Перейти к содержимому

Сафари Натонёҳу ба Умон (филм ва тасовир)

Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, рӯзи панҷшанбе ба Масқат, пойтахти Салтанати Умон сафар кард.

Ба гузориши хабаргузории Умон, Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, рӯзи панҷшанбе (25.10.2018) тайи як сафар, ба Масқат, пойтахти Салтанати Умон сафар кард.

Ин хабаргузорӣ бо интишори ин хабар, навишт, Султон Қобус аз Натонёҳу истиқбол кардааст.

Ин хабаргузорӣ дар гузориши худ навишт: “Султон бен Саъид Қобус дирӯз дар кохи Албарака, аз Натонёҳу истиқбол кард. Ду тараф дар заминаи пешбурди раванди созиш дар ғарби Осиё ва бархе масоили дуҷониба ройзанӣ карданд.”

Бенёмин Натонёҳу низ тайи баёнияе дар ин замина навишт: “Имрӯз (ҷумъа) аз сафар ба Умон баргаштам; ҷое, ки бо Султон Қобус бен Саъид дидору гуфтугӯ кардам.”

Вай афзуд: “Ман ва ҳамсарам ба даъвати Султон Қобус ба Масқат рафтем. Аввалин сафари расмӣ аз соли 1996.”

Нахуствазири режими саҳюнистӣ таъкид кард, ки ин сафар дар ростои сиёсатҳои Телавив барои тақвияти равобит бо кишварҳои минтақа ва тазмини манофеъи амниятӣ ва иқтисодии Исроил аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: