Перейти к содержимому

Охирин мусоҳибаи Ҷамол Хошуқҷӣ (матни комил)

Ишора: Ҷамол Хошуқҷӣ андаке пеш аз он ки дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истонбул ба қатл бирасад, мусоҳибае муфассал бо Руло Ҷибрил, хабарнигори нашрияи Newsweek дошта ва дар он, изҳороти камсобиқае дар бораи Муҳаммад бен Салмон ва сиёсатҳояш матраҳ кардааст.

* * *

Руло Ҷибрил (Rula Jebreal)

Руло Ҷибрил (Rula Jebreal) Newsweek: Ҷамол Хошуқҷӣ ба ман мегуфт, нигарони ҷонаш аст. Ман доштам барои Newsweek гузорише дар бораи Арабистони Саудӣ омода мекардам ва ба ҳамин хотир, гуфтугӯи маҳрамонае бо ӯ доштам. Ин яке аз далоиле буд, ки то ин лаҳза иҷоза надоштам, ки матни ин гуфтугӯро мунташир кунам. Далели дигар ҳам ин буд, ки умед доштам Ҷамол ҳанӯз зинда бошад. Ҳарчанд нишонаҳои фаровоне аз ваҳшигарии ифротии валиаҳд Муҳаммад бен Салмон ва режимаш вуҷуд дошт, аммо ҳаргиз тасаввур намекардам, ки ба ин зудӣ бо марги Ҷамол мувоҷеҳ шавем.

Ҷамол дар ҳини гуфтугӯи пурҷузъиётамон, перомуни оянда ва воқеаҳои ахири Арабистони Саудӣ, бисёр ором ва санҷида сухан мегуфт. Ӯ мегуфт, ки “худамро опозисиюни Арабистон намедонам.” Ӯ фақат ба дунболи ислоҳ буд. Ӯ “Арабистони Саудии беҳтаре” мехост. Ғам аз сару рӯяш меборид вақте мегуфт, ки агар қарор буд валиаҳди ҷавон, Муҳаммад бен Салмонро насиҳат кунам, ба ӯ мегуфтам, ки масири дигареро баргузинад ва ҷомеаи мадании саудиро тақвият кунад. Таҳи дилаш умед дошт, ки Муҳаммад бен Салмон бо вуҷуди он ки дар ҷойгоҳи “як раиси қабилаии аз мӯд афтода” қарор гирифта, ҳанӯз метавонад сари ақл биёяд. Вале руку саррост дар бораи одамҳои “табаҳкор”-и давру бари валиаҳд ҳарф мезад ва масалан мегуфт: “Агар онҳоро ба чолиш бикашӣ, сару корат бо зиндон хоҳад буд.”

Ҷамол, ба унвони фарде, ки даҳаҳо равобити наздике бо дарбори подшоҳии саудӣ дошт, маҳдудиятҳои анҷоми ислоҳот дар ин кишварро мефаҳмид. Дар ду-се ҳафтае, ки аз нопадид шуданаш мегузарад, ҳама ӯро мухолифи низоми саудӣ номидаанд, аммо то 18 моҳ пеш, дар ҳамаи умур комилан ба хатту усули расмии саудӣ вафодор буд; аз Яман ва Сурия гирифта то мазҳабпарастии мавҷуд дар қаламрави Арабистони Саудӣ. Аммо ин вафодориҳо натавонист ӯро аз сарнавишти шумаш наҷот диҳад; сарнавиште, ки ба қавли мақомоти туркияӣ, иборат буд аз шиканҷа шудан то сарҳадди марг ва саллохӣ шудан даруни консулгарии Арабистон.

Ҷамол дар охирин матлабе, ки барои “Алҳаёт” навишт, мухотабонро ба такассургароии (плюрализми) сиёсӣ даъват карда буд ва ин дуруст мусодиф бо замоне буд, ки Муҳаммад бен Салмон дошт омода мешуд, ки ба Ғарб сафар кунад ва дар бораи “ислоҳот”-аш лоф бизанад ва жести як ҷавони озодибахшро ба худ бигирад. Дар он ҷо Ҷамол навишта буд, ки режими саудӣ вожаи “ифротгароӣ” (extremism)-ро ба чумоқе барои кӯбидан ва муттаҳам кардани мухолифонаш табдил кардааст. Мусалламан ӯ 6 сол дертар бо баҳори арабӣ ҳамдил шуда; он чунон, ки дар ин фосила, Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш муваффақ шуда буданд, ки истибдоди ваҳшиёнаеро дар Миср, Баҳрайн ва бархе кишварҳои дигар эҳё кунанд. Аммо вақте Ҷамол ҳам ба ин мавҷ пайваста ва ҳамроҳи касоне шуда, ки ба озодӣ ва демукросӣ даъват мекарданд, режими саудӣ аз мавзеъи тозаи ӯ шок шуд.

Бомаззагии моҷаро онҷост, ки Арабистони Саудӣ, ки содироти аслии худаш, нафту ифротгароист, ҳоло ин ҳақро пайдо карда, ки дар Вошингтун барои давлати мо таъйини таклиф кунад, ки бо кадом яке аз ҷунбишҳои демукротики ҷаҳони араб метавон муттаҳид шуд ва кадом якро бояд душмани расмӣ ба ҳисоб овард. Эътиёди мо ба нафт ва низ ба даҳҳо милёрд дулор суфориш аз ҷониби бузургтарин муштарии санойеъи низомии Иёлоти Муттаҳида боис шуда, ки бадеҳиётро инкор кунем.

Даҳаҳост, ки нахостаем ба садои касоне гӯш диҳем, ки даруни қаламрави Арабистони Саудӣ зиндагӣ мекунанд ва қурбониёни ин режиманд. Муродам вакилони мудофеъ, равшанфикрони либерол, руҳониён, фаъолони ҳуқуқи занон ва рӯзноманигорон аст. Вақте дар Вошингтун хелеҳо мунтазири он буданд, ки дурӯғҳои шоҳзодаи ҷавонро бихаранд, Ҷамол аз дили ин ҳаёҳуҳо ва ҷору ҷанҷолҳо воқеиятҳоро медид.

Ҳоло яке аз сутуннависҳои машҳури “Вошингтун пост”-ро сирфан ба иттиҳоми доштани раъйи мухолиф ба хун кашондаанд, аммо ҳанӯз ҳам гӯё дар ҷомеаи фарҳехтаи Иёлоти Муттаҳида, дифоъ аз ин режими ҷинояткор ҷоиз аст. Лағви бархе сафарҳо ва дидорҳо ё ҳатто чанд қарордоди дифоъии мухтасар аслан кофӣ нест. Вақти он расида, ки Вазорати хазонадории Иёлоти Муттаҳида таҳримҳои густурдае алайҳи АрабистониСаудӣ эъмол кунад. Дигар фурсати бозӣ ба поён расидааст. Вақти рафтани Муҳаммад бен Салмон расидааст. Аммо на фақат Муҳаммад бен Салмон, балки вақти поён додан ба кулли низоми истибдодӣ ва салтанатие аст, ки Муҳаммад бен Салмон боризтарин намояндаи он аст.

Аз Ҷамол пурсидам, ки оё маҷомеъи байналмилалӣ метавонанд рӯи валиаҳд фишор биёваранд ва аз мардуми Арабистон дар баробари раҳбарони золимашон муҳофизат кунанд? Ӯ ҷавоб дод, ки: “Ин танҳо умеди мост!” Ҳоло умедворам, ки ҳама садои ӯро шунида бошанд.

Инак, гуфтугӯи ман бо Ҷамол Хошуқҷӣ:

— Ман мехоҳам аз ҷузъиёти ин ислоҳоте огоҳ бишавам, ки валиаҳд, Муҳаммад бен Салмон, иддаои раҳбарии онро дорад. Оё ӯ ба дунболи ислоҳи худи ислом ҳам ҳаст? Шунидаем, ки вақте Бен Салмон ба Бритониё сафар карда буд, усқуфи аъзами Кентерберӣ аз ӯ пурсида буд, ки “агар воқеан мехоҳӣ ба унвони як ислоҳгар дида шавӣ, чаро иҷоза намедиҳӣ, ки ақаллиятҳо ибодатгоҳҳои худашонро боз кунанд… Масалан калисои масеҳиён ё чизе шабеҳи ин?” Ва Бен Салмон посух дода буд, ки “ман ҳаргиз иҷозаи ин корро намедиҳам. Он ҷо сарзамини муқаддаси ислом аст ва бояд ба ҳамин шакл бимонад.” Хуб, байни ин ҳарфҳо ва он ҳарфе, ки гуфта буд: “ваҳҳобияте дар кор нест”, таноқузе вуҷуд дорад; чун медонем, ки дар таърихи ислом, ибодатгоҳҳое барои ғайримусалмонҳо вуҷуд доштааст. Яҳудиҳо иҷозаи ибодат доштанд; масеҳиён ҳам чунин иҷозае доштанд.

— Ин ҳамон равиши қаблии инҳост… Ту бояд интихоб кунӣ: ман ё синамо боз мекунам, ё ба мусалмонҳо (мусалмонони ғайриваҳҳобӣ) иҷоза медиҳам, ки ба зиёрати маконҳои муқаддас бираванд. Эҳтимолан муфтӣ ҳам ҷавоб медиҳад, ки: “ОК! синамо!” Зиёрати амокини муқаддаса ва соири аъмоли сӯфия, дар садри “набояд”-ҳои ваҳҳобиҳо қарор дорад.

Кори Муҳаммад бен Салмон ислоҳи ваҳҳобият аст, на ислоҳи ислом. Ин нуктаи бисёр муҳим аст ва шумо бояд байни ин ду фарқ бигузоред. Дуруст?

— Ҳоло суол ин аст, ки оё воқеан дорад ислоҳи ваҳҳобият мекунад ё фақат як силсила ислоҳот ва реформҳои зоҳирӣ аст?

— На! Ӯ воқеан дорад ислоҳ мекунад. Фориғ аз мафҳуми пулиси мазҳабӣ, кори ӯ ислоҳот аст. Ин нуктаи муҳимме аст. Ман мутмаиннам, ки ваҳҳобияти пойбанд, ба ин иқдомот ризоят надорад. Синамо, саргармӣ, мусиқӣ, ҳиҷоби занон. Ӯ бо масоиле сару кор дорад, ки ба мардум, ё сатҳи иҷтимоии мардум рабт дорад.

Ислоҳи низоми қазоии кишвар яке аз ислоҳоти муҳим аст, ки метавонад аз он баҳра бибарад. Ҷомеа ва косибон метавонанд аз он баҳраманд шаванд. Бинобар ин, он ду нукта бисёр муҳимманд: танаввӯъи макотиби фикрии ислом, ва низоми қазоӣ. Агар ӯ битавонад аз паси ин ду барбиёяд, ман ӯро ислоҳгар хоҳам донист.

— Хуб, агар ӯ битавонад низоми қазоӣ ва макотиби фикриро ислоҳ кунад, яъне танаввӯъи онҳоро…

— Яъне ин танаввӯъро бипазирад, ки ислом дини мутанаввеъе аст. Ин нуктаи бисёр муҳимме аст. Асли бунёдини ваҳҳобият зидди танаввӯъ аст. Дар бораи ваҳҳобият моҷаро аз ин қарор аст, ки муддаӣ ҳастанд, ки худашон молик ва танҳо молики ҳақиқатанд. Ҳамин аст, ки боис шуда ваҳҳобият бо ҳар касе ғайр аз худаш, даст ба гиребон шавад.

— Ман мефаҳмам, ки ин мавзӯъ барои ҷавонон ва хусусан занон бисёр муҳим аст ва ҳоло ба хотири ҳиҷоб, синамо, мусиқӣ ва озодие, ки пас аз муддати тӯлонии фишору ситам, ба онҳо дода, маҳбубашон шудааст. Бо ҳамаи ин авсоф, масъалаи ман ислоҳоти воқеӣ дар низоми қазоӣ аст, то ба занон иҷоза диҳад, ки аз қонунҳои нозир ба контроли мардона истиқлол дошта бошанд. То он ҷо, ки ман медонам, ин қонунҳо сирфан баромада аз тафсири хоссе аз дин аст ва рабте ба қонунҳои воқеии исломӣ надорад; чаро, ки гӯё дар қонунҳои исломӣ зан ҳақ дорад, ки дар издивоҷ ва умури дигар мустақил бошад ва рӯи пои худ биистад.

— Руло! Дуруст аст, ки масъалаи занон муҳим аст, аммо мавзӯъи ислоҳи қазоиро фақат ба ин умур поин наёр… Аз асри Малик Абдулазиз (1) сардамдорони саудӣ аз тадвини қонун худдорӣ кардаанд. Онҳо фикр мекунанд, ки тадвини қонун амре секулор аст… ҳаром аст… Муроди ман аз реформ ва ислоҳ, ё ба иборате, ислоҳи ҳақиқии низоми қазоӣ, ин аст, ки қонун тадвин шавад, равандҳои қазоии мушаххасе муаррифӣ шаванд ва қозиҳо водор шаванд, ки аз ин қонунҳои мудавван пайравӣ кунанд… Ин аст он ислоҳе, ки ба он ниёз дорем.

— Замоне, ки Муҳаммад бен Салмон ҳамаи он шоҳзодаҳо ва афроди дигарро дастгир кард ва онҳоро дар ҳутели Ритз Корлтун нигаҳ дошт, ман ин тавр бардошт мекардам, ки агар касе ин қадр фосид аст, ҳатман бояд дастгир шавад. Аммо ҳеч раванди қонунӣ, ҳеч шавоҳиду мадорике ва ҳеч шаффофияте дар кор набуд. Хуб агар ӯ воқеан мехоҳад, ки ислоҳгар бошад, чаро барои умуми мардум шоҳиду мадрак намеоварад? Агар воқеан қонун ва раванди қонунӣ овардаед, пас чаро шаффофият надоред? Агар ин корро бикунад, мардум ҳатман ҷониби ӯро хоҳанд гирифт.

— Ман фикр намекунам, ки чунин чизеро (дар сар дошта бошад). Ӯ мутаваҷҷеҳи ин мавзӯъ нест. Ӯ зарурати ин мавзӯъро дарк намекунад. Ӯ ҳанӯз хеле… ҳар коре кунанд, як раиси қабилаи мутаҳаҷҷир аст. Масалан, ба низоми қазоии Кувайт, яке аз кишварҳои халиҷ (-и Форс) нигоҳ кун. Ҷомеаи Кувайт қаробату шабоҳати зиёде ба ҷомеаи Арабистони Саудӣ дорад, аммо низоми қазоии он бисёр пешрафтатар аз низоми қазоии Арабистон аст; бисёр шаффофтар аз он аст.

Чаро Муҳаммад бен Салмон ба ин бахш аз ислоҳ таваҷҷӯҳ намекунад? Чун анҷоми чунин ислоҳоте, ҳукумати мустабиддонаи ӯро маҳдуд мекунад, ӯ аслан инро намехоҳад. Ӯ аслан ниёзе ба чунин чизе намебинад. Бинобар ин, гоҳе эҳсос мекунам, ки ӯ мехоҳад аз меваҳои мудернитаи ҷаҳони аввал ва синамоҳо ва ҳазор чизи дигар баҳра бибарад, аммо дар айни ҳол, мехоҳад ҳамон ҷуре ҳукумат кунад, ки падарбузургаш бар Арабистони Саудӣ ҳукумат карда буд.

— Ин ки амалӣ нест. Шумо наметавонед ҳар дуро бо ҳам дошта бошед.

— Аммо ӯ мехоҳад, ки ҳар дуро дошта бошад.

— Ин ҳамон чизе аст, ки мехоҳам аз он сар дарбиёварам: аслан метавон ин дуро бо ҳам дошт?

— Аввал аз ҳама, дар Арабистони Саудӣ ҳеч ҷунбиши сиёсие нест, ки битавонад ӯро таҳти фишор қарор диҳад. Ҷаҳон ҳам, ки аз ӯ розӣ аст. Аслан дар дохили Омрико касе ғайр аз Берни Сандерз (сенотури демукроти омрикоӣ)-ро суроғ доред, ки дунболи эъмоли фишор бар Муҳаммад бен Салмон бошад? Ман фақат Берни Сандерзро дидаам ва фарди дигареро суроғ надорам.

— Ҷамол! Мехоҳам ба ёдатон биёварам, ки соли 2004, марди дигаре буд, ки ӯро ҳам ислоҳгар медонистанд ва ӯ касе набуд ҷуз Башшор Асад. Қабл аз ӯ ҳам фарди дигаре буд, ки ба ӯ ҳам ислоҳгар мегуфтанд. Ӯ ҳам Саддом Ҳусайн буд. Албатта омрикоиҳо ин ановинро медоданд. Хуб, ҳоло таърих ба мо нишон дода, ки омрикоиҳо рӯзгоре чизеро мепазиранд, аммо эҳтимолан дар як бозаи панҷ ё даҳсола назарашон тағйир мекунад. Қоъидатан набояд ба ин дарки омрикоиҳо такя кунам.

— Бале! Ҳақ бо шумост. Аммо аслан чаро омрикоиҳо бояд дағдағаи 150 то 400 саудии гирифторшуда дар ҳутели Ритз Корлтунро дошта бошанд? Ман мутмаиннам, ки омрикоиҳо дунболи эъмоли фишор бар Муҳаммад бен Салмон намераванд, магар он ки дар Арабистони Саудӣ як бӯҳрони воқеӣ иттифоқ биафтад.

— Ё дар Омрико, мисли 11 сентябр.

— Бале! Ё чизе шабеҳи он. Ин ҷур вақтҳост, ки (ҷомеаи) Арабистони Саудӣ дубора барои онҳо муҳим мешавад.

— Омрикоиҳои феълӣ бо раисиҷумҳур Дунолд Тромп эҳтимолан чунин дағдағае надоранд. Аммо Омрико хеле сареъ чеҳра иваз мекунад; ба хусус ба дасти ҷавонҳое, ки нисбат ба ҷинси сиёсатҳои мо хеле дақиқ ва мӯшикофона бархӯрд мекунанд. Хоҳед дид, ки рӯйкарди мутафовите падид хоҳад омад; ба вежа агар сиёсатҳои Бен Салмон дар ҷое мустақим ё ғайримустақим ба бунбаст бихӯрад ва натиҷаи акс бидиҳад. Оё омрикоиҳо медонанд, ки ин одам (Бен Салмон) кист? Аслан оё одами муносибе барои ҳимоят ва пуштибонӣ аст?

— Бале! Дақиқан… Ман ба вузуҳ мебинам, ки моҷаро куҷо ба мушкил мехӯрад. Ӯ (Тромп) фақат ба худаш имон дорад ва ҳеч касеро қабул надорад. Ӯ ҳеч чизеро баррасӣ намекунад. Ӯ мушовирони дурусту ҳисобӣ надорад ва фақат ба сӯи як Арабистони Саудии мутобиқ бо назари худаш ё дар воқеъ як Арабистони Саудии мутобиқ бо назари фақат Муҳаммад бен Салмон ҳаракат мекунад.

— Ҳоло як суол аз шумо дорам. Агар Муҳаммад бен Салмон аз шумо бихоҳад, ки баргардед ва мушовири ӯ бошед… Албатта медонам, ки баъд аз навиштаи шумо, чунин дархосте барояш бисёр душвор хоҳад буд… Аммо агар воқеан як қадам ба пеш биравад ва аз шумо бихоҳад, ки ба ӯ машварат бидиҳед, ки дар ин сурат, ӯ арзиши шаффофият ва ислоҳоти воқеиро хоҳад фаҳмид… Хулоса оё чунин дархостеро қабул мекунед?

— Албатта, ки қабул хоҳам кард; чун ин ҳамон чизе аст, ки ман мехоҳам: ман як Арабистони Саудии беҳтаре мехоҳам. Ман худамро опозисиюни Арабистон намедонам. Ман аслан мардумро ба сарнагунии режим даъват намекунам; чун медонам, ки чунин чизе ҳам номумкин аст, ҳам пурриск. Илова бар он, касе ҳам нест, ки битавонад ин режимро сарнагун кунад. Ман фақат ба дунболи ислоҳи ин режимам.

Ман ба ӯ хоҳам гуфт, ки барномарезӣ барои он пружаҳои фили сафед (2)-ро мутаваққиф кунад ва ба манотиқи фақири Ҷидда ва Риёз нигоҳ кунад ва мардуми фақирро бибинад. Онҳо мардуми фақире ҳастанд, ки кор мехоҳанд, зиндагии беҳтаре мехоҳанд, аммо ҳеч кадом аз онҳоро надоранд. Онҳо мардуми ту ҳастанд. Пас ту нисбат ба алоқаҳои онҳо масъулӣ ва агар онҳоро маъюс кунӣ, алайҳи ту бапо мехезанд ва ба хиёбонҳо меоянд… Ба он манотиқи фақир нигоҳ кун. Ба иқтисод нигоҳ кун… Ҷомеаи Арабистони Саудиро ба ҷомеае тавлидкунанда табдил кун. Аммо тавсияи дуввуми ман: аз ин шеваи таърихӣ барои тағйири авзоъи Ховари Миёна даст бардор. Баҳори арабӣ як падидаи дуруст ва ҳақиқӣ аст. Пазирои баҳори арабӣ бош. Пазирои ормони озодии мардуми Миср ва Сурия ва Яман бош.

— Шумо сирфан ба дунболи ислоҳу реформ ҳастед; дуруст мисли хеле аз одамҳое, ки алъон дар зиндон ҳастанд. Онҳо хоҳони ислоҳоти сиёсианд. Онҳо ҳамчунон дар банд ҳастанд ва шумо ҳам, ки табъидед. Оё ҳамин нишон намедиҳад, ки ӯ воқеан ба он ҷинс ислоҳоте, ки муддаияш аст, бовар надорад?

— Ӯ ба ҷинси ислоҳоти хосси худаш бовар дорад.

— Пас зеҳнияти диктотурӣ дорад.

— Ин рӯзҳо зеҳнияти ӯ (зеҳнияти диктотурӣ) дар аксари бахшҳои Ховари Миёна ривоҷ пайдо кардааст. Ассисӣ (раисиҷумҳури Миср) мардумашро ба ҳамин шева менигарад. Асад ҳам мардумашро ин тавр мебинад. Хеле аз сардамдорони кишварҳои арабӣ, ба ҷуз шоҳи Ӯрдун ва шоҳи Марокаш, мардумашонро ба ин чашм мебинанд.

— Бен Салмон ба Ню-йорк ва Вошингтун дисӣ омад ва гуфт, ки ба навъе давлати Исроилро ба расмият мешиносад. Аммо пас аз он, вақте дар Ландан буд, баъзеҳо ба ӯ пешниҳод доданд, машварат доданд, ки шояд беҳтар бошад, ки пушти дарҳои баста ҷаласае бо ҷомеаи яҳудӣ дошта бошӣ, аммо ӯ гуфта буд, ки чунин ҷаласае риски зиёде дорад. Агар мӯътақидӣ, ки бояд Исроилро ба расмият бишносӣ, чаро ҳама ҷо ба он пойбанд намемонӣ? Аслан ӯ нигарони чист?

— Арабистони Саудӣ иҷлоси сарони арабро баргузор кард, аммо ногаҳон номи онро ба “Иҷлоси Байтулмуқаддас” тағйир дод. (3) Чаро чунин карданд? Ман фикр мекунам, ки чунин иқдоме вокунише буд ба хашми ҷаҳони араб алайҳи Арабистони Саудӣ. Онҳо медиданд, ки Арабистони Саудӣ инҷову онҷо ба исроилиҳо, ба лобиҳои яҳудӣ такя кардааст. Албатта шояд иллаташ ин буда, ки Арабистони Саудӣ кам-кам нигарон шуда, ки шояд Тромп натавонад он чиро, ки орзуяшро доранд, ба онҳо бидиҳад. Пас каме ақибнишинӣ карданд ва гуфтанд: “Оҳ… Мо ҳанӯз ҳомии Фаластинем!”

Дуруст ҳамон тавр, ки Бен Салмон аз зиндонӣ кардани Саъд Ҳарирӣ (нахуствазири Лубнон) расид ба ҷое, ки ӯро дар оғӯш гирифт. Корҳои бисёр ноҳамхону тамоман мутаноқиз.

— Бале! Шигифтангез буд, ки бибинӣ Бен Салмон аз зиндонӣ кардани Ҳарирӣ ба он ҷо расида, ки ӯро дар растуроне дар Порис дар оғӯш мекашад ва акси дидорашонро твитт мекунанд. Бисёр ҷолиб буд, ки ин ду воқеаро дар арзи ду-се моҳ канори ҳам бибинӣ.

—  Эмонуил Мокрун, раисиҷумҳури Фаронса дар бораи моҷарои Ҳарирӣ бисёр сахтгирона бо Бен Салмон бархӯрд кард. Ҳамин ҷо буд, ки Бен Салмон фаҳмид “Оҳ! Беҳтар буд ин корро намекардам! Ҳарирӣ дӯстони хубе дар давлати Фаронса дорад.” Баъдтар Мокрун дар як конфронси хабарӣ эълом кард, ки Бен Салмон аз Ҳарирӣ даъват карда буд, ки дар дидори он ду ба онҳо бипайвандад. Чаро ӯ ин корро карда буд? Ӯ мехост ба Мокрун бигӯяд, ки бибин! Ман бо Ҳарирӣ хушрафторам.

— Хуб, пас вақте маҷомеъи байналмилалӣ ба ӯ фишор меоваранд, мумкин аст аз мавозеъаш ақибнишинӣ кунад.

— Бале, албатта. Ӯ метавонад ақибнишинӣ кунад.

— Пас, эҳтимолан маҷомеъи байналмилалӣ метавонанд он тавозун ва контролҳоеро, ки аз ӯҳдаи саудиҳо барнамеояд, худашон бар Бен Салмон эъмол кунанд.

— Бале, ин танҳо умеди мост.

— Мушаххасан омрикоиҳо ва урупоиҳо метавонанд чунин контролҳоеро рӯи ӯ эъмол кунанд.

— То ҳадди бисёр зиёде. Ва агар масалан Бонки ҷаҳонӣ ба Бен Салмон дар бораи исрофи пулаш бар сари абарпружаҳо ҳушдор бидиҳад, эҳтимолан ақибнишинӣ мекунад ва аз он пружаҳои сохтагӣ даст мекашад. Аммо мо, мардуми Арабистони Саудӣ, зӯр ва таъсири чандоне надорем, ки бигӯем: “Олиҷаноб! Лутфан милёрдҳо дулори моро дар он абарпружаҳо талаф накун!”

— Зоҳиран ӯ ба шиддат ба пул ниёз дорад. Ба назар мерасад, ки ислоҳоти ӯ ҷуре тарроҳӣ шуда, ки мунҷар ба даромадзоӣ бишавад. Бинобар ин, синамоҳое, ки боз кардааст, дар воқеъ мошини пулсозӣ аст. Инҳо ислоҳоте ҳастанд, ки ба навъе ба даромадзоӣ дар системи иқтисодии Арабистон мунҷар мешавад. Пас дуруст аст, ки Бен Салмон синамоҳоро боз карда, аммо дар воқеъ ин синамоҳо чизе нестанд ҷуз амалиётҳое барои даромадзоӣ.

— Ман фикр мекунам, ки Бен Салмон дунболи таъсиси кумпонии Арабистони Саудӣ аст. Ӯ мудели Дубайро меписандад. Давлати Дубай ба ҳамон андоза, ки давлат аст, як бунгоҳи бузург ҳам ба ҳисоб меояд, ки аз ҳамон муҳоҷироне, ки дар Дубай зиндагӣ мекунанд, яъне аз ҳамон майхорагиҳо ва синамо рафтанашон, пул дармеоварад. Ӯ ин муделро меписандад ва дар ҳоли ворид кардани ин мудел ба Арабистони Саудӣ аст. Аммо айби ин мудел дар он ҷост, ки Дубай як давлатшаҳр (4) аст; ҳол он ки Арабистони Саудӣ як кишвари аризу тавил аст. Бинобар ин, дуруст дар ҳамон замоне, ки кумпонии Арабистони Саудиро месозад ва баъзе аз саудиҳо пулашонро дар он харҷ мекунанд ва ин пулҳо ҳам ба ҷайби давлат меравад, милюнҳо саудии дигар ҳам ҳастанд, ки чунон фақиранд, ки наметавонанд дар ин иқтисоди тоза саҳме дошта бошанд. Онҳо ҳатто шуғл надоранд. Бен Салмон бояд ин воқеиятҳоро бибинад.

— Оё шумо метавонед субот эҷод кунед, аммо дар айни ҳол, фазоро амниятӣ кунед ва нухбагони иқтисодиро фирорӣ бидиҳед? Мушаххасан манзурам наздикони Муҳаммад бен Ноиф (5) ва бақияи амузодаҳое аст, ки дили хуше аз вазъияти феълӣ надоранд. Аслан агар мардуматон аз дастатон норозӣ бошанд, метавонед ҳукумат кунед? Метавонед ислоҳоти босуботе анҷом диҳед?

— Раҳбаре вуҷуд дорад, ки бар кишваре бисёр фақиртар аз Арабистони Саудӣ бо ақабае оканда аз ихтилофи назар ҳукумат мекунад. Манзурам Ассисӣ дар Миср аст. Дуруст? Имрӯза ҳеч кас дар Миср наметавонад тарҳу нақшаи як инқилобро бирезад. Хуб ҳоло, ки Бен Салмон ҳам пули бештаре дорад ва ҳам ҳимояти бештаре ва ҳам ҷамъияти камтаре… метавонад солҳо бидуни дардисар бар Арабистони Саудӣ ҳукумат кунад. Аммо агар биравад ва он ним трилюн дулорро рӯи абарпружаҳояш сармоягузорӣ кунад, агар даҳ соли дигар он пружаҳои бузург натавонанд сармояи аввалияро баргардонанд, он вақт Бен Салмон дар дардисар меафтад.

— Пас ҳамин пружаҳо ҳастанд, ки оқибати ӯро мушаххас мекунанд?

— Бале! Ҳама чиз ба ин бармегардад, ки ин пружаҳо чӣ тавр пеш мераванд. Агар муваффақ бошанд, Бен Салмон дуввумин раҳбари бузурги Арабистони Саудӣ хоҳад буд. Аммо муҷаддадан бигӯям, ки барои дастёбӣ ба чунин чизе, ӯ бояд он пружаҳоро бисозад ва бояд милюнҳо саудиро ба кор бигирад.

— Арабистони Саудӣ милюнҳо дулорро дар Яман сарфи ҷанге карда, ки зоҳиран фатҳнопазир аст. Бойкут ва муҳосираи Қатар ҳам ҳазинаҳои худашро дорад. Яъне хеле аз чизҳое, ки қатариҳо собиқан аз Арабистони Саудӣ мехариданд, ҳоло аз ҷоҳои дигаре таҳия мекунанд. Фориғ аз натоиҷи сиёсӣ, ҳеч кадом аз ин сиёсатҳо, дастикам ба лиҳози иқтисодӣ, судовар нестанд. Пас мантиқи пушти ин корҳо чист? Агар ӯ мехоҳад, ки иқтисодро зеру рӯ кунад ва барои милюнҳо саудӣ шуғл эҷод кунад, пас чаро ин ҳама пулро дар пружае талаф мекунад, ки ҳеч фатҳ ва муваффақияте дар пай надорад?

— Ӯ ҳақ дорад, ки аз ҳузури эрониҳо дар Яман нигарон бошад. Аммо дар айни ҳол, ба муттаҳидони табиияш дар Яман, яъне исломгароҳо, ҳам бадгумон аст. Ӯ дар Яман ба дунболи фатҳе аст, ки Ҳусиҳоро ҳазф кунад. Аммо ба назар мерасад, ки аз паси чунин коре барнамеояд. Албатта чунин фатҳе номумкин аст… Чун вазъияти феълии Арабистон як ҳукумати якнафара аст ва касе ҷуръат надорад, ки ба ӯ бигӯяд, ки “Олиҷаноб! Ин сиёсати шумо ғалат аст. Шумо бояд роҳи ҳалли дигаре барои моҷарои Яман пайдо кунед.” Ӯ дудаста ба ин сиёсаташ часбидааст. Дар воқеъ ин моҷаро чизе шабеҳи интиқомгирии якнафара аст. Худи ӯ буд, ки ин ҷангро оғоз кард. Бӯҳрони Қатар ҳам дорад ба як бӯҳрони комилан шахсӣ табдил мешавад.

— Мантиқ ва тавҷеҳи пушти бӯҳрони Қатар чист?

— Истротежиҳои (стратегияҳои) Бен Салмон як вежагии асосӣ доранд… Ҳар чӣ қадр, ки нигарони Эрон аст, ҳамон қадр ҳам нигарони исломи сиёсӣ, нигарони Ихвонулмуслимин ва ҳатто нигарони мавҷи баҳори арабӣ аст. Ӯ ҳамаи инҳоро таҳдиде алайҳи худ мебинад. Аз назари ӯ, Қатар шоҳроҳи баҳори арабӣ ва исломи сиёсӣ аст. Бинобар ин, аз қатариҳо мехоҳад, ки пуштибонӣ аз баҳори арабӣ ва исломи сиёсӣ (дар қолаби шабакаи Алҷазира ва ирсоли кӯмакҳои молӣ)-ро мутаваққиф кунанд. Ин асли чизе аст, ки ӯ мехоҳад. Агар қатариҳо ба Баҳрайни дигаре табдил шаванд, яъне ба куллӣ аз исломи сиёсӣ ва баҳори арабӣ фосила бигиранд ва алайҳи онҳо бошанд, он вақт мавриди истиқболи Бен Салмон қарор мегиранд.

— Оё ӯ давлати сарсупурда мехоҳад?

— Дақиқан. Ҳоло қатариҳо замоне давлати сарсупурда хоҳанд шуд, ки бипазиранд аз ҳимояташон аз амвоҷи баҳори арабӣ даст бардоранд. Бен Салмон ва Муҳаммад бен Зоид (валиаҳди Абӯзабӣ) хаёл мекунанд, ки амвоҷи баҳори арабиро хафа кардаанд ва фақат дар Қатар аст, ки ҳанӯз ҷони андаке дар пайкараи баҳори арабӣ боқӣ монда. Пас мехоҳанд, ки он ҷо ҳам онро хафа кунанд.

Баҳори арабӣ як идея аст ва ҳар идеяе барои амалӣ шудан ба як бистар (платформа) ниёз дорад. Бо ин тавсиф, Қатар ҷое аст, ки ҳанӯз ин бистарро барои баҳори арабӣ фароҳам мекунад. Воқеан Қатар ба садои тағйир дар Ховари Миёна танини қудратманде медиҳад; зеро “Алҷазира”, ба унвони бистаре барои баҳори арабӣ ва расонаи тарафдори Қатар, танҳо чизе аст, ки дар дастраси амвоҷи баҳори арабӣ аст. Бад-ин тартиб, шикаст додани он, фатҳулфутуҳе барои Бен Салмон ба ҳисоб хоҳад омад.

— Агар Бен Салмон воқеан мехоҳад, ки идеяи ислоҳотро муҳаққақ кунад, пас чӣ айбе дар тақозои озодӣ, адолати иҷтимоӣ, шуғлу ғизо мебинад? Ман аз худам ва шумо ва милюнҳо арабӣ сӯҳбат мекунам, ки исломгароҳоро намехоҳанд, аммо воқеан ба дунболи Арабистони Саудии беҳтаре мегарданд.

— Агар фурсати инро доштед, ки ба Арабистони Саудӣ биравед ё муддатеро бо яке аз нухбагони наздик ба давлати Арабистон бигузаронед, он вақт ба шумо хоҳанд гуфт, ки мардуми араб “ҷоҳиланд, ин мардум ҷоҳиланд. Онҳо хубу бадашонро ташхис намедиҳанд.” Ин масъалаи аввал. Аммо масъалаи дуввум: бар хилофи чизе, ки мо дар бораи исломгароҳо фикр мекунем, исломгароҳо ва демукросӣ бо якдигар созгоранд. Ҳар гӯшае аз ҷаҳони араб, ки демукросӣ вуҷуд дорад, исломгароҳо падидор мешаванд; ҳатто барои он ки битавонанд бахши аъзами оро ё дастикам бахши қобили қабуле аз онҳоро касб кунанд. Бинобар ин, инҳо ё худашон дар давлат ҳастанд ё дар ташкили давлат мушорикат мекунанд; мисли Тунис ва Марокаш. Аммо Бен Салмон инро намехоҳад. Ӯ исломгароҳоро ҳақир медонад. Ба ҳамин далел аст, ки ба куллӣ мухолифи баҳори арабӣ аст ва ҳоло даму дастгоҳи равобити умумии худро алайҳи баҳори арабӣ алам кардааст. Мардум, нависандагон, истгоҳҳои телевизиюн, конолҳои хабарӣ мисли “Аларабия”, ҳама ва ҳама мудом ба идеяи баҳори арабӣ ҳамла мекунанд. Ӯ аз дин барои ҳамла ба идеяи инқилоб ва баҳори арабӣ истифода мекунад.

— Манзурат чист, ки мегӯӣ, “ӯ аз дин истифода мекунад”?

— Ӯ рагаҳои хоссе аз салафигароиро ба кор мегирад, ки мардум ва мақомотро аз мухолифат бо ҳоким бозмедорад.

— Ӯ аз руҳониҳое истифода мекунад, ки мегӯянд, ҳеч кас набояд бо ҳоким мухолифат кунад? Яъне касоне, ки мегӯянд, ба чолиш кашидани ҳоким ҳаром аст?

— Бале.

— Хуб, пас асосан мегӯяд, ки мо аз исломгароҳо мутанаффирем, аммо худаш моил аст, ки аз салафиҳо истифода кунад, то дар Яман ва ҷоҳои дигар, бо амвоҷи баҳори арабӣ ва идеяҳои он ки мумкин аст ба мухолифати забонӣ ё амалӣ мунҷар шавад, муқобила кунад?

— Бале. Ба хотири ин ки ҳадафаш муқобила бо исломи сиёсӣ аст.

— Оё умеде дорӣ, ки бо вуҷуди ҳамаи ин эродҳо ислоҳот ба саранҷоме бирасад, ки битавонӣ бо саре баланд ба Арабистони Саудӣ баргардӣ ва онҷо дар амнияти комил зиндагӣ кунӣ?

— Ҳарчанд ман мумошот мекунам ва корҳои ӯро ислоҳот меномам, аммо дақиқтар он аст, ки исмашро “оддисозӣ” бигузорем. Пас, ин ҳанӯз ислоҳот нест. Ӯ сирфан дарро ба рӯи касоне, ки маҳбус буданд боз карда. Манзурам, одамҳои аҳли хушгузаронӣ ва занон аст. Ӯ дарро боз карда ва ба онҳо иҷоза дода, ки аз кунҷи узлате, ки солҳо дар он гирифтор буданд, хориҷ шаванд ва дубора ба иҷтимоъи мардум бипайванданд. Аммо дуруст ҳамин ҳоло, ки дарҳо гушудааст ва занон ва хушгузаронҳо ҳам ба ҷомеа роҳ пайдо кардаанд ва нақши дин ҳам камрангтар шуда, бояд ба суроғи ислоҳот биравем. Аммо ҳанӯз ислоҳот дар Арабистони Саудӣ оғоз нашудааст. Ислоҳоти воқеӣ он аст, ки иқтисоде фаъол ва пӯё дошта бошем.

Имрӯза иқтисоди Арабистон рокид аст. Ахиран меҳмони яке аз туҷҷори Арабистони Саудӣ будам, ки зарбаи сахте аз ин вазъият хӯрда буд.

Инҷо дар Омрико агар шумо масалан шаҳрдори Маёмӣ бошед, ба ҳамон андоза, ки бо сарватмандон мулоқот мекунед, то аз кӯмакҳои молии онҳо баҳра бигиред, замонеро ҳам дар манотиқи маҳруми Маёмӣ мегузаронед. Дуруст? Бо мардуми фақиру маҳрум сӯҳбат мекунед, то мушкилоташонро бибинед… Аммо ман ҳеч вақт надидаам, ки Бен Салмон замонашро сарфи чунин манотиқе бикунад. Ман ҳатто як акс аз ӯ надидаам, ки масалан ба манотиқи фақиру маҳруми Риёз рафта бошад.

— Аммо аксҳое аз ӯ дидаем, ки дар канори нухбагон истодааст.

— Бале. Аксҳое бо нухбагон. Ин ҳамон ҷое аст, ки ӯ қарор гирифта. Ӯ ҳанӯз мардумро намебинад. Ҳар вақт, ки тавонист мардумро бибинад, ислоҳоти воқеӣ оғоз хоҳад шуд.

— Мардум аз сар то сари ҷаҳон барои ҳаҷ меоянд. Ду-се соли гузашта, бо навъе аз ҳам гусехтагии зерсохтҳо мувоҷеҳ будем ва шоҳиди иттифоқоти мутаъаддиде будем… Ин иттифоқот таъсири мусбате бар тавоноиҳои созмонии онҳо надошта. Ҳаҷ нумоди бисёр муҳимме аст, ки Арабистон мунҳасиран дар ҷаҳони ислом аз он баҳра мебарад. Ҳоло воқеият ин аст, ки онҳо наметавонанд ба лиҳози луҷестикӣ, аз ӯҳдаи ин кор барбиёянд… Оё Бен Салмон таваҷҷӯҳе ба ин мавзӯъ дорад?

— Ман фикр мекунам, ки ҳанӯз бо коркарди давлат, коркарди дурусти давлат мушкил дорем. Ҳамеша барои Арабистони Саудӣ гузинаи осонтар он аст, ки сохтмонҳои бетонӣ бисозад; чаро, ки маъмулан сохти онҳо ба дасти паймонкорон аст ва онҳо ҳам кори худашонро ба хубӣ анҷом хоҳанд дод. Аммо Арабистони Саудӣ дар ҳифзу нигаҳдорӣ ва истифода аз ин сохтмонҳо мушкил дорад.

Ман тавсифи аҳмақонае аз ин мавзӯъ дорам: инҷо дар Омрико, шумо вориди фурудгоҳ мешавед. Масалан сервиси беҳдоштии онҷо мумкин аст хеле шулуғу пуррафту омад бошад, аммо ҳамеша тамйиз ё дастикам нисбатан тамйиз аст ва ба қадри кофӣ дастмоли туалет онҷо ҳаст. Дар Арабистони Саудӣ, мо метавонем як сервиси беҳдоштии шик бисозем, аммо баъд аз ду сол кор кардан, кам-кам шири обҳо чакка мекунанд ва дигар ҳеч дастмоли туалетӣ онҷо намегузоранд. Ин масъалаи ҳифзу нигаҳдорӣ аст. Ин яъне амалиёти истифодаи коромад аз мадорис ва бемористонҳо ва соири амокин. Арабистони Саудӣ маболиғи хубе барои омӯзиш ва саломат ҳазина мекунад, аммо ин кораш кофӣ нест.

Мадорис тамйиз нестанд… Хеле аз ин баччаҳо дар ҷоҳое дарс мехонанд, ки фоқиди системи муносиби фозилоб аст. Ин чизҳо хандаовар аст, ки дорем дар бораашон сӯҳбат мекунем.

— Ӯ мехоҳад шаҳрҳои тозае бисозад. Аммо чӣ касе қарор аст дар он шаҳрҳо зиндагӣ кунад вақте мардуми фақир ҳамин алъон наметавонанд аз паси махориҷи зиндагиашон барбиёянд?

— Фақат нухбагон. Фақат нухбагоне, ки метавонанд харҷи зиндагиашонро дарбиёваранд.

— Оё ин кифоят мекунад, ки ба мустаҳкам кардани қудрати худ бипардозед аммо фақат табақаи нухба битавонад аз хадамоти шумо баҳра бибарад?

— Мутаассифона, дар ҷое мисли Миср ҳамин нухбагон дарвозаҳои ҷомеаро бастаанд ва мардум, яъне табақаи мутавассит ва сарватманд, бо хаёли роҳат даруни ин ҷомеаи басташуда зиндагӣ мекунанд.

— Ҳоло ба ин нукта бипардозем, ки ӯ ҳеч тамоюле надорад, ки ба наздиктарин бастагонаш ҳам гӯш бидиҳад ва агар касе бо ӯ мувофиқ набошад, тамоюл дорад, ки дарҳоро ба рӯи ӯ бибандад ва ҳабсаш кунад… Инҳо нишонаҳое ҳастанд, ки то ба ҳол дидаем ва ҳокӣ аз тамоюлоти бисёр ваҳшатноке аст.

— Шумо инҷо ба ду нукта ишора кардед. Бале! Ӯ ҳеч мушовири сиёсие надорад ҷуз Туркӣ Ашшайх ва Сауд Алқаҳтонӣ. (6) Ӯ мушовирони барҷастае надорад.

Ҳоло моҷарои модари Бен Салмон (ки аз қарори маълум, таҳти ҳасри хонагӣ аст). Дубора ин моҷароро бихон. Нуктаи бисёр ҷолибе дар он хоҳӣ ёфт. 14 манбаъи иттилоотӣ ин моҷароро таъйид карданд. Аммо онҳо чӣ касоне ҳастанд? Омрикоиҳо. Омрикоиҳо буданд, ки ин моҷароро ошкор карданд. CIA буд, ки ин моҷароро ошкор кард. Аммо чаро онҳо чунин коре карданд? Ман фикр мекунам, ки касоне дар CIA ҳастанд, ки аз вазъи мавҷуд ризоят надоранд.

— Дар бораи ин ду мушовире, ки гуфтед, Сауд Алқаҳтонӣ ва Туркӣ Ашшайх…

— Онҳо хеле табаҳкоранд. Мардум аз онҳо метарсанд. Агар онҳоро ба чолиш бикашед, сару коратон бо зиндон аст ва борҳо ин иттифоқ афтодааст. Туркӣ Ашшайх ӯҳдадори варзиши Арабистони Саудӣ аст ва замзамаҳое вуҷуд дорад, ки ӯ чанд милёрд дулор дар ихтиёр дорад, то харҷи варзиш кунад ва ҷавононро машғул кунад. Туркӣ қаблан дар нерӯи пулис буд ва ман намедонам, ки чӣ тавр тавониста ин қадр ба Бен Салмон наздик шавад, аммо ба ҳар ҳол, ҳоло хеле наздики Бен Салмон аст.

Алқаҳтонӣ дар давраи Холид, яъне дар замони Малик Абдуллоҳ, яке аз сарпарастони расонаии дарбори подшоҳӣ буд. Ӯ яке аз дӯстони ман буд ва ӯро ба хубӣ мешиносам. Дар он давра, ӯ воситаи дарбори подшоҳӣ ва расона буд. Ҳоло ӯ муҳимтарин чеҳра дар арсаи расона шудааст. Ӯ касе аст, ки нерӯи контролкунандаи саудиро ҳидоят мекунад… Ӯ касе аст, ки равобити умумӣ ва расонаро дар ихтиёр дорад.

— Туркӣ Ашшайх гуфта буд: “Ғарбиҳо ба ин ҷо меоянд ва ду соат онҳоро муъаттал мекунем, аммо онҳо пойи моро мебӯсанд.” Як миқдор таваҳҳумӣ ба назар меояд. Гӯё мутакаббир аст ва шеваи ҳарф заданаш ҷуре аст, ки ингор ба як асру қарни дигар таъаллуқ дорад.

— Тавсия мекунам худат ба Арабистони Саудӣ бирав ва бо ӯ мулоқот кун ва худат ин ҳарфро аз забонаш бишнав.

— Мутмаин нестам, ки битавонам онҷо биравам ва зинда аз онҷо берун биёям.

Newsweek

* * *

Понавишт:

(1) Муассиси низоми феълии подшоҳии Арабистони Саудӣ аст, ки то соли 1953 подшоҳии ин кишварро бар ӯҳда дошта ва пас аз он, фарзандони ӯ ба ин мансаб расидаанд.

(2) Фили сафед истиъорае аст аз чизе, ки зоҳиран боарзиш ба ҳисоб меояд, аммо сару калла задан бо он ҳазина дорад ва фоидаи чандоне ҳам надорад. Ишораи Хошуқҷӣ ба пружаҳои азими иқтисодии Бен Салмон аст, ки аз назари Хошуқчӣ, зоҳиран бузург, аммо воқеан бефоидаанд.

(3) Ин иҷлос баҳори соли 2018 дар Даммоми Арабистон баргузор шуд. Тағйири номи иҷлос низ ба дархости шоҳи Арабистон, Малик Салмон, анҷом шуд.

(4) Яъне давлате, ки фақат бар як шаҳр ва бархе аз манотиқи атрофи он ҳукмронӣ мекунад.

(5) Муҳаммад бен Ноиф писарамуи Бен Салмон аст, ки дар ибтидои давраи ҳукумати Малик Салмон, муддате ба унвони валиаҳд муаррифӣ шуд, аммо дар соли 2015 Бен Салмон ҷойи ӯро гирифт. Гуфта мешавад, ки аз он рӯз ба баъд, Бен Ноиф дар ҳаср нигаҳдорӣ мешавад ва иҷозаи хуруҷ аз кишварро надорад.

(6) Нуктаи ҷолиб ин аст, ки дар воқеаҳои ахири марбут ба қатли Хошуқчӣ, Бен Салмон барои он ки иттиҳомотро аз рӯи дӯши худ бардорад, теъдоде аз наздикони худро ба унвони муттаҳамони аслӣ фидо кардааст, ки яке аз онҳо ҳамин Сауд Алқаҳтонӣ аст, ки аз мансаби мушовираи Бен Салмон азл шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: