Перейти к содержимому

Суханронии Ардуғон хаёли Оли Саудро роҳат кард

Гузориши Раъюл-явм

Сарони саудӣ пас аз суханронии Раҷаб Тайиб Ардуғон дар ҷаласаи ҳафтагии Ҳизби адолат ва тавсиъа дар Маҷлиси Туркия, нафасе роҳат кашиданд. Тавзеҳоти Ардуғон аз қатли Хошуқҷӣ танҳо андаке бо ривояти Арабистон тафовут дошт. Ӯ, ба даст доштани 18 масъули амниятӣ (ба ҷойи 15 нафар) дар ин ҷиноят ишора кард ва аз Малик Салмон, шоҳи саудӣ хост, то онҳоро муҳокима кунад.

Раисиҷумҳури Туркия дар идомаи суханронии худ, суолоте матраҳ кард, ки бештар аз забони расонаҳо шунида мешавад; монанди ин ки чаро ин 15 масъулони амниятии Арабистон дар Туркия буданд?

Вай, дар идома бо ҳоизи аҳаммият хондани эътирофи Арабистон ба қатли Хошуқҷӣ, ин ҷиноятро аз пеш тарроҳишуда ва на тасодуфӣ тавсиф кард.

Ҳамагон нафасҳои худро дар сина ҳабс карда буданд ва мунтазир буданд, ки Ардуғон фош кунад, ки дақиқан чӣ бар сари Хошуқҷӣ омадааст ва ё ангушти иттиҳомро мустақиман самти Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон нишона равад. Аммо чунин иттифоқе рух надод ва суханронии ӯ бархеро ноумед ва хаёли гурӯҳи дигареро роҳат кард.

Бархе таҳлилгарони саудӣ мӯътақиданд, раисиҷумҳури Туркия дар ин суханронӣ, ки қарор буд таърихӣ бошад, аз иҳонат ба Оли Сауд сарфи назар кард ва манофеъи тиҷориро дар назар гирифт. Ин таҳлилгарон бар ин боваранд, ки Ардуғон қасд дошт ба ҳаҷмаи расонаӣ зидди Риёз поён диҳад ва парвандаро дар масири қонунии худ пайгирӣ ва ғоиларо хатм кунад.

Аз сӯи дигар, таҳлилгарони турк бо таъкид бар ин ки Ардуғон дар суханронии худ ба таври зимнӣ ба валиаҳди саудӣ ишора дошта, суханронии вайро як токтики ҳушмандона тавсиф карданд.

Хабаргузории Reuters чанд соат пеш аз суханронии Ардуғон, ҷузъиёте аз қатли Хошуқҷиро фош кард ва суханронии Ардуғон ҳам чизи бештаре надошт. Ин гузоришҳо ҳамоҳанг бо ривояти Арабистон буд, ки дар он ишора шуда буд Сауд Алқаҳтонӣ, мушовири амниятии подшоҳи Арабистон, ки акнун аз мансаби худ барканор шуда, гардонандаи амалиёти қатли Хошуқҷӣ аз тариқи барномаи Скайп будааст.

Ардуғон баъд аз ин суханронӣ, муттаҳам шуд, ки мехоҳад равобити худро бо Оли Сауд ҳифз кунад. Ин дар ҳоле аст, ки рӯзномаи омрикоии New York Times пештар хабар дода буд, ки Ардуғон ришваи Арабистонро рад кардааст.

Ин рӯзнома ишора дошт, ки Холид Алфайсал, фиристодаи шахсии Муҳаммад бен Салмон, дар изои бастани парвандаи Хошуқҷӣ, қавли кӯмакҳои молӣ ҳатто бардоштани муҳосираи Қатарро ба Туркия дод, аммо Ардуғон ин пешниҳодро рад кард.

Мумкин аст тавофуқи Омрико ва Туркия пас аз озод кардани Ондру Бронсун, кашиши омрикоии боздоштшуда дар Туркия ва умеди Туркия ба бардоштани таҳримҳо ва ҳифзи арзиши пули милли ин кишвар, ангезаи аслии Ардуғон барои сахтгирӣ дар парвандаи Хошуқҷӣ буд ва ба назар мерасад, манофеъи Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, боис шуд Ардуғон бо ривояти Арабистон аз қатли Хошуқҷӣ мумошот кунад.

Гуфтанист, Хошуқҷии 59-сола, рӯзи 2 октябр пас муроҷиа ба консулгарии кишвари худ дар Туркия нопадид шуд. Арабистон дар 20 октябр ба қатли тасодуфии Хошуқҷӣ тавассути 15 мақоми амниятии Оли Сауд эътироф кард, аммо ҷасади вай ҳанӯз пайд нашудааст.

Хошуқҷӣ сардабири пешини рӯзномаи давлатии “Алватан” ва мушовири шоҳзода Туркӣ Алфайсал, сафири собиқи саудӣ дар Вошингтун буд, ки пас аз таъйини Муҳаммад бен Салмон ба валиаҳдӣ, хоки кишварашро тарк кард ва ба Омрико рафт. Вай дар силсиламақолоти худ дар рӯзномаи “Вошингтун пост”, аз сиёсатҳои Арабистон дар хусуси бӯҳрони Қатар, қатъи равобит бо Конодо, ҷанг алайҳи Яман ва барӯрди ҳайъати ҳоким бо расонаҳо ва фаъолони маданӣ ба вежа мудофеъони ҳуқуқ башар интиқод мекард.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: