Перейти к содержимому

Чанд сухан бо душманони тасаввуф (2)

Бахши дуввум

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар баҳси пешин дар бораи омилҳои дарунӣ, ки боис шуданд аз ҷойгоҳи тасаввуф ва сӯфиҳо дар ҷомеаи исломӣ коста бишавад сӯҳбат кардем. Дар ин баҳс дар бораи омилҳои берунӣ сӯҳбат хоҳем кард.

Дар оғози пайдоиши тасаввуф, аҳаде аз уламо ва донишмандони исломӣ бо тасаввуф ва сӯфиҳо мушкиле надоштанд, вале аз охирҳои қарни 3-ум ва аввалҳои қарни 4-уми ҳиҷрӣ ба баъд, уламое пайдо шуданд, ки ба тасаввуф тохтанд. Ва ин тохту тозҳо дар оғоз агарчӣ мутаваҷҷеҳи асли тасаввуф набуд — балки ба гуфтаи мунтақидонаш, порае аз гуфторҳо ва рафторҳои инҳирофии баъзе аз сӯфиҳоро ҳадаф қарор дода буд — вале ин интиқодҳо ва ин тохту тозҳо ба тадриҷ мунҷар ба ин шуд, ки асли тасаввуф ҳам зери суол биравад.

Инак, ба унвони намуна, ба бархе аз ин уламо ишора мекунем:

1. Абулфараҷ Абдурраҳмон ибни Ҷавзӣ (вафот: 597 ҳ.қ): Ибни Ҷавзӣ қисмати зиёде аз китоби “Талбису Иблис”-и худро ба нақди оро ва одоби сулук ва рафтори сӯфиён ихтисос додааст. Ба назари ӯ, аз ҷумлаи “худъаҳои шайтон” бо сӯфиён, тарки касбу кору никоҳ, гӯшанишинӣ, пӯшидани хирқа, ривоҷи самоъ, ғино, рақс, эътиқод ба ҳулулу иттиҳод ва ғайра аст. Вай дар китоби дигаре ба номи “Сайдул-хотир” низ ба накӯҳиши сӯфия пардохта. Аммо мухолифони сӯфия аз китоби “Талбису Иблис”-и ӯ бештар истиқбол кардаанд. Бо ин ҳол, Ибни Ҷавзӣ машойихи аввалияи сӯфияро “салафи солеҳ” медонад ва аз ҷумлаи бидъатгузорон маҳсуб намедорад;

2. Ибни Таймия (вафот: 728 ҳ.қ): Ин донишманди исломӣ сӯфиҳоро ба се даста тақсим мекунад: сӯфияи ҳақоиқ, сӯфияи арзоқ ва сӯфияи расм. Ба назари ӯ, танҳо гурӯҳи аввал аҳли зуҳду ибодат буданд, аммо сӯфиҳои арзоқ сокинони хонақоҳанд ва сӯфиҳои расм низ ба либосу одоби зоҳирӣ иктифо кардаанд. Бинобар ин, Ибни Таймия бо ҳамаи сӯфия сари мухолифат надорад. Ӯ ҳатто бархе аҳли сакр монанди Боязиди Бастомиро агар аъмолашон мухолифи шаръ набошад, маъзур медонад ва онҳоро аз пайравони ваҳдати вуҷуд монанди Ибни Арабӣ ва Ҳаллоҷ ҷудо мекунад. Ибни Тайия ҳамчунин дар осораш аз машойихи аввалияи тасаввуф дифоъ карда ва ҳатто китобе дар мақомот ва аҳволи сӯфия ба номи “Ат-туҳфатул-ъироқия фил-аъмолил-қалбия” навиштааст.

Шадидтарин ҳамалоти Ибни Таймия бар сӯфиён ба хусус бар Ибни Арабӣ, дар рисолае аст, ки ба Шайх Насри Манбиҷӣ навишта ва дар он аз мӯътақидон ба иттиҳоду ҳулул ва ваҳдати вуҷуд интиқод карда ва суханони ононро шабеҳи ғолиён ва насоро донистааст.

Ба таври куллӣ, Ибни Таймия бо сӯфиёне, ки тасаввуфро (ба гумони ӯ) ба фалсафа ва афкори бегона бо ислом даромехтанд, мухолифат кардааст;

3. Аз дигар мунтақидони тасаввуф, Ибни Қайим, шогирди Ибни Таймия аст, ӯ ҳам мисли устодаш аз уламои ҳанбалӣ буд. Албатта мухолифати Ибни Қайим бо тасаввуф, ба он шиддату ҳиддате, ки дар устодаш дида мешавад, набуд.

4. Яке дигар аз мунтақидони сахти тасаввуф Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб аст.

Ва чунон ки мебинем, ишколу интиқоди уламои мазкур ба ҷуз Ибни Абдулваҳҳоб, мутаваҷҷеҳи бархе аз оро ва афкор ва рафторҳои сӯфия буд, на асли тасаввуф, аммо аҷиб он аст, ки пайравони инҳо ба хусус пайравони Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, имрӯз косаҳое доғтар аз ош шудаанд ва ба мухолифат ва инкори асли тасаввуф бархостаанд, ки ҳамин мавзеъгирӣ ба тадриҷ мунҷар ба зери суол бурдани асли тасаввуф шудааст.

Инҳо, ки ном бурдем, аз уламои аҳли суннат буданд. Ва аммо аз миёни донишмандони шиъа, ки ба мухолифат бо тасаввуф бархостаанд, метавон аз Ибни Бобавайҳ, Шайх Муфид, Шайх Тӯсӣ (ки ҳар се аз қудамои уламои шиъа маҳсуб мешаванд) ва низ Муқаддаси Ардабилӣ, Оятуллоҳ Фазлуллоҳ ва Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ (ки ин ду аз уламои муосири шиъа ҳастанд) ном бурд. Албатта мухолифати инон низ, мисли мухолифати уламои номбурдаи аҳли суннат, на бо асли тасаввуф, балки бо порае аз оро ва андешаҳо ва рафторҳои сӯфиён будааст.

* * *

Сӯфия ва сиёсат

Яке дигар аз масоиле, ки бояд дар борааш сӯҳбат бикунем, робитаи тасаввуф ва сӯфия бо сиёсат аст. Воқеияте, ки наметавон инкораш кард ин аст, ки бештари сӯфиҳо (на ҳамаашон) дар тӯли таърих худро аз арсаи сиёсат дур нигаҳ доштаанд, ва ҳамин кори эшон боис шудааст ин пиндор ба вуҷуд ояд, ки асосан тасаввуф мактабе аст, ки динро аз сиёсат ҷудо медонад. Оё ин пиндор дуруст аст?

Барои ёфтани посух ба ин пурсиш, аввал бояд байни се чиз тафкик кунем:

1) асли тасаввуф ва омӯзаҳои он;

2) андеша ва ақоиди бархе аз сӯфия;

3) таҷзия ва таҳлили мавзеъгирии бузургони тасаввуф.

Албатта, бояд таърифе ҳам аз сиёсат бидиҳем. Сиёсат, тибқи таърифи бисёр соддаи он, иборат аст аз: “идораи умури мамлакат, ислоҳи умури халқ ва мардумдорӣ.” Ва чунон ки огоҳон медонанд, идораи умури ҷомеа ва ислоҳи умури халқ, чизе ҷудонопазир аз ислом аст ва донишмандони исломӣ дар ин масъала иттифоқи назар доранд.

Ҳол, бо таваҷҷӯҳ ба тафкике анҷом додем, инак мепардозем ба баёни масъала:

1) Оё асли тасаввуф динро аз сиёсат ҷудо медонад?

Бо таваҷҷӯҳ ба асли тасаввуф ва омӯзаҳои он, наметавон чизеро дар он пайдо кард, ки бигӯяд, дин (ислом) аз сиёсат ҷудост. Зеро тасаввуф иборат аст аз: “равиш ва тариқае зоҳидона бар асоси шариъат ва тазкияи нафс ва рӯй гардондан аз дунё барои расидан ба Ҳақ ва сайр ба сӯйи камол.” Танҳо фарқе, ки тасаввуф бо соири макотиби исломӣ дорад дар ин аст, ки рӯйи масъалаи тазкияи нафс бештар таъкид дорад, албатта бо як силсила одобу русуме, ки махсуси ин мактаб аст. Вагарна, ҳамаи макотиби исломӣ тавсия ба тазкияи нафс ва рӯй гардондан аз дунё мекунанд ва “расидан ба Ҳақ ва сайр ба сӯйи камол”-ро ҳадафи ниҳоии ислом қаламдод мекунанд.

Ва рӯй гардондан аз дунё ҳам, ба ҳеч ваҷҳ ба ин маъно нест, ки куллан аз дунё ва мофиҳо бибурем ва узлат гузинем ва чунин бипиндорем, ки чун иштиғол ба сиёсат аз умури дунявӣ аст, пас бояд аз он дур шуд. Бузургони сӯфия ба такрор ба ин масъала ишора кардаанд. Зуҳде, ки мавриди назари сӯфия аст, ба маънои адами дилбастагӣ ба дунёст, зиндагии содда доштан аст ва асири молу мақом набудан аст. Яъне ин ки ту дар айни он ки соҳиби мол ҳастӣ, вале асири он нашавӣ, дар айни он ки соҳиби мақом ҳастӣ, аммо ба он дил набандӣ. Рӯй гардондан аз дунё дар назди сӯфия ба ҳамин маъност, на ба маънои раҳбонияте, ки масеҳият ба он қоил аст. Имом Ғаззолӣ (р) дар китоби “Эҳёи улуми дин”-и худ ин мафоҳимро нек тавзеҳ додааст.

Бинобар ин, ин пиндор, ки иштиғол ба сиёсат аз умури дунявӣ аст ва тасаввуф бар рӯй гардондан аз дунё таъкид ва аз ин рӯ ба дурӣ аз сиёсат тавсия мекунад, пиндоре нодуруст аст. Аслан, он чӣ ҳамаро хароб мекунад, ин ифроту тафритҳост.

Зеро, баъзеҳо бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳақиқат, ки ислом аз сиёсат ҷудо нест, чунон вориди масоили сиёсӣ мешаванд ва худро андармони он мекунанд, ки дигар ҳалолу ҳаром фаромӯшашон мешавад.

Ва дар муқобил, баъзеҳо ҳам, ба ин гумон, ки ислом ба рӯй гардондан аз дунё тавсия кардааст, чунон аз дунё мебуранд ва узлат мегузинанд, ки ҳатто аз зану фарзанд ҳам ҷудо мешаванд.

Хуб, агар масъала аз ин қарор аст, пас чаро сӯфиҳое ёфт шудаанд ва андак ҳам набудаанд, ки худро аз арсаи сиёсат дур нигаҳ доштаанд? Иллаташ чист?

2) Эътиқод ба ҷудоии тасаввуф аз сиёсат, мутаъаллиқ ба ҳамаи сӯфиён нест:

Ва аммо дар бораи ин матлаб, ба ҳамин андоза аз баён иктифо мекунем, ки эътиқод ба ҷудоии тасаввуф аз сиёсат, мутаъаллиқ ба ҳамаи сӯфиён нест, балки баъзе аз сӯфия чунин эътиқоде доштаанд. Ва чунон ки фақеҳ ғайр аз худи фиқҳ аст, мутакаллим ғайр аз худи калом ва муҳаддис ғайр аз худи илми ҳадис, ҳамчунин сӯфӣ низ ғайр аз худи тасаввуф аст. Ба сухани дигар, андеша ва гаройиши як сӯфӣ, лузуман нишондиҳандаи тамоми омӯзаҳои тасаввуф нест. Вагарна, мо дар таърих (ва ҳатто имрӯз) фақеҳоне ҳам доштаем, ки мӯътақид ба ҷудоии ислом аз сиёсат будаанд ва мутакаллимоне низ доштаем, ки эътиқод доштанд ислом аз сиёсат ҷудост. Аммо соири фуқаҳо ва мутакаллимон ба радди эътиқодоти онҳо пардохта ва посухашонро додаанд. Аз ин рӯ, беҳтарин роҳ барои огоҳӣ ба ҳақиқати матлаб дар ин мавзӯъ, нигоҳ ба омӯзаҳои тасаввуф аст.

Бинобар ин, вақте ба омӯзаҳои тасаввуф назар меафканем, дар он ба масоиле бармехӯрем, ки бо вуҷуди онҳо, маҳол аст пиндошта шавад, ки тасаввуф аз сиёсат ҷудо будааст. Иҷоза бидиҳед дар ин бора бештар сӯҳбат бикунам.

Меҳвари тасаввуф ва ирфонро “сайру сулук” ташкил медиҳад ва сӯфия барои сайру сулук, чаҳор сафар қоил ҳастанд. Дар сафари чаҳорум ва ахир, ин вазифаи як сӯфӣ ва орифи комил аст, ки ба сиёсат (идораи умури ҷомеа) бипардозад. Ҳол, ин чаҳор сафарро аввал каме шарҳ бидиҳам:

а) Сафари аввал: аз халқ оғоз мешавад ва ба Ҳақ меанҷомад. Дар ин сафар, ҳамаи шаҳавот ҳамчун зарандӯзӣ, мақомпарастӣ ва ҳамаи разоил ба канор гузошта мешавад ва солик худро аз ҳамаи бадиҳо пиройиш мекунад ва ба сӯйи Худои пок раҳсипор мешавад. Дар ин сафар, сару кори солик бо Худост ва дағдағаи висол ба Ҳақро дорад;

б) Сафари дуввум: аз Худо оғоз мешавад ва дар Худо идома меёбад ва ба кӯмаки Ҳақ ба Ҳақ хатм мешавад. Дар ин сафар, солики Ҳақ ва мусофири кӯйи илоҳӣ, мекӯшад то худро ба авсофу асмои Ҳақ биёрояд ва хешро ба ахлоқи худоӣ дароварад, ва дар як калима, илоҳӣ шавад; зеро ба дунболи ин сафар, вижагиҳои хилофатро касб мекунад, чун халифаи илоҳӣ бояд аз вижагиҳои худовандӣ бархӯрдор бошад. Дар ин сафар саъйи солик бар ин аст, ки бо дасти пур аз сафар баргардад ва ҳушёрӣ ва бедориро ба даст оварад ва дар ҳоли яқза (ҳушёрӣ) ба сӯйи мардум раҳсипор шавад; зеро “хуфта кай кунад хуфтаро бедор”. Ин сафар агар хуб сипарӣ шавад, сафарҳои баъдиро низ пуштибонӣ хоҳад кард. Дар ин сафар, басирати воқеӣ ва ҳақиқӣ ба даст меояд ва чашми солик чашми худоӣ мешавад;

в) Дар сафари севвум, мабдаъи сафар Худост, мақсад халқи Худо. Дар ин сафар, бо андӯхтаҳое, ки фароҳам кардааст, бо раъфату утуфати комил ба сӯйи халқи Худо раҳсипор мешавад, вале худсарона не, балки ба кӯмаки Парвардигори олам аз оғоз то саранҷом хоҳад буд. Солик то ин ҷо худ рафта, ба асмои ҳуснои илоҳӣ ороста гашта ва барои ҳидоят ва раҳбарӣ, ба сӯйи халқ бозомадааст;

г) Сафари чаҳорум: аз халқ дар халқ ба сӯйи Худо. Яъне инсон илоҳӣ мешавад ва ранги Худо мегирад ва замоне, ки ороста ба ахлоқи илоҳӣ ва мазҳари асмоуллоҳ шуд, ба миёни мардум омада, бо инояти илоҳӣ ва файзи рубубӣ либоси нубуввату рисолатро бар тан мекунад ва ё кисвати вилоят мепӯшад ва дар ҷиҳати саодати дунё ва охирати ҷомеа қадам мегузорад ва ба масъулиятҳояш амал мекунад. Бинобар ин, набӣ ва расул ва валӣ мазҳар ва таҷаллии инсони комили мукаммиланд.

* * *

Суханони бузургони ирфону тасаввуф дар бораи сафарҳои чаҳоргона

Рисолае аз ҳаким, ориф ва сӯфии машҳур Муҳаммадризо Қумшаӣ дар бораи сафарҳои чаҳоргона расидааст. Ҳаким Қумшаӣ дар баёни сафари чаҳорум мегӯяд:

ويأخذ في السفر الرابع: وهو من الخلق إلى الخلق بالحق. فيشاهد الخلائق وآثارها ولوازمها؛ فيعلم مضارها ومنافعها؛ ويعلم كيفية رجوعها إلى الله وما يسوقها؛ فيخبر بها وبما يمنعها

Ва (ориф) шурӯъ дар сафари чаҳорум мекунад, ва он аз халқ ва дар халқ ба сӯйи Ҳақ ба кӯмаки Ҳақ аст. Дар ин ҷо мушоҳидаи халоиқ ва осору лавозими онҳоро мекунад, дар натиҷа медонад мазоррашон ва манофеъашонро ва чигунагии муроҷиат ба сӯйи Худовандро ва хабар аз муқтазаёт ва мавонеъ медиҳад…

Имом Хумайнӣ (р), орифи муосир, дар тавзеҳи ин сухан аз ҷумла мегӯяд:

وفي هذا السفر يشرع ويجعل الأحكام الظاهرة القالبية والباطنية القلبية، ويخبر وينبىء عن الله وصفاته وأسمائه والمعارف الحقّة، على قدر استعداد المستعدين

Дар ин сафар ташреъ мекунад ва хабар аз Худо, сифоташ, асмоаш ва аз маъорифи ҳаққа ба қадри истеъдоде, ки шунавандагон доранд, медиҳад.”

Мурод аз ташреъ дар ин ҷо, ҳамон идораи умури ҷомеа аст. Ба баёни дигар, дар сафари чаҳорум вазифа ва таклифи ориф ва сӯфӣ – ки дигар инсоне комил гардидааст – ҳидоят ва роҳнамоии мардум ва ҷомеа аст; ҳидояте, ки бо он саодати мардум ва ҷомеа дар дунё ва охираташон таъмин бишавад. Аз ин рӯст, ки дар ин сафар, роҳнамоии сӯфии комил, ба кӯмаки Худост. Ҳаким Ҷаводии Омулӣ, яке дигар аз урафои муосир, дар ҳамин робита мегӯяд:

Ва сафари чаҳорум, бо он аз халқ оғоз шуда ва ба халқ хатм мегардад. Дар ҳамаи мақомот ва мавоқифи худ, (сӯфӣ) аз ҳамроҳӣ ва ҳидояти Ҳақ бархӯрдор мебошад… Ин хислати ҷаҳонфаҳмии ҳаким, ки мутаъассир аз ҷаҳоншуҳудии ориф аст, марзи ҷудокунандаи фалсафаи илоҳӣ аз фалсафаи илҳодӣ аст. Дар фалсафаи илҳодӣ асаре аз се сафари аввал нест. Он чӣ ҳаст, танҳо сафар аз халқ ба халқ аст, бурида аз Ҳақ ва дар кисвати халқи маҳз. Файласуфи моддӣ ба далели маҳрумият аз анвори илоҳӣ, ба гунае сард ва хомӯш ба наззораи ҷаҳоне мурда ва беруҳ мепардозад ва ҳамвора сайри уфуқӣ дошта ва ҳаргиз аз халқ ба Холиқ сулук надорад, чӣ расад ба он ки дар авсофи Холиқ сафар карда ва ё аз он сӯ паёме барои маҳдудаи хилқат дошта бошад…”

* * *

Сираи амалии урафо ва сӯфия

Сираи амалии урафо ва сӯфиҳои бузург дар тӯли таърих, шоҳид ва гувоҳ бар ин аст, ки тасаввуф аз сиёсат ҷудо набудааст. Нигоҳе ба сираи амалии сӯфиҳое чун Шайх Наҷмуддини Кубро ва Хоҷа Аҳрори Валӣ ва дигарон, ин муддаоро собит мекунад. Ҳалабӣ (с.140-141) дар бораи Шайх Наҷмуддини Кубро мегӯяд:

Чун чингизиён мехостанд Хоразмро тасхир ва хароб кунанд, хабар ёфтанд, ки ин марди сӯфӣ (Шайх Наҷмуддини Кубро) дар миёни хоразмиён аст… Қушуни Чингиз ва сарони ӯ ба ин фикр афтоданд, ки вайро аз ин вартаи бало бираҳонанд… Кас пеши ӯ фиристоданд ва паём доданд, ки мо азми разми аҳли Хоразм ҷазм кардаем ва бешак ба ёсо (муҷозот, кайфар) хоҳанд расид. Шайх бояд, ки аз он ҷо берун ояд, то офате ба ӯ нарасад. Он ҷаноб дар ҷавоб фармуд, ки: маро дар ин шаҳр хешон ва мутаъаллиқон ва муридонанд. Пеши Худо ва халқ маъзур набошам, ки эшонро гузошта, берун оям. Боз хабар омад, ки Шайх бо даҳ каси худ аз хоразмиён дур шавад. Ҷаноби Шайх гуфт, ки: он ҷамоат аз даҳ зиёдаанд. Шоҳзодагон бори дигар пайғом доданд, ки бо сад нафар берун ояд. Ҷаноби шайх фармуданд, ки аз сад низ зиёдаанд… Ҷавоб омад, ки бо ҳазор нафар берун ояд ва инони азимат ба ин тараф маътуф созад…

Шайх гуфт: чӣ гуна раво бувад, ки бо тоифае – ки дар эътиқоди иттиҳодӣ бошад – дар ҳолати амну сукуну оромиш аз ёрон мувофиқ бошам ва аз дӯстони содиқ ва дар вақти вуруди балову нузули қазо эшонро дар вартаи балову ъано (машаққат) бигузорам ва худ халосу наҷот талабам? Муруввати ман ба хуруҷ аз шаҳр рухсат намедиҳад…

Ба ҳар ҳол, Шайх напазируфт ва муғулон ба даруни шаҳр рехтанд. Шайх Наҷмуддин бархоста, хирқаи худро дар бар афканда ва миён баст ва бағал пури санг сохта, найзае ба даст гирифт ва рӯй ба ҷанги муғулон овард ва барояшон санг мезад, то сангҳое, ки дар бағал дошт, ҳама тамом шуд. Лашкари Чингиз он ҷанобро тирборон карданд. Як тир бар синаи муборакаш омад ва чун он тирро берун кашиданд, мурғи руҳаш ба риёзи биҳишт маъво гузид… Гӯянд, ки Шайх Наҷмуддин дар вақти шаҳодат парчам (мӯйи кокул)-и муғулеро гирифта буд ва пас аз он ки аз по дарафтод, даҳ кас натавонистанд он кофирро аз дасташ халос созанд ва оқибат кокули кофирро буриданд…” (Ҳалабӣ, с.140-141)

Намунаҳои зиёди дигаре ҳаст, ки дигар маҷоли баёни так-таки онҳо нест.

Поёни мақола

* * *

Қисмати аввали мақола

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: