Перейти к содержимому

Шояд “ҳукумати чаҳоруми саудӣ” бо ин ҷиноят нобуд шавад

Ёддошти Абдулборӣ Атвон дар рӯзномаи Раъюл-явм

Оё хонадони Оли Сауд аз бӯҳрони Хошуқҷӣ наҷот меёбад мисли наҷот ёфтанаш аз парвандаи ҳамалоти 11 сентябр? Чаро ривояти саудиҳо аз ин ҷиноят — пас аз инкор ва сардаргумӣ — дар мутақоид кардани хелеҳо шикаст хӯрд? Гоми баъдӣ, ки Тромп мунтазираш аст, чӣ хоҳад буд? Кадом қурбонӣ дар қафаси додгоҳ қарор мегирад?

Гузориши расмии Арабистон дар эътироф ба қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди саудӣ дар консулгарии кишвараш дар Истонбул, пур аз ибҳом аст ва талоши мазбуҳонаи режими саудӣ барои харидани вақтро нишон медиҳад; аз ҳамин рӯ бо шакку тардидҳое пазируфта шуд ва дархостҳо барои анҷоми як таҳқиқи байналмилалии шаффоф дар ин бора боло гирифт.

Ин ки гуфта шавад, Хошуқҷӣ дар консулгарии Арабистон бар асари як даргирӣ бо чанд нафар, ки аз ӯ суолу ҷавобе карда буданд кушта шудааст, бештар сухане аз сари камхирадӣ ва соддалавҳӣ аст ва аслан қонеъкунанда нест. Ин мард барои даъво ба консулгарӣ нарафта буд, балки мехост як санади ҳуқуқиро бигирад, ки гӯӣ омода буда ва бештар аз чанд сония замон барои гирифтани он лозим набудааст. Аммо чаро тарафи муқобили даъвои Хошуқҷӣ, 15 нафар буданд? Бинобар ин, ҳатто агар ин ривоят ҳам дуруст бошад — ки мусалламан сохтагӣ аст — ин мард мавриди ҳамла қарор гирифта ва дар вазъияти дифоъ аз худ будааст.

Боздошти 18 нафар аз афроде, ки дар ин ҷиноят даст доштанд ва барканории 5 нафари дигар, ки муҳимтарини онҳо Аҳмад Асирӣ, муовини раиси Созмони иттилооти саудӣ ва Сауд Алқаҳтонӣ, мушовири расонаии дарбор ва фарди бисёр наздик ба шоҳзода Муҳаммад бен Салмон ва раиси ситоди артиши сойберии ӯст, талош барои пайдо кардани як сипари бало ва қурбонӣ аст, то нигоҳҳоро аз фарди масъули ин ҷиноят, яъне валиаҳди Арабистон, мунҳариф кунанд.

Ин имкон вуҷуд надорад, ки Асирӣ бидуни фармони шоҳзода Муҳаммад бен Салмон нақшаи ин ҷиноят ва авомили онро рехта бошад ва албатта Алқаҳтонӣ ҳам августи 2017 дар сафҳаи Твиттери худ бар ин ҳақиқат сиҳҳа гузошт, ки гуфт: “Ҳеч кореро ҷуз ба фармони подшоҳ ва валиаҳд анҷом намедиҳам!

* * *

Хонадони салтанатии Арабистон бо яке аз муҳимтарин чолишҳое рӯ ба рӯ ҳастанд, ки мавҷудият ва давоми онҳоро таҳдид мекунад. Бидуни иғроқ метавонем бигӯем, ки парвандаи Хошуқҷӣ барои Оли Сауд хатарноктар аз ҷанги аввалу дуввуми Яман аст; зеро ин иттифоқ дар замоне рух дода, ки ин низом (саудӣ) бо ихтилофоти дохилӣ ва фишорҳои байналмилалӣ ва то ҳадде мардумӣ дар сатҳи сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ рӯ ба рӯст. Шӯрои хонадони салтанатӣ дар Арабистон баргузор намешавад, шоҳзодагони бузурги саудӣ ба инзиво кашида шудаанд ва бисёре аз онҳо, чӣ кучак ва чӣ бузург, барояшон душвор аст бо подшоҳ мулоқот дошта ва бо ӯ дар бораи масоили хонадони салтанатӣ ва ҳукуматӣ ройзанӣ кунанд.

Ба гуфтаи яке аз афроди бисёр наздик ба хонадони саудӣ, дар байни шоҳзодагон агар касе хеле ҳам шонси мулоқот бо подшоҳ ё валиаҳдро дошта бошад, бояд чанд рӯз мунтазир бимонад; агар рухсати дидор пайдо кард, дар миёни тадобири бисёр шадиди амниятӣ аз ҷумла ин ки ҳеч силоҳе бо худ ҳамроҳ надошта бошад ва телефони ҳамроҳи худро берун бигузорад, ба тавфиқи дидори онҳо ноил мешавад.

Мо мӯътақидем, ки эътирофи расмии Арабистон ба ин қазия, сафҳаи ин моҷароро намебандад. Ин баёния ҳам ба дигар баёнияҳои Арабистон барои маҳви воқеиятҳо афзуда мешавад, назири ин ки иддао кард, оқои Хошуқҷӣ консулгариро тарк карда ва дар он ҷо барои ӯ иттифоқе мисли қатл рух надодааст.

Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ, ҳақиқатро инкор накард вақте ки се рӯз пас аз нопадид шудани Хошуқҷӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории Bloomberg гуфт, ки ӯ консулгариро тарк карда буд, аммо нагуфт, ки зинда ё мурда аз он ҷо берун омад; бо тану бадани солим ё қитъа-қитъашуда консулгариро тарк кард.

Ин ҷиноят аз садри ахбори телевизиюн ва титрҳои аслии рӯзномаҳо поин нахоҳад омад, чун ҳукумати саудӣ ҳанӯз ҳақоиқи зиёдеро кетмон мекунад ва эътирофоти тадриҷӣ ва бахш-бахши он аслан хушоянд нест.

Танҳо чизе, ки то кунун таъйид шуда ин аст, ки Хошуқҷӣ ё ба воситаи хафагӣ ё бо тикка-тикка кардани баданаш дар дохили консулгарии Арабистон ҷон бохтааст, аммо ҳама мунтазири муҳимтарин шоҳиди ин ҷиноят яъне бадани қурбонӣ ва вазъияти он ҳастанд ва ин ки чӣ гуна онро зери замин ё рӯи замин махфӣ кардаанд.

Сарони Арабистон тавонистанд бо пулу муомилоти таслеҳотӣ бӯҳрони ҳамалоти 11-уми сентябрро пушти сар гузоранд, аммо гузаштан аз бӯҳрони Хошуқҷӣ барояшон душвор хоҳад буд, чун аввалан, ҳам барои дохили Омрико муҳим аст ва ҳам барои дунё ва таъсири он бар интихоботи миёндавраии Омрико ҳам ҷиддӣ аст. Ҷолиби таваҷҷӯҳ ин аст, ки расонаҳои омрикоӣ ва ҷаҳонӣ бар сари он иттифоқи назар доранд ва агар истисное ҳам бошад, маҳдуд аст. Чӣ касе фикрашро мекард, ки CNN, ки рақиби Тромп маҳсуб мешавад ва Fox News — шабакаи маҳбубу муттаҳиди вай, дар хусуси парвандаи Хошуқҷӣ дар як ҷабҳа қарор гиранд.

* * *

Тромп, бо истифода аз парвандаи Хошуқҷӣ мехоҳад аз Арабистон боҷи молӣ ва қазоӣ бигирад, то ба бузургтарин муомилаи мумкин даст ёбад, шояд тозатарин изҳороти вай дар бораи эътирофи Арабистон ба қатли Хошуқҷӣ, беҳтарин гувоҳи он бошад. Тромп дар ҷамъи хабарнигорон дар бораи ривояти расмии Арабистони Саудӣ дар хусуси ин парванда гуфт: “Фикр мекунам ба унвони гомҳои аввал, хуб аст. Гоми бузурге аст. Афроди зиёде дахил ҳастанд…” Тромп гуфт, ки фикр мекунад, тавзеҳоти Арабистони Саудӣ “мӯътабар” аст ва ӯ бо Кунгра (Конгресс) дар ин хусус ҳамкорӣ хоҳад кард. Вай алорағми ин, гуфт, бо Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди саудӣ, гуфтугӯ хоҳад кард. Ӯ гуфт: “Суолҳое дар ин маврид дорем.” Тромп ҳамчунин таъкид кард: “Арабистони Саудӣ муттаҳиди фавқулъода буда, аммо он чи иттифоқ афтода ғайриқобили қабул аст.”

Вақте Тромп мегӯяд, ба унвони гоми аввал хуб аст, яъне бояд гомҳои дигаре ҳам дунболи он биёяд, аммо манзураш чӣ гомҳое аст? Тағйир дар сохтори ҳукумати саудӣ, ки шомили омадани валиаҳди ҷадид бошад? Он фард чӣ касе метавонад бошад?

Эҳсос мекунем, дар хусуси парвандаи Хошуқҷӣ сенориюе мушобеҳи як таҳқиқи байналмилалӣ ва додгоҳи вежа назири ҳодисаи Локерби пеши рӯи мост, аммо ин ҷо бар хилофи он парванда, ба ҷойи қурбонӣ, ба муттаҳами аслӣ руҷӯъ хоҳад шуд. Замон иваз шуда ва шароит тағйир кардааст ва шояд додгоҳи кайфарии байналмилалӣ охирин пардаи ин сериёл бошад.

Саудиҳо дар анҷоми амалиёти қатли Хошуқҷӣ муваффақ шуданд, ки албатта ҷониби осони қазия буд, аммо дар махфӣ кардани шавоҳиди он шикаст хӯрданд, ва ин печидатарин ҷониби моҷарост.

Ҳукумати чаҳоруми саудӣ ҳанӯз нутфа аст ва шояд бо ҷинояти Хошуқҷӣ дар нутфа нобуд шавад, Худо донотар аст!

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: