Перейти к содержимому

Созмони Милал давлати Миёнморро ба “наслкушии мусалмонони Руҳингиё” муттаҳам кард

Раиси Кумитаи ҳақиқатёби Созмони Милал, дар гузоришаш ба Шӯрои амният, мақомоти артиши Миёнморро ба “наслкушии мусалмонони Руҳингиё” муттаҳам кард ва аз 15 узви Шӯрои амният хост, ки барои барқарории адолат даст ба иқдом бизананд.

Ба гузориши Euronews, Марзуқӣ Дорусмон, раиси Кумитаи ҳақиқатёб дар Миёнмор, дар ин ҷаласа гуфт: “Ҷиноят имрӯз ҳам дар ҳоли рух додан аст.” Ӯ афзуд: “Ин наслкушии бодавоме аст, ки дар ҳоли вуқӯъ аст.”

Баъд аз куштори соли гузаштаи мусалмонони Руҳингиё дар Миёнмор, 700 ҳазор нафар аз ин ақаллияти динӣ ба Банглодеш гурехтанд ва акнун дар шароити душворе дар кампҳои паноҳҷӯён зиндагӣ мекунанд.

Дорусмон ҳамчунин дар гузоришаш ба Шӯрои амният гуфт, ки мусалмонони Руҳингиё, ки дар вилояти Рохин мондаанд, дар маърази “хатари ҷиддӣ” ҳастанд ва бозгашти касоне, ки аз ин минтақа гурехтаанд, баробар бо маҳкум кардани онҳо ба қабули зиндагии ғайриинсонӣ ва куштори ҷамъӣ дар оянда аст.

Мақомоти Миёнмор ёфтаҳои гузоришгари Созмони Милали Муттаҳидро рад кардаанд. Ҳуоду Свон, намояндаи Миёнмор дар Созмони Милал гуфт: “Мо моил ва қодир ба расидагӣ ба ҳар навъ нақзи ҳуқуқи башар ҳастем, аммо дар вазъияте, ки шавоҳиди кофӣ вуҷуд дошта бошад.”

Сафири Бритониё дар Созмони Милал дар ин ҷаласа гуфт: “Чиноятҳое, ки мо дар Миёнмор шоҳидем, ҳамонанди ҷиноятҳое аст, ки дар Руанда ва Сребринитсо ҳудуди 20 сол пеш рух дод. Шӯрои амният ба он ҷиноятҳо вокуниш нишон дод, аммо хеле дер, ҷиноятҳое, ки боиси шарми мост.”

Гузориши қаблии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар моҳи август мунташир шуд, аз Шӯрои амният хоста буд, ки таҳрими фурӯши силоҳ алайҳи Миёнмор намуда ва муттаҳамон ба ҷиноят алайҳи ақаллияти мусалмони Руҳингиёро ба додгоҳи байналмилалии кайфарӣ муаррифӣ кунад.

Дар ҷаласаи Шӯрои амният ибтидо барои ироаи ин гузориш раъйгирӣ шуд, ки Фаронса, Ангилис, Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва 6 узви дигар, ба ироаи он раъйи мусбат доданд. Чин, Русия ва Боливӣ раъйи манфӣ ва Этюпӣ, Гинеи истивоӣ ва Қазоқистон раъйи мумтанеъ доданд.

Сафири Чин дар ин ҷаласа гуфт, ки набояд дар масоили марбут ба ҳуқуқи башар дар кишварҳои дигар дахолат кард ва ин гузориш монеъи ҳаллу фасли ин мавзӯъ аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: