Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (14)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Тағйироти замон дар таърихи ислом

وَأَنَّ هَذَا صِرَاطِي مُسْتَقِيمًا فَاتَّبِعُوهُ وَلاَ تَتَّبِعُواْ السُّبُلَ فَتَفَرَّقَ بِكُمْ عَن سَبِيلِهِ

Ва (бидонед), ин аст роҳи рости ман, пас, аз он пайравӣ кунед ва аз роҳҳои дигар, ки шуморо аз роҳи вай пароканда месозад, пайравӣ макунед…” (Сураи Анъом, ояти 153)

Дар баҳсе, ки дишаб унвон шуд, арз кардем, барои ин ки бо мантиқи мухолифон ва эродгирҳо ошно бошем ва битавонем гуфтаҳои ононро таҷзияву таҳлил карда ва ҷавоб бидиҳем, хулосаи ҳарфҳои онҳоро арз мекунем. Арз шуд, ки табақае, ки мо онҳоро ҷоҳил меномем, як ҳарфе бар сари забонҳо доранд. Мегӯянд: ин дунё дунёи тағйир аст, дунёи ҳаракат аст, ҳеч чиз дар ду лаҳза ба як ҳол нест, пас ҳеч чизе дар ин дунё ба маънои воқеӣ наметавонад собит бимонад. Баъд мегӯянд: ҳоло, ки чунин аст, ки ҳеч чиз дар дунё қобили бақову давом нест, ҳама чиз вуҷуди муваққату маҳдуду нопойдор дорад, пас чӣ тавр дини ислом метавонад барои ҳамеша боқӣ бимонад? Арз кардам, ҷавоби ин матлаб бо ин баён, ки ранги фалсафӣ ба он медиҳанд, ин аст: ин ки ҳар чиз дар дунё тағйирпазир ва кӯҳнашуданӣ аст, ба маънои ин аст, ки ҳар амри моддӣ ин тавр аст, ҳар ҷисме аз ҷисмҳои олам ин гуна аст. Вале сӯҳбати мо дар ҷисмҳо нест. Агар касе дар бораи (бадани) як инсон муддаии абадият бишавад, ҷойи ин ҳарф ҳаст, ё агар касе дар бораи Қуръони мактуб рӯи коғаз чунин ҳарфе бизанад, дуруст аст, вале сӯҳбат на дар бораи шахс аст ва на дар бораи коғазу мураккаб. Сӯҳбат дар бораи қонун аст, дар бораи як силсила ҳақоиқ аст. Ин ки моддаҳои олам кӯҳна мешаванд, чӣ рабте ба ҳақоиқи олам дорад? Масалан, ин ки мегӯем: ростӣ мӯҷиби ризои Худост, ё: барои инсон истиқомат сифати хубе аст, қонуне барои зиндагии башар аст ва тағйирпазир нест.

Вале гуфтем, як матлаби дигар ҳаст, ва он роҷеъ ба ҳоҷатҳои зиндагӣ аст, ки ҳоҷатҳо тағйир мекунад ва чун ҳоҷатҳо тағйир мекунад, пас қонунҳо, ки бар мабнои эҳтиёҷот аст, бояд тағйир кунад. Иҷмолан дишаб арз шуд, ки ҳоҷатҳои аслии башар тағйир намекунад, ва ҳоҷатҳои фаръӣ аст, ки тағйир мекунад. Ваъда додам, ки имшаб дар атрофи ин мавзӯъ баҳс кунам…

Шумо гоҳе мумкин аст ба ин масъала бархӯрд кунед; мебинед, Имом Ҳасан сулҳ мекунад, Имом Ҳусайн меҷангад. Мебинед, Алӣ ибни Абӯтолиб либосаш аз ду ҷомаи содда ташкил шудааст, дар сурате, ки ҳазрати Зайнулобидин либоси хаз мепӯшад.

* * *

Мисоле барои тағйири иқтизои замон

Дар “Кофӣ” аст, ки рӯзе Суфёни Саврӣ бар Имом Содиқ ворид мешавад. Ҳазрат ҷомаи сафеди бисёр латифе монанди пӯсти нозуки тухми мурғ пӯшида буд. То чашми Суфён ба он либос афтод, ба ҳазрат эътироз кард, ки шумо чаро бояд якчунин либосе бипӯшед?! Ҳазрат фармуд: магар чӣ айбе дорад? Суфён гуфт: шумо магар бояд аз аҳли дунё бошед?! Ҳазрат фармуд: асосан, тамоми неъматҳои дунё моли солеҳин аст, на моли фосиқин. Суфён! Як вақт ҳаст, ки беморӣ ва рӯи ғараз ҳарф мезанӣ, ва як вақт ҳаст, ки иштибоҳ кардаӣ. Агар иштибоҳ кардаӣ, бояд бароят тавзеҳ бидиҳам. Суфён бархост, рафт.

Баъд иддае аз муқаддасмаобҳо омаданд, ба ҳазрат арз карданд: рафиқи мо Суфён натавонист ҷавоби туро бидиҳад, вале мо омадаем, бо шумо мубоҳиса кунем. Мо он ҳарферо, ки задӣ қабул надорем. Имом фармуд: бисёр хуб, агар бино шуд бо ҳам мубоҳиса кунем, чӣ аслеро бояд собит қарор бидиҳем? Гуфтанд: Қуръон. Ҳазрат фармуд: ҳеч чиз беҳтар аз Қуръон нест, аммо ба шарти ин ки онро бифаҳмед. Баъд ҳазрат фармуд: ман медонам, умдаи ҳарфе, ки дар дил доред, масъалаи сираи Пайғамбар ва саҳоба аст. Чизе, ки дар зеҳни шумо ҳаст ин аст, ки Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва Алӣ (а) аз ин либосҳо намепӯшиданд, ту чаро мепӯшӣ? (Сипас) фармуд: шумо инро намедонед, ки ин масъала марбут ба ислом набудааст, марбут ба замон аст. Агар Пайғамбар дар замони ман буд, мисли ман либос мепӯшид, агар ман ҳам дар замони Пайғамбар будам, мисли ӯ либос мепӯшидам. Дар ин маврид он чи дар ислом асолат дорад, мувосот (ҳамдардӣ) аст, яъне мусалмонон бояд эҳсоси ҳамдардӣ кунанд. Мусалмон бояд ҳуқуқи воҷиби молашро бидиҳад. Ин ҳам боз як амри собит аст ва дар тамоми замонҳо ҳаст. Мусалмон бояд эътимодаш ба Худо бошад, на ба пул. Ин ҳамон маънои воқеии зуҳд аст.

Баъд фармуд: ва аммо ин ки инсон навъи либосашро чӣ гуна бояд интихоб кунад, ин дигар масъалаи замон аст. Дар замони Пайғамбар вазъи умумии мардум бисёр сахту ногувор буд. Дар ҷанги Табук сипоҳи исломро “ҷайшулъусра” яъне сипоҳи сахтӣ номида буданд, барои ин ки ин лашкари 30 ҳазорнафарӣ ба қадре беозуқа буданд, ки дилашон заъф мерафт ва барои ин ки ин заъфро бартараф кунанд, ҳар се-чаҳорнафарӣ бо як хурмо худашонро сер мекарданд. Дар ҷанги Бадр мусалмонон 313 нафар буданд, дар сурате, ки шамшерҳояшон аз 30-40 адад таҷовуз намекард ва фақат се ё чаҳор асб доштанд, дар ҳоле, ки адади душман миёни 900 то 1000 буд ва ҳар рӯз чандин шутур барои хӯрокашон мекуштанд. Аҳли Суффа ба қадре фақир буданд, ки сотире барои намоз хондан надоштанд, магар як адад, ва бо ҳамон як адад ба тартиб намозашонро мехонданд. Вақте ҳазрати Расул (с) ба хонаи Фотима меояд ва мебинад пардае овехтааст, фавран бармегардад. Ҳазрати Заҳро ҳисс карда, фавран пардаро меканад ва он дастбанди нуқраро, ки дар даст дошт, аз даст дармеоварад ва хидмати ҳазрат мебарад, ки онро ба фуқаро инфоқ кунад. Ин, асли мувосот аст. Дар он замон мувосот эҷоб мекарда, ки ҳатто як парда ҳам дар хонаи шахс пайдо нашавад. Аммо акнун дар асри мо — асре, ки бузургтарин имперотурии дунё ташкил шудааст, зиндагии мардум иваз шудааст, вале боз ман бояд аз ҳадди мӯътадил хориҷ нашавам. Либосе, ки ман мепӯшам, либоси мӯътадили имрӯз аст. Дар ислом порча асолат надорад, ки ҳатман бояд як навъ либос бипӯшанд, балки ислом усуле дорад, ки тибқи он бояд либос бипӯшанд. Он усул, собит аст; усуле аст, ки вазифаи инсонро ба ҳасби замон тағйир медиҳад. Агар чизе дар назари ислом асолат дошта бошад, дигар тағйирпазир нест. Аммо чизе, ки ислом рӯи он мӯҳр назадааст, ба унвони либос аст, шакли иҷроӣ барои чизе аст, ки мӯҳр ба он задааст.

Пас ин ҷо замон таклифро иваз мекунад. Агар ин ҷур набуд, агар ин масоили ҷузъӣ асолат медошт, маҳолу мумтанеъ буд, ки Алӣ ибни Абӯтолиб як ҷур амал кунад ва яке аз пешвоён ҷури дигар. Ибодати Худо асолат дорад, хавфи Худо асолат дорад, мувосот ва расидагӣ ба фуқаро асолат дорад. Ҳамон кореро, ки Алӣ ибни Абӯтолиб карда, ҳазрати Саҷҷод ҳам карда. Алӣ ибни Абӯтолиб аз шаб то субҳ машғул ба ибодат мешавад, баъзе аз шабҳо ҳазор ракъат намоз хондааст. Ҳазрати Саҷҷод ҳам ҳамин тавр. Ҳазрати Алӣ (а) шабона ба сарпарастии фуқаро рафтааст ва ҳазрати Саҷҷод ҳам рафтааст, Имом Ризо ҳам рафтааст. Ҳама аз фуқаро дилҷӯӣ кардаанд. Аммо ин ки худи шахс чӣ гуна либос бипӯшад, ин дигар марбут ба замон аст.

Марде буд ба номи Муъаттиб, ки дар хонаи ҳазрати Содиқ (а) симати хонсолорӣ доштааст. Мегӯяд: шабе дар дили шаб дидам шахсе аз хона хориҷ шуд. Хуб диққат кардам, дидам худи ҳазрат аст ва чун иҷоза надоштам, худамро муаррифӣ накардам. Аммо дар айни ҳол гуфтам, сиёҳии Имомро таъқиб кунам, накунад душман ба эшон садама бизанад. Ҳамин тавр таъқиб мекардам. Як вақт дидам боре, ки ба пушт дошт, аз шонаи эшон афтод. Ҳазрат дар ин ҷо зикре гуфт. Ман ҷилав рафтам ва салом кардам. Фармуд: ин ҷо чӣ мекунӣ? Гуфтам: чун дидам аз хона хориҷ шудед, нахостам шуморо танҳо бигузорам. Баъд он озуқаро ҷамъ кардам ва дар миёни анбон гузоштам. Гуфтам: оқо, бигузоред ман ба дӯш бигирам. Фармуд: оё дар қиёмат ту метавонӣ бори маро ба дӯш бикашӣ?! Ҳаракат кардем то расидем ба зилли Банӣ Соида, ки маълум буд маскани фуқарост. Дидам, ҳазрат он нонҳоро махфиёна миёни онон тақсим кард… Ин, мувосот аст ва дар ҳамаи замонҳо як ҷур аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: