Перейти к содержимому

Чӣ касе Хашоёршоҳ, шоҳаншоҳи муқтадири Эронзаминро кушт? (филм)

Мазнунони парвандаи қатли Хашоёршоҳи Ҳахоманиш чаҳор нафаранд: Ардавон, Дориюш, Гуштосб ва Ардашер. Кадомашон қотил аст?

Тобистон ба нима расида буд, ки хабаре боварнакарданӣ тахти Ҷамшедро дар буҳт фурӯ бурд. Хашоёршоҳ, шоҳи Ҳахоманиш, шоҳаншоҳи Эрон ва 23 миллати тобеъи он, писари Дориюши аввал ва наваи Куруш, ба қатл расидааст.

Ин қатл яке аз мармузтарин парвандаҳои ҷиноӣ дар таърихи Эрон аст. Куштани як шоҳи қудратманди ҳахоманишӣ дар хоб, коре нест, ки битавон онро ба соддагӣ анҷом дод.

Аз ин ки дар он замон, яъне 2 ҳазору 483 сол пеш, баррасии ин парванда дақиқан чӣ мароҳилеро аз сар гузаронда, чизи зиёде намедонем. Аммо таърих чаҳор муттаҳам ба қатлро ба мо муаррифӣ карда.

Аввалин муттаҳам Ардавон ё Ортобонус аст, фармондеҳи горди салтанатии шоҳ буда ва масъули ҳифозат аз ӯ.

Се муттаҳами баъдӣ, писарони Хашоёршоҳ ҳастанд; Дориюш, писари бузурги ӯ, ки валиаҳд буд ва ду писари баъдӣ, Гуштосб ва Ардашер, ки ҳар кадом барои расидан ба тахт талош карданд.

Филме кӯтоҳ дар ин мавзӯъ аз Asriran:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: