Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (332)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (75)

* * *

Дар сифати пиру мутовиати вай (1)

* * *

Эй Зиёулҳақ Ҳусомуддин, бигир

Як-ду коғаз, барфизо дар васфи пир.

Эй Зиёулҳақ, Ҳисомудин! Дар тавсифи пир, яке ду барги коғаз биафзо ва изофа кун.

Мутовиат: фармонбардорӣ, итоат.

Гарчи ҷисми нозукатро зӯр нест,

Лек бе хуршед моро нур нест.

Агарчӣ тани заъифу наҳиф нотавон аст, вале мо бидуни хуршед нуре надорем.

Нукта: Агарчӣ аз касрати риёзат, тоқати китобат (навиштан) надорӣ, лекин бе ту низ кори ҷаҳон барнамеояд ва бе хуршеди ҷамоли ту, маъониву асрор рух нанамояд. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.221)

Гарчи мисбоҳу зуҷоҷа гаштаӣ,

Лек сархайли дилӣ, сарриштаӣ.

Гарчӣ аз назари хурдӣ ва нозукӣ, ҳамонанди чароғу шишаӣ, вале ту дар маъно сархайлу сарриштаи ҳар дилӣ, яъне раису пешвои соҳибдилонӣ ва бар дилҳои аҳли маърифат фармонравоӣ дорӣ.

Мисбоҳ: чароғ. Зуҷоҷа: шиша, ҳубоби чароғ. Сархайл: раиси ҷамъият, сарлашкар.

Нукта: Мисроъи аввал ишора аст ба ояти 35 сураи Нур:

اللَّهُ نُورُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ مَثَلُ نُورِهِ كَمِشْكَاةٍ فِيهَا مِصْبَاحٌ الْمِصْبَاحُ فِي زُجَاجَةٍ

Худост равшании осмонҳо ва замин, мисоли равшании ӯ чун ҳифозе аст, ки дар он, чароғе фурузон аст ва чароғ дар шишае…”

Чун сари ришта ба дасту коми туст,

Дурраҳои ъиқди дил з-инъоми туст.

Чун сарриштаи дилҳо ҳама ба дасту иродаи туст, марворидҳои дил ҷумлагӣ аз эҳсону диҳиши туст. (Марворидҳои маъониву асрор, ҳама бар асари дами гарму қудсии ту ба бор омадааст.)

Сарришта: касе, ки мабдаи амале аст, ва ба истилоҳ, сарнахи корҳо ба дасти ӯст.

Барнавис аҳволи пири роҳдон,

Пирро бигзину айни роҳ дон.

Эй Ҳисомуддин! Ҳолоти пирро, ки ба роҳи сулуки маърифат воқиф аст бингар; ҳамон пиреро интихоб кун, ки айни тариқат аст.

Пир тобистону халқон тирмоҳ,

Халқ монанди шабанду пир моҳ.

Пир ба масобаи тобистон аст ва мардум монанди тирмоҳ ҳастанд. Мардум ҳамонанди шаб ҳастанд ва пир ҳамчун моҳи тобон.

Нукта: Пиру роҳбар аз он рӯ, ки вуҷуди хоми толибу соликро мепазад, ба тобистон ташбеҳ шуда ва вуҷуди солик ба тирмоҳ. Ва ё метавон гуфт, ки руҳи инсони комил ҳамчун тобистон гарму пурҳарорат аст, ва руҳи мардуми оддӣ монанди тирмоҳ ва меҳргон камҳарорат. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.858-859)

Кардаам бахти ҷавонро ном пир,

К-ӯ зи Ҳақ пир аст, н-аз айём пир.

Ман, бахти ҷавони ӯро пири ақл ниҳодаам, зеро пирии ӯ аз ҷониби Ҳақ Таъолост, на бар асари гузари айём, яъне ӯ пири ақлӣ аст, на пири тақвимӣ.

Ӯ чунон пир аст, к-иш оғоз нест,

Бо чунон дурри ятим анбоз нест.

Он пири Ҳақ он пире аст, ки оғозу анҷом надорад, он пир, ягонаи замону фариди даврон аст ва ҳеч кас бо ӯ баробарӣ намекунад.

Худ қавитар мешавад хамри куҳун,

Хоса он хамре, ки бошад “мин ладун”.

Бе гумон, шароби кӯҳна дар эҷоди мастӣ қавитар ва муассиртар аст, ба хусус он шаробе, ки аз ҷониби Аллоҳ бошад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: