Перейти к содержимому

Давлати демукротик, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ё ҳукумати қуруни вустоии Поп?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар таърихи 12 октябри 2018, хабаргузории давлатии “Ховар” мусоҳибае бо ҷаноби Раҳимбек Бобохонов, корманди Окодемии улуми Русия тартиб додааст. Бобохонов дар ин мусоҳиба, бо баёни ин ки хушҳол аст ин хабаргузорӣ корзоре алайҳи таъассубу ифротгароӣ ба роҳ андохта, гуфтааст: “Ҷомеаи муосири дунаявии тоҷик мухолифи бозгашт ба қуруни вусто (асрҳои миёна) мебошад.”

Умедворам, ҷаноби Бобохонов, ва дар канори эшон ҳамаи мақомоти Тоҷикистон, ки дар ин чанд соли ахир шиорашон ҷуз ин набудааст, дар ин тасмимашон содиқ бошанд ва бо тамоми тавон, саъй кунанд Тоҷикистон ба “қуруни вусто” барнагардад. Зеро дар ин рӯзҳо, воқеан эҳсос мешавад Тоҷикистон дар ҳоли баргаштан ба даврони “қуруни вусто” аст, ки ба зудӣ шарҳаш медиҳам.

Албатта, ҳамин ҷо лозим аст ёдовар шавам, ки манзур аз “қуруни вусто”, ки воқеан давроне бисёр торик буда, қуруни вустои Урупост, на қуруни вусто (асрҳои миёнаи) худамон, чаро ки қуруни вустои худамон яъне даврони Сомониён, ки даврони шукуфоӣ ва ба таъбири таърихнигорон, даврони тилоӣ будааст. Дар ҳамин асрҳо буд, ки мо — ва куллан ҷаҳони ислом — Бӯалиҳоро барои ҷаҳониён таҳвил додаем, Беруниҳо, Розиҳо, Хоразмиҳо, Ибни Ҳайсамҳоро таҳвил додаем; ва ба ҳамин далел аст, ки Вил Дуронт дар китоби “Таърихи тамаддун”-аш дар ҳоле, ки қуруни вустои Урупоро “даврони торику зулмонии таърих” мехонад, қуруни вустои ҷаҳони исломро “даврони шукуфоӣ ва тилоии таърих” мешуморад.

* * *

Ҳол, барои чӣ қуруни вусто дар Урупо зулмонӣ ва торик буда? Яке аз сабабҳои асосии он, ҳукумати калисо бар ин сарзамин ва маҳкамаҳои “тафтиши ақоид”-и он аст. “Тафтиши ақоид” яъне “бозрасӣ ва ҷустуҷӯ дар боварҳои афрод” аст. Дар тамоми донишномаҳо (аз ҷумла донишномаи Википедиа) мегӯяд, ин ном аз даврони қуруни вусто дар Урупо ба ёд мондааст ва дар баробари озодии баён ва озодии ақида ё озодии андеша аст. Дебуро Бакраш дар китоби худ ба ҳамин ном (яъне “Тафтиши ақоид”) мегӯяд: “Тафтиши ақоид ба баёни дақиқтар, иборат буд аз: ҳайатҳои доварии бисёр муҷаҳҳаз, ки калисои котулик мекӯшид аз тариқи онҳо ба якпорчагии динии мавриди назари худ ноил шавад ва онро мубориза бо фирқагароии динӣ меномид.” (Deborah Bachrach, The Inquisition, p.4)

Бакраш меафзояд: “Ин амал (тафтиши ақоид) тавассути дастгоҳи калисо анҷом мешуд ва афроди бисёре ба иттиҳоми ширку ҷодугарӣ, дар додгоҳҳои тафтиши ақоид оварда мешуданд. Ин афрод ибтидо маҳкум ба таҳаммули шиканҷа ва ниҳоятан эъдом ба суратҳои бисёр ғайриинсонӣ мешуданд.” (Ҳамон манбаъ)

Ба сухани дигар, дар маҳкамаҳои “тафтиши ақоид”, мардум на ба хотири масалан дуздӣ ё таҷовуз ва ё қатл мавриди муҳокима ва сипас зиндонӣ ё шиканҷа ва ё эъдом мешуданд, балки ба ин хотир муҳокима мешуданд, ки ақоид ва боварҳояшон хилофи бовар ва ақидае буд, ки калисо ба унвони ақида ва мазҳаби воҳид пазируфта буд. Дар маҳкама вақте муттаҳам оварда мешуд, ибтидо, ба истилоҳ айбдоркунанда мавориди иттиҳоми ӯро мехонд, масалан, мегуфт, ӯро дидем (ё диданд), ки дар калисо, бар хилофи тариқа ва равише, ки мавриди назари калисо аст, ибодаташро анҷом медод, ва ё ақоиде дар бораи Худо ва Марями Муқаддас иброз медошт, ки хилофи назари калисо аст. Ҳол, як намуна бароятон биёварам:

Маъруфтарин қурбонии “тафтиши ақоид”-и Рум, файласуф ва роҳиби думиникан (монах-доминиканец), Ҷурдону Бруну (Giordano Bruno = Джордано Бруно) аст. Ин роҳиб ба хотири эътиқодот ва тасаввураш аз Худо, ки шадидан бо ақоиди суннатӣ ва тарзи тафаккури калисои даҳаи ҳафтоди садаи 16 тафовут дошт, муттаҳам ба сеҳру ҷодугарӣ шуд. Ӯ, ибтидо барои ҷилавгирӣ аз дастгирӣ, фирор кард, аммо баъд аз солҳо оворагӣ дар Фаронса, Ангилис, Олмон ва Суис, дар Вениз (Венетсия) ӯро ба дом андохтанд ва ба додгоҳи “тафтиши ақоид” таҳвил доданд. Қозӣ ибтидо қариб ба 8 сол ӯро дар зиндон нигаҳ дошт ва баъд ҳайате муташаккил аз 9 кординол ӯро ба унвони “ҷодугари сарсахт ва тавбанопазир” маҳкум карданд. Ӯ 9 рӯзи баъд, дар 17 феврали 1600 эъдом шуд. Тибқи асноде, ки аз маҳкама ва эъдоми ӯ боқӣ монда (ба навиштаи нашрияи Der Spiegel) омадааст:

Бародари думиникани қабеҳ аз минтақаи Нуло (Nola), ки дар бораи ӯ қаблан ҳам гузориш дода будем, субҳи рӯзи панҷшанбе зинда-зинда дар оташ сӯхт. Ӯ як ҷодугари сарсахт ва бемисол буд. Касе, ки бидъатҳои зиёде бо васвасаҳои шайтонии худ бар зидди эътиқодоти мо эҷод кард, махсусан бар зидди бокираи муқаддас (ҳазрати Марям) ва муқаддасини дигар. Бечора он қадр каллашақ буд, ки ҳозир буд барои ин кор бимирад. Ӯ ҳатто мегуфт, ки монанди як шаҳид хоҳад мурд ва руҳи ӯ аз миёни шӯълаҳои оташ ба биҳишт суъуд мекунад. Ӯ акнун хоҳад фаҳмид, ки оё ҳақиқатро гуфтааст?” (Ба нақл аз нашрияи Der Spiegel)

* * *

Инак, барои хонандаи азиз, гузориши маҳкамаи Ҷунайдулло Худоёровро, ки дар таърихи 31 август дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор шудааст, меоварам, то бибинад, фарқе бо маҳкамаҳои “тафтиши ақоид”-и калисо дар қуруни вусто дар Урупо мебинад?

Ҳукм

31-уми августи 2018с, ш. Душанбе

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Дар ҳайати раисикунанда: Нурализода С.М.

Бо котибии: Саъидзода С.

Бо иштироки прокурор: Расулзода С.

Адвокат: Музаффаров Ф.

Дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро нисбати:

Худоёров Ҷунайдулло Абдуллоевич, 02.06.1983с санаи таваллудаш, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Рашт, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёнаи махсус, қаблан суд нашудааст, оиладор, соҳиби 4 фарзанд, муваққатан бекор, то ҳабс ҷои зисташ ноҳияи Рашт, ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзода, деҳаи Яшм, дар содир шудани ҷинояти бо моддаи 307 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуда, суд

Муайян кард:

Худоёров Ҷунайдулло аз соли 2015 то моҳи декабри соли 2017 ҳамчун аъзои фаъолияти равияи экстремистии “Салафия” ба шумор рафта, дар вақти намозгузорӣ дар масҷиди панҷвақтаи деҳаи Яшми ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзодаи ноҳияи Рашт таълимоти мазҳаби Ҳанафияро инкор карда, тарзи намозгузориашро тағйир додааст, яъне ҳангоми гузоштани намоз пойҳояшро васеъ монда, китфҳоро ба ҳамсафонаш расонида, дастҳоро дар қафаси сина гузошта, пеш аз рукӯъ рафтан “рафъи ядайн”-ро, яъне дастҳоро ба боло бардошта то зери гӯш бурда нарасонида, фарзҳои намози вақтиро дар масҷид хонда суннати онро нахонда бо ҳамин бартарии ақида фуруотҳои равияи экстремистии “Салафия”-ро нисбат ба таълимотҳои мазҳаби суннатии динии Ислом, ки ҳазорсолаҳо аз ҷониби мусулмонони Тоҷикистон устувор гардидаанд, мухолиф гузошта, таълимоти мазҳаби Ҳанафияро инкор кардааст.

Санаи 08-уми декабри соли 2014 аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини ҳимояи амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирӣ кардани ҳолатҳои кинаю адоват, низои миллӣ, фаъолияти равияи “Салафия”-ро ҳамчун иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуда, манъ карда шудааст.

Худоёров Ҷ.А. дидаю дониста талаботҳои ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарфи назар намуда, тарзу услуби намозгузории равияи динии экстремистии “Салафия”-ро қабул намуда онро дуруст шуморида, то вақти дастгир шуданаш ҷонибдорӣ намудааст…

(Ман дигар бақияи сафаҳоти ин маҳкамаро мутаассифона надорам.)

Хулоса, Ҷунайдулло Худоёров ба иттиҳоми ҳамин “гуноҳ”, ба муддати 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд ва инак дар зиндон ба сар мебарад.

* * *

Оё азизон фарқе байни маҳкамаи Ҷунайдулло Худоёров ва маҳкамаҳои “тафтиши ақоид”-и калисо дар Урупо дар қуруни вусто мебинанд? Худатон қазоват кунед!

Аз амсоли ҷаноби Раҳимбек Бобохонов, ки намехоҳанд Тоҷикистон ба “қуруни вусто” баргардад, хоҳиш мешавад, ҷилави ин маҳкамаҳои “тафтиши ақоид” дар кишварамонро бигиранд.

Дар ин навиштор, дар бораи иллати асосии ба зиндон андохтани Ҷунайдулло баҳсе накардам, ки худаш достоне дорад, бимонад барои як фурсати дигар.

Саломат бошед

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: