Перейти к содержимому

Посухи пурсише дар бораи интихоби ном барои фарзандонамон

Пурсиш: Асалому алайкум. Як суол: Ман соҳиби духтарчае шудам ва номашро Осия гузоштам ва хоҳараке дорам, ки номи духтари вай ҳам Осия аст ва мегӯяд, ки ту духтаратро Осия ном накун, ки ман хафа мешавам. Устод, ман бо ӯ чӣ ҷавоб гӯям, ки на вай хафа шаваду номи духтарчаи ман, ки ман бисёр ин номро яъне Осияро дӯст медорам, Осия бимонад?

А.Ф.

* * *

Посух: Ба номи Худо. Дар ҷомеаи мо, дар миёни мардум ин расм ҳаст, ки як нафар инсон хуш надорад номе, ки барои фарзандаш интихоб мекунад, бо номи аму (амак) ё амма ва ё доӣ (тағо) ё хола ва ё фарзандони хоҳар ё бародараш якнавохт бошад. Инро хуш надорад ва намеписандад. Аммо ин як расму одат асту бас ва рабте ба шариати ислом надорад. Ба сухани дигар, ин расм, бархоста аз назари шариати ислом нест, балки маълум нест реша дар чӣ дорад. Яъне, шахсан банда намедонам, ки ин расм аз куҷо пайдо шуда.

Ва ин дар ҳоле аст, ки аз назари шариати ислом, ҳеч манъе дар ин хусус вуҷуд надорад. На дар Қуръон мо чизе дорем, ки гуфта бошад, набояд номи фарзандонатон якнавохт бошад, ва на дар суннати Паёмбар (с) ва ё ҳатто калимоти бузургони дин. Ва балки акси он ҳаст. Яъне, дар миёни саҳоба бисёранд касоне, ки номи фарзандони онҳо — яъне номи фарзандони як саҳобӣ – якнавохтанд. Масалан, се писари ҳазрати Имом Ҳусайн (а) номашон Алӣ буд, ки барои фарқ гузоштан, бузургиро Алии бузургтар (Алии акбар), миёниро Алии миёнӣ (Алии авсат) ва севвумиро Алии кучактар (Алии асғар) мехонданд.

Пас, шумо ба хоҳари азизатон бифаҳмонед, ки ин расму одат решаи шаръӣ надорад ва ҳеч эроде надорад, ки ҳам номи духтари эшон Осия бошад ва ҳам номи духтари нозанини шумо. Ҳатто агар Худованд бароятон як фарзанди духтари дигар ҳам ато бифармояд, шумо метавонед номи ӯро ҳам Осия номед. Зеро номи Осия барои духтар, як номи муборак аст. Ҳазрати Осия яке аз бартарин занони аҳли биҳишт аст. Дар ҳадисе аз Ибни Аббос (р) омада, ки ҳазрати Расули Акрам (с) фармудаанд:

أفضل نساء أهل الجنة خديجة بنت خويلد، وفاطمة بنت محمد، ومريم ابنة عمران، وآسية بنت مزاحم امرأة فرعون

Бартарини занони аҳли биҳишт иборатанд аз: Хадиҷа духти Хувайлд, Фотима духти Муҳаммад, Марям духти Имрон ва Осия духти Музоҳим ҳамсари Фиръавн.” (Муснади Аҳмад)

* * *

Ва чун пурсиши шумо дар бораи интихоби ном барои фарзандон аст, холӣ аз фоида нест тавсияҳое, ки дар шариати ислом дар ин мавзӯъ шудааст, бароятон ёдовар шавам:

1) Номи мусалмон набояд аз номҳои хосси зоти Худованди Таборак ва Таъоло бошад, мисли Раҳмон. Раҳмон номи хосси зоти Борӣ Таъолост. Балки бояд Абдурраҳмон бошад.

2) Некӯтарин ном он аст, ки бар “бандагии Худо” далолат кунад, мисли Абдуллоҳ, Абдурраҳмон ва Абдурраҳим ва ғайра… Дар ҳадис аст, ки Расули Акрам (с) фармоянд:

إِنَّ أَحَبَّ أَسْمَائِكُمْ إِلَى اللَّهِ عَبْدُ اللَّهِ وَعَبْدُ الرَّحْمَنِ

Маҳбубтарини номҳои шумо дар назди Худо, Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон аст.” (Ривояти Муслим)

3) Дар ислом, ба номгузорӣ ба номҳои паёмбарон (а) низ ташвиқ шудааст. Расули Акрам (с) фармоянд:

تَسَمَّوْا بِأَسْمَاءِ الأَنْبِيَاءِ 

Ба номҳои паёмбарони илоҳӣ номгузорӣ кунед…” (Ривояти Абӯдовуд) Пас, барои писарон бартарини номҳо, номҳое чун: Муҳаммад, Исо, Мӯсо, Иброҳим, Нуҳ, Довуд, Сулаймон, Шуъайб, Исмоил, Исҳоқ, Аюб, Яъқуб, Юсуф, Юнус, Одам, Лут, Ҳорун, Солеҳ, Ҳуд, Идрис, Илёс, Закариё, Яҳё ва ғайра аст. Ва аз миёни ҳамаи инҳо, номи Муҳаммад бартарини номҳост. Мо, уммати исломӣ бояд бикӯшем, ҳарчи бештар номи Муҳаммадро рӯи фарзандони худ бигузорем.

4) Барои фарзанди духтар низ, бартарини номҳо, номҳои бонувони аҳли биҳишт аст, мисли Фотима, Хадиҷа, Осия, Марям ва ҳамчунин номи занони ҳазрати Паёмбар (с) ва ё занони садри ислом мисли Сумайя ва ғайра…

5) Номи мусалмон набояд дарбардорандаи маъноҳои зишт бошад мисли Сангак, Теша, Табар, Дос, Болға ва ин қабил номҳои нописанд, ва ё номи куффор ва мушриконе бошад, ки бо ислом сари ҷанг доштанд, мисли Абӯҷаҳл, Абӯлаҳаб, ва ҳамчунин номҳое, ки далолат бар “бандагии буте аз бутон” бикунад, мисли Абуллот, Абдулъуззо ва ғайра.

Пас, ба ҷуз ин мавориди манъшуда, дигар номҳои форсӣ ҳеч монеъи шаръие надоранд, мисли Куруш, Дориюш, Анӯшервон, Хусрав, Манучеҳр, Рустам, Сӯҳроб ва ғайра барои мардон, ва мисли Гулчеҳра, Гуландом, Парвина, Озода, Рухшона, Меҳрангез, Нилуфар, Фархунда, Томирис, Гулҷаҳон ва ғайра барои духтарон.

Саломат бошед

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: