Перейти к содержимому

Ба чолиш кашида шудани Ато Муҳаммад Нур тавассути Ҳикматёр (филм)

Гулбиддин Ҳикматёр эълом кард, ки Ато Муҳаммад Нур тавони поксозии шаҳристони Чимтоли вилояти Балхро надорад, дар ҳоле, ки муддаии тасхири Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон мешавад.

Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон, ки ба суханрониҳои нифоқафканона ва нафратпароканӣ собиқа дорад, ин бор аз Ато Муҳаммад Нур, раиси иҷроии Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон, интиқод кард.

Ҳикматёр Ато Муҳаммад Нурро муттаҳам кард, ки иддаои бузург ва изҳороти ғайримасъулонаро дар бораи тасарруфи Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон унвон кардааст.

Ато Муҳаммад Нур, раиси иҷроии Ҳизби ҷамъияти исломӣ, дар яке аз мусоҳибаҳои ахираш гуфта буд, ки агар нерӯҳои хориҷӣ дахолат накунанд, аҳзоби сиёсӣ дар зарфи 3 рӯз Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистонро тасхир хоҳанд кард.

Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломӣ, бо лаҳне тамасхуромез, бо ишора ба изҳороти Ато Муҳаммад Нур, гуфт, Ато Муҳаммад Нур ҳатто тавони поксозии яке аз шаҳристонҳои Балхро надорад, чӣ расад ба тасхири Арги риёсати ҷумҳурӣ.

Вай таъкид кард, ки раиси иҷроии Ҳизби ҷамъияти исломӣ тавони тасарруфи шаҳристони Чимтол аз мухолифони мусаллаҳро надорад, дар ҳоле, ки муддаии тасхири Арги риёсати ҷумҳурии Афғонистон аст.

Ато Муҳаммад Нур ба кӯмаки женерол Дӯстум ва Муҳаммади Муҳаққиқ, эътилофи бузурги сиёсиеро мавсум ба “Эътилофи бузурги миллӣ” муташаккил аз даҳҳо ҳизби сиёсӣ ташкил дод, то барои таҳаққуқи ислоҳоти интихоботӣ, ба давлати Афғонистон фишор ворид кунад.

Ҳикматёр низ барои муқобила бо “Эътилофи бузурги миллии Афғонистон”, эътилофи ҷудогонаеро таҳти унвони “Маҷмаъи бузурги ваҳдати миллӣ” бо ҳузури аҳзоби “Наҳзати ҳамбастагии миллӣ”, “Маҳози миллӣ”, “Афғон миллат” ва “Шӯрои инсиҷоми ҷамъияти исломӣ” ташкил додааст.

Пеш аз ин низ Ҳикматёр борҳо изҳороти кинояомезеро дар бораи соири аҳзоби сиёсӣ ба вежа аҳзоби Ҷунбиш ва Ҷамъияти исломӣ унвон карда буд, ки вокуниши тунди Ато Муҳаммад Нурро ба ҳамроҳ дошт.

Ҳанӯз Ато Муҳаммад Нур, раиси иҷроии Ҳизби ҷамъияти исломӣ, ба изҳороти ахири Ҳикматёр вокунише нишон надодааст.

Гумоназаниҳое вуҷуд доранд, ки раҳбари Ҳизби исломӣ аз ин тариқ талош дорад, то ба ташдиди бӯҳрон дар Афғонистон доман зада ва заминаи ҳарҷумарҷро дар ин кишвар фароҳам кунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: