Перейти к содержимому

Моҷарое, ки нишон дод, ҳеч чиз қодир нест дар баробари афкори умумӣ муқовимат кунад

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Моҷарои қатли бисёр фаҷеъи Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди саудӣ, дар консулгарии Арабистон дар Истонбул ва мавҷи интиқоду эътирозе, ки дар ҷаҳон ва афкори умумӣ ба дунбол овард, дарсҳои бисёр зиёде дошт, ба хусус барои режимҳои саркӯбгар. Яке аз онҳо ин аст, ки низомҳои сакӯбгар, аз ин ба баъд, пеш аз он ки тасмим бигиранд мунтақиду мухолифи худро аз байн бибаранд ва ё лашкареро ба минтақаи хоссе (мисли Бадахшон дар Тоҷикистон) барои саркӯби мардум эъзом кунанд, аввал менишинанд ва ҳазор бор фикр мекунанд. Ҳоло як муқаддима арз кунам, сипас тавзеҳ хоҳам дод.

Оё давлати саудӣ як давлати қуруни вустоӣ (асри миёнаӣ) аст? Аз як ҷиҳат бале, яъне аз ҷиҳати низоми сиёсиаш, қуруни вустоӣ аст, вале аз ин ҷиҳат, ки бигӯем, аз қофила ақиб афтодааст, на. Дар ин ҷиҳат, на танҳо ақиб наафтода, ки хеле ҷилав ҳам ҳаст.

Давлати саудӣ, ба “баракати” пулу сарвате, ки дар ихтиёр дорад, бузургтарин расонаҳои ҷаҳонро — шабакаҳои телевизиюнӣ, родию, рӯзнома ва маҷаллот ҳамроҳ бо рӯзноманигорон ва хабарнигорони матраҳ — зери назар дорад. Дар бештари кишварҳои таъсиргузор, ба хусус Омрико, лоббии нерӯманде аз ҷумлаи соҳибони ширкатҳо ва сиёсатмадорон ва аъзои Кунгра роҳ андохта. Ба “баракати” пулу сарват, бештари кишварҳои арабӣ ва ҳатто исломиро навкару чокари худ сохта.

Ин подшоҳӣ, ба “баракати” пулу сарвати ҳангуфт, тавонист ҷилави мавҷи баҳори арабиро дар Ховари Миёна бигирад, дар Миср тавонист инқилобро дар гаҳвора хафа кунад, ва ба қавли Фарид Закария, назарияпардози шаҳири омрикоӣ-ҳиндӣ, “подшоҳии саудӣ, маъмулан даҳони мунтақидон ва мухолифон, ва аз ҳама муҳимтар руҳониҳоро, бо ришва бастааст. Хонадони салтанатӣ, ин истротежиро пас аз баҳори арабӣ дубора ба кор гирифт ва ҷавоб дод. Яке аз дарсҳои баҳори арабӣ ин аст, ки нишон дод, саркӯб, ба хубии ришва ҷавоб намедиҳад. На саркӯби Ҳусни Муборак ҷавоб дод ва на саркӯби Башшор Асад, аммо ришваи хонадони Оли Сауд ҷавоб дод.”

Бинобар ин, вақте Муҳаммад бен Салмон тимеро муташаккил аз 15 нафар ба Туркия эъзом мекунад, то Ҷамол Хошуқҷиро бикушанд, қатъан фикри ин ҷояшро ҳам карда буд, ки агар як вақт ин ҷиноят барои нерӯҳои амниятии туркӣ маълум шавад, чӣ кор бикунад. Ӯ фикр мекард, метавонад бо ба кор гирифтани “истротежии ришва”, ҷилави расонаӣ шудани ин моҷароро бигирад ва бо пул, даҳони мақомоти Туркияро бибандад. Аммо чӣ шуд, ки ин бор ин истротежӣ ҷавоб надод?! Муҳаммад бен Салмон ва дору дастгоҳаш, ин ҷояшро дигар фикр накарда буданд. Ва он чист?

Ҷамол Хошуқҷӣ, дар мусоҳибаи ахираш пеш аз ба қатл расидан, яъне дар мусоҳиба бо Руло Ҷибрил, хабарнигори нашрияи Newsweek, бо ишора ба ин воқеияти талх, ки касе ҳозир нест ҷилави худхоҳиҳои Муҳаммад бен Салмонро бигирад, тасреҳ мекунад: “Ман мутмаиннам, ки омрикоиҳо дунболи эъмоли фишор бар Муҳаммад бен Салмон намераванд, магар он ки дар Арабистони Саудӣ як бӯҳрони воқеӣ иттифоқ биафтад.” Баъд Руло Ҷибрил ба ӯ мегӯяд: “Ё дар Омрико, мисли 11 сентябр.” Хошуқҷӣ ҳам дар посух мегӯяд: “Бале! Ё чизе шабеҳи он…

Ин ки Хошуқҷӣ мегӯяд: “Магар он ки дар Арабистони Саудӣ як бӯҳрони воқеӣ иттифоқ биафтад…”, ӯ дақиқан медонад, ки чӣ мегӯяд. Манзури ӯ аз “як бӯҳрони воқеӣ” дар Арабистон, чизе шабеҳи иттифоқе аст, ки мутаассифона бо худи ӯ афтод ва дар ҷаҳон мавҷе аз эътирозро дар пай дошт ва шадидан афкори умумиро алайҳи Оли Сауд ва Муҳаммад бен Салмон барангехт, ба гунае, ки дигар на Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, метавонист ҷилави он биистад ва на домодаш Ҷуред Кушнер, дӯсти самимии Муҳаммад бен Салмон коре аз дасташ барбиёяд. Ва ба сухани дигар, “истротежии ришва” дар баробари афкори умумӣ, дигар оҷизу нотавон ва маҳкум ба шикаст аст.

* * *

Дар воқеъ, имрӯза тавсиъаи фанноварии иртиботот дар қолаби шабакаҳои маҷозӣ (мисли Твиттер, Фейсбук ва ғайра…) ва густариши ниҳодҳои шаҳрвандӣ ва гурӯҳҳои ғайридавлатӣ, ҳазфи мунтақиду мухолифро барои режимҳои саркӯбгар агар нагӯем тақрибан номумкин сохтааст, лоқал баҳои онро барои ин режимҳо нисбат ба гузашта ба шиддат боло бурдааст.

Ба сухани дигар, имрӯз, ба баракати садҳо шабакаҳои моҳвораӣ ва ҳазорон сойтҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳар мавзӯе метавонад сареъан ба як хабари байналмилалӣ табдил шавад ва мавзеъгириҳо ва авотифи афкори умумиро дар ҷаҳон барангезад. Дар ҳоле, ки то ду даҳа пеш чунин имконе вуҷуд надошт. Ба ҳамин далел, дар даҳаҳои 1950 то 1990 ҳазорон хабарнигор, нависанда, рӯзноманигор ва мунтақид дар саросари ҷаҳон рабуда, боздошт, шиканҷа ё ба қатл расиданд, аммо камтар хабаре аз онон ба гӯши ҷаҳон мерасид. Дар кишвари худамон, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, даҳҳо хабарнигору рӯзноманигор ба шаклҳое бисёр фаҷеътар аз қатли Хошуқҷӣ терур ва ба қатл расиданд, аммо мижаи аҳадеро такон надода буд.

Хулоса, моҷарои қатли Ҷамол Хошуқҷӣ нишон дод, ки агарчӣ ҳанӯз бархе аз ҳукуматҳои саркӯбгар ҳамчунон дар ҳоли истифода аз равишҳои мансухшуда барои саркӯб ва сокит кардани мунтақидону мухолифони худ ҳастанд, аммо ҷаҳон тағйир карда ва дигар наметавон бидуни ҳазина, мухолифону мунқидонро аз сари роҳ бардошт.

Ин рухдод бояд барои мақомоти Тоҷикистон низ як дарс гардад. Онҳо бояд бипазиранд, ки бо анҷоми бархе иқдомоти ношиёна ва қуруни вустоӣ, мисли фишор бар падару модарҳо ва хоҳару бародарони мухолифону мунтақидони худ дар дохили кишвар ва ё фиристодани тимҳои терур барои ҳазфи мухолифон – ҳамон тавр ки ахиран Муҳаммадалӣ Расулов, корманди собиқи КДАМ, парда аз рӯи он бардошт, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон тасмим гирифта будаанд тимеро барои терури Муҳиддин Кабирӣ ба Урупо бифиристанд – ва ё бо додани ришва ба бархе кишварҳои паноҳдода, қодир ба искот ва ё ҳазфи мухолифонашон нестанд. Балки ба ҷойи ин иқдомот, ба ақл оянд ва ба ҳарфу сухани мухолифон ва мунтақидонашон гӯш фаро диҳанд ва як роҳи мантиқӣ барои хуруҷ аз ин бӯҳрон пайдо бикунанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: