Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (15)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Иҷтиҳод ва тафаққӯҳ дар дин

فَلَوْلاَ نَفَرَ مِن كُلِّ فِرْقَةٍ مِّنْهُمْ طَآئِفَةٌ لِّيَتَفَقَّهُواْ فِي الدِّينِ وَلِيُنذِرُواْ قَوْمَهُمْ إِذَا رَجَعُواْ إِلَيْهِمْ لَعَلَّهُمْ يَحْذَرُونَ

(Сураи Тавба, ояти 122)

Яке аз муфаккирони олами исломӣ дар асрҳои ахир, Иқболи Лоҳурӣ аст. Иқбол аҳли Ҳиндустони собиқ ва Покистони ҷадид ва дар як хонадони мусалмон парвариш ёфтааст. Ӯ таҳсилоти ҷадидро тай карда ва дар ҳамон замон аз таҳсилоти қадим филҷумлае баҳраманд будааст, вале шӯри исломиро ҳамеша дошта, баръакси аксари қариб ба иттифоқи муҳассилони эронӣ, ки як ҳолати рангпазирии аҷибе нисбат ба фарангиҳо доранд. Ин мард таҳсилоти олие дар риштаи фалсафа дошта ва китобҳо ба забони ангилисӣ навишта, ки ҳамон китобҳо барои мусташриқин ҷузъи манобеъ шумурда мешавад. Марди бисёр бошӯр ва аз касоне будааст, ки шамми исломӣ дошта ва аз он ҳимоят кардааст, ки танҳо ислом аст, ки метавонад дунёро наҷот бидиҳад, бо ин ки худаш марди мутаҷаддиде буда ва аз афкори имрӯз ҳаддиаксари огоҳиро доштааст. Ашъори зиёде ҳам гуфтааст. Ҳоло ба ин ҷиҳат коре надорам.

Ӯ мегӯяд, падарам як ҷумлае ба ман гуфт, ки он ҷумла бароям дарс шуд. Як рӯз субҳ машғули тиловати Қуръон будам. Падарам гуфт: чӣ мекунӣ? Гуфтам: Қуръон мехонам. Гуфт: Қуръонро ончунон бихон, ки гӯӣ ваҳй бар ту нозил шудааст. Ҳамин ҷумла мисли нақше, ки рӯи санг канда бошанд, дар дилам асар гузошт ва аз он ба баъд ба ҳар ояте, ки расидам, то таъаммулу тадаббур накардам, рад нашудам.

* * *

Сухани Иқбол ва сухани Ибни Сино дар бораи иҷтиҳод

Ин мард (Иқбол) ҷумлае дорад, ки ман ба муносибати ин ҷумла хостам исме аз ӯ бурда бошам. Ин ҷумла дар бораи иҷтиҳод аст. Мегӯяд: “Иҷтиҳод қувваи муҳаррикаи ислом аст.” Шумо як худрав (мошин)-ро мебинед ҳаракат мекунад. Ин мошин то як нерӯе набошад, ки онро ба ҳаракат дароварад, мумкин нест ҳаракат кунад.

Ҷумлаи дигаре ҳаст аз Бӯалӣ Сино, ки дар китоби “Шифо” баҳси ҷомеъе роҷеъ ба усули иҷтимоӣ ва усули хонаводагӣ дорад; мегӯяд: ҳавоиҷе (ниёзҳое), ки барои зиндагии башар пеш меояд, бениҳоят аст. Усули ислом собит ва лоятағайяр аст ва на танҳо аз назари ислом тағйирпазир нест, балки инҳо ҳақоиқе аст, ки дар ҳамаи замонҳо бояд ҷузъи усули зиндагии башар қарор гирад, ҳукми як барномаи воқеиро дорад, аммо фурӯъ бениҳоят. Мегӯяд, ба ҳамин далел, иҷтиҳод зарурат дорад. Яъне дар ҳар асру замоне, бояд афроди мутахассис ва коршиноси воқеӣ бошанд, ки усули исломиро бо масоили мутағайире, ки дар замон пеш меояд, татбиқ кунанд; дарк намоянд, ки ин масъалаи нав дохил дар чӣ асле аз усул аст.

Иттифоқан, иҷтиҳод ҷузъи масоиле аст, ки метавон гуфт, руҳи худашро аз даст додааст. Мардум хаёл мекунанд, ки маънии иҷтиҳод ва вазифаи муҷтаҳид фақат ин аст, ки ҳамон масоилеро, ки дар ҳамаи замонҳо як ҳукм дорад расидагӣ кунад. Масалан, дар таяммум оё як зарба бар хок задан кофӣ аст ё ҳатман бояд ду зарба бар хок зад? Яке бигӯяд, ақво (қавли қавӣ) як зарба кофӣ аст, ва дигаре бигӯяд, аҳват (эҳтиёт) ду зарба бар хок бизанад, ё масоиле аз ин қабил; дар сурате, ки инҳо аҳаммияти чандоне надорад. Он чи аҳаммият дорад, масоили нав ва тозае аст, ки пайдо мешавад ва бояд дид, ки ин масоил бо кадом як аз усули исломӣ мунтабиқ аст. Бӯалӣ ҳам лузуми иҷтиҳодро рӯи ҳамин асос тавҷеҳ мекунад ва мегӯяд, ба ҳамин далел, дар тамоми асрҳо бояд иҷтиҳод вуҷуд дошта бошад…

* * *

Таъбири Қуръон

Қуръони Карим таъбире дорад:

فَلَوْلاَ نَفَرَ مِن كُلِّ فِرْقَةٍ مِّنْهُمْ طَآئِفَةٌ لِّيَتَفَقَّهُواْ فِي الدِّينِ وَلِيُنذِرُواْ قَوْمَهُمْ إِذَا رَجَعُواْ إِلَيْهِمْ لَعَلَّهُمْ يَحْذَرُونَ

Дар тафсири ин оят баҳсҳое аст. Тарҷумааш ин аст: “Мӯъминин чунин нестанд, ки ҳамаашон якҷо кӯч кунанд. Чаро аз ҳар фирқа гурӯҳе кӯч намекунанд барои ин ки дар амри дин тафаққӯҳ пайдо кунанд?..” Мақсуд аз ин ки мӯъминин чунин нестанд, ки якҷо кӯч кунанд чист? Яъне барои чӣ кӯч кунанд? Барои иҷтиҳод. Қуръон ин ҳадафро ба ин таъбир зикр кардааст:

لِيَتَفَقَّهُواْ فِي الدِّينِ

— ки аз ҳар фирқае тоифае дар дин тафаққӯҳ пайдо кунанд. Қуръон масъалаеро тарҳ кардааст ба номи “тафаққӯҳ дар дин”. Ин калима маъное болотар аз маънои илми дин мефаҳмонад. Як илми дин дорем, як тафаққӯҳ дар дин. Илм як мафҳуми васеъе аст, ҳар донистанеро илм мегӯянд. Вале “тафаққӯҳ” ба таври куллӣ дар ҳар мавриде истеъмол намешавад. Тафаққӯҳ дар ҷое гуфта мешавад, ки инсон як дониши амиқе пайдо кунад, яъне илми сатҳӣ илм ҳаст, вале тафаққӯҳ нест. Роғиби Исфаҳонӣ мегӯяд:

التفقّه هو التوسّل بعلمٍ ظاهرٍ إلى علمٍ باطنٍ

Тафаққӯҳ ин аст, ки инсон аз зоҳир ботинро кашф кунад, аз пӯст мағзро дарёбад; аз он чи, ки ба чашм мебинад ва ҳисс мекунад, он чиро, ки ҳисс намекунад дарк кунад. Маънои тафаққӯҳ дар дин ин аст, ки инсон динро сатҳӣ нашиносад, яъне дар дин руҳе ҳаст ва тане, дар шинохтани дин танҳо ба шинохтани тан иктифо накунад.

Мо дар аҳодис гоҳе бармехӯрем ба ин гуна мазомин: рӯзе бирасад, ки

لا يبقى من القرآن الاّ درسه ومن الاسلام الاّ رسمه

(Биҳор, 52/190) Аз Қуръон ҷуз ёд гирифтани зоҳирӣ, ва аз ислом ҷуз нақше боқӣ намемонад. Амирулмӯъминин Алӣ (а) дар як ҷо роҷеъ ба ояндаи Банӣ Умайя, ки баҳс мекунад, мегӯяд: масали ислом дар он замон, масали зарфе аст, ки дарбардорандаи мойеъе будааст, баъд он зарфро воруна карда бошанд ва он мойеъ рехта бошад, зарф холӣ боқӣ мондааст.

Қисмате аз дастурҳои дин шакли зарфро дорад барои дастурҳои дигаре, ки шакли обро дорад. Яъне ин зарф лозим аст, аммо ин зарф барои он об лозим аст. Агар ин зарф бошад, он об ҳам намерезад, аммо агар он об набошад ва ин зарф ба танҳоӣ бошад, ингор нест. Амирулмӯъминин мехоҳад бифармояд, ки Банӣ Умайя исломро тухолӣ мекунанд, мағзашро ба куллӣ аз миён мебаранд ва фақат пӯсте барои мардум боқӣ мегузоранд. Таъбири дигар ин аст, ки:

ولُبِسَ الإسلامُ لُبسَ الفروِ مقلوباً

(Наҳҷул-балоға, хутбаи 107) Дар он замон ин либосро, ки номаш ислом аст мепӯшанд, аммо мисли ин ки пӯстинеро воруна пӯшида бошанд, ҳам хоссияти худашро аз даст медиҳад ва ҳам асбоби масхара мешавад.

Худи инҳо мерасонад, ки либоси исломро ба ду шакл мешавад ба тан кард: як шакл ин ки як амри бехоссияти бемағз ҷилва кунад, ва шакли дигар ин ки маънидор бошад.

Яке аз руфақо нақл мекард, ки ман як вақте гирифтории бисёр шадиде доштам. Барои анҷоми як кори хеле кучак, ки аслан заҳмат ҳам надошт, вале барои ман арзиши фавқулъодае дошт, ба яке аз руфақо муроҷеа кардам. Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки ман алъон бояд ба намози ҷамоат биравам. Агар дар ин ҷо инсон бигӯяд, ислом, ки ин ҳама ба намози ҷамоат тавсия кардааст, арзиши қазои ҳоҷати як мусалмонро аз байн бурдааст, ин ғалат аст. Магар барои Худо фарқ мекунад, ки мо намози танҳо бихонем ё намози ҷамоат? Ислом, ки гуфтааст намоз бо ҷамоат хонда шавад, барои ин аст, ки мардум дар он ҳоле, ки ҳолати руҳонияту маънавият аст, чашмашон ба сурати якдигар биафтад ва ба авзоъи якдигар расидагӣ кунанд. Ин ки гуфтаанд, агар намозро ба ҷамоат бихонед, ин миқдор савобаш зиёд мешавад, барои ин аст, ки шуморо ба якдигар меҳрубонтар мекунад, дар қазои ҳавоиҷ (ниёзҳо)-и якдигар кӯшотар мекунад, яъне намозро ба ҷамоат хондан, пӯстае аст, ки мағзе дар он нуҳуфтааст. Мағзи он, авотифи иҷтимоӣ ва алоқаманд будан ба сарнавишти дигарон аст.

Инҳо далолат мекунад бар ин ки ислом пӯсте дорад ва мағзе, зоҳире дорад ва ботине. Пас, тафаққӯҳ лозим дорад. Тафаққӯҳ ин аст, ки инсон маъниро ба даст биёварад. Агар он шахс (Иқбол) мегӯяд: иҷтиҳод қувваи муҳаррикаи ислом аст, ва ё гуфта мешавад иҷтиҳод дар ҳар асру замоне лозим аст ва руҳи ислом руҳи собите аст дар тамоми замонҳо (ҳамин тавр, ки бадани инсон мутағайир ва руҳ тағйирнопазир аст), ин шубҳа эҷод намешавад, ки муқтазаёти замон эҷоб мекунад ҳукми ислом нақз бишавад.

* * *

Як мисол

Мисоле арз мекунам. Мо дар Қуръон дастуре дорем:

وَأَعِدُّواْ لَهُم مَّا اسْتَطَعْتُم مِّن قُوَّةٍ وَمِن رِّبَاطِ الْخَيْلِ تُرْهِبُونَ بِهِ عَدْوَّ اللّهِ وَعَدُوَّكُمْ

(Сураи Анфол, ояти 60). Дастуре бо камоли сароҳат баён шуда, ҳадафи ин дастур ҳам зикр гардидааст. Ислом, дини “нерӯманде” аст. Хориҷиҳо ҳам инро қабул доранд. Вил Дуронт гуфтааст: “Ҳеч дине ба андозаи ислом, пайравони худашро ба нерӯмандӣ даъват накардааст…” Ислом мегӯяд, қавӣ ва нерӯманд бошед. Ислом аз заъфу заъиф бадаш меояд. Ислом ба ҷомеаи исломӣ дастур медиҳад, ки дар муқобили душман, он чи ки дар иститоат (тавон) дорӣ, таҳия бикун… Ин дастур ҳам мегӯяд, шумо бояд аз лиҳози нерӯи моддӣ тавре бошед, ки руъби шумо дар дили душманонатон бошад. Ҳамин алъон мебинед кишварҳои бузург чӣ руъбе дар дили мардум эҷод кардаанд! Қуръон мегӯяд, мусалмонон бояд он қадр нерӯманд бошанд, ки ҳар ҷамъияти ғайримусалмоне вақте мусалмонҳоро мебинад, руъби онҳо дар дилашон эҷод бишавад, барои ин ки хаёли таҷовуз дар димоғашон хутур накунад. Як касе қудрату нерӯ мехоҳад барои таҷовуз, як касе ҳам қудрату нерӯ мехоҳад барои ҷилавгирӣ аз таҷовуз. Қуръон ҳаргиз нерӯро барои таҷовуз тавсия намекунад, чун мегӯяд:

وَلاَ يَجْرِمَنَّكُمْ شَنَآنُ قَوْمٍ عَلَى أَلاَّ تَعْدِلُواْ

(Сураи Моида, ояти 8) Ҳатто агар душманони Худо ба шумо бадӣ карданд, мабодо аз адолат хориҷ бишавед. Вале ислом ба дигарӣ ҳам иҷозаи таҷовуз намедиҳад. Ин як дастур.

Вақте мо вориди суннати Пайғамбар мешавем, мебинем Пайғамбар як силсила одобу сунанро дар замони худаш баён кардааст, ки дар фиқҳ ба номи “сабқу римоя” оварда шудааст. Дар ислом сабқу римоя мустаҳаб аст. Сабқ мусобиқаи асбдавонӣ аст, ва римоя тирандозӣ кардан аст. Ислом ҳар навъ бурду бохтеро таҳрим кардааст, магар бурду бохтҳое, ки дар заминаи мусобиқаи асбдавонӣ ва ё мусобиқаи тирандозӣ бошад. Ин аз мусалламоти фиқҳи мост, ки якчунин суннатҳо ва одобе дар дин ҳаст. Ҳоло ин ҷо як вақт ҳаст мо ҷумуд ба харҷ медиҳем, мегӯем:

وَأَعِدُّواْ لَهُم مَّا اسْتَطَعْتُم مِّن قُوَّةٍ

— як дастур аст, ва дастури сабқу римоя дастури дигаре аст. Яъне, агар Пайғамбар тавсия кардааст, ки сабқу римояро ёд бигиред ва ба фарзандони худатон ҳам биёмӯзед, ин як алоқае аст, ки Пайғамбар ба асбу асбдавонӣ ва тирандозӣ ва камон доштааст, пас ин дастур дар тамоми замонҳо бояд ба ҳамин шакл дар миёни мо боқӣ бимонад! Ин тавр нест. Сабқу римоя фарзанди

وَأَعِدُّواْ لَهُم مَّا اسْتَطَعْتُم مِّن قُوَّةٍ

— аст. Ислом мегӯяд, шумо дар тамоми замонҳо бояд ҳаддиаксари нерӯмандиро дошта бошед. Асбдавонӣ ва тирандозӣ аз назари ислом асолат надорад, балки шакли иҷроии

وَأَعِدُّواْ لَهُم مَّا اسْتَطَعْتُم مِّن قُوَّةٍ

— аст. Дастур, он аст; ин, шакли иҷроии он аст. Ва ба иборати дигар, ҷомае аст, ки бар бадани он дӯхта шудааст. Яъне ислом барои сабқу римоя асолат қоил нест, барои нерӯманд шудан асолат қоил аст. На ин ки бихоҳем бигӯем, ин дастур чун гуфтаи Пайғамбар аст, асолат надорад! На. Тафкике миёни дастури Худо ва дастури Пайғамбар нест. Масъала ин аст, ки ислом дар мавриди чӣ дастуре, иҷрои худи он дастурро хостааст ва чӣ дастуреро иҷрокунандаи як дастури дигар донистааст. Ин ҳамон ҳисоби тафаққӯҳ дар дин аст, ки инсон мақсудро дарёбад.

* * *

Мисоли дигар

Дар “Наҳҷул-балоға” аст: шахсе омад ба Алӣ (а) эътироз кард, ки чаро шумо маҳосинатонро (ришатонро) ранг намезанед? Магар Пайғамбар дастур надод, ки

غَيِّرُوا الشَّيْبَ

Мӯйи сафедро ранг кунед? Фармуд: бале. Арз кард: шумо чаро ин корро намекунед? Фармуд: ин дастур, худаш асолат надорад. Ин дастур барои манзуре буда, ки дар он замон буд, вале ҳоло дигар нест. Он манзур ин буд: дар он замон адади мусалмонон кам буд. Дар миёни сарбозони исломӣ, ки дар ҷангҳо ширкат мекарданд, пир зиёд буд ва риши тамомашон сафед буд. Душман, ки аз дур инҳоро мушоҳида мекард, медид як мушт ришсафед дар миёни сипоҳи ислом аст, руҳияаш қавӣ мешуд ва дар ҷанг қуввати қалб нақши аввалро дорад. Пайғамбар дид, агар инҳо бо ришҳои сафед дар майдонҳои ҷанг биёянд, аввал бор, ки чашми душман ба инҳо меафтад, руҳияашон қавӣ мешавад. Аз ин рӯ фармуд: ришҳоро ранг бибандед, ки душман ба пирии шумо пай набарад. Ин ҳоҷате буд моли он рӯз. Имрӯз дигар ин ҳоҷат вуҷуд надорад ва дар ин ҷиҳат ҳар касе озод аст.

Ҳоло ин ҷо як руҳ аст, ки ин руҳ бояд дар тамоми замонҳо собит бошад, ва он ин аст, ки набояд коре кард, ки руҳияи душман қавӣ бишавад, чӣ дар ҷанг ва чӣ дар ғайриҷанг. Аз ин рӯ мо мусалмонҳо бояд нуқсонҳои худамонро бартараф кунем. Набояд тавре рафтор кард, ки ғайримусалмон мусалмонҳоро заъифу нотавон талаққӣ кунад. Ин асли собит, дар як замон вақте бихоҳад иҷро бишавад, шакли иҷроиаш ин аст, ки пирамардҳо ришҳоро ранг бизананд, аммо ин шакл дар тамоми замонҳо собит намемонад. Ин маънои тафаққӯҳ дар дин ва маънои басират дар дин аст.

Аз хусусиёти ислом аст, ки умуреро, ки ба ҳасби эҳтиёҷи замон тағйир мекунад, яъне ҳоҷатҳои мутағайирро муттасил карда ба ҳоҷатҳои собит. Яъне ҳар ҳоҷати мутағайиреро бастааст ба як ҳоҷати собит. Фақат муҷтаҳид ва мутафаққеҳ мехоҳад, ки ин иртиботро кашф кунад ва он гоҳ дастури исломро баён намояд. Ин ҳамон қувваи муҳаррикаи ислом аст.

* * *

Сухани марҳум Файзи Кошонӣ

Яке аз ҷумудҳое, ки ахбориҳо ба харҷ медиҳанд, таҳтулҳанак андохтан аст. (Таҳтулҳанак: қисмате аз дастору салла, ки аз зери чона гузаронида ва ба сар бибанданд.) Иттифоқан мо дастур ҳам дорем. Марҳум Файзи Кошонӣ бо ин ки марди ахборимаслаке аст, вале дар айни ҳол нимафайласуф аст. Ҳамин амр ба фикраш як рӯшноии махсус бахшидааст. Нуқтаи муқобили таҳтулҳанак, иқтиъот аст. (Иқтиъот: дастору салла бастан бе таҳтулҳанак.) Марҳум Файз дар ин ҷо руҳе ва тане ба даст овардааст, пӯстае ва ҳастае ба даст овардааст. Мегӯяд: дар он замон, мухолифон — яъне мушрикон — шиоре доштанд, ва он ин буд, ки таҳтулҳанакҳоро аз боло мебастанд, ва агар касе таҳтулҳанакро аз боло мебаст, шиори онҳоро пазируфта буд ва ба қавли имрӯзиҳо, орми онҳоро гирифта буд. Ин ки (дар замони ҳазрати Паёмбар) дастур доданд, ки шумо таҳтулҳанак биандозед, худи таҳтулҳанак мавзӯият надорад, мухолифат бо шиори мушрикон мавзӯият дорад. Яъне мусалмон набояд шиореро, ки моли дигарон аст интихоб кунад. Ин, то вақте буд, ки чунин мушриконе вуҷуд доштанд ва чунин шиоре доштанд. Вале имрӯз, ки аслан чунин мушриконе вуҷуд надоранд ва чунин шиоре ҳам дар байн нест, дигар таҳтулҳанак андохтан — ки фалсафааш даҳанкаҷӣ ба онҳост — лузуме надорад ва дигар мавзӯият надорад.

Ҳол, марҳум Файз, ки ин ҳарфро задааст оё ҳукми исломро насх кардааст? На. Мақсуди ин дастурро хуб дарк кардааст. Яъне ҳамон иҷтиҳодеро, ки ба гуфтаи Иқболи Покистонӣ, қувваи муҳаррикаи ислом аст, хуб дарк карда. Иҷтиҳодеро, ки Бӯалӣ гуфтааст, вуҷуди муҷтаҳид дар тамоми замонҳо лозим аст, хуб ба даст оварда, ҳастаро аз пӯста ташхис додааст…

Ба назари ман, яке аз мӯъҷизоти ислом, хоссияти иҷтиҳод аст. Маънои иҷтиҳод ин нест, ки як нафар биншинад ва як ҳарферо ҳамин тавр бизанад. Ислом ба далоиле — ки иттифоқан баъзе аз онҳоро зикр кардам — хусусиёте дар сохтмони худ дорад, ки бидуни ин ки бо руҳи дастуроташ мухолифате шуда бошад, худаш ҳаракат ва гардиш мекунад, на ин ки мо бояд онро ба ҳаракат дароварем; худаш як қонунҳои мутаҳаррику нособите дорад, дар айни ин ки қонунҳои собиту лоятағайяре дорад. Вале чун он қонунҳои мутағайирро вобаста кардааст ба ин қонунҳои собит, ҳеч вақт ҳам ихтиёр аз дасти худаш хориҷ намешавад. Бузургтарини неъматҳо “тафаққӯҳ дар дин” аст, ки инсон басират пайдо кунад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: