Перейти к содержимому

Тромп: “Оқои подшоҳ, оқои диктотур, ки аз ту ҳифозат мекунем, пулашро пардохт кун!”

Раисиҷумҳури Омрико дар таҷаммӯъи интихоботии иёлати Висконсин, ба ҳифозати Вошингтун аз муттаҳидони диктотур эътироф кард ва гуфт: “Оқои подшоҳ, диктотур ва ҳар оқои кӯфтӣ, ки мо аз шумо ҳифозат мекунем, бояд ҳазинаҳои ин ҳифозатро бипардозед.”

Дунолд Тромп дар идомаи суханрониҳои интихоботӣ дар манотиқи мухталифи Омрико, ин бор дар иёлати Висконсин, бо ишора ба Арабистони Саудӣ ва кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс, ҳокимони ин кишварҳоро “диктотур” хонд ва аз онҳо хост, ҳазинаҳои ҳифозати низомии Вошингтун аз онҳоро бипардозанд.

Раисиҷумҳури Омрико, имрӯз (панҷшанбе, 25.10.2018), дар таҷаммӯъи ҳомиёни ҷумҳурихоҳи худ дар ин иёлат, боз ҳам интиқодҳои қаблии худ дар бораи мавозеъи давлатҳои гузаштаи ин кишвар дар қиболи ҳифозат аз кишварҳоро такрор кард.

Ӯ, ки борҳо дар муборизоти интихоботӣ ва ҳамчунин баъд аз оғози риёсати ҷумҳурии худ эълом кардааст, ки Омрико набояд ҳазинаҳои ҳифозат аз “муттаҳидони сарватманд”-и худро пазиро бошад, дар Висконсин боз ҳам ин масъаларо такрор кард.

Тромп, ки дар яке аз суханрониҳои қаблӣ бо ишора ба гуфтугӯяш бо шоҳи Арабистони Саудӣ гуфта буд, “агар мо набошем, онҳо ду ҳафта бештар давом намеоваранд”, боз ҳам мавозеъи худ дар бораи лузуми пардохти пул тавассути “муттаҳидони сарватманд”-и Вошингтун ба Омрикоро такрор кард.

Раисиҷумҳури Омрико дар нутқи интихоботии имрӯз, ба ҳифозат аз “диктотурҳо” ҳам эътироф кард ва барои бархе дигар аз муттаҳидони ин кишвар лақаби “кӯфтӣ”-ро баргузид.

Тромп гуфт: “Мо бояд аз манофеъи мардуми Омрико ҳифозат кунем, албатта мо ба дигар кишварҳо кӯмак хоҳем кард, аммо наметавонем шоҳиди вазъе бошем, ки дар он, мо ҳазинаҳои ҳифозат аз артишҳои кишварҳои бисёр-бисёр сарватмандро бидиҳем. Ман ба бархе аз ин кишварҳо сафар кардаам, намедонам, ки номҳои ин кишварҳоро ба шумо бигӯям ё на, хуб зиёд ҳам муҳим нест, чаро ки кишварҳои зиёде ҳастанд. Ман ба онҳо гуфтам: оқои нахуствазир, оқои раисиҷумҳур, оқои подшоҳ, оқои диктотур, ҳар оқои кӯфтӣ, ки мо ҳифозаташ мекунем, шумо бояд шурӯъ ба пардохтани ҳазинаи ҳифозати худ кунед; бояд ҳазинаашро бипардозед.”

Раисиҷумҳури Омрико дар ин суханронӣ, ба тамҷид аз мавозеъи сиёсати хориҷии давлати худ дар қиболи Чин, Эрон, Куреи шимолӣ пардохт ва муддаӣ шуд, ки бо иттихози ин мавозеъ, “манофеъи мардуми Омрико” таъмин шудааст.

Ӯ дар бахши марбут ба Эрон, изҳороти такрории худ дар бораи Барҷомро такрор кард ва муддаӣ шуд, ки ин тавофуқ “фоҷеабор” буд ва барои ҳамин Омрикоро аз он хориҷ кардааст.

Изҳороти ӯ алайҳи тавофуқи ҳастаии Эрон дар ҳоле сурат гирифта, ки ба рағми мухолифатҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин мухолифати дигар имзокунандагони ин тавофуқ, давлати Омрико дар оғозҳои соли ҷорӣ аз Барҷом хориҷ шуд ва аз тарҳи худ барои бозгардондани таҳримҳои ин кишвар хабар дод.

Ба дунболи иқдоми ғайриқонунии Омрико, дигар кишварҳои имзокунандаи Барҷом ва иттиҳодияи Урупо зимни мухолифат бо хуруҷи Вошингтун аз тавофуқ ва бозгардондани таҳримҳои Эрон, таҳаррукоти худро барои ҳифзи ин тавофуқ оғоз карданд.

Яке аз ин тадобир, меконизми молии Иттиҳодияи Урупо барои ҳифзи муомилоти молӣ ва тиҷорӣ бо Эрон аст, то ба рағми таҳримҳо ва фишорҳои Омрико, табодулоти тиҷорӣ байни урупоиҳо бо Теҳрон ҳамчунон идома ёбад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: