи равоншиносӣ, ки дар донишгоҳҳо тадрис мешавад, ошноӣ надорад. Ӯ дар гоми аввал, бо руҳияи мурид ошно мешавад ва ташхис медиҳад, ки ин мурид чӣ зарфияте дорад, то мутаносиб ба зарфиятҳои вай, ба ӯ таклиф диҳад, ва дар ҳар як аз марҳилаи тарбиятӣ ӯро ҳамроҳӣ мекунад; аз як манзили тарбият то манзили баъдӣ, то он, ки ӯро мерасонад ба охирини манозил (ки ҳоло баҳсаш муфассал аст ва ҷояш ҳам ин ҷо нест ва шояд дар мабоҳиси баъдӣ роҷеъ ба манозили сайру сулук сӯҳбат бикунам) ва дар натиҷа аз ӯ як инсони комил месозад.

Ин тарбият ва ин тазкия ва ин худсохтагӣ, ҳаргиз бидуни роҳнамоӣ ва ҳидояти як пир ва як муршиди ҳақиқӣ ҳосил намешавад ва тақрибан маҳол аст.

Пас, хулоса ин аст, ки тасаввуф фақат ин нест, ки теъдоде мурид пеши як муршид ҷамъ шаванд ва ҳаракоте аз худ ба намоиш бигузоранд, тасаввуф қабл аз ҳама, як мактаби тарбиятӣ аст, як мактаби тазкия ва худсозӣ аст ва муршид ё ҳамон пир, дар воқеъ идомадиҳандаи рисолати Паёмбар (с) дар амри тарбияту тазкияи нуфуси мардумон аст.

* * *

Оё дар садри ислом чизе ба номи тасаввуф вуҷуд дошт?

Ин ҷо лозим аст ба як нуктаи бисёр муҳимми дигар ишора кунам, ки дар воқеъ посухи ин шубҳа аст, ки: дар садри ислом ва замони Паёмбар (с) ва саҳоба, мо чизе ба номи тасаввуф надоштем, бинобар ин як бидъат аст, ки баъдҳо пайдо шуда.

Посух ин ки, аввалан: мо набояд асиру банди унвонҳо ва номгузориҳо бошем, балки бояд нигоҳамон ба ҳақиқат ва моҳияти як чиз бошад.

Сониян, ин ки унвони “тасаввуф” ва ё “сӯфӣ” дар замони Паёбар (с) ва саҳоба барои касе ба кор бурда намешуд ва ин вожа баъдҳо барои инсонҳои бахусусе ба кор рафт, дар ин шакке нест. Ин истилоҳ баъдҳо вазъ шуд, вале бо ин вуҷуд, ҳақиқат ва моҳияти тасаввуф (сарфи назар аз ин истилоҳ) мавҷуд буд.

Рисолати мактаби тасаввуф оё ғайр аз ин аст, ки ба амри тарбияту тазкияи нуфуси мардумон, он ҳам тавассути як инсони комил ва худсохта, бипардозад? Дар боло ишора шуд, ки дар замони ҳазрати Паёмбар (с) ин худи он ҷаноб (с) буданд, ки ӯҳдадори ин муҳим буданд ва зина ба зина ва марҳила ба марҳила мусалмонони садри исломро тарбият мекарданд. Амри тарбияту тазкияи нафс, бидуни мураббӣ ва тарбияткунанда, амре тақрибан маҳол аст, ки дар боло ёдовар шудам.

Бинобар ин, набояд гӯли бархе ҳарфҳоро хӯрд, ки ба далели он, ки ин истилоҳ (истилоҳи тасаввуф ва ё ирфон) дар садри ислом вуҷуд надошт, пас ин мактаб аз аслу реша зери суол бурда шавад.

* * *

Хидмати тасаввуф ва сӯфиён дар густариши ислом

Нуктаи дигаре, ки дар ин баҳс мехоҳам дар бораи он сӯҳбат бикунам ин аст, ки: гумони ғолиб дар бораи густариши ислом дар дунё ин аст, ки ислом аз тариқи футуҳоти билод густариш ёфта, мисли ин пиндор, ки сипоҳиёни ислом сарзаминеро фатҳ мекарданд ва сипас миёни мардуми он сарзамин таълимоти исломӣ таблиғ мешуд ва мардум ҳам ба ислом мегаравиданд.

Ҳол, агар ба харита ва нақшаи ҷаҳон нигоҳе ба кишварҳое биандозем, ки ҳамакнун шаҳрвандонаш мусалмон ҳастанд, шояд ин пиндор, фақат дар бораи ҳудуди 30 то 40 дарсади ин кишварҳо сидқ кунад. Яъне воқеан мардуми ин кишварҳо (мисли Эрон, Осиёи Миёна, Миср, Шом, Туркия ва чанд тои дигар…) пас аз фатҳи онҳо ба дасти сипоҳиёни ислом, мусалмон шудаанд. (Албатта он ҳам на ба таври иҷбору икроҳ, ки ин худ баҳсаш ҷудост). Аммо дар боқии 70 ё 60 дарсади ин кишварҳо, оё медонем ислом чӣ гуна ва ба дасти чӣ касоне ворид ва густариш ёфтааст? Оё боре дар ин хусус фикр кардаем?

Оё медонем, ислом чӣ гуна ва бо чӣ роҳе масалан ба ҷануби Ҳинд, Молезӣ, Андунезӣ (Индонезия), Чин, бештари кишварҳои офриқоӣ (на шимолаш, балки васат ва ғарби он) — ки иттифоқан шумори бештари мусалмонони ҷаҳонро ҳаминон ташкил медиҳанд — ворид шуда ва густариш ёфтааст? Оё дар бораи ин мавзӯъ иттилое дорем?

Азизон метавонанд таърихи вуруди ислом ба ин кишварҳоро, ки дар китобҳои таърихӣ омадааст, бихонанд. Густариши ислом дар ин кишварҳо ба дасти сӯфиҳо ва мактаби тасаввуф сурат гирифта, он ҳам фақат бо силоҳи мантиқ, истидлол ва ахлоқи волои исломӣ, ки ин сӯфиҳо аз худ ба намоиш мегузоштанд ва мардуми он сарзаминҳо маҷзуби ахлоқи онҳо мешуданд ва фавҷ-фавҷ рӯй ба ислом меоварданд. Он сӯфиҳо ё тоҷир буданд, ки барои тиҷорат сафар карда буданд, ё мубаллиғони динӣ буданд ва ё аҳёнан фиристода ва сафири яке аз кишварҳои исломӣ буданд.

Ҳоло ба унвони намуна арз мекунам. Ҳамаи мо бо Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ориф ва сӯфии барҷаста, ки марқади муборакаш дар Кӯлоб воқеъ аст ва аз қазо имрӯзҳо барояш дар кишварамон ва низ дар Эрон ҳамоишҳое баргузор мекунанд, ошно ҳастем. Ин ориф ва донишманди исломӣ ҳамроҳ бо шуморе аз муридонаш ба Кашмир сафар мекунад ва замоне, ки дар онҷо мустақар мешавад, мардуми он сарзамин маҷзуби ӯ ва ахлоқи волояш мешаванд, ва ҳамин сабаб мегардад, ки ҳама ба ислом рӯй оваранд ва дар як муддати кӯтоҳ ин сарзамин куллан як сарзамини исломӣ гардад.

Аз ин намунаҳо мо бисёр дорем. Дар Андунезӣ ҳам чунин иттифоқе афтода, дар Молезӣ, Чин ва васат ва ғарби Офриқо ва дигар кишварҳо низ.

Хулоса, хадамоте, ки тасаввуф ва сӯфиҳо барои ҷаҳони ислом кардаанд, ҳеч тоифаи дигаре аз муҳаддисону мутакаллимону фуқаҳову дигарон накардаанд.

Аммо чӣ шуд, ки тасаввуф ҷойгоҳашро аз даст дод ва имрӯза тасаввуф он тасаввуфе, ки пештар буд, нест? Ва бадтар аз ин, кор ба ҷое расида, ки на танҳо аз тасаввуф ба некӣ ёд намешавад, балки аҳёнан онро ба унвони як ҷараёни манфӣ дар таърихи исломӣ ёд мекунанд. Чаро?

* * *

Чаро тасаввуф ҷойгоҳашро аз даст дод?

Ин ду омил дорад: яке, омили дарунӣ ва марбут ба тағйироте аст, ки дар даруни тасаввуф дар тӯли таърих рух дода, ва омили дуввум, омили берунӣ аст, яъне ҷараёнҳое аз берун ба мухолифат бо тасаввуф бархоста ва аз шаъну ҷойгоҳи тасаввуф ва сӯфиён дар ҷомеаи исломӣ костанд.

Ва аммо омили аввал, ки гуфтем, омили дарунӣ аст. Яке аз ин авомил он аст, ки тасаввуф ба мурури замон ба ҳамон чизе гирифтор шуд, ки дар оғоз ва ибтидои пайдоишаш, шадидан аз он парҳез мекард.

Тавзеҳ ин ки: сӯфиҳо дар оғози пайдоиш, ҳаргиз худро тофтае ҷудобофта бо як силсила аъмоли зоҳирии хосс ба худ намедонистанд. Ва аз ҳамин рӯй аст, ки мебинем, сӯфиҳо дар миёни ҳамаи мазоҳиб ва ҷараёнҳои исломӣ дида мешуданд. Бештари фуқаҳои ҳанафимазҳаб масалан, аз шуюхи тасаввуф ҳам шумурда мешуданд мисли Аллома Ибни Обидин ва дигарон. Ва ҳатто дар миёни ҳанбалимазҳабҳо низ аз орифон ва сӯфиҳои барҷастае ёфт мешаванд мисли Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ.

Аммо бо мурури замон, ва махсусан дар ду се садаи ахир, сӯфиҳо бештар ба зоҳир ва қишр андармон шуданд, то ба ботин ва ҷавҳар. Яъне, сӯфӣ будан ин шуд, ки шумо бо анҷоми як силсила аъмоли зоҳирии бахусус — мисли баргузории маҷолиси зикр ва аҳёнан анҷоми ҳаракоте хосс мисли рақсу аз ин қабил ҳаракот ва ё пӯшидани либосҳои махсус — сӯфӣ будани худро нишон медодед. Инҳо сабаб шуданд, ки ба тадриҷ тасаввуф аз он сурати аввалия берун шавад ва рисолати аввалияеро, ки бар ӯҳда дошт, фаромӯш бикунад.

Албатта, банда намегӯям, ки ин аъмол – аз қабили баргузории маҷолиси зикр ва ё самоъ ва ғайра — аз тасаввуф набуданд ва баъдҳо ворид шуданд. На. Намехоҳам ин иддаоро бикунам. Балки он чӣ мехоҳам бигӯям ин аст, ки тасаввуф худи ҳамин аъмол нест.

Мавлоно — ки худ як ориф ва сӯфии ба тамоми маъност ва касе аст, ки поягузори як мактаби хосс аз тасаввуф, ки баъдҳо ба Мавлавия шинохта шуд мебошад – ба шиддат ба касоне, ки бо анҷоми аъмоли хосси сӯфия ва дарбар кардани либосҳои махсуси сӯфиён тазоҳур ба тасаввуф карда ва ин мактабро аз ҷавҳари худ холӣ намудаанд, метозад. Ӯ дар дафтари панҷуми Маснавӣ тамсиле оварда, ки яке аз сӯфиёни машҳур аз рӯи дилтангӣ қабои худро пора мекунад ва пас аз пора кардани он, басту гушоише барои ӯ падид меояд ва он гоҳ қабои порашударо “фараҷӣ” меномад. Ин ном аз он мард ба ёдгор мемонад ва аз он пас ривоҷ меёбад. Мавлоно мегӯяд: орифи ҳақиқӣ агар фараҷӣ мепӯшад, аз он рӯст, ки ба ҳақиқати он расидааст, яъне дарёфтааст, ки бояд “ман”-и козиби худро пора кунад, то ба Ҳақ бирасад. Ва агар “хирқа” мепӯшад, бад-ин ҷиҳат аст, ки риштаи таъаллуқоти нафсонии худро даридааст. Пас, ин ҷома ҷанбаи тамсилӣ дорад ва пӯшидани он барои касе сазовор аст, ки ҳаққан ҷавҳари вуҷуди худро камол бахшида ва аз ранги таъаллуқ озод бошад. Ва лекин сӯфинамоён хаёл мекунанд, ки танҳо бо пӯшидани далқу хирқаву фараҷӣ ва ташаббуҳ ба зоҳири урафо, ба мақоми ирфон ва ҷавҳари тасаввуф мерасанд. Пас, вусул ба ҳақиқат, ба шаклу шамоили зоҳирӣ нест:

Ҳаст сӯфӣ он ки шуд сафватталаб,

Н-аз либоси суфу хайётиву даб.

Сӯфиӣ гашта ба пеши ин лиом,

“Ал-хиёта вал-лавота, вассалом”.

Бар хаёли он сафову номи нек

Ранг пӯшидан накӯ бошад, валек

Бар хаёлаш гар равӣ то асли ӯ,

Не чу уббоди хаёли тӯ ба тӯ.

Яке дигар аз омилҳои дарунӣ барои коста шудани ҷойгоҳи тасаввуф ин аст, ки дар оғози пайдоиши тасаввуф, муршид (ва ё ҳамон пири тариқат) ба касе гуфта мешуд, ки аввалан, инсони худсохта ва комил ва пойбанд ба шариат бошад, ва расидан ба мақоми муршидӣ ва пирӣ ҳам, замоне барояш муяссар мешуд, ки тамоми мароҳили сайру сулуки ирфониро тай карда бошад. Аммо ба мурури замон — ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ки муршидҳо аз ҷойгоҳи волое дар ҷомеа бархӯрдор буданд – касоне иддаои инсони комил буданро карда, худро дар мақоми муршидӣ медиданд. Ва аз ин ҳам бадтар, муршиду пир будан, ирсӣ гардид. Яъне агар як нафар инсони комил ва муршид, ки дар ҷомеа аз як эътибори хоссе бархӯрдор буда ва муридоне доштааст, бо фавти ӯ, писараш ба ҷойи ӯ менишаст. Ин бадтарин шакли таҳрифи тасаввуф буд.

Мавлоно аз муддаиёни дурӯғини тасаввуф дар ранҷ буд ва дар Маснавӣ борҳо ба ин тоифа, ки бо ҳифзи истилоҳоти урафо ва сӯфия, барои худ дӯкони хоссе боз кардаанд, вале аз ҳақиқати тасаввуф ва ҷавҳари он бебаҳараанд, ҳамла мекунад. Мавлоно ин муддаиёни дурӯғинро ба сайёде монанд мекунад, ки барои ба дом андохтани парандагон, аз худ садои паранда дармеоваранд:

З-ин лисонут-тайр ом омӯхтанд,

Тумтароқу сарварӣ андӯхтанд.

Сурати овози мурғ аст он калом,

Ғофил аст аз ҳоли мурғон марди хом.

Ку Сулаймоне, ки донад лаҳни тайр?

Дев, гарчи мулк гирад, ҳаст ғайр.

Дев бар шибҳи Сулаймон кард ист,

Илми макраш ҳасту “алламно”-ш нест.

Сӯфиёни дурӯғин монеъи расидани дардмандон ба табиб ҳастанд ва Мавлоно онҳоро ба оби шӯре ташбеҳ мекунад, ки аташи ҳеч ташнаеро намешикананд, балки ташнагии аҳли тасаввуфро бештар мекунанд:

Ходиъи дарданд дармонҳои жож,

Раҳзананду зарситонон расми бож.

Оби шӯре нест дармони аташ,

Вақти хӯрдан гар намояд сарду х(в)аш.

Лек ходиъ гашту монеъ шуд зи ҷуст,

З-оби ширине, к-аз ӯ сад сабза руст.

Ҳамчунин ҳар зарри қалбе монеъ аст,

Аз шиноси зарри хуш ҳар ҷо, ки ҳаст.

Пову парратро ба тазвире бурид,

Ки муроди ту манам, гир, эй мурид!

Гуфт: дардат чинам, ӯ худ дард буд,

Мот буд, арчи ба зоҳир бурд бурд.

Рав, зи дармони дурӯғин мегурез,

То шавад дардат мусибу мушкбез.

Аз он тараф ҳам, агар собиқан мурид ба касе гуфта мешуд, ки машғули тарбияти нафси худ дар назди як муршид ва инсони комил бошад, аммо бо мурури замон, мурид ба касе итлоқ шуд, ки фақат ба ҳамин иктифо бикунад, ки ба як “пир” даст бидиҳад ва он гоҳ ҳар ғалате, ки мехоҳад анҷом бидиҳад.

Дар бахши баъдӣ роҷеъ ба ин матлаб бештар сӯҳбат хоҳам кард.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисмати дуввуми мақола

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: