Перейти к содержимому

Аз мухолифони худ интиқом намегирифт; 30 вежагии Черчил

1) Вақте масоил бар хилофи майли ӯ буд, мегуфт: замони ёдгирӣ ва тағйир аст;

2) Аз чолишҳои зиндагӣ наметарсид;

3) Мӯътақид буд, барои пирӯзӣ дар ҳар амре, бояд шарик дошт;

4) Дар ҷанги ҷаҳонии дуввум, борҳо аз фарози осмони Олмон парвоз кард;

5) Суханрониҳои ӯ, як маҷмӯаи 18-ҷилдӣ аст;

6) Бо Fact тасмим мегирифт;

7) Қудрати хориқулъода дар тамаркуз дошт;

8) Вақте иштибоҳ мекард, аз зердастони худ узрхоҳӣ мекард;

9) Аз мухолифони худ интиқом намегирифт;

10) Маънои истротежӣ (стратегия)-ро омодагӣ барои ҷобаҷоии авлавиятҳо медонист;

11) 90 дарсади мудириятро дар ҳамоҳангии умур бо дигарон медонист;

12) Аз ҳеҷ кас мутанаффир набуд;

13) Дар ду давраи нахуствазирӣ (маҷмӯан 9 сол), ҳудуди 11 ҳазор ёддошт барои маҷмӯъаи худ навишт;

14) Дар ҳар лаҳза барои масоили дур аз интизор, омодагӣ дошт;

15) Барои суханрониҳои худ бисёр вақт мегузошт;

16) Дар 21-солагӣ мутуни фалосифа ва иқтисоддонони бузургро хонда буд;

17) Аз назари ӯ, мудирият ҷуз ҳаллу фасли бӯҳрон нест;

18) Эътиқод дошт, барои муваффақ шудан, бояд аввал нокомиҳоро қабул кард;

19) Бо афроди қавӣ кор мекард ҳатто агар баҳсбарангез бошанд;

20) Дар суханронӣ ҳамеша як дархости муҳим аз мухотабони худ дошт;

21) Аз манзари ӯ, тавоноии афродро бояд дар сатҳи дарки онҳо аз ҷузъиёт суроғ гирифт;

22) Мӯътақид буд, афроди қавӣ умуман омодагии канор омаданро доранд; заъифҳо бештар даъво мекунанд;

23) Масоили сахт бо мухолифони дохилӣ ва хориҷии худро, сари мизи ноҳор ё шом матраҳ мекард;

24) Дар суханрониҳо, бо муҳосибаи қаблӣ, чанд бор макс мекард;

25) Беҳтарин фурсат барои намоиши шуҷоатро замоне медонист, ки шароит бад аст;

26) Аз 9 субҳ то 2 бомдоди рӯзи баъд кор мекард (17 соат кор дар рӯз);

27) Беҳтарин вокуниш ба тавҳинро сукут медонист;

28) Мӯътақид буд, зиндагӣ зотан ба ҳам рехтааст, вале бояд як ҳадафи воло дошт;

29) Ошиқи зиндагӣ кардан буд;

30) Бо дастони худ низ кор мекард: 200 оҷур (хишт) дар рӯзро барои сохтани хонаи рустоии пешхидмати худ, оҷурчинӣ мекард.

Ба қалами Маҳмуди Сареъулқалам

Irdiplomacy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: