Перейти к содержимому

“Мардак” барин гуфт, мардак барин омаданд, пас мушкил куҷост?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар ҳамин оғоз бояд ёдовар шавам, ки Бадахшон ҷузъе ҷудонопазир аз Тоҷикистон аст ва мардуми ин минтақа барои ҳамаи мо, тоҷикистониён, азизу нури чашманд; мо ҳама аъзои як пайкарем, ки агар узве аз ин пайкар “ба дард оварад рӯзгор, дигар узвҳоро намонад қарор.” Бинобар ин, агар мушкиле бар сари азизони бадахшониамон фуруд ояд, ва ё дурусттараш, бар сарашон фуруд оваранд, бар сари ҳамаи мо фуруд омада, ки сукуту хомӯшӣ дар ин сурат, на танҳо хиёнат, ки ҷиноят ҳам ҳаст.

Аз ду се ҳафта пеш, ки пойи “мубораки” раисиҷумҳури кишвар ба ин сарзамин расид ва ӯ аз вазъи мавҷуд дар ин минтақа изҳори норизоятӣ карда, хостори сару сомон додан ба он шуд, якдафъа ҳама чиз ба ҳам хӯрд ва расонаҳои ҳукуматӣ шурӯъ карданд ба ироаи як тасвири бисёр нохушоянд аз мардуми сарбаланди ин минтақа барои соири шаҳрвандони Тоҷикистон ва куллан ҷомеаи ҷаҳонӣ.

Аммо аҷиб он аст, ки далели ин ҳама “сиёҳнамоиҳо” то кунун ба таври дақиқ равшан нест! Касе намедонад, чаро якдафъа ин минтақа ба унвони минтақаи “ноамн”, майдони ҷавалони қочоқчиён ва “нашъаҷаллобон”, минтақае, ки мардумаш “силоҳу аслиҳа” доштаанд ва ғайра аз ривоятҳо, ки то имрӯз шунидем ва шунидед, муаррифӣ шуд?!

Ибтидо гуфта шуд, баъзе аз мардум “силоҳу аслиҳа” дар хонаҳояшон захира карда будаанд! Баъд, гузориш шуд, ки онҳо дар ҳоли таҳвили “силоҳу аслиҳа”-и худ ба мақомоти интизомӣ ҳастанд, ва тибқи гуфтаи баъзе аз дӯстон (ҳоло ба шӯхӣ ё ба ҷидд) кор ба ҷое расид, ки баъзеҳо барои ин, ки тӯҳмате домангирашон нашавад ва мақомот хотирашон ҷамъ гардад, ҳатто асбоббозиҳои кӯдакон (игрушки), ки туфангу ин ҷур чизҳо будааст, таҳвили мақомот доданд.

Сипас гуфта шуд, мушкил мошинҳои “сиёҳшиша” будааст, ки ба қавли бону Мавҷуда Соҳибназарова, гӯё ин мушкил танҳо махсуси Бадахшон аст ва ба ҳадде хатарнок будааст, ки ниёз пайдо шуда, то як лашкар ба ин минтақа барои маҳви падидаи мазкур эъзом шавад! Аммо бо ин ҳама, мардуми ин минтақа билофосила бо кӯмаки нерӯҳои интизомии маҳаллӣ илова бар ҷамъоварии “силоҳу аслиҳа”, шурӯъ карданд ба поксозии мошинҳо аз “шишаҳои сиёҳ” ва кор ба ҷое расид, ки тибқи гузориши хабарнигори Родию Озодӣ ба нақл аз Фаромӯз Эргашов (вакили мудофеи собиқ ва фарде огоҳ аз моҷаро), ҳатто ба истилоҳ “лидерҳои ғайрирасмӣ” барои он ки дигар ҳеч баҳонае дар дасти мақомот боқӣ намонад, шахсан камар бастанд барои ҷамъоварии “силоҳу аслиҳа” ва пок кардани мошинҳои “сиёҳшиша”. Эргашов ба хабарнигори Родию Озодӣ дар ин хусус гуфтааст: “Вазъият дар минтақа ором аст ва лидерони ғайрирасмӣ дар маҳалҳо ба тоза кардани мошинҳои сиёҳшиша машғуланд. Онҳо барои он ба Додситонӣ рафта буданд, ки ба мақомот дар бораи супоридани силоҳу пок кардани шишаҳои сиёҳи мошинҳо хабар диҳанд ва гӯянд, ки дар ҷиноят даст надоранд.”

* * *

Ва аммо достони “лидерҳои ғайрирасмӣ”! Ин достон ҳам бисёр аҷибу ғариб аст. Асосан, қайди “ғайрирасмӣ” барои “лидер”, худаш аҷибтар аз ҳама чиз аст; гӯӣ ин ки мо дар ин минтақа (ё ҳатто дар соири манотиқи Тоҷикистон) “лидерҳои расмӣ” ҳам дорем, ки касе ҳаққи дахолат ба ғалатҳову тасарруфоти онҳо надорад ва ин ки ба ҷуз ин “расмиҳо”, дигар аҳаде ҳаққи иддаои “лидер” буданро доро нест. Вагарна, чӣ ниёз ба ин буд, ки ин панҷ тан ба унвони “лидерҳои ғайрирасмӣ” эълом шаванд?! Ман, ки шахсан фалсафаи қайди “ғайрирасмӣ”-ро нафаҳмидам. Мақомот бояд ин масъаларо тавзеҳ бидиҳанд, ки оё дар ҳар минтақае аз Тоҷикистон, афродеро ба унвони “лидерҳои расмӣ” гумоштаанд?! Ин ниёз ба тавзеҳ дорад.

Хуб, дар оғоз, мақомот танҳо ба ҳамин андоза басанда карданд, ки бигӯянд, тамоми мушкил ин “саркардаҳои гурӯҳҳои ҷиноии Хоруғ” ҳастанд, вале ҳеч номе бурда намешуд. Аммо ду рӯз пеш, ҷаноби Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи раиси вилояти худмухтори Бадахшон, ин ҷуръатро дошт, ки “мардак барин” эълом кунад, ки “саркардаҳои гурӯҳҳои ҷиноии Хоруғ” чӣ касоне будаанд! Ӯ гуфт: “Биёед, мардак барин сӯҳбат мекунем, гап дар бораи кӣ ва чӣ меравад. Ҳамон роҳбарони гурӯҳҳои ҷиноие, ки мо мегӯем, ин ҷо Мунаввар, Толиб, Боқир, Хурсанд, Зоҳир ва Ёдгор ҳастанд.”

Аммо идомаи моҷаро ҷолибтар аст. Баъд аз аланӣ шудани номи ба истилоҳ, “саркардаҳои гурӯҳҳои ҷиноии Хоруғ”, якдафъа мебинем, ин “саркардаҳо” ба пойи худашон мераванд ба додситонӣ ва бо изҳори норизоятӣ аз ин иттиҳомот, эълом мекунанд, ки агар мушкиле ҳаст, бо далелу мадрак бароямон собит кунед, ки мо “ҷинояткор” ҳастем! Тибқи гузориши Родию Озодӣ, “ин панҷ нафар рӯзи 22-юми октябр ба бинои Додситонии вилояти Бадахшон рафта, аз мақомот суол кардаанд, ки ин иттиҳом бар чӣ асос ёфтааст? Толиб Айёмбеков субҳи душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мехоҳанд, ҳамагуна суитафоҳум аз байн бурда шавад. “Чаро моро “сиёҳ” карданд? Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров ва Мунаввар Шанбиев низ дар ҳаминҷо ҳастанд ва баъди берун омадан дар бораи натиҷаи мулоқот суҳбат хоҳем кард.”

Ба сухани дигар, ҷаноби Ёдгоров “мардак барин” номи онҳоро эълом кард, ва ин бандаҳои Худо ҳам “мардак барин” омаданд ва дархост карданд, ки агар мушкиле ҳаст, бифармоед, мо дар хидматем, чаро бе ҷиҳат ва бе мадраку далел номи моро “сиёҳ” мекунед?!

Ва рост ҳам мегӯянд. Зеро, то ба ҳол, ҳеч далелу мадраки малмусе мабнӣ бар “ҷинояткор” будани ин панҷ нафар ироа нашудааст, лоақал дар расонаҳо надидем, ки нишон диҳад, ин панҷ нафар “табаҳкор” будаанд. Ва ба ҳамин далел аст, ки ин панҷ нафар бидуни ҳеч тарсу ҳаросе ба маҳалли додситонӣ меоянд ва тавзеҳ мехоҳанд. Вагарна, агар инҳо воқеан “табаҳкор” ва “саркардаҳои гурӯҳҳои ҷиноӣ” мебуданд, оё маъқул аст ба пойи худашон ба додситонӣ ҳозир шаванд?!

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ахбор, воқеан одам гиҷ мешавад ва намефаҳмад, ки асли моҷаро худаш чист? Чаро мақомот тасмим гирифтаанд ба ин минтақа лашкар бикашанд? Ба кадом далел? Агар далелаш ҳамин панҷ нафар бошанд, ки бандаҳои Худо худашон ба пойи худ ҳозир шуданд. Чаро мақомот як тавзеҳи қонеъкунандае дар ин хусус ироа намекунанд? Барои чӣ?

Гузориши ахири сойти Паём бисёр нигаронкунанда аст. Паём бо такя ба манобеъи худ, овардааст: “Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон аз адами тасмими амалиёти низомӣ дар Бадахшон ҳарф мезананд, манобеъи Паём аз мустақар шудани гурӯҳи бузурги махсуси пулис дар ноҳияи Ванҷ хабар медиҳанд. Ба ин гурӯҳ даҳҳо собиқ ҷангиёни Фронти халқӣ шомил гардидаанд.”

Гузориш меафзояд: “Ба гурӯҳ аз 200 нафар кормандони махсуси пулис, ки дар Ғарм омода шудаву дар чанд амалиёт ширкат кардаанд, шомиланд. Нимаи дигари ин гурӯҳро ОМОН-и вилояти Хатлон ва собиқ ҷангиёни Фронти халқӣ ташкил медиҳанд. Аз аъзои Фронти халқӣ асосан онҳое интихоб шудаанд, ки таҷрибаи бузурги ҷангиву раҳбарӣ дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 касб кардаанд. Ба ҳар 10 нафар 1 ҷангии Фронти халқӣ раҳбар таъин гардидааст.”

Ин гузориш бисёр нигаронкунанда аст. Агар Худой нокарда иттифоқе биафтад, ин барои ҳукумат ва мақомоти Тоҷикистон бисёр гарон тамом хоҳад шуд. Онҳо бояд аз тасмимҳо ва иқдомҳои носанҷида парҳез кунанд. Мақомоти Тоҷикистон аз паёмадҳои тасмими носанҷида ва аҳмақонаи мақомоти саудӣ дар ба қатл расондани як мунтақиди худ бояд дарс биомӯзанд.

* * *

Дар поёни ин ёддошт, лозим медонам як нуктаро мавриди ишора қарор бидиҳам. Ва он ин ки: бону Мавҷуда Соҳибназарова дар мусоҳибаи ахираш як тасвири воқеӣ ва ҳақиқӣ аз Бадахшон ва мардуми сарбаландаш ироа фармуд, ки шахсан барои худам ҷолиби таваҷҷӯҳ буд. Ӯ гуфт: “Дар Бадахшон ҳама ҳамдигарро хуб мешиносанд. Дар лаҳзаи душвор ҳамдигарро дастгирӣ мекунанд. Ба нафароне, ки хештаншиносанду ҳисси миллии баланд ва ғурури кӯҳистонӣ доранд, арҷ мегузоранд. Чанд сол пеш фақат ҷавонони бадахшонӣ буданд, ки бо хоҳиши худашон ба хизмати Ватан мерафтанд. ”Облава” гуфтани гап дар Бадахшон вуҷуд надошт, яъне ин мардум метавонанд барои ҳифзи сарҳад ҷонашонро дареғ надоранд, агар бо ҳар баҳона аз инҳо душман натарошанд.”

Ӯ афзуд: “Криминал” хондани ин мардум воқеан як зулм аст. Дар мактабҳои Бадахшон омӯзгор бо маоши камтарин қаноат мекунад. Барои бӯр, латтаи полшӯиву фаррош, аз хонанда маблағ намеситонад. Ҳаққи заҳмати иловагӣ аз волидайн талаб намекунад. Аз хурдӣ ба кӯдакон пора гирифтану пора доданро намеомӯзанд… Агар дар аксари минтақаҳои ҷумҳурӣ вазифаи раиси ноҳия фурӯхта шавад, ба сари бадахшонӣ ин вазифаро бор мекунанд. Барои он ки ин мардум раисро дар баробари худ медонанд. Раиси ноҳия дар Бадахшон даромаде надорад. Агар раиси ноҳия чун дигар манотиқи кишвар даромад медошт, шояд ба ин вазифа ҳам бадахшониро не, балки аз дигар минтақаи кишвар оварда таъин мекарданд.”

Бону Мавҷуда рост мегуфт. Баъд аз ин мусоҳиба, банда шахсан гузоришҳои сойту расонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро мурур кардам; гузоришҳо дар бораи ҷиноятҳо, табаҳкориҳо ва ҷаноҷолҳое, ки дар муддати 15-20 соли ахир дар кишварамон иттифоқ афтода ва ин ки чӣ афроде дар ин муддат ба ин ё он гурӯҳи теруристӣ дар ҷаҳон, ба хусус дар Сурия ва Ироқ пайвастанд ва чӣ ҷиноятҳое дар ин муддат сурат гирифт ва ҳатто ҷанҷолҳои хонаводагӣ аз кушту кушторҳое, ки байни зану шавҳар ё байни арӯсу модарарӯсу падарарӯсҳо иттифоқ меафтад ва ин ки чӣ ҷавононе худро ба дор меовезанд, ҳамаи инҳоро мурур кардам. Ҷолиб ин, ки шумо номе аз Бадахшон ва ё як бадахшонӣ дар ин гузоришҳо пайдо намекунед. Дар байни ҳудуди ду ҳазор ҷавоне, ки аз Тоҷикистон дар Сурия ва Ироқ ба саффи теруристҳо пайвастаанд, як ҷавони рӯшонӣ ё шуғнонӣ ё хоруғӣ ва ё ишқошимӣ намебинед. Як ҷавоне аз Бадахшон, ки худро ба дор овехта бошад, пайдо намекунед. Талоқҳову кашмакашҳои хонаводагӣ, ки расонаҳо аз онҳо пур аст ва ба як муъзали бузурги иҷтимоӣ дар ҷомеаи мо табдил шуда, омор нишон намедиҳад, ки дар миёни онҳо бадахшоние бошад.

Бо ин ҳол, ба гуфтаи бону Мавҷуда, “криминал” хондани ҳатто як фард аз ин мардум, воқеан зулм аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: