Перейти к содержимому

Нахустин раисиҷумҳури бону дар Этюпӣ (Эфиопия)

Намояндагони порлумони Этюпӣ барои аввалин бор як занро ба унвони раисиҷумҳури ин кишвар интихоб карданд.

Ба гузориши Аннашра, намояндагони порлумони Этюпӣ, имрӯз (панҷшанбе) мувофиқати худ бо интисоби хонум Саҳла-Вурк Зевде (Sahle-Work Zewde) ба унвони раисиҷумҳури ин кишварро эълом карданд.

Бар асоси ин гузориш, ин аввалин бор аст, ки як зан дар Этюпӣ раисиҷумҳур мешавад. Вай ҷонишини Мулоту Тишум шуда, ки ҳафтаи гузашта пас аз панҷ соли бар ӯҳда доштани ин мақом, аз симати худ истеъфо дод.

Хонум Саҳла, ки дар охирҳои даҳаи шашуми зиндагии худ қарор дорад, пеш аз ин симатҳое монанди сафири Этюпӣ дар Фаронса, Ҷибутӣ ва Сенеголро бар ӯҳда дошта ва намояндаи дабири кулли Созмони Милал дар иттиҳодияи Офриқост.

Вай, илова бар тасаллут ба забони маҳаллӣ, ба ангилисӣ ва фаронсавӣ низ тасаллути комил дорад.

Қудрати сиёсӣ дар Этюпӣ дар дасти нахуствазир аст, нақши раисиҷумҳур намодин мебошад ва ба ҳузур дар маросимҳо ва таъйини масъулон мунҳасир мешавад. Саҳла-Вурк Зевде чаҳорумин раисиҷумҳури ин кишвар аз замони тасвиби Қонуни асосӣ дар соли 1995 аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: