Перейти к содержимому

Коршиноси бритониёӣ: “Озода аз шонси бештаре барои ҷонишинӣ бархӯрдор аст, то Рустам”

Ҷон Ҳидершу (John Heathershaw), устоди улуми сиёсии Донишгоҳи Эксетер (University of Exeter) ва нависандаи китоби “Тоҷикистон пас аз муноқиша; сиёсати эҷоди сулҳ ва зуҳури назми машрӯъ” (Post-Conflict Tajikistan: The politics of peacebuilding and the emergence of legitimate order), дар гуфтугӯе бо хабаргузории Тасним, бо баёни ин ки “дар ҳоли ҳозир шойеъоти бисёре мабнӣ бар ин ки Раҳмон дар ҳоли фароҳам кардани заминаҳои интиқоли қудрат ба писараш аст, вуҷуд дорад” гуфт: “Бисёре аз нозирони дохилӣ бар ин ақидаанд, ки духтари бузургтари Раҳмон, Озода, ки таҷрибаи бештаре низ дорад, метавонад муассиртар буда ва албатта бештар мавриди ҳимоят қарор дорад.”

Ҷон Ҳидершу (John Heathershaw)

Тазаккур: Бо ин ки бо порае аз таҳлилҳои ҷаноби Ҷон Ҳидершу мувофиқ нестем ва онҳоро хилофи воқеъ мешуморем, аммо дар маҷмӯъ, бештари дидгоҳҳояш қобили таваҷҷӯҳ ҳастанд.

Инак, бахшҳое аз ин мусоҳиба:

— Ин рӯзҳо, дигар асаре аз паймони сулҳи тоҷикон дида намешавад. Ҳатто ёфтани опозисиюн дар фазои сиёсии Тоҷикистон ҳам бисёр сахт шудааст. Оё дар ин фазо, зарфияти қобили таваҷҷӯҳе барои бурузи муноқишоти ҷадид пас аз суботи Тоҷикистони даҳаи 2000, вуҷуд дорад?

— Ҷанги дохилие ба монанди он чи дар солҳои 1992 то 1997 шакл гирифт, ба вуқӯъ нахоҳад пайваст. Он ҷанг ба дунболи як сулҳи иҷборӣ ва тасхири давлат тавассути режими кунунӣ ба вуқӯъ пайваст. Ин амр агарчӣ суботро ба ҳамроҳ овард, аммо дар пайи он дуздсолориро ҳам ба дунбол овард. Аммо бале, зарфиятҳо барои хушунати бештар дар минтақаи Бадахшон дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Бадахшон минтақае аст, ки режими ҳоким ҳанӯз натавонистааст нуфузи худро нисбат ба даромадҳои ношӣ аз қочоқ тасбит кунад. Ба назар мерасад, ҳамин амр далели аслии хушунатҳои соли 2012 бошад.

Дар дигар нуқоти Тоҷикистон, гурӯҳҳои табаҳкор вориди ҳамкориҳои бештаре бо давлат шуда ва бад-ин васила тобеъи давлат гардидаанд. Ин поёни ҷурму ҷиноят нест, аммо ба навъе бо давлат омехта шудаанд ва як вазъияти дуздсолорӣ (kleptocracy)-и пойдорро ба вуҷуд овардаанд.

— Яке аз мавориде, ки ин рӯзҳо мӯҷиби нигаронии давлати Тоҷикистон шудааст, иттиҳоди муҷаддади нерӯҳои опозисиюни хориҷнишин дар Урупо (ки бархе онро ИНОТ-2 мехонанд) ва иқдомоти ҷадид алайҳи давлат (ин бор диплумотик ва расонаӣ) аст. Оё чунин иттиҳоде имконпазир аст? Чӣ гуна?

— Опозисиюни хориҷнишин хеле кам асаргузор ҳастанд. Давлат ба соддагӣ метавонад расонаҳои онлойни онҳоро дар дохили кишвар филтер кунад, дар ҳоле, ки ба осонӣ ҳам метавонанд ҳузури умумии онҳо дар интернетро расад кунанд.

Опозисиюни тоҷик аз замоне, ки нахустин иттиҳоди нерӯҳои опозисиюн дар ҷанги дохилӣ шакл гирифт, муташаккил аз гурӯҳҳои мазҳабӣ ва секулор буд. Он чи ҳам, ки имрӯз ИНОТ-2 мехонанд, тавассути Ҳизби наҳзати исломӣ ва шахси Муҳиддин Кабирӣ ҳидоят шудааст. Ӯ як раҳбари таъсиргузор ва низ чеҳраи коризмотик аст. Ба ҳар ҳол аммо тафовут нисбат ба 20 сол пеш, он аст, ки иттиҳоди опозисиюн дар он замон бар музокироти сулҳ мутамаркиз буд. Ин амр ба онҳо ҳадаф дода буд, ки имрӯз фоқиди он ҳастанд. Иттиҳод мебоист дар чизе фаротар аз мухолифат бо як давлат иттифоқ биафтад.

Пеш аз ин низ замоне, ки барои онҳо иқдом дар дохили кишвар ҳанӯз муяссар буд, чандин талош барои муттаҳид кардани опозисиюн сурат гирифт, аммо дар он замон низ набудани мавзеъи муштарак вуҷуд дошт; дар натиҷа, он ҷунбиши сирфан токтикӣ, маҳдуд ба як интихобот ва маҳкум ба шикаст шуд. Акнун низ ба сахтӣ метавон иттиҳоди ҷадиди опозисиюнро дар миёнмуддат ва баландмуддат дар назар гирифт.

— Яке аз масоили муҳимми ин рӯзҳои Тоҷикистон, ҳузур ва фаъолияти ДОЪИШ аст. Давлати Тоҷикистон талоши зиёде карда, то Ҳизби наҳзати исломиро ба он муртабит бидонад, ки албатта аз сӯи бисёре пазируфта нашудааст. Сиёсатҳои давлат дар қиболи исломгароёнро дар хусуси родиколиза шудани эътирозот дар чорчӯби ДОЪИШ, чӣ тавр арзёбӣ мекунед?

— Шавоҳиди окодемики зиёде вуҷуд дорад, ки на иқтидоргароӣ ба сурати куллӣ боиси родиколиза шудан мешавад, ва на ин ки рӯйкардҳои родикол сирфан ба далели тарвиҷи ақоиди родикол аст. Дар иваз хушунати мустақим ва сохторёфтае, чеҳраҳо ва гурӯҳҳои мусалмонро ҳадаф гирифта, ки шароитро барои родиколиза шудани эътирозот фароҳам меоварад.

Бештари давлатҳои Осиёи Марказӣ сиёсати саркӯбро алайҳи гурӯҳҳои исломии ғайрирасмӣ дар пеш гирифта ва аз ин рӯ қобили тавзеҳ аст, ки теъдоди зиёде аз шаҳрвандони ин минтақа ба узвияти ДОЪИШ дароянд. Ба вежа дар Тоҷикистон, бо таваҷҷӯҳ ба омилҳое мисли пайвастани як низомии аршади тоҷик, Гулмурод Ҳалимов ба ДОЪИШ дар соли 2015, ин мавзӯъ бештар сидқ мекунад. Ба назар мерасад, маҳалгароӣ дар дохили давлат ва низ саркӯб алайҳи исломгароён тавассути давлат, боиси рушди гароиши тоҷикҳо ба ДОЪИШ шудааст. Бисёре аз ин саркӯбҳо низ таҳти унвони “мубориза бо ифротгароӣ” таъбир шудааст.

— Аз мавзӯъоти муҳимми ояндаи Тоҷикистон, мавзӯъи интиқоли қудрат аст. Муҳимтарин сенориюи пеши рӯ, ҳузури Рустам, писари раисиҷумҳур Раҳмон, дар кисвати риёсати ҷумҳурӣ ва тадовуми қудрати Раҳмон дар қолаби “Пешвои миллат” аст. Оё ин мавзӯъ имконпазир аст? Сенориюҳои ҷойгузин (алтернатив) метавонад вуҷуд дошта бошад?

— Пас аз ислоҳи Қонуни асосӣ дар соли 2016 ва ин ки давраи феълии риёсати ҷумҳурии Раҳмон дар соли 2020 поён меёбад, дар ҳоли ҳозир шойеъоти бисёре мабнӣ бар ин ки Раҳмон дар ҳоли фароҳам кардани заминаҳои интиқоли қудрат ба писараш аст, вуҷуд дорад.

Бисёре аз нозирони дохилӣ бар ин ақидаанд, ки духтари бузургтари Раҳмон, Озода, ки таҷрибаи бештаре низ дорад, метавонад муассиртар буда ва албатта бештар мавриди ҳимоят қарор дорад. Ба ҳар ҳол аммо раҳбарии сиёсии зан дар Осиёи Марказӣ собиқа надорад.

Дар айни ҳол, интиқоли қудрати хонаводагӣ низ бидуни собиқа аст, агарчӣ дар бисёре аз ҳамсоягон назири Озарбойҷон намуна дорад. Дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ин навъ аз интиқоли қудрат дар онҳо матраҳ буд – назири Ӯзбекистон — низ ба саранҷом нарасиданд ва дар натиҷа, яке аз чеҳраҳои дохилии кишвар барои ҷонишинӣ баргузида шуд. Ҳанӯз мушаххас нест, чӣ касе дар Тоҷикистон ба қудрат мерасад. Аз он ҷое ҳам, ки ин диномикҳои дохилӣ дар диктотуриҳое назири Тоҷикистон махфӣ аст, ба сахтӣ метавон дар мавриди он пешбинӣ кард.

— Пас аз мушоҳидаи Ӯзбекистони пас аз Каримов, тағйироти сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон низ бо диққати бештаре пайгирӣ мешавад. Аммо бисёре аз таҳлилгарон ба далели фаъол набудани ҷомеаи маданӣ, нисбат ба ин тағйирот на дар Ӯзбекистон ва на дар Тоҷикистон, хушбин нестанд. Бо ин ҳол, ба назари шумо, оё ин тағйирот имконпазир аст?

— Дар диктотуриҳои тоза ба қудрат расида, сурат додани ислоҳоти зоҳирӣ ғайримунтазира нест. Аз Асад (дар Сурия) ва ҳокимони мустабид то Бердимуҳаммадов (дар Туркманистон) ва Мирзёев (дар Ӯзбекистон), мо шоҳиди ин амр ҳастем. Ба ҳар ҳол диктотуриҳо модоме, ки дар онҳо низоми иқтидоргаро алайҳи шаффофият, ҳисобрасӣ ва тавзеъи қудрат мубориза мекунад, наметавонанд бидуни фурӯпошӣ мавриди ислоҳоти воқеӣ қарор бигиранд. Ин ба далели он аст, ки онҳо дуздсолор (kleptocracy) ҳам ҳастанд. Ҳатто агар раҳбари ин низоми сиёсӣ хоҳони ислоҳот бошад, аммо бисёре аз атрофиёнаш ба хотири манофеъи молӣ, монеъи он мешаванд.

Ислоҳоти зоҳирии сиёсӣ ва ислоҳоти асоситари иқтисодӣ ва молӣ, ки Мирзёев барои ҷазби сармоягузорӣ ва ҷаззобияти иқтисоди Ӯзбекистон низ, дар ҳамин росто таъбир мешавад. Ман фикр мекунам, Мирзёев ва режими таҳти амраш, ба дунболи ҷазби ин сармояҳои хориҷӣ бидуни аз даст додани бахше аз контроли қудраташ аст. Агар раҳбарии ҷадиде дар Тоҷикистон рӯйи кор биёяд, мо метавонем таваққӯъи бурузи сарнавишти мушобеҳеро низ дошта бошем. Ин режимҳо дарёфтаанд, ки ширкатҳои хориҷии бисёре, шомили кумпониҳои ғарбӣ, алоқаманд ба барқарории равобити фасодомез ва пардохтҳое барои вуруд ба дуздсолорӣ ҳастанд ҳатто агар ин ба маънои шикастани қонунҳои зидди ришва ва зидди фасод бошад.

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: