Перейти к содержимому

Омрико низ дар қатли Хошуқҷӣ гуноҳкор аст

Ёддошти Фарид Закариё дар нашрияи Washington Post

Қатли ваҳшиёна ва ошкори Ҷамол Хошуқҷӣ, масоили муҳиммеро дар мавриди Арабистон барои мо ошкор мекунад. Аммо ҳамчунин масоили муҳиммеро ҳам дар мавриди Омрико ба мо мегӯяд.

Фарид Рафиқ Закариё (Fareed Rafiq Zakaria), мутаваллиди 1964 дар Бомбаии Ҳиндустон, хабарнигор, мақоланавис, назарияпардоз ва аз асотиди барҷастаи масоили сиёсати хориҷӣ дар Омрико аст. Ӯ муҷрии барномаи шабонгоҳии GPS дар CNN аст.

Аввал, дар мавриди Арабистони Саудӣ. Ҳамон тавр, ки бештар зикр шудааст, Ҷамол Хошуқҷӣ, яке аз мақоланависони “Вошингтун пост”, дар гузашта бахше аз ҳукумати саудӣ буд. Агарчӣ узве аз хонадони саудӣ набуд, аммо аз хонаводаи ашрофӣ буд ва иртибототи хубе дошт. Аввалин бор ман ӯро 14 сол пеш мулоқот кардам. Замоне, ки ба муддати як ҳафта ба Ҷидда ва Риёз рафта будам, ба ман кӯмак мекард. Хошуқҷӣ барои шоҳзода Туркӣ Алфайсал кор мекард, ки муддатҳо раиси Созмони иттилооти Арабистон буд ва сипас ба унвони сафир ба Ангилис рафт ва пас аз он ба Омрико рафт.

Хошуқҷӣ ҳатто дар он рӯзҳо либерол ва ислоҳталаб буд, аммо ҳамеша рӯйкарде мӯътадил ва гом ба гом дошт. Ӯ нигарон буд, ки анҷоми ислоҳоти беш аз ҳадд, дардисарсоз хоҳад шуд. Ӯ дар соли 2005 дар барномаи Foreign Exchange ба ман гуфт: “Ман дӯст дорам ҳукуматам иқдомоти ҷиддитаре дар муқобили аносури тундрав анҷом диҳад. Аммо мо намехоҳем ҷомеаро дар ҳам бишканем.”

Хошуқҷӣ, бо дар назар гирифтани рӯйкарди Муҳаммад бен Салмон — ки омезае аз диктотурӣ ва ислоҳталабӣ аст — бештар аз гузашта мунтақид шуда буд, аммо родикол набуд. Пас, чаро зоҳиран таҳдид ба ҳисоб меомад? Шояд ба ин хотир, ки дар ҳукумати саудӣ мавриди эҳтиром буд. Ториқ Масъуд, устоди донишгоҳи Ҳорворд, мӯътақид аст, иттифоқе, ки барои Хошуқҷӣ афтод, нишон медиҳад, ки беш аз он чи мо фикр мекунем, дар дохили ҳукумати саудӣ ихтилоф вуҷуд дорад. Агар чунин бошад, масъалаи бисёр муҳимме аст. Вақте Сомуил Ҳонтингтун (Samuel Huntington) суқути режимҳои диктотуриро дар даҳаҳои 1970 ва 1980 баррасӣ мекард, ба ин нукта ишора кард, ки тафриқа дар миёни хонадони салтанатӣ, тақрибан ҳамеша муқаддимае бар фурӯпошии режим будааст.

Аз лиҳози таърихӣ чунин аст, ки Арабистони Саудӣ суботашро ҳифз кардааст, чун як ҳукумати ришвадиҳанда будааст, на саркӯбкунанда. Подшоҳ, маъмулан даҳони мунтақидон ва мухолифон, ва аз ҳама муҳимтар руҳониҳои тундравро, бо ришва бастааст. Хонадони салтанатӣ ин истротежӣ (стратегия)-ро пас аз баҳори арабӣ дубора ба кор гирифт ва ҷавоб дод. Яке аз дарсҳои баҳори арабӣ ин аст, ки нишон дод, саркӯб, ба хубии ришва ҷавоб намедиҳад. На саркӯби Ҳусни Муборак ҷавоб дод ва на саркӯби Башшор Асад, аммо ришваи хонадони Оли Сауд ҷавоб дод.

Бо ин ҳол, ба назар мерасад, Муҳаммад бен Салмон улгуи ришва доданро дорад иваз мекунад ва онро ба улгуи саркӯб кардан наздик мекунад. Ӯ дар масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ, ислоҳоте анҷом дода ва бештар аз гузашта дудаста ба қудрат часбидааст; бозаргононро таҳдид мекунад, фаъолонро зиндонӣ мекунад ва акнун ба назар мерасад даст ба қатли як рӯзноманигор задааст.

Нобакориашро агар канор бигузорем, чунин иқдомоти бераҳмонае, дар тӯлонимуддат боиси эҷоди бесуботӣ мешавад. Муборак давом наёвард, бақои Асад ҳазинаи газофе дошт ва қаламрави ҳокимияташ коҳиш ёфта ва умдатан вайрона аст.

Ҷои таъаҷҷуб аст барои касе мисли Муҳаммад бен Салмон, ки ба шиддат зидди эронӣ аст, ба ҳеч як аз ҳокимони Ховари Миёна ба андозаи шоҳи Эрон (Муҳаммадризо Паҳлавӣ) шабоҳат надорад. Шоҳи Эрон ҳам, як ислоҳталаб ва ҳам як мустабидд буд.

Муҳаммад бен Салмон шахсияти печидае дорад. Ӯ дар баъзе аз маворид, Арабистонро ба пеш бурда, дар ҳоле, ки дар мавориди дигар, саркӯбкунандатар будааст.

Аммо масъалаи муҳимтар ин аст, ки сиёсати хориҷии Омрико набояд бар асоси шахсияти афрод бошад. Дидгоҳи президент Тромп дар мавриди кишварҳо, ба назар мерасад, ки комилан бар асоси хуш омадан ё наомадан аз раҳбарони он кишварҳо бошад. Ин ахлоқи Тромп боис шудааст, то кӯр-кӯрона сиёсати хориҷии Омрикоро ба дасти Арабистон бисупорад. Вошингтун нишастааст ва наззора мекунад ва дар воқеъ бар иқдомоти Арабистон сиҳҳа мегузорад.

Сиёсати Омрико дар қиболи Ховари Миёна, бояд бар асоси манофеъ ва арзишҳояш дар минтақа бошад ва манофеъи Омрико ба манофеъи танҳо як кишвар гиреҳ нахӯрад. Вошинтун, дар ҳоле, ки Риёз дар Яман ҷанг роҳ андохт, Қатарро муҳосира кард ва нахуствазири Лубнонро рабуд, фақат наззорагар буд.

Дар ҳоле, ки мебоист миёнҷигари содиқона бошад ва тамоми қудратҳои аслӣ ба ӯ эҳтиром бигузоранд. Ин ҳамон чизе аст, ки ба Ҳенри Киссинҷер иҷоза дод, то диплумосии миёнҷигароёнаашро амалӣ кунад ва Мисрро аз урдугоҳи Шӯравӣ дур нигаҳ дорад. Ин ҳамон чизе аст, ки ба президент Ҷими Кортер кӯмак кард, то тавофуқи Кэмп-Дэвидро ниҳоӣ кунад. Ва ба ҳамин хотир, аз замони президент Бил Клинтун то Ҷорҷ Буши писар ва Борок Убомо, давлати Омрико ҳатто аз муттаҳидони араби худ хостааст, то ислоҳоти сиёсии асосӣ анҷом диҳанд.

Ҳамаи инҳо мусталзими як диплумосии бокайфият ва дақиқ аст. Ин баҳои риёсат бар дунёи озод аст; симате, ки ахиран ба назар мерасад мутасаддӣ надорад.

Washington Post

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: