Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (16)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Қоъидаи мулозама

فَلَوْلاَ نَفَرَ مِن كُلِّ فِرْقَةٍ مِّنْهُمْ طَآئِفَةٌ لِّيَتَفَقَّهُواْ فِي الدِّينِ وَلِيُنذِرُواْ قَوْمَهُمْ إِذَا رَجَعُواْ إِلَيْهِمْ لَعَلَّهُمْ يَحْذَرُونَ

(Сураи Тавба, ояти 122)

Дар шаби гузашта арз шуд, яке аз дастурҳое, ки дар дини муқаддаси ислом ҳаст, дастури тафаққӯҳ аст. Тафаққӯҳ ҳамон маърифат ба маориф ва аҳком ва дастурҳои дин аст, на маърифати сатҳӣ, балки маърифати умқӣ. Дастури тафаққӯҳ мерасонад, ки дар дини муқаддаси ислом, хоссияте вуҷуд дорад, ки он хоссият, бо тафаққӯҳ равшан мешавад. Яъне дар дастуроти ин дин, зоҳирҳое ҳаст ва ботинҳое. Албатта, иштибоҳ нашавад, ин ки калимаи зоҳиру ботин мегӯем, дар ҳудуди ҳамон масоиле аст, ки дишаб арз кардам ва имшаб ҳам намунаҳое арз мекунам. Ин дин, тафаққӯҳпазир, ва ба таъбири дигар, иҷтиҳодпазир аст.

Иҷтиҳодпазирӣ ё тафаққӯҳпазирии ин дин фаръ бар ин аст, ки як умқе дар дастуроти он ва як ҷараёнҳое махфӣ дар он вуҷуд дошта бошад, ки бо нерӯи тафаққӯҳ ва иҷтиҳод метавон онҳоро дарк кард.

Яке аз масоиле, ки аз садри аввали ислом дар миёни мусалмонон матраҳ буда ин аст, ки дар ин дин дастуре, ки таъаббуди маҳз бошад, яъне холӣ аз ҳар маслиҳату ҳикмате ва сирфан як дастури ихтироъии маҳз бошад, вуҷуд надорад. Бояд калимаи “таъаббуд”-ро маънӣ бикунам.

* * *

Маънии таъаббуд

Таъаббуд ба ин маънӣ аст, ки мо набояд ин тавр бошем, ки то ҳикмати дастуреро кашф накардаем, ба он амал накунем. Мо бояд мутаъаббид бошем, ба ин маънӣ, ки бояд ба ҳар дастуре, ки собит шуд аз ноҳияи дин аст амал кунем, хоҳ ин ки ҳикматашро фаҳмида бошем ё нафаҳмида бошем. Вале аз ноҳияи худи дин таъаббуди маҳз вуҷуд надорад, ба ин маънӣ, ки ҳеч дастуре, ки холӣ аз ҳикмату маслиҳат бошад вуҷуд надорад. Ҳар дастуре ба воситаи як ҳикмате аст. Аз ин рӯ уламо ду қоъида, ки акси якдигаранд, баён карда ва исми онҳоро қоъидаи мулозама гузоштаанд. Мегӯянд, байни ҳукми ақл ва ҳукми шаръ ҳамеша талозум аст, яъне ҳар чиро, ки ақл ҳукм ба лузуми он бикунад, дин ҳам ҳукм ба лузуми он мекунад, ва ҳар чиро, ки дин ҳукм ба лузуми он бикунад, ақл ҳам ҳукм мекунад, ба ин маънӣ, ки агар ақл як маслиҳатеро кашф кард (кашфи яқинӣ ва қатъӣ, на кашфи эҳтимолӣ ва гумонӣ) дар ин ҷо бояд ҳукм бикунем, ки ҳатман ислом дастураш ҳамин аст, ҳарчанд он дастур ба мо нарасида бошад. Фуқаҳо доранд мавориде, ки фатво медиҳанд, ва ҳол он, ки далели нақлӣ аз ноҳияи шореъ нарасидааст. Фақат аз боби ин ки ақл ин ҷур ҳукм мекунад, фатво медиҳанд.

Масалан, масъалае ҳаст дар фиқҳ ба номи “вилояти ҳоким”, яъне ҳокими шаръӣ дар бисёре аз маворид ҳаққи вилоят дорад. Агар шахсе бимирад ва васие муайян накарда бошад ва як қайими шаръӣ ҳам вуҷуд надошта бошад, таклифи баччаҳои ӯ чист? Мегӯянд, таклифи инҳоро бояд ҳокими шаръӣ муайян кунад — дар сурате, ки на ояте ҳаст ва на хабари сад дар сад саҳеҳ — чун ислом дине аст, ки масолеҳи мардумро билотаклиф намегузорад.

Ҳар чи, ки шореъ ҳукм кардааст, ақл ҳам ҳукм кардааст. Маънои ин ҷумла ин нест, ки ҳар ҷо, ки шореъ ҳукме вазъ карда, ақл ҳам алъон ҳукме дорад; масалан, агар шореъ гуфтааст, гӯшти хук ҳаром аст, ақл ҳам мефаҳмад, ки чаро ҳаром аст. На. Мақсуд ин аст, ки дар ҳар ҳукми шореъ рамзе вуҷуд дорад, ки агар он рамзро барои ақл бигӯянд, ақл ҳам тасдиқ мекунад. Инро мегӯянд қоъидаи мулозама.

Рӯи ин ҳисоб, уламои ислом мегӯянд, ҳар дастуре аз дастуроти ислом (чӣ воҷиб, чӣ мустаҳаб, чӣ ҳаром ва чӣ макрӯҳ) ҳатман ба хотири як маслиҳат ё дафъи як мафсада аст ва ба ҳамин ҷиҳат хоссияти ҳакимонае дорад, ислом газоф ҳарф намезанад.

Ин пайванде, ки миёни ақлу дини ислом ҳаст, дар мавриди ҳеч дине вуҷуд надорад. Шумо аз уламои ҳар дини дигаре бипурсед чӣ робитае миёни дин ва ақл ҳаст, мегӯянд ҳеч, аслан ақлро бо дин чӣ кор?! Масеҳият аз “таслис” (сехудоӣ) шурӯъ мешавад ва дар ин маврид ҳарфе мезананд, ки агар бигӯем бо ақл ҷур дарнамеояд, мегӯянд, дарнаёяд. Онҳо вақте мегӯянд, имон ва таъаббуд, мақсудашон пушти по ба ақл задан ва таслими кӯр-кӯрона дар муқобили дин аст. Дар ислом таслими кӯр-кӯрона ва таслиме, ки зидди ақл бошад нест. Албатта таслиме, ки мофавқи ақл бошад ҳаст, ба ҳамин маъно, ки арз кардам, ки он худаш мутобиқи ҳукми ақл аст. Ақл ҳам мегӯяд, ҷое, ки иттилоъе надорӣ, ҳарфи бузургтарро бипазир.

* * *

Қонуни аҳамму муҳим

Ҳамин матлаб ба ислом як хоссияти ҷовидон додааст, ки дастурҳо инъитофе пайдо мекунанд, ба истилоҳи фуқаҳо, ҳисоби аҳамму муҳим дар кор меояд. Яъне агар дар муқобили ду дастур аз дастурҳои дин қарор мегирӣ ва дар они воҳид қодир нестӣ ҳар дуро итоат кунӣ, бояд фикр кунӣ, ки аз миёни он ду дастур кадом як муҳимтар аст, онро, ки аҳаммияти камтаре дорад фидои он, ки аҳаммияти бештаре дорад бикунӣ.

Мисоли маъруфе аст, ки ҳамеша барои талабаҳо ин мисолро зикр мекунанд; мегӯянд, замине аст, ки соҳибаш розӣ нест, ки шумо дар он қадам бигузоред. Шумо мебинед дар дохили ин замин ҳавзе аст ва баччае дар он ҳавз афтодааст ва ғайр аз шумо шахси дигаре нест, ки ӯро наҷот бидиҳад. Дар ин ҷо шумо яке аз ин ду корро метавонед анҷом диҳед: ё алорағми розӣ набудани соҳиби ин замин дохили он бишавед барои ин ки ҷони баччаро наҷот бидиҳед, ё ин ки ҳамон ҷо биистед, то бачча талаф бишавад. Дар ин ҷо мегӯянд, шумо бояд бибинед эҳтироми мол бештар аст ё эҳтироми ҷон? Албатта, эҳтироми ҷон бештар аст. Пас шумо бояд он кучактарро фидои бузургтар кунед.

Мисоли дигар: агар шумо бибинед барои як зани номаҳрам ҳодисае пеш омада, масалан тасодуф карда ва афтодааст ва бояд ҳамин алъон ӯро ба бемористон расонд, чунончи бихоҳӣ биистӣ, то маҳрами ӯ пайдо бишавад, мумкин аст аз байн биравад. Аз тарафи дигар, ламс кардани бадани номаҳрам ҳаром аст. Шумо чӣ кор бояд бикунед? Ё бояд ҳамон ҷо биистӣ, то маҳраме пайдо бишавад ва ӯро ба бемористон бирасонад, ё ин ки фавран ӯро баланд карда савори токсӣ намуда ба бемористон бирасонӣ ва ба дасти ҷарроҳ бисупорӣ, ва тоза ҷарроҳ ҳам, ки боисте бадани ӯро лухт карда ва масалан шикамашро пора кунад, номаҳрам аст. Гоҳе шумо дидаед ва иттифоқ афтодааст, ки зане дар ҳоли вазъи ҳамл мебошад, ҳоли бисёр сахте пайдо мекунад. Ҳар чӣ назди ин қобила ва он қобила меравад, асаре намебахшад. Тамоми қобилаҳо изҳори аҷз карда ва мегӯянд, боисте табиби мард биёяд  ва ӯро амали ҷарроҳӣ кунад. Оё шумо ин корро мекунед ё на? Албатта мекунед. Намешавад инсон пофишорӣ кунад бигӯяд ман намегузорам дасти номаҳрам ба номуси ман бихӯрад, бимирад беҳтар аз ин аст, ки ба дасти ӯ биафтад! Ва мумкин аст худи зан ин ҳарфро бизанад. Оё ин тавр дуруст аст? На. Бояд таслим шуд ва бадани ин занро то он ҷо, ки зарурат дорад ба дасти он номаҳрам супурд. Ин ҷо бояд дид, оё ислом ҷони як инсонро мӯҳтарамтар мешуморад ё ламс накардани мард бадани як номаҳрамро? Албатта, он аввалӣ муҳимтар аст…

Ғараз аз мисоле, ки арз кардам ин нест, ки ҳоло дигар фарқ намекунад, пас ҳар зане, ки мехоҳад бизояд, фавран ба суроғи мард биравад! На. Аслан қобила бояд зан бошад. Вале агар фарз кунем воқеан корд ба устухон бирасад, ба марҳилае бирасад, ки хатари аз даст рафтани ҷон дар миён бошад, албатта бояд биравад.

* * *

Масъалаи ташреҳ

Яке аз масоиле, ки махсусан донишҷуён суол мекунанд ва барои баъзеҳо баҳонае шудааст, ки ба дини ислом ҳамла кунанд ва бигӯянд дини ислом мунтабиқ бо замон нест ва агар касе бихоҳад пойбанд ба дини худаш бошад, бояд аз қофилаи тамаддун ақиб бимонад, масъалаи ташреҳ аст. Мегӯянд, яке аз улуми дунё, илми тибб аст, ки аз қадимулайём яке аз пояҳои он, илми ташреҳ будааст. (Ташреҳ: колбадшикофӣ, илми ташреҳ илме, ки дар бораи сохтмони бадан ва чигунагии аъзо ва иртиботи онҳо бо ҳам баҳс мекунад.) Як донишҷӯ ҷузъи барномаи дарсаш бояд ташреҳи амвот бошад ва дар тамоми дунё ташреҳи майит ҳаст. Рӯи ғараз нест, рӯи зарурати илм аст. Аз қадимулайём ташреҳ мекарданд, мунтаҳо гоҳе бадани инсонро ташреҳ мекарданд, гоҳе бадани ҳайвонро, ва албатта ташреҳи бадани ҳайвон муфид аст, кӯмак медиҳад, аммо тамоми сохтмонҳои бадани ҳайвон ва тамоми фаъолиятҳои аъзои бадани ҳайвон мусовӣ бо бадани инсон нест. Мусаллам коре, ки аз ташреҳи бадани инсон сохта аст, аз ташреҳи бадани ҳайвон сохта нест. Аз тарафе, мо медонем дар дини ислом ҷанозаи мӯъмин мӯҳтарам аст. Агар касе бимирад, мардум дигар ҳақ надоранд ба ҷанозаи ӯ тавҳин кунанд. Як ташрифоте дорад, ки инҳо воҷиб аст ва аз воҷиботи кифоӣ аст, ки ҳар чӣ зудтар ва сареътар бояд майитро таҷҳиз кунанд, яъне бояд муқаддамоти ғуслу кафну дафни ӯро омода кунанд; аввал ғусл бидиҳанд, баъд кафан кунанд, баъд ҳам дафн кунанд; набояд муъаттал кард. Ҳоло бо ташреҳи амвот чӣ бояд кард?

Ин масъала масъалаи муҳимме нест, айни ҳамон матлабе аст, ки дар масоили пеш арз кардам. Ислом аввалан мегӯяд бадани мӯъмин эҳтиром дорад. (1) Шумо мегӯед, ташреҳ чизе аст, ки пешрафти илми тибб вобаста ба он аст, шинохтани бисёре аз амроз ва муолиҷаҳо фаръ бар ин аст, ки як бадан ташреҳ бишавад. Мегӯем, худи ин мавзӯъ (тибб) ҳам аз назари ислом ҷузъи воҷиботи кифоӣ аст. Ҳамон тавр, ки тадфини як майит аз воҷиботи кифоӣ аст, фаро гирифтани илми тибб ҳам аз воҷиботи кифоӣ аст. Бояд дар миёни мардум афроде бошанд, ки мутахассиси илми тибб бошанд ва ҳар амале, ки кашфи як беморӣ ва ё як дору вобаста ба он аст, ба ҳукми муқаддимаи амали воҷиб, воҷиб мешавад. Бинобар ин, аз назари ислом, мо дар ин ҷо ду воҷиб дорем. Донишҷӯ бояд бидонад, агар мусалмон аст, дорад як воҷиби кифоиро анҷом медиҳад. Як вақт мумкин аст бо ташреҳ кардани бадани ғайримӯъмин, манзури илми тиббро амалӣ кард. Ин қадр аҷнабӣ ҳаст, ки онҳо қонеъ мешаванд, ки ҷанозаашонро дар ихтиёри тибб қарор бидиҳанд. Дар ин сурат биравед аз бадани ғайримусалмонҳо — ки дар бораи онҳо ин ишкол вуҷуд надорад — биёваред ташреҳ кунед ва ҳоҷати илми тиббро бароваред. Агар бигӯянд, на, онҳо баданҳояшонро дар ихтиёри мо намегузоранд ё воқеан дар дастрас надоранд, мегӯем, аз назари ислом оё пешрафти илми тибб муҳимтар аст ё эҳтироми бадани мӯъмин? Мегӯем, албатта пешрафти илми тибб муҳимтар аст. Он вақт бояд ин кучактарро фидои бузургтар кард. Албатта дар ин ҷо як резакориҳое ҳаст, ки як нафар муҷтаҳид метавонад онҳоро баррасӣ кунад…

Ин, маънои он аст, ки ислом дини ҳисоб аст, ҳисоби аҳамму муҳимро мекунад; мегӯяд, дар мавқеъи лузум он чизеро, ки аҳаммияти камтаре дорад, фидои чизе, ки аҳаммияти бештаре дорад бикун. Ин худаш яке аз умуре аст, ки ба ислом инъитоф бахшидааст. Ин инъитофро мо надодаем, худаш ин ҷур сохта шуда ва ба дасти мо дода шудааст. Агар мо мехостем ба зӯр як нармиш ба он бидиҳем, ҳақ надоштем, вале ин як навъ нармише аст, ки худи ислом ба худаш додааст, ҳисобе аст, ки худаш ба дасти мо додааст.

* * *

Шаклҳои мухталифи дастурҳои дин

Мо вақте, ки ба матни дини ислом нигоҳ мекунем, мебинем, ба дастурҳое, ки сареҳан аз худи дин расидааст, дар шароити мухталиф шаклҳои мухталиф додааст, он ҳам бо чӣ суҳулате! Масалан, ба мо мегӯяд намоз бихонед, рӯза бигиред. Барои намоз вузӯ бигиред, ғусл бикунед. Тамом дастурҳои муаккад ва воҷиб. Аммо мегӯяд, агар маризӣ ва наметавонӣ истода намоз бихонӣ, нишаста намоз бихон. Агар бигӯӣ ин қадр маризам, ки наметавонам нишаста бихонам, мегӯяд, ҳамон тавр хобида бихон, аслан намози ту дар ин ҷо ҳамин аст, ки фақат зикрҳоро бигӯӣ. Агар табиб гуфта бошад, ҳарф ҳам набояд бизанӣ, мегӯяд, бояд бо имову ишора бихонӣ. Ин ҷо дигар ҷои лаҷоҷату якдандагӣ нест.

Чанд сол пеш марди олиме буд, ки албатта дар Наҷафу Карбало сукунат дошт ва чун мариз шуда буд, ба Теҳрон омада буд. Чашми ӯро амали ҷарроҳӣ карда буданд ва амал ҳам бомуваффақият анҷом ёфта буд. Табибҳо ӯро аз шустушӯ манъ карда буданд. Вале ӯ одаме буд, ки ҳолати якдандагӣ дошт, мегуфт: табибҳо намефаҳманд, фақат ҷарроҳиро, ки он ҳам аз навъи хиётату дӯзандагӣ аст мефаҳманд, дигар ҳеч чиз намефаҳманд. Пас аз чанде бидуни иҷозаи табиб ба Қум рафт ва дар он ҷо ба яке аз ҳаммомҳо рафт ва дохили он шуд ва ба ҳамин ҷиҳат чашми ӯ чирк кард ва билохира ба куллӣ кӯр шуд. Оё ин одам мутобиқи дастури ислом амал кард ё бар хилофи дастури ислом? Албатта бар хилофи дастури ислом. Ислом мегӯяд, вақте вузӯ бароят хатар дорад, бояд таяммум кунӣ, агар вузӯ бигирӣ, аслан намозат ботил аст. Агар табибҳо гуфта бошанд, ки рӯза бароят зарар дорад ё хавфи зарар дошта бошӣ, наметавонӣ бигӯӣ магар чӣ тавр мешавад, ки ман дар ин айёми эҳё рӯза нагирам, чун агар рӯза бигирӣ, аслан рӯзаат ботил аст, баъд ҳам бояд қазои онро бигирӣ.

Бинобар ин, худи дастурҳои дин ончунон шаклҳои мухталиф дорад, ки инсон ҳайрат мекунад. Ин барои он аст, ки маслиҳатҳо фарқ мекунад ва ҳамон ҳисоби аҳамму муҳим аст. Мегӯяд, дар сафар, ки меравӣ, намозатро шикаста бихон, рӯза ҳам нагир. Қуръон мефармояд:

وَمَن كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَى سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِّنْ أَيَّامٍ أُخَرَ

Ҳар ки мариз ё дар сафар аст, набояд рӯза бигирад, бигузорад барои рӯзҳои баъд.” Чаро? Худи оят далелашро мегӯяд:

يُرِيدُ اللّهُ بِكُمُ الْيُسْرَ وَلاَ يُرِيدُ بِكُمُ الْعُسْرَ

Худо дар таклифҳое, ки барои шумо муайян мекунад, осонӣ ва суҳулатро мехоҳад, на сахтиро.” (Сураи Бақара, ояти 185) Ин шариат, шариати саҳла ва самҳа аст.

Вале ағлаби мардум қабул намекунанд. Дар садри ислом, ки тоза таклифи рӯза омада буд, дар моҳи Рамазон ҷанги Бадр пеш омад. Пайғамбари Акрам фармуд: чун дар ҳоли сафар ҳастед, набояд рӯза бигиред. Мардум мегуфтанд: чӣ тавр мешавад мо дар моҳи Рамазон рӯза нагирем?! Воқеан нороҳат буданд, ки рӯзаи худашонро ифтор кунанд.

Марҳум Оқо Шайх Абдулкарим дар ин охирҳо пир шуда ва маризаҳвол буданд, вале дар моҳи Рамазон гоҳе рӯза мегирифтанд. Ба эшон гуфтанд, фатвои худи шумо бар хилофи ин аст, дар фиқҳ мегӯед, агар касе хавфи зарар дошта бошад, набояд рӯза бигирад. Аслан худи шайху шайха (марди пиру зани пир) мавзӯият дорад, худашон аз мустасноҳо ҳастанд, ки лозим нест эҳтимоли зарар бидиҳанд. Инҳо агар машаққат ҳам барояшон бошад, набояд рӯза бигиранд. Мегуфтанд: фатвои худам ин аст, вале он раги авомиам намегузорад, ки ман рӯзаамро бихӯрам. Албатта ҳамин ҷур аст, вале дастури ислом ғайр аз ин аст.

Инҳо барои ин аст, ки мо дарк бикунем, ки дини ислом чӣ гуна худаш худашро бо аҳволу авзоъи мухталиф татбиқ медиҳад, на ин ки мо онро татбиқ бидиҳем. Албатта як корҳое аст, ки баъзеҳо аз пеши худашон мехоҳанд бикунанд, ҳамон тавр, ки намозро ба туркӣ бихонанд. Инҳо ҷаҳолат аст. Як ҳисобҳое аст, ки худи ислом онҳоро дар матни худаш гунҷондааст. Мо бояд мутафаққеҳ бошем, басир бошем, аз ҳамон ҳисобҳо истифода кунем ва баҳраманд шавем.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Понавишт:

(1) Албатта ҳар баданеро бояд дафн кард ҳарчанд бадани кофир бошад. Агарчӣ бадани кофир ғусл ва ин таҷҳизотро надорад, вале бояд онро дафн кард, набояд онро раҳо кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: