Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (333)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (76)

* * *

Дар сифати пиру мутовиати вай (2)

* * *

Пирро бигзин, ки бепир ин сафар,

Ҳаст бас пурофату хавфу хатар.

Пирро барои сулук интихоб кун, яъне муриди пире бош, зеро ки сайру сулуки маънавӣ, бисёр офтазо ва пурбиму хатар аст.

Он раҳе, ки борҳо ту рафтаӣ

Бе қаловуз, андар он ошуфтаӣ.

Ҳар он роҳе, ки ту бидуни муршиду роҳбар рафта бошӣ, бе гумон ба ҳайрату саргаштагӣ дучор омадаӣ.

Қаловуз: пешоҳанг.

Пас раҳеро, ки надидастӣ ту ҳеч,

Ҳин, марав танҳо, зи раҳбар сар мапеч.

Пас, роҳе, ки ту ҳаргиз онро мушоҳида накардаӣ, мабод, ки танҳо дар он гом бисупорӣ, ва ба ҳуш бош, ки аз роҳбар сарпечӣ накунӣ.

Гар набошад сояи ӯ бар ту гӯл,

Пас туро саргашта дорад бонги ғул.

Агар сояи роҳбару муршид бар сари аҳмақе ҳамчун ту набошад, қаҳран садои ғулҳову шайтонсифатон туро ҳайрон хоҳад кард.

Гӯл: нодон, аҳмақ.

Ғулат аз раҳ афканад андар газанд,

Аз ту доҳитар дар ин раҳ бас буданд.

Он шайтонсифатон туро ба бероҳа мебаранд ва ба осебу газандат дучор месозанд. Ту, ки ҳеч, балки зирактару боҳуштар аз ту низ ба дасти онҳо гумроҳу саргашта шудаанд.

Доҳӣ: доно ва зирак.

Нукта: Дар байтҳои фавқ, ба лузуми роҳбару муршиди солеҳу роҳрафтаву ба мақсадрасида тасреҳ шудааст. Ғолиби сӯфия ақида доранд, ки роҳи сулукро наметавон бидуни роҳбар тай кард; зеро дар ҳар қадам, хатаре аст ва дар ҳар гӯша роҳзане. (Лубби албоби Маснавӣ, с.196)

Сӯфиён мегӯянд, аз чанд ваҷҳ, мурид ба муршиду роҳбар ниёзманд аст:

1) Ваҷҳи аввал: вақте бидуни далелу роҳнамо роҳҳои маҳсус қобили дарнавардидан нест ва бояд ҳатман роҳнамое вуҷуд дошта бошад, мусалламан сулуки роҳи ҳақиқат ва рафтан дар арсаи маъно, бидуни роҳнамову далел мумкин набошад.

2) Ваҷҳи дуввум: ҳамон тавр ки роҳҳои маҳсусу зоҳирӣ ва гарданаҳои убури обирон, аз дуздони роҳ ва ҳаромиён оканда аст ва наметавон бидуни бадрақа аз онҳо гузар кард, бе шак роҳҳо ва гарданаҳои маънавӣ ва ботинӣ низ пур аст аз дуздону роҳзанони иблиссифат, пас ин роҳро низ наметавон бидуни бадрақаи соҳибвилояте дарнавардид.

3) Ваҷҳи севвум: дар сулуки роҳи ҳақиқат, шубаҳоту офоти бисёр зоҳир мешавад, ки бояд роҳрафтаи содиқу олиму огоҳе он офотро шиносоӣ ва дафъ намояд… ва вуҷуҳи дигар. (Мирсодул-ибод, с.228-235)

Саъидуддини Фарғонӣ, дар аҳаммияти ёфтани роҳнамои солеҳу содиқ мегӯяд: “Пас, агар толиберо шайхе муршид, соҳиббасире восил, маъзун аз тарафи Ҳақ, ба даъват кунад — ки дар асри мо аз кимиёву симурғ азизулвуҷудтар аст — даст диҳад, бар вай бодо, ки даст аз доманаш надорад ва худро ба куллӣ ба вай супорад ва то ӯ ба соҳибдилии ӯ гувоҳӣ надиҳад ва ба сафар ва муфориқат ишорат нафармояд, албатта муфориқати хидматаш накунад, ҳарчанд дар худ осори рушду аморати фатҳ мушоҳида кунад.” (Машориқуд-дорӣ, с.70)

Дар таълимоти сӯфия, мурид набояд бар муршиду пир эътирозе намояд ва аз тасарруфоти зоҳирӣ ва ботинии ӯ хориҷ шавад. Ва гуфтаанд: мурид монанди тухме аст, ки зери мурғ қарор мегирад, то ба ҷӯҷа табдил шавад. Агар тухм аз тасарруфу ихтиёри мурғ хориҷ шавад, табоҳу фосид мегардад ва дигар ҳеч мурғи дигаре наметавонад онро табдил ба ҷӯҷа кунад. Ҳамин тавр, агар солике мардуди пире шавад, дигар агар ҳамаи машойихи олам ҳам ҷамъ шаванд, ӯро ба камол натавонанд расонид; зеро ӯ мардуди ҷумлаи машойих аст. (Мароҳилус-соликин, с.119)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: